ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЭКСПЕРТИЗАИ ЗИДДИКОРРУПСИОНИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ ВА ЛОИҲАҲОИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 феврали соли 2019, № 1284
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 марти соли 2019, № 628
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2012 "Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 12, қ. 1, мод.1019; с. 2017, №1-2, мод.16) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1 калимаҳои "чораҳо ҷиҳати бартараф намудани ин омилҳо ва дар маҷмӯъ низоми пешгирии коррупсияро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа" ба калимаҳои "чораҳои бартараф намудани ин омилҳоро" иваз карда шаванд.
2. Дар моддаи 3:
- ба сархати якум пас аз калимаи "экспертизаи" калимаи "давлатии" илова карда шавад;
- дар сархати дуюм калимаи "мақоми" ба калимаи "мақомоти" иваз карда шавад;
- сархати сеюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- экспертизаи ҷамъиятии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият оид ба ошкор намудани омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ амалӣ гашта, аз натиҷаи он ҷиҳати баррасии ҳатмӣ ба субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда хулоса дода мешавад.".
3. Дар қисми 1 моддаи 5 калимаи "касбӣ" ба калимаи "хизматӣ" иваз карда шавад.
4. Дар ҷумлаи дуюми қисми 1 моддаи 8 калимаи "Ба" ба калимаи "Барои" иваз карда шуда, пас аз калимаи "экспертизаи" калимаи "давлатии" илова карда шавад.
5. Ба қисми 3 моддаи 9 пеш аз калимаҳои "дар асоси" калимаи "инчунин" илова карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 4 апрели соли 2019, № 1589