Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2019 № 1602 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ДИГАР ПАРДОХТҲОИ ҲАТМӢ БА БУҶЕТ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 феврали соли 2019, № 1276

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 марти соли 2019, № 641

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №7, мод.345; с.2009, №5, мод.327; с.2010, №1, мод.3; с.2011, №12, мод.848; с.2013, №3, мод.191; с.2015, №11, мод.971; с.2016, №7, мод.629, №11, мод.884) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар қисми 3 моддаи 4:

- дар сархати панҷум аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;

- сархати шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе (минбаъд - пойтахт).".

2. Боби 21(2) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"БОБИ 21(2). ПАРДОХТ БАРОИ ДОДАНИ ИҶОЗАТИ СОХТМОНИ БИНО ВА ИНШООТ ДАР ПОЙТАХТ

Моддаи 82(2). Муқаррарот оид ба ситонидани пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт Пардохт барои додани иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар пойтахт (минбаъд-пардохт) барои ҳуқуқи сохтмони бино ва иншоот дар ҳудуди пойтахт ситонида мешавад.

Моддаи 82(3). Супорандагони пардохт

Супорандагони пардохт шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки ба сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва иншооти тиҷоратӣ машғуланд.

Моддаи 82(4). Имтиёзҳо

1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми сохтмони биноҳои маъмурӣ ва иҷтимоӣ, инчунин иншоот ва корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ ва иншооти сайёҳӣ аз супоридани пардохт озод карда мешаванд.

2. Пардохти мазкур барои сохтмони манзили истиқоматии инфиродӣ ситонида намешавад.

Моддаи 82(5). Объекти пардохтбандӣ

Объекти пардохтбандӣ масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ мебошанд, ки барои фурӯш ё гирифтани фоида аз истифодабарии он сохта мешаванд.

Моддаи 82(6). Меъёрҳои пардохт

Меъёрҳои пардохт аз рӯи масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор муқаррар карда мешаванд. Тағйир додани меъёри пардохт на зиёда аз як маротиба дар як сол бо назардошти рушди иқтисодӣ ва вазъи фаъолияти соҳибкорӣ амалӣ карда мешавад.

Моддаи 82(7). Тартиби ҳисоб ва пардохти маблағи муқарраршуда

1. Маблағи пардохт дар асоси ҳуҷҷатҳои лоиҳавие, ки дар онҳо масоҳати умумии биноҳои истиқоматӣ, масоҳати тиҷоратии дар биноҳои истиқоматӣ мавҷудбуда ва иншооти тиҷоратӣ дарҷ гардидаанд, муайян карда мешавад.

2. Ҳангоми гирифтани иҷозат супорандагони пардохт ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳуҷҷатеро пешниҳод мекунанд, ки супоридани маблағи пардохтро тасдиқ менамояд.

3. Пардохт ба суратҳисоби аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда, бо роҳи гузарондани маблағ тавассути бонкҳо ва ташкилотҳое, ки амалиётҳои алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, амалӣ карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1602