Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018 № 617

Санаи амалкуни: 08.02.2020

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2018, № 617

тасдиқ шудааст

Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84, аз 28.08.2024 № 478)

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби мазкур расмиёти пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Портали интернетӣ)-ро муайян менамояд.

2. Портали интернетӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ (минбаъд санади меъёрии ҳуқуқӣ) ва инчунин иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида таъсис дода шудааст.

3. Таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда гузаронида мешавад.

4. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:

- портали интернетӣ - махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад;

- таҳиякунанда - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84аз 28.08.2024 № 478);

- хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478);

- машваратҳои оммавӣ – расмиёти баррасии пешниҳоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

5. Портали интернетӣ аз фаслҳои зерин иборат мебошад:

- Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ;

- Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. СОХТОР ВА ТАНЗИМИ ИДОРАКУНИИ ПОРТАЛИ ИНТЕРНЕТӢ

§ 1. Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

6. Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рӯйхати лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки таҳияи онҳо аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ба нақша гирифта шудааст, дар бар мегирад.

7. Таҳиякунанда пас аз қабули қарор дар бораи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ огоҳиномаро ҷойгир менамояд, ки он дорои маълумоти дар ҷадвали зер овардашуда мебошад:

Р/т

Намуд

ва номи санади меъёрии ҳуқуқӣ

Маълумот

дар бораи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо татбиқ мегардад

Муҳлати чашм-дошти таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ

Муҳлати чашм-дошти қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Муҳлате, ки дар муддати он аз ҷониби таҳиякунанда пешниҳодҳо вобаста ба ҷойгир намудани огоҳинома қабул карда мешаванд

8. Таҳиякунанда оид ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои субъектҳои соҳибкорӣ уҳдадорӣ ва ё маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамоянд, инчунин маълумоти иловагиро дар огоҳинома тибқи ҷадвали зерин дарҷ менамояд:

Р/т

Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳод-шудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешаванд

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Санаи анҷом додани машварат-ҳои

оммавӣ бо тарафҳои манфиат-дор

9. Риоя накардани талаботи дар бандҳои 7 ва 8 пешбинишуда асос барои баргардонидани огоҳинома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

10. Ҳуқуқи ҷойгир кардани огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунии Портали интернетиро танҳо шахсони ваколатдори:

- Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дорои таъсири имконпазир ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошанд, доранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84аз 28.08.2024 № 478).

11.Дастрасӣ барои ҷойгир намудани огоҳинома аз ҷониби Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирии дахлдор дар Портали интернетӣ пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

12. Таҳиякунанда аз рӯи натиҷаи баррасии пешниҳодҳои воридшуда қарори асоснокро оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё даст кашидан аз омода намудани он қабул менамояд. Дар сурати қабули қарор оид ба рад намудани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳиякунанда маълумоти заруриро дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир менамояд ва оид ба қарори қабулгардида мақомот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз ҷониби онҳо қаблан дархостҳо оид ба ҷойгиркунии огоҳинома пешниҳод гардида буданд, хабардор менамояд.

13. Таҳиякунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар муддати на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгиркунии огоҳинома оид ба таҳия намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мебошад, машваратҳои оммавӣ мегузаронад.

14. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ баъд аз гузаштани муҳлати машваратҳои оммавӣ ба таҳиякунандаи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи ба охир расидани он хулоса медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

§ 2. Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ

15. Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро дар бар мегиранд, ки нисбати онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд. Воридкунии матни пурраи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ба онҳо аз ҷониби таҳиякунанда ба амал бароварда мешавад.

16. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ метавонанд то ба итмом расидани муҳлати баргузории машваратҳои оммавӣ пешниҳодҳои худро дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузоранд.

17. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи ҷойгир кардани пешниҳодҳои худро вобаста ба ҷойгиркунии огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирӣ дар Портали интернетӣ бо риояи муқаррароти боби 4 Тартиби мазкур пайдо мекунанд.

18. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ аз санаи ҷойгир намудани лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣхулосаро оид ба гузаронидани расмиёти машваратҳои оммавӣ омода менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

19. Ба хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳодҳои аз рӯи натиҷаҳои машварати оммавӣ қабулшуда замима мегарданд.

20. Субъекти ҳуқуқэҷодкунанда аз рӯи натиҷаи машваратҳои оммавӣ метавонад қарори асоснок оид ба рад намудани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё оид ба омода, такмил ва қабули минбаъдаи он қабул намояд ва ё дар сурати қабули қарор оид ба рад кардани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳиякунанда дар Портали интернетӣ маълумоти дахлдорро ҷойгир менамояд.

21. хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

§ 3. Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

22. Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки расмиёти банақшагирӣ ва таҳлили таъсири тазимкуниро гузашта, аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда қабул шудаанд, иборат мебошад.

23. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, дар давоми 10 рӯз пас аз қабул ё тасдиқ барои дохил намудан ба Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.

24. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд, пас аз бақайдгирии давлатии онҳо дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84аз 28.08.2024 № 478).

25. Субъекти ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, барои ҷойгир намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ нусхаҳои тасдиқшудаи санади меъёрии ҳуқуқиро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, инчунин дар ҳомили электронӣ мутобиқи муқаррароти банди 35 қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, № 344 тасдиқ шудааст ва ҳуруфи андозаи 14 пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

3. ҶОЙГИРКУНИИ ИТТИЛООТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ПОРТАЛИ ИНТЕРНЕТӢ ВА ДАСТРАСӢ БА ОН

26. Дастрасии иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар Портали интернетӣ бо суроғаи http://www.portali-huquqi.tj ҷойгир карда шудаанд, барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ройгон амалӣ мегардад.

27. Ҳуқуқи ҷойгир кардани иттилоотро дар Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо кормандони ваколатдори Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дошта метавонанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

28. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Портали интернетӣ метавонанд ҳаракатҳои бо ҷустуҷӯ, назаргузаронӣ, баргирифтан, чопи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иттилооти дастрас алоқамандро бо салоҳдиди худ амалӣ гардонанд.

29. Ҳуқуқи додани хулоса оид ба гузаштани расмияти машварати оммавӣ ва таҳлили таъсири танзимкуниро мақомоти ваколатдор пас аз бақайдгирӣ дар Портали интернетӣ пайдо мекунад.

4.БАҚАЙДГИРӢ ДАР ПОРТАЛИ ИНТЕРНЕТӢ

30. Мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба қайд гирифтан дар Портали интернетӣ дар шакли муқарраршуда ба таври хаттӣ ва электронӣ (онлайн) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ мутобиқи замимаҳои 1, 2 ва 3 Тартиби мазкур дархост пешниҳод менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

31. Шакли пуркардашудаи муроҷиат якҷо бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ба истиснои мақомоти давлатӣ) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ба суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов, 13 пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

32. Пас аз пешниҳоди шакли пуркардашуда дархост ба муроҷиаткунанда дар муҳлати 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи муроҷиат "Номи истифодабаранда" ва "Рамз" барои фаъолсозӣ дар Портали интернетӣ пешниҳод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.08.2024 № 478).

33. Ҳар як истифодабарандаи бақайдгирифташуда бо интерфейси истифодабаранда шинос ва оид ба масъулият ҳангоми кор дар Портали интернетӣ огоҳ карда мешавад.

Замимаи 1
ба Тартиби пешбурди Портали интернетии
иттилооти  ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Шакли дархост барои бақайдгирӣ дар
Портали интернетӣ барои мақомоти давлатӣ

Дархост

барои бақайдгирӣ дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

(номи пурраи ташкилот, аз ҷумла шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ)

дар шахси

(вазифа, насаб, ном, номи падар)

хоҳиш мекунад, ки дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндаи ваколатдор:

_________________________________________________________________

(насаб, ном, номи падар)

мутобиқи маълумоти мушаххаси ташкилот, ки дар ҳамин ариза нишон дода шудааст, сабти бақайдгирӣ ворид карда шавад.

Номи ташкилот

Соҳаи фаъолият

Суроғаи почтаи электронӣ

Ному насаби роҳбар

Рақами телефони роҳбар

РМА

Суроғаи ҳуқуқӣ

(насаб, ном, номи падар)

(силсила ва рақами шиноснома, аз тарафи кӣ ва кай дода шудааст)

(рақами телефон ва суроғаи почтаи электронӣ)

Истифодабаранда              ______________________________/____________/

                                                                              Ҷ.М.     "___"__________с.20__

Роҳбари 

ташкилот                                ____________________________/____________/

                                                                                            "___"__________с.20__

Замимаи 2
ба Тартиби пешбурди Портали интернетии
иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Шакли дархост барои бақайдгирӣ дар
Портали интернетӣ барои шахсони ҳуқуқӣ  

(номи пурраи шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ)

дар шахси                                                                                                                  ,

(вазифа, насаб, ном, номи падар)

ки дар асоси                                                                                      амал мекунад,

(асоси ваколат)

                                                                              Ҷ.М.     "___"__________с.20__.

Замимаи 3
ба Тартиби пешбурди Портали интернетии
иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Шакли дархост барои бақайдгирӣ дар
Портали интернетӣ барои шахсони воқеӣ

хоҳиш мекунад, ки дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи маълумоти мушаххаси дар ҳамин ариза нишондода сабти бақайдгирӣ ворид карда шавад.

Насаб, ном, номи падар

Ҷойи кор

Суроғаи почтаи электронӣ

Рақами телефон

РМА

Суроғаи ҷойи зист