Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 № 1603 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 20 марти соли 2019, № 1305

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти соли 2019, № 642

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод.51; с.2005, №12, мод.630; с.2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод.460, № 12, қ.2, мод.1000; с.2009, № 3, мод.88; с.2010, № 1, мод.8, мод.10, №12, қ.1, мод.823; с.2012, №12, қ.1, мод.999; с.2013, №3, мод.190; с.2014, № 7, қ.2, мод.408; с.2015, №11, мод.968, мод.969, мод.970; с.2016, № 5, мод.368) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 20) қисми 1 ва банди 2) қисми 2 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- ба қисми 1 банди 21) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"21) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ - аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина.";

- ба қисми 2 банди 3) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"3) Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ - аз рӯи даъвоҳои ситонидани ҳаққи узвият, пардохтҳои тақвимӣ ва ноустуворона аз ташкилотҳои қарзии аъзои Хазина.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1603