Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" марти соли 2019, № 81
НИЗОМНОМАИ ШӯРОИ МЕТОДӢ ОИД БА ДУРНАМОСОЗӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ (минбаъд - Шӯро) мақоми машваратии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баррасӣ ва аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудани дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шудааст.
2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегирад.
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ШӯРО
3. Вазифаҳои асосии Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- арзёбии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ манзур намудани пешниҳод оид ба ворид намудани тағйирот ба дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ;
- таҳлили илмии дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ бо дар назар доштани имкониятҳои минбаъдаи пешрафти иқтисодиёти миллӣ, илму техника, тамоюли тағйирёбии вазъи демографӣ ва экологӣ, сохтори иҷтимоии ҷомеа, иқтидору имкониятҳои мавҷудаи кишвар, мавқеи сиёсӣ ва иқтисодию хориҷии он бо дар назар доштани вазъи сиёсию иктисодии давлатҳои шарикони асосии савдо ва дигар омилҳо;
- иштирок дар таҳияи методологияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо;
- баррасӣ ва омӯзиши равандҳои муосири дурнамосозӣ дар ҷаҳон ва дар ин замина омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дурнамосозӣ;
- иштирок дар омодасозӣ ва такмили низоми ҳуҷҷатҳои методӣ оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва соҳавӣ;
- таҳлил ва баҳодиҳии раванди иҷрои нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ;
- ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалии молиявию иқтисодӣ оид ба пешгӯии вазъи иқтисодиёти миллӣ;
- асосноккунии нишондиҳандаҳои дурнамо бо дар назар доштани имконияту захираҳои мавҷуда.
3. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ШӯРО
4. Шӯро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияташ ҳуқуқ дорад:
- ба вазорату идораҳои соҳавӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба масъалаҳои тартиби таҳияи дурнамо, дуруст ба инобат гирифтани иқтидорҳо ва захираҳои мавҷуда ҳангоми таҳияи дурнамо, такмили баҳисобгирии оморӣ дар маҳалҳо бо мақсади сифатнок омода намудани дурнамо ва ба инобат гирифтани хавфҳои эҳтимолӣ тавсияҳо диҳад;
- аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва шахсони ҳуқуқӣ новобаста аз шакли моликияташон бо мақсади сари вақт ва сифатнок таҳия намудани дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ маводи заруриро дархост намояд;
- намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташкилотҳои дигар, инчунин коршиносони мустақилро барои иштирок дар ҷаласаҳои Шӯро ҷалб намояд;
- бо муассисаҳои илмӣ барои иҷрои вазифаҳои Шӯро ҳамкорӣ намояд;
- дар конференсия ва семинарҳои дохилию байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таҳияи дурнамо тавассути таҳияи барномаҳои муосир иштирок намояд.
5. Ба уҳдадориҳои Шӯро дохил мешаванд: - ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар самти таҳияи дурнамо; - такмил додани нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ бо дар назар доштани вазъи иқтисодиёти миллӣ ва ҷаҳон;
- талаб намудани асосноккунии ҳатмӣ барои ншнондиҳандаҳои пешниҳоднамудаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз иштирокчиёни таҳияи дурнамоҳо;
- таҳия намудани тавсияҳои методӣ оид ба таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ барои давраи дахлдор бо дар назар доштани афзалиятҳо;
- баррасӣ намудани таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои илмӣ, новобаста аз шакли моликият оид ба такмили низоми дурнамосозӣ;
- асоснок кардани лоиҳаи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амалӣ гардонидани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин бахш.
4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШӯРО
6. Роҳбарии Шӯроро раиси Шӯро амалӣ менамояд ва дар ҳолати ҳозир набудани ӯ роҳбарӣ ба зиммаи муовини раиси Шӯро мегузарад.
7. Шӯро фаъолияти худро тавассути гузаронидани ҷаласаҳои Шӯро амалӣ менамояд.
8. Ҷаласаҳои Шӯро на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд. Дар ҳолати зарурӣ ҷаласаи ғайринавбатӣ гузаронида мешавад.
9. Аъзои Шӯро ҳуқуқ доранд, ки ҷиҳати даъват намудани ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро тариқи хаттӣ дархост карда, оид ба тартиб додани нақшаҳои корӣ ва рӯзномаи ҷаласаи Шӯро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ таклифҳо пешниҳод намоянд.
10. Қарорҳои ҷаласаи Шӯро он вақт салоҳиятнок ҳисоб карда мешаванд, ки агар аз шумораи умумии аъзои ҳузурдоштаи Шӯро аксарият ба тарафдории онҳо овоз дода бошанд.
11. Қарорҳои Шӯро бо протокол ба расмият дароварда мешаванд.
12. Шӯро метавонад ваколатҳоро оид ба дархости иттилоот, интишори ҳисобот ва масъалаҳои дигар ба котибот вогузор намояд.
13. Вобаста ба масъалаҳои ба рӯзномаи ҷаласа дохилшуда намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои илмӣ ва коршиносони мустақил низ метавонанд дар ҷаласаи Шӯро иштирок намоянд.
14. Хулоса ва тавсияҳои Шӯро оид ба лоиҳаи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
5. КОТИБОТИ ШӯРО
15. Вазифаи котиботи Шӯроро раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Вазорати рушди иқтисод ва савдо иҷро менамояд.
16. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои котиботи Шӯро дар мувофиқа бо раиси Шӯро амалӣ карда мешаванд.
17. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои котиботи Шӯро оид ба даъват ва ташкили ҷаласаҳои Шӯро:
- ҷаласаҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯроро даъват намуда, кори онҳоро ташкил мекунад;
- масъалаҳоеро, ки бояд ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯро ворид карда шаванд, мутобиқи таклифҳои пешниҳоднамудаи аъзои Шӯро таҳия намуда, на дертар аз 10 рӯз қабл аз баргузории ҷаласаи Шӯро рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои барои баррасӣ заруриро ба аъзои Шӯро пешниҳод менамояд;
- протоколи ҷаласаро ба расмият дароварда, дар давоми 5 рӯз пас аз баргузории ҷаласа ба раиси Шӯро пешниҳод менамояд;
- дар ҳолати зарурӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯро дигар шахсонро даъват менамояд;
- протоколҳои ҷаласаҳои Шӯроро нигоҳ медорад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" марти соли 2019, № 81
ҲАЙАТИ ШӯРОИ МЕТОДӢ ОИД БА ДУРНАМОСОЗӢ
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Шӯро;
Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини раиси Шӯро;
Сардори сарраёсати таҳлили макроиқтисодӣ, дурнамо ва ислоҳоти иқтисодии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби масъули Шӯро;
Сардори раёсати дурнамои макроиқтисодӣ ва муносибатҳои молиявии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон - котиби Шӯро;
Аъзои Шӯро:
Муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон;
Муовини даректори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ноиби президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон;
Намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо (дар ҳолати зарурӣ);
Коршиносони мустақил (дар ҳолати зарурӣ).