Тартиби гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот аз 1 марти соли 2019 № 82

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "1" марти соли 2019, № 82

тасдиқ шудааст

Тартиби гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот (минбаъд - Тартиб) тартиби назорати давлатиро оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот, мақсад ва вазифаҳои назорати давлатӣ, инчунин доираи ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ҳамчун истифодабарандагони олами наботот муайян менамояд.

2. Назорати давлатӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот ва сохторҳои маҳаллии он (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) амалӣ карда мешавад.

3. Талаботи Тартиби мазкур ба тамоми шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликият, ки истифодабарандагони объектҳои олами наботот мебошанд, паҳн мегардад.

2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ

4. Мақсад ва вазифаҳои назорати давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот аз инҳо иборат мебошанд:

- таъмини риоя гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби истифодабарандагони олами наботот;

- истифодаи оқилона ва самараноки олами наботот;

- муҳофизати олами наботот аз ҳама гуна таъсирҳои манфӣ бо мақсади фароҳам овардани имконот ва қобилияти барқароршавии минбаъдаи онҳо;

- муҳофизати олами наботот аз сӯхтор, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва касалиҳо;

- андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати барқарор ва ҳифзи навъҳои растаниҳои нодир, қадима ва таҳти хатари нобудшавӣ қарордошта, инчунин намудҳои растаниҳои худрӯйи ба муҳофизат эҳтиёҷдошта ва ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида;

- пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти истифодаи олами наботот;

- ошкор намудани ҷамъоварии худсарона ва ғайриқонунии растаниҳои нодир, таҳти хатари нобудшавӣ қарордошта, растаниҳои худрӯйи ба муҳофизат эҳтиёҷдошта ва ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида.

5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ дар самти муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот чораҳои зарурӣ меандешад.

6. Назорати давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот дар шакли санҷиш, мониторинг ва профилактикаи истифодабарии олами наботот амалӣ карда мешавад.

3. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ МУҲОФИЗАТ, ИСТИФОДА ВА БАРҚАРОРКУНИИ ОБЪЕКТҲОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

7. Назорати давлатӣ дар соҳаи муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот дар баробари муқаррароти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар бар мегирад:

- ҷалб намудани вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ба чорабиниҳо дар самти муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот;

- амалисозии санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаҳо барои истифодабарии объектҳои олами наботот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;

- тасдиқ намудани низоми махсуси муҳофизати намудҳои растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, инчунин намудҳои растаниҳо ва гуруҳи растаниҳои нодир, қадима ва зери хатари нестшавӣ қарордошта;

- истифодаи намудҳои алоҳидаи олами наботот тибқи квотаҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешниҳоди дастур дар бораи пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба истифодабарандагони олами наботот.

8. Бо мақсади андешидани чораҳои махсуси ҳифзи намудҳои олами наботот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда (мамнӯъгоҳҳо, паркҳои табиӣ, парваришгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ) ташкил карда мешаванд.

9. Ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, қоидаҳои воридшавӣ, истифода, бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ дар онҳо тибқи тартиби муқаррармамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

10. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади муҳофизати намудҳои растаниҳое, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, ё ин ки намудҳои растаниҳои нодири дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, инчунин намудҳои растаниҳо ва гуруҳи растаниҳои нодир, қадима ва зери хатари нестшавӣ қарордошта низоми махсуси муҳофизати онҳоро муқаррар ва амалӣ менамояд.

11. Низоми махсуси муҳофизати намудҳои растаниҳои дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинишуда новобаста аз гурӯҳи заминҳо метавонад танҳо дар доираи он қисмати замине, ки дар онҳо чунин намудҳои растаниҳо мерӯянд, муқаррар карда шавад.

12. Низоми махсуси муҳофизати растаниҳо дар шакли иҳота ва ё руйпӯш намудани растаниҳо, аз танаи растаниҳо кандани шоха ва баргҳо, нармкунии бехи растаниҳо бо мақсади инкишофи минбаъдаи онҳо, ҷамъоварӣ бе осебрасонӣ, гирифтани намунаҳо ҷиҳати омӯзиш ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.

13. Дар қисмати заминҳое, ки ба онҳо низоми махсуси муҳофизати намудҳои растаниҳои дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинишуда ҷорӣ шудааст, чаронидан ва нигоҳдории чорво, ворид гардидан ва ҷамъоварӣ намудани растаниҳо, ба истиснои мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсоне, ки дорои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаи дахлдор мебошанд, манъ аст.

14. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун истифодабарандагони олами наботот дар баробари ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқҳои зерин мебошанд:

- объектҳои олами набототро, ба истиснои ҳолатҳое, ки барои истифодабарӣ ё ҷамъоварӣ, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаҳо зарур аст, истифода баранд;

- барои истифодабарӣ ё ҷамъоварӣ, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳо бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаҳо гиранд.

15. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳамчун истифодабарандагони олами наботот дар баробари ҳолатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои уҳдадориҳои зерин мебошанд:

- талаботро оид ба муҳофизат ва истифодаи объектҳои олами наботот, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, риоя намоянд;

- ба нобудшавӣ ва осеб расонидан ба объектҳои олами наботот, ифлос кардани маҳалли паҳншавии онҳо, вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор роҳ надиҳанд;

- ҳаққи истифодаи объектҳои олами набототро сари вақт пардохт намоянд;

- ҳуқуқи иҷоракорон, дигар истифодабарандагон, инчунин истифодабарандагони ҳамсарҳади объектҳои олами набототро поймол накунанд;

- ҳангоми дар ҳудуди заминҳои онҳо ҷорӣ гардидани низоми махсуси муҳофизати растаниҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсоне, ки дорои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаҳои дахлдор мебошанд, монеа эҷод накунанд;

- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаҳои мақомоти дахлдор ба истифода, ҷамъоварӣ, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли растаниҳо новобаста аз мавҷудияти чунин растаниҳо дар ҳудуди заминҳои ба онҳо вобасташуда, роҳ надиҳанд.

4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

16. Баҳсҳо вобаста ба муҳофизат, истифода ва барқароркунии объектҳои олами наботот тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

17. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.