Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз 1 марти соли 2019 № 83

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2019 № 83

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 187)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 19 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (минбаъд - Феҳрист) ва татбиқи имтиёзҳои андозии пешбининамудаи қонунгузории андозро нисбати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, инчунин лоиҳаҳои иншооти иҷтимоии аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сохташаванда, ки ба мақомоти дахлдори давлатӣ ройгон дода мешаванд, муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.04.2022 № 187).

2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ оид ба пешбурди Феҳрист Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ) мебошад.

3. Барои мақсадҳои Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ) - лоиҳаҳое, ки дар заминаи созишномаҳо, ёддоштҳои ҳамкорӣ ва протоколҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи қарзӣ (грантӣ) оид ба маблағгузории (амалисозии) онҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва давлатҳои хориҷӣ (ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ), ташкилотҳои ватанӣ, хориҷӣ ва байналмилалии молиявӣ пешбинӣ гардидаанд;

- лоиҳаҳои иншооти иҷтимоӣ - лоиҳаҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ватанӣ ва хориҷӣ) бо мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ё ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ амалӣ гардида, иншооти дар доираи онҳо бунёдгардида ба таври ройгон ба моликияти мақомоти дахлдори давлатӣ супорида мешаванд;

- агентии иҷроия - мақомот ва ташкилотҳои давлатие, ки тибқи созишномаҳои қарзӣ (грантӣ) барои таҳия ва амалишавии лоиҳаи сармоягузорӣ масъул мебошанд;

- агентии амаликунанда - ташкилоте, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарори агентии иҷроия таъсис дода шуда, барои амалигардонӣ ва истифодаи маблағҳои лоиҳаи сармоягузорӣ масъул мебошад.

2. ТАРТИБИ ТАҲИЯ, ПЕШБУРД ВА ВОРИДСОЗИИ ИТТИЛООТ БА ФЕҲРИСТ

4. Таҳия ва пешбурди Феҳрист мутобиқи замимаҳои 1 ва 2 дар шакли коғазӣ ва электронӣ амалӣ гардида, дар ҳолати номутобиқатии иттилооти коғазӣ бо электронӣ, шакли коғазии он афзалият дорад.

5. Феҳрист дорои иттилоот дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва лоиҳаҳои иншооти иҷтимоӣ мебошад.

Иттилоот дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ аз инҳо иборат аст:

- рақами тартибӣ;

- ном ва мақсади лоиҳа;

- маблағи умумии лоиҳа, намуд ва сарчашмаҳои маблағгузории он;

- агентиҳои иҷроия ва амаликунандаи лоиҳа;

- давраи амалисозии (оғоз, анҷоми) лоиҳа;

- минтақаҳои амалисозии лоиҳа;

- асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати баимзорасонии созишнома;

- хулосаи мақомоти молия, иқтисод ва андоз;

- санаи ворид намудани лоиҳа ба Феҳрист;

- эзоҳ.

Иттилоот дар бораи лоиҳаҳои иншооти иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:

- рақами тартибӣ;

- ном ва насаби шахси воқеӣ (номи шахси ҳуқуқӣ);

- суроғаи ҷойи истиқомати шахси воқеӣ (маҳали ҷойгиршавии (суроғаи) шахси ҳуқуқӣ);

- рақами мушаххаси андозсупоранда;

- ном ва мақсади лоиҳа;

- маблағи умумии лоиҳа;

- асоси ҳуқуқӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳа;

- мақоми дахлдори давлатие, ки иншооти лоиҳаро ройгон қабул менамояд;

- эзоҳ.

6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои молия, иқтисод ва андоз ҷиҳати татбиқи имтиёзҳои андозӣ ва гумрукии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва лоиҳаҳои иншооти иҷтимоӣ тибқи талаботи Тартиби мазкур онҳоро ба Феҳрист дохил менамояд.

7. Агентиҳои иҷроия ва амаликунанда ҷиҳати ба Феҳрист ворид намудани лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ баъд аз ба имзо расидани созишнома оид ба маблағгузории (амалисозии) лоиҳаи сармоягузорӣ тибқи банди 5 Тартиби мазкур иттилооти дахлдорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ пешниҳод менамоянд.

8. Мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ба Феҳрист ворид намудани лоиҳаҳо оид ба сохтмони иншооти иҷтимоӣ, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ватанӣ ва хориҷӣ) ройгон ба мақомоти дахлдори давлатӣ супорида мешаванд, тибқи банди 5 Тартиби мазкур иттилоотро, ба истиснои хулосаи мақомоти молия, иқтисод ва андоз, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ пешниҳод менамоянд.

9. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ маълумоти пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, дар сурати ҷавобгӯ будан ба Тартиби мазкур ҳар моҳ як маротиба на дертар аз санаи 10уми моҳи минбаъда ҷиҳати ба Феҳрист ворид намудани лоиҳаҳо иттилооти дахлдорро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои молия, иқтисод, андоз ва гумрук барои мувофиқа ирсол менамояд.

10. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои молия, иқтисод ва андоз уҳдадоранд, ки дар муҳлати на зиёда аз 10 рӯзи корӣ хулосаи худро оид ба ҷавобгӯ будан ё набудани лоиҳаҳо ба талаботи Тартиби мазкур ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ба таври хаттӣ пешниҳод намоянд.

11. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ лоиҳаҳои бо мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои молия, иқтисод ва андоз мувофиқашударо дар давоми ду рӯзи корӣ ба Феҳрист дохил карда, дар ин хусус агентиҳои иҷроия ва амаликунанда, мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои молия, иқтисод, андоз ва гумрукро хабардор менамояд.

12. Дар сурати ба талаботи банди 6 Тартиби мазкур мувофиқ набудани лоиҳа, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ дар муҳлати на дертар аз 15 рӯзи корӣ агентиҳои иҷроия ва амаликунанда, инчунин мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатиро ба таври хаттӣ бо дарҷи сабабҳои ворид нагардидани лоиҳаро ба Феҳрист огоҳ менамояд.

13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ бо дархости мақомоти андоз, гумрук ва дигар мақомоти давлатӣ, агентиҳои иҷроия ва амаликунанда, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки лоиҳаҳои иншооти иҷтимоиро бунёд намуда, ройгон ба моликияти мақомоти дахлдори давлатӣ месупоранд, иттилооти заруриро аз Феҳрист пешниҳод менамояд.

14. Мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ бо дархости мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, бо мақсади татбиқи имтиёзҳои андозии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ, иттилоотро оид ба субъектҳо (шахсони нисбаташон имтиёз татбиқшуда), намуд ва маблағи имтиёз иттилоот пешниҳод менамояд.

15. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҳар сол ҳисобот оид ба амалишавии лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва лоиҳаҳои иншооти иҷтимоиро таҳия намуда, дар сомонаи худ ҷойгир менамояд.

3.ТАРТИБИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ФЕҲРИСТ ВА ХОРИҶ НАМУДАНИ ИТТИЛООТ АЗ ОН

16. Ба Феҳрист дар ҳолатҳои зерин тағйирот ворид карда мешавад:

- тағйир ёфтани шакли ташкилию ҳуқуқӣ;

- тағйир ёфтани номи шахси ҳуқуқӣ;

- тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои лоиҳаи амалишаванда;

- тағйир ёфтани ном ва насаби шахси воқеӣ (амаликунандаи лоиҳаи сохтмони иншооти иҷтимоӣ).

17. Лоиҳа дар ҳолатҳои зерин аз Феҳрист хориҷ карда мешавад;

- тибқи муроҷиати хаттии агентии иҷроия ва амаликунанда, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии (ватанӣ ва хориҷӣ) амаликунандаи лоиҳаи иншооти иҷтимоӣ;

- ба анҷом расидани муҳлати амалисозии лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ва лоиҳаи иншооти иҷтимоӣ;

- аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани қарори суд оид ба оғози расмиёти муфлисшавии субъекти дар Феҳрист ҷойгиршуда.

18. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ тибқи талаботи бандҳои 16 ва 17 Тартиби мазкур барои тағйир додан ва ё хориҷ намудани лоиҳа аз Феҳрист чораҷӯӣ менамояд.

19. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз санаи тағйир додан ва ё хориҷ гардидани лоиҳаҳо аз Феҳрист агентиҳои иҷроия, амаликунанда, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои молия, иқтисод ва андозро ба таври дахлдор огоҳ менамояд.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

20. Феҳрист дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҷойгир карда шуда, мунтазам такмил дода мешавад.

21. Агентиҳои иҷроия ва амаликунанда, дар сурати аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ татбиқ накардани имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои лоиҳаҳои

сармоягузории давлатӣ ва лоиҳаҳои иншооти иҷтимоӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузориро огоҳ менамоянд.

22. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ҷиҳати муайян намудани сабабҳо оид ба аз ҷониби мақомоти андоз, гумрук ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ татбиқ накардани имтиёзҳо нисбат ба лоиҳаҳои дар банди 6 Тартиби мазкур зикргардида бо мақомоти номбурда ҳамкорӣ менамояд.

Замимаи 1 ва 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2019 № 83

тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ЛОИҲАҲОИ САРМОЯГУЗОРӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 16 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, пешбурди феҳристи лоиҳаҳои сармоягузорӣ (минбаъд - Феҳрист) ва татбиқи имтиёзҳои андозии пешбининамудаи қонунгузории андозро нисбати лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, инчунин лоиҳаҳои иншооти иҷтимоии аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ сохташаванда, ки ба мақомоти дахлдори давлатӣ ройгон дода мешаванд, муайян менамояд.