Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 № 617

Санаи амалкуни: 08.02.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2018, № 617

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2018, № 617

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84, аз 28.08.2024 № 478)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84, аз 28.08.2024 № 478)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур расмиёти пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Портали интернетӣ)-ро муайян менамояд.

2. Портали интернетӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ (минбаъд санади меъёрии ҳуқуқӣ) ва инчунин иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида таъсис дода шудааст.

3. Таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда гузаронида мешавад.

4. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:

- портали интернетӣ - махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад;

- таҳиякунанда - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84аз 28.08.2024 № 478);

...

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2018, № 617

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84)

 

Матни Тартиб