Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 аз 19 апрели соли 2019 № 1242

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 апрели соли 2019, № 1242

тасдиқ шудааст

Бо фармони Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 апрели соли 2019, № 1242

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ИСЛОҲОТИ СУДӢ-ҲУҚУҚӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2019-2021

 

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 (минбаъд - Барнома) идомаи барномаҳои пешинаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки ба паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурки Тоҷикистон" аз 26 декабри соли 2018 асос ёфта, амалисозии тадбирҳои заруриро ҷиҳати боз ҳам таҳким бахшидани ҳокимияти судӣ ва такмили қонунгузорӣ доир ба фаъолияти судҳо, хадамоти иҷро, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ пешбинӣ менамояд.

1. Мақсад ва вазифаҳо

1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ муайян намудааст, ки дар таъмини адолати иҷтимоӣ, таҳкими қонуният ва рушди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд нақши муҳим дорад. Бо дар назар доштани пешрафти ҷомеа ва ба миён омадани муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, таъмини адолати судӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии миллӣ, таҳкими кафолати ҳифзи судии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар кишвар идома дода мешавад.

2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома аз такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин такмили қонунгузорӣ дар ин самт иборат мебошад.

2. Такмили қонунгузорӣ

3. Ҷиҳати муайян кардани тартиби дар Суди конститутсионӣ баррасӣ намудани лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қонунҳо ва дигар масъалаҳои ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳодшаванда ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ворид намудани тағйиру иловаҳо зарур аст.

4. Омӯзиши қонунгузории баъзе аз кишварҳои хориҷӣ нишон дод, ки баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ вобаста ба амалигардонии фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ба тобеияти судҳои иқтисодӣ мансуб дониста шудааст. Бо дар назар доштани он ки судҳои иқтисодӣ парвандаҳои иқтисодиро бо иштироки соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ баррасӣ менамоянд, мувофиқи мақсад аст, ки масъалаи ба тобеияти идоравии судҳои иқтисодӣ мансуб донистани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дода шавад.

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Программе судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан на 2019-2021 годы

В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан, с целью укрепления судебной власти в Республике Таджикистан, постановляю:

1. Утвердить Программу судебно-правовой реформы в Республике Таджикистан на 2019-2021 годы (прилагается).

2. Исполнение Программы возложить на Конституционный суд Республики Таджикистан, Верховный Суд Республики Таджикистан, Высший экономический суд Республики Таджикистан, Министерство юстиции Республики Таджикистан, Службу исполнения при Правительстве Республики Таджикистан и другие соответствующие государственные органы.

3. Контроль за исполнением Программы возложить на помощника Президента Республики Таджикистан по правовым вопросам.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 19 апреля 2019 год, №1242

г.Душанбе,

от 19 апреля 2019 год, №1242

...