Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон аз 2 майи соли 2019 № 225

Санаи амалкуни: 27.09.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" майи соли 2019, № 225

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "2" майи соли 2019, № 225

тасдиқ шудааст

Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 476)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 476)

Тартиби қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ", бо мақсади ба танзим даровардани раванди қабули маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дагари буҷети давлатӣ (минбаъдқабули шрдохтҳо), ки тавассути терминалҳо ва терминалҳои худкори худхизматрасон анҷом дода мешавад, таҳия гардидааст.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Дар Тартиби мазкур таҳти мафҳуми мақомоти масъул мақомоти давлатие фаҳмида мешавад, ки барои ҷамъоварии маблағҳои андоз, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет ва маблағҳои дигари буҷети давлатӣ масъул мебошад.

2. Бонкҳо, бонкҳои исломӣ, ташкилотҳои қарзии молиявии ғайрибонкӣ, ташкилотҳои амонатии қарзии хурд ва ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ (минбаъд - ташкилотҳои қарзии молиявӣ) дар асоси шартномаи бо мақоми масъул басташуда хизматрасонии қабули пардохтҳои ғайринақдиро, ки номгӯйи онҳо дар шартнома дарҷ шудааст, ба аҳолӣ тавассути терминалҳо ва терминалҳои автоматиконидашудаи худхизматрасон пешниҳод менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 476).

3. Қабули пардохтҳо тавассути терминалҳо ва терминалҳои автоматиконидашудаи худхизматрасон бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ амалӣ карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 476).

4. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 476).

5. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми қабули пардохтҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, бояд шахсияти муштарӣ-шахси воқеиеро, ки пардохтро анҷом медиҳад, мушаххас намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.09.2023 № 476).

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2019 года, №225

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 2 мая 2019 года, №225

Порядок сбора налоговых платежей, пошлин, обязательных платежей в бюджет и других средств государственного бюджета посредством терминалов и автоматизированных терминалов самообслуживания

(в редакции пост. Правительства РТ от 27.09.2023 №476)

(в редакции пост. Правительства РТ от 27.09.2023 №476)

Порядок сбора налоговых платежей, пошлин, обязательных платежей в бюджет и других средств государственного бюджета посредством терминалов и автоматизированных терминалов самообслуживания (далее - Порядок) разработан в соответствии со статьей 13 Закона Республики Таджикистан "О платежных услугах и платежной системе", с целью упорядочения процесса сбора налоговых платежей, пошлин, обязательных платежей в бюджет и других средств государственного бюджета (далее - сбор платежей), осуществляемого посредством терминалов и автоматизированных терминалов самообслуживания.

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. В настоящем Порядке подпонятием ответственных органов понимается государственные органы, который несут ответственность за сбор налоговых платежей, пошлин, обязательных платежей в бюджет и других средств государственного бюджета.

2. Банки, исламские банки, небанковские кредитные организации, микро кредитные депозитные организации и исламские микрокредитные депозитные организации (далее - кредитные финансовые организации) на основании договора, заключенного с ответственным органом, предоставляют населению услуги по принятию безналичных платежей, перечень которых указан в договоре, посредством терминалов и автоматизированных терминалов самообслуживания(в редакции пост. Правительства РТ от 27.09.2023 №476).

3. Принятие платежей осуществляется посредством терминалов и автоматизированных терминалов самообслуживания с использованием электронных платёжных средств, в частности банковских платёжных карт и электронных кошельков (в редакции пост. Правительства РТ от 27.09.2023 №476).

4. Исключен (в редакции пост. Правительства РТ от 27.09.2023 №476).

5. Кредитные финансовые организации при сборе платежей в случаях, предусмотренных законодательством в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, должны идентифицировать личность клиента - физического лица, осуществляющего платёж (в редакции пост. Правительства РТ от 27.09.2023 №476).

...