×

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 аз 29 декабри соли 2018 № 602

Санаи амалкуни: 29.12.2022

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" декабри соли 2018, № 602

тасдиқ шудааст

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624)

1. Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки ба офатҳои табиӣ ва намудҳои дигари офатҳо гирифтор мебошад. Офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин таъсири манфӣ расонида, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд ва барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар монеа эҷод мекунанд. Дар робита ба ин, қабул ва амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2034 (минбаъд - Стратегия) барои Тоҷикистон иқдоми муҳими сиёсӣ мебошад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624).

2. Стратегия бо дар назар доштани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, сабақҳои аз амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба идоракунии хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2010-2015 (минбаъд - Стратегия барои солҳои 2010-2015) гирифташуда, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда шудааст ва мутобиқи муносибати нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки дар Барномаи қолабии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2015-2030 (минбаъд - Барномаи Сендай) ва Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 баён шудаанд, таҳия гардидааст.

3. Дар Стратегия пешрафтҳои бадастовардаи кишварамон дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои давраи солҳои 199-72018 мавриди таҳлил қарор гирифта, дар он ҷанбаҳои қавӣ ва заифи раванди идоракунии хавф баррасӣ гардида, ба усулҳои омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ таъкид карда мешаванд, инчунин дар асоси мушкилоти ҷойдошта ҳадаф ва вазифаҳои стратегии нав оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

2. ҲАДАФ ВА ВАЗИФАҲОИ СТРАТЕГИЯ

4. Ҳадафи Стратегия паст кардани хавфи ҷойдошта ва пешгирии хавфи нави офатҳои табиӣ бар асоси таҳкими иқтидори миллӣ оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ мебошад. Барои амалисозии ҳадафи мазкур чор вазифаи асосӣ равона карда мешавад.

Вазифаи якум то соли 2030 кам кардани шумораи ҳалокшудагон, осебдидагон ва ҳаҷми зарар дар натиҷаи офатҳои табиӣ бавуҷудомада дар муқоиса бо давраи солҳои 2005-2015. Барои ҳалли вазифаи мазкур як қатор тадбирҳо амалӣ карда мешаванд, аз ҷумла:

- таҳлили пайвастаи омилҳо ва сабабҳои асосӣ, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни аҳолӣ ва зарари иқтисодӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ мешаванд;

- гузаронидани арзёбии хавф бо таваҷҷуҳ на танҳо ба таҳдидҳо, балки инчунин ба муайян кардани осебпазирии аҳолӣ ба хавф, муайян кардани иқтидор бо дар назар доштани омилҳои гендерӣ ва синнусолӣ, захираҳои ҷойдошта барои идоракунӣ ва паст кардани сатҳи осебпазирӣ, муайян кардани таҳдидҳо, омилҳои хавф, ноҳияҳо ва гурӯҳҳои аҳолии бештар осебпазир барои амалӣ намудани тадбирҳо оид ба паст кардани хавф;

- таъсиси махзани маълумот ва ворид намудани иттилооти ҷудошуда аз рӯи ҷинс, синну сол ва маъюбият дар арзёбии сатҳи осебпазирӣ дар шароити хатар/хавф;

- барои ҳар як намуди таҳдид таҳия намудани маҷмӯи дахлдори тадбирҳо бо мақсади омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ.

Вазифаи дуюм - таъмини дастрасии ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ба иттилоот дар бораи хавфи офатҳои табиӣ. Вазифаи мазкур бо роҳҳои зерин иҷро карда мешавад:

- ташкил намудани махзанҳои маълумоти миллӣ ва маҳаллӣ оид ба мубодилаи иттилоот дар бораи офатҳои табиӣ, ки барои муттаҳид сохтани маълумот дар бораи офатҳои табиии солҳои гузашта, натиҷаҳои арзёбии хавф, маълумоти низомҳои огоҳсозӣ, маълумот дар бораи таъсири офатҳои табиӣ, амалиёт оид ба расонидани кумак ва барқарорсозӣ дар манбаи ягонаи ба шахсони мансабдори мақомоти давлатии дахлдор, аҳолии таҳти хавф ва осебдида ва ҳамаи дигар ҷонибҳои манфиатдор;

- гузаронидани арзёбии ҳолати техникии бино ва иншоотҳои муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати устуворӣ ба офатҳои табиӣ;

- дар амал ҷорӣ намудан ва истифодаи фаъолонаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар роҳҳои ҳалли инноватсионӣ.

Вазифаи сеюм - ҳамгиросозии тадбирҳо оид ба идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар раванди рушд. Вазифаи мазкур тавассути тадбирҳои зерин ҳал карда мешавад:

- афзоиши маблағгузорӣ, ки барои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои тадбирҳо оид ба паст кардани хавфи дорои дараҷаи хурд ва миёна ва чорабиниҳои пешгирикунанда бо риояи тавозуни миёни тадбирҳои дорои хусусияти сохторӣ ва ғайрисохторӣ ва бо дар назар доштани натиҷаҳои таҳлили самаранокии хароҷот ҷудо карда мешавад;

- фаъолсозии муколамаи сохторҳои давлатӣ бо бахши хусусӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷамоаҳои маҳаллӣ ҷиҳати иштирок дар идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла таҳкими роҳбарии занон, шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва ҷавонон барои таҳияи нақшаҳо оид ба барқарорсозӣ ва рушд пас аз офати табиӣ бо дар назар доштани манфиатҳо ва эҳтиёҷоти гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ;

- таҳкими нақши Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ (минбаъд - Платформаи миллӣ) дар соҳаи ҳамоҳангсозии тадбирҳо дар бораи паст кардани хавф, ки аз тарафи сохторҳои давлатӣ якҷо бо ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла бо гурӯҳи баҳодиҳии зудамал ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда анҷом меёбад, беҳтар намудани механизмҳои ҷудо намудани маблағ барои паст кардани хавф ва ташкили расмиёти мониторинги беҳбудӣ дар соҳаи идоракунии хавф;

- таҳия, намоишдиҳӣ ва ҷорӣ намудани қарорҳои инноватсионии низомҳои ҳифзи табиат, аз ҷумла равишҳои экосистемавии идоракунӣ дар минтақаҳои деҳот, махсусан минтақаҳои кӯҳистон;

- гузаронидани арзёбии ҳолати физикии инфрасохтор, аз ҷумла биноҳо, иншооти муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва муассисаҳои дигари иҷтимоӣ барои устувор будан ба офатҳои табиӣ ва дастрасӣ барои гурӯҳҳои бештар осебпазири аҳолӣ ба хавф;

- таҳкими иқтидор ва нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳамаи марҳилаҳои идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла васеъ намудани фаъолияти ҳассос ба масъалаҳои гендерӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва дарки аҳолӣ дар бораи хавфи офатҳои табиӣ, аҳамияти иштироки аҳолӣ ҳангоми эҷоди низомҳои огоҳсозии қаблӣ, эътино, барқарорсозӣ ва рушд.

Вазифаи чорум - такмили механизмҳои омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ. Вазифаи мазкур бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- навсозии низоми мавҷудаи омодагӣ ва эътино дар ҳамаи сатҳҳо, ки ба таҳдиди офатҳои табиӣ дучор шудаанд, бар асоси соҳаҳои дақиқ муайяншудаи масъулият ва идоракунӣ, инчунин такмили расмиёти банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳо оид ба расонидани кумак ва барқарорсозӣ барои баланд бардоштани шаффофияти роҳҳои ҳал бо дар назар доштани пешбурди баробарии гендерӣ ва рушди бахшҳои дигар;

- эҷоди низоми маҷмӯии огоҳсозӣ барои шахсони мансабдори давлатӣ, аҳолии осебпазир ба хавф ва дигар ҷонибҳои манфиатдор бо истифода аз технологияҳои муносиб ҳамроҳ бо раванди омӯзиши гирандагони маълумоти огоҳсозӣ;

- омода намудани нақшаҳо ва таҳияи тадбирҳо оид ба таъмини омодагӣ ба офатҳои табиӣ дар сатҳҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ бо иштироки ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор ва бо дар назар доштани эҳтиёҷоти махсуси занон ва кӯдакон, шахсони куҳансол, маъюбон ва гурӯҳҳои дигари аҳолии ба хавф дучоршуда;

- навсозии расмиёти арзёбии зарар мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ;

- густариши имкониятҳои корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ тавассути беҳтаргардонии ҳамкории раёсати хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтуковӣ - наҷотдиҳӣ бо ташкилотҳои монанд ва баланд бардоштани иқтидори онҳо.

3. ВАЗЪИЯТ ДАР СОҲАИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ: ТАҲДИДҲО ВА ИМКОНИЯТҲО

§1. Тамоюлҳои солҳои гузашта дар соҳаи офатҳои табиӣ

5. Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) дар солҳои 1997-2018 дар Тоҷикистон тахминан 3460 офати табиӣ рух додааст, яъне ба ҳисоби миёна дар ҳар ду рӯз як офати табиӣ ба вуҷуд омадааст.

6. Намуди офати табиии нисбатан паҳншуда (ба ҳисоби миёна 70 ҳолат дар як сол) ва нисбатан ҳалокатовар (ба ҳисоби миёна 35 ҳалокшуда дар як сол) дар Тоҷикистон сел мебошад. Дар ҷойи дуюм аз рӯи нишондодҳои мазкур тарма (ба ҳисоби миёна 27 ҳолат ва 6 ҳалокшуда дар як сол) мебошад. Дар бештари мавридҳо сел ва тармафароӣ дорои минтақаи бисёр маҳдуди таъсир мебошанд, аммо онҳо ҳангоми ба вуҷуд омадани шароитҳои муайяни обу ҳаво зуд-зуд рух медиҳанд ва ҳамзамон чанд қитъаро хароб мекунанд.

7. Тибқи харитаи ноҳиябандии заминҷунбӣ дар ноҳияҳои мухталифи Тоҷикистон заминҷунбиҳо бо қувваи аз 7 (бисёр сахт) то 9 (харобиовар) дараҷа (бал) аз рӯи ҷадвали Медведев-ШпонхойерКарник (МСК-64) имконпазир мебошанд. Дар тӯли давраи аз соли 1997 то соли 2018 ба ҳисоби миёна дар як сол 23 офат ва ду ҳалокшуда дар як сол ба қайд гирифта шудаанд, ки ба заминҷунбӣ дахл доранд. Таъсири заминҷунбии эҳтимолии сахт дар яке аз нуқтаҳои аҳолинишини калони Тоҷикистон метавонад боиси шумораи зиёди ҳалокшудагон ва осебдидагон ва инчунин зарари калони иқтисодӣ шавад.

8. Тибқи гузоришҳои расмӣ зарари умумӣ дар натиҷаи офатҳои табиии дар солҳои 1997-2018 рухдода мутобиқи қурби миёнаи солона, вале бе дар назар доштани таваррум беш аз 589 млн доллари ИМА ташкил дод.

9. Ба ҳиссаи селҳо зарари аз ҳама калони молиявӣ рост меояд, ба ҳисоби миёна 15 млн доллари ИМА дар як солро ташкил медиҳад. Дуввумин манбаи нисбатан назарраси талафоти молиявӣ - хушксолӣ мебошад (5,4 млн доллари ИМА), асосан ба сабаби хушксолиҳое, ки дар солҳои 2000-2001 рух додаанд. Дар ҷойи севум аз рӯи ҳаҷми зарари молиявӣ заминҷунбӣ қарор дорад (3,3 млн доллари ИМА).

10. Тибқи маълумоти оморӣ барои давраи солҳои 1997 - 2018 шумораи умумии офатҳои табиӣ тамоюли камшавӣ доранд, ҳарчанд шумораи селҳо якчанд маротиба зиёд шудааст. Бо вуҷуди ин, маълумоти дастрас дар тӯли 22 сол тамоюлҳои нисбатан дарозмуддати зуҳури офатҳои табииро инъикос намекунад ва то ҳадди имкон таъсири офатҳои табиии камтар рухдиҳандаи миёнамуддатро кам мекунанд, махсусан заминҷунбиҳо. Дар воқеъ, офатҳои табиии ҳаҷман калон дар Тоҷикистон дар ин давра рух надодаанд.

11. Ҳарчанд дар ифодаи мутлақ зарар мумкин аст кам ба назар расад, аммо таъсири воқеии иқтисодӣ ҳатто як сели хурд, ки хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти инфрасохторро хароб кардааст, бисёр назаррас мебошад. Ба таври мисол, хароҷот барои барқарор намудани хонаҳои харобшуда метавонад беш аз 50 000 доллари ИМА бошад. Дар ҳоле ки қисмати бузургтари бори молиявӣ барои барқарорсозӣ бар дӯши оилаҳо мебошад ва ин боиси хавфи зиёд шудани қарз ва барқарорсозии оҳиста ва сусткунандаи суръати рушд мешавад.

§2. Маҳдудсозии таъсири офатҳои табиӣ

12. Тибқи маълумоти Кумита дар натиҷаи офатҳои табиӣ 10 шаҳру ноҳия (тибқи ҷадвали 1) бештар зарар дидаанд, ки дар онҳо шумораи офатҳои табиӣ (37 ҳолат) ва ҳалокшудагон (7 нафар) беш аз ҳаҷми миёнаи ҳамаи ноҳияҳо барои солҳои 2005 - 2015 мебошад. Дар натиҷаи офатҳои табиӣ ноҳияи Рашт аз ҳама зиёд зарар дидааст, ки он ҷо ба ҳисоби миёна ба ҳар офат ҳадди ақал як ҳалокшуда рост меояд, дар ҳоле, ки дар ноҳияи Ишкошим шумораи бештари офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шудааст ва сатҳи фавт беш аз сатҳи миёна мебошад.

 

Ҷадвали 1.

 

Шаҳру ноҳияҳои бештар зарардида - шумораи офатҳои табиӣ ва ҳалокшудагон 

Шаҳру ноҳияҳо

Офатҳои табиӣ  

Ҳалокшудагон

Кӯлоб

39

18

Рӯдакӣ

48

13

Айнӣ

49

22

Нуробод

53

21

Лахш

63

43

Рашт

67

74

Тоҷикобод

69

12

Роштқалъа

95

30

Шуғнон

128

15

Ишкошим

145

10

 

13. Агар танҳо шумораи офатҳои табииро дар назар бигирем (яъне ноҳияҳое, ки он ҷо шумораи ҳалокшудагон камтар аз ҳисоби миёна аст), барои шаҳру ноҳияҳои зерин шумораи офатҳои табиии рухдода дар солҳои 2005 - 2015 беш аз ҳаҷми миёнаи оморӣ мебошад:

- шаҳри Душанбе - 86 офат;

- шаҳри Исфара - 46 офат;

- ноҳияи Рӯшон - 117 офат;

- ноҳияи Дарвоз - 81 офат;

- ноҳияи Мурғоб - 50 офат.

14. Маълумоти ҷамъбастӣ дар бораи зуд-зуд рух додани офатҳои табиӣ ва шумораи ҳалокшудагон ба ду гурӯҳи осебпазири ҷуғрофӣ ишора мекунад:

- ҳавзаи дарёи Панҷ, аз ҷумла ноҳияҳои Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошим;

- ҳавзаи дарёи Сурхоб, аз ҷумла ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Лахш ва Тоҷикобод.

§3. Шароити иқлим ва обу ҳаво

15. Таҳдидҳое, ки ба шароитҳои иқлимӣ робита доранд, аз ҷумла селу тармафароӣ ба сабабҳои бештар назарраси офатҳои табиӣ дар солҳои 1997-2018 дахл доранд. Дар гузориши сеюми миллӣ оид ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон чунин нишон дода мешавад:

- эҳтимолияти баландшавии ҳарорати миёна дар солҳои наздик;

- зиёдшавии давраҳои обу ҳавои гарми ғайримуқаррарӣ;

- афзоиши сатҳи боришот ва дар фаслҳои сарди сол бештар боришот на дар шакли барф, балки дар шакли борон меборад.

16. Интизор меравад, ки омезиши ҳарорати бештар гарм бо афзоиши миқдори боронҳо дар фаслҳои тирамоҳ ва баҳор ба афзоиши эҳтимолияти ба вуҷуд омадани селҳо оварда расонад, ки аксар вақт дар натиҷаи боридани борон дар ноҳияҳое, ки он ҷо дар баҳор ҳоло барф об нашудааст ё тавассути боронҳои шадид дар фасли дигари сол ба вуҷуд меоянд.

17. Механизми таъсири тағйирёбии иқлим ва шароити ҷиддии обу ҳаво ба пайдоиши тармаҳо нисбатан мураккаб аст. Ин ҷо нақши муҳимро на он қадар миқдори барфи борида, балки тағйирёбии шароити обу ҳаво бозӣ мекунад, ки метавонад ба ташаккулёбии тармафароӣ мусоидат намояд. Ҳарчанд ҳарорати миёна баланд гардад ҳам, фасли зимистон дар тӯли қисмати бештараш чун пешин сард - бо ҳарорати зери сифр дар аксар ноҳияҳои зери хатари тармафаро будаи кишвар хоҳад буд.

18. Хушксолиҳо бештар ба сабаби баланд шудани ҳарорат рух медиҳанд, ки боиси афзоиши талафоти об дар натиҷаи бухоршавӣ ва камшавии қабати барф мешаванд. Дар гузашта таъсири хушксолиҳо бинобар мавҷуд будани об барои обёрӣ коҳиш меёфт. Аммо дар оянда хушксолӣ вақт андар вақт ба зироатҳои лалмӣ, аз ҷумла зироатҳои асосии ғизоӣ ва манбаъҳои даромади аҳолии деҳот таъсир мерасонад.

19. Пешбинӣ мегардад, ки тағйироти пешгӯишавандаи иқлим ва шароити обу ҳаво ба бештар рух додани селҳо, ба таври ғайримуқаррарӣ хушксолӣ, ҳамчунин давраҳои обу ҳавои ба таври ғайриоддӣ гарм ва шароитҳои номусоиди обу ҳаво (мисол, жолаҳои шадид, ки метавонанд ҳосилро нобуд созанд) мешаванд. Барои муборизаи бомуваффақият бо чунин табаддули иқлим такомули низоми огоҳсозии қаблӣ ва усулҳои мавҷудаи идоракунии хавф (мисол, нисбат ба селу хушксолиҳо) ва ҳамчунин таҳия намудани роҳҳои нави паст кардани сатҳи оқибатҳо ва мутобиқшавӣ ба онҳо, ба хусус дар робита бо давраҳои обу ҳавои ба таври ғайримуқаррарӣ гарм ва хушксолиҳо лозим мебошад.

20. Бо дар назар доштани таъсири гуногуни тағйироти иқлим ба минтақаҳои мухталифи кишвар, анҷом додани пешгӯӣ аз нуқтаи назари минтақаҳои мазкур дар пеш аст, ки натиҷаҳои он ҳангоми банақшагирии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим истифода хоҳанд шуд.

§4. Таҳдидҳои зуҳуркунанда

21. Сатҳи саноатикунонӣ дар Тоҷикистон нисбатан паст аст. Бо вуҷуди ин, таҳлили тамоюлоти ҷойдошта нишон медиҳад, ки миқёси саноатикунонӣ дар Тоҷикистон дар ҳар ҳол афзоиш меёбад. Ба таври мисол ин ба заводҳои семент, корхонаҳои саноати хӯрокворӣ, фабрикаҳои хурд ва корхонаҳои истихроҷи маъдан дахл дорад.

22. Рушди истеҳсолоти саноатӣ боиси ба вуҷуд омадани соҳаҳои нави хавф мешавад, ки то ҳол барои Тоҷикистон мубрам набуданд. Афзоиши коркарди қаъри замин ба зиёд шудани хавфу хатар оварда мерасонад, ки ба фурӯрезии қисмати боқимонда ва тоза кардани обҳои зеризаминӣ алоқаманд аст. Рушди соҳаҳои коркардшавандаи саноат зарурати нобудсозии безарари партовҳои хатарнок ва дар баъзе мавридҳо идоракунии равандҳои хатарноки технологиро ба вуҷуд меорад, ки тавсеа ва тахассусикунонии воҳидҳои сохтории ҷустуҷӯ ва наҷотдиҳиро талаб мекунанд. Афзоиши ҳаҷми интиқоли маводи хатарнок тағйири қоидаҳои бехатарӣ ва омодагии муносиби хадамоти барои бартараф намудани садамаҳо масъулро тақозо мекунад.

23. Боз як маҷмӯи таҳдидҳои зуҳуркунанда ба омилҳои мавҷудаи хавф алоқаманд аст. Онҳо аз майдонҳои ҷойдоштаи зери хок кардани партовҳои хатарнок (ба таври мисол, маконҳои нигоҳдории уран, қитъаи нигоҳдории партовҳои пеститсидҳо, партовгоҳҳои саноатӣ ва ғайра) мебошанд, ки он ҷо дар гузашта усулҳои номуносиби нобудсозӣ ё нигоҳдории партовҳои хатарнок истифода шудаанд. Ҳарчанд бештари чунин ҷойҳо ба мақомоти давлатӣ маълум ҳастанд, ба ҳолати бехатар овардани онҳо аз нигоҳи техникӣ душвор аст ва беҳад гарон мебошад ва дар бештари мавридҳо беш аз имкониятҳои дар сатҳи маҳаллӣ ё миллӣ мавҷуда мебошанд.

24. Боз як маҷмӯи омилҳои хавфи ҷойдошта ба иваз кардани биноҳо ва дигар иншооти инфрасохтори сохтмони замони шӯравӣ дар робита бо сол ё ҳолати сохт (конструксия)-и онҳо дахл дорад. Чунин таҳдидҳои меросбурда ба андозаи вайроншавии фонди биноҳои садамавӣ ва бо дар назар доштани набудани усулҳои муносиби нобуд кардани партовҳои хатарнок дар сатҳи маҳаллӣ, махсусан дар минтақаҳои шаҳр, дар якҷоягӣ бо мавҷуд набудани арзёбии хавф ва идоракунии пешгирикунандаи хавф афзоиш хоҳанд ёфт.

25. Бояд тазаккур дод, ки маълумоти дақиқ дар бораи таъсири имконпазири чунин таҳдидҳо барои Тоҷикистон ҳанӯз вуҷуд надорад. Анҷоми арзёбиҳои муносиби хавф, банақшагирӣ ва таҳкими захираву имконот лозим аст то омилҳои мазкури хавф боиси офатҳои табиие нашаванд.

26. Азбаски бахши хусусӣ ҳаракатдиҳандаи бузургтарини раванди саноатикунонӣ мебошад, ширкатҳои хусусӣ, бархилофи давраи феълӣ, бояд ба таври пурра дар арзёбӣ ва паст кардани сатҳи хавф бо дар назар доштани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя ҷалб карда шаванд.

4. ТАВСИФИ ВАЗЪИЯТ ДАР СОҲАИ ИДОРАКУНИИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

§1. Фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда

27. Фаъолият оид ба пешгирии офатҳои табиӣ ва бартараф кардани оқибатҳои онҳо дар Тоҷикистон дар доираи Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда (минбаъд - Низоми ягона) ва мақомоти ҳамоҳангсоз, ки комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҳамчунин дар сатҳҳои ҷамоатҳо ва ташкилотҳо мебошанд, анҷом меёбад. Ба ҳайати комиссияҳои мазкур, ки аз ҷониби шахси мансабдор дар сатҳи дахлдор роҳбарӣ карда мешавад, намояндагони ҳамаи мақомоти давлатии дахлдор дохил мешаванд. Раиси комиссия дар сатҳи миллӣ Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

28. Дар айни замон Низоми ягона татбиқ мешавад ва барои беҳбудии банақшагирӣ ва эътиногирӣ ба офатҳои табиӣ зарур мебошад, ки ҳар ташкилот нақшаи амал дошта бошад.

29. Дастгирии сохтори давлатии мазкур аз тарафи гурӯҳи баҳодиҳии зудамал ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда анҷом меёбад. Ҳамраисони гурӯҳи баҳодиҳии зудамал ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда намояндаи кумита ва ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон мебошанд. Ба доираи салоҳияти гурӯҳи баҳодиҳии зудамал ва ҳамоҳангсозӣ дар ҳолатҳои фавқулодда масъалаҳо оид ба расонидани кумак, барқарорсозӣ, таъмини омодагӣ ва паст кардани сатҳи хавф шомил мебошанд.

§2. Фаъолияти мақоми ҳамоҳангсози Низоми ягона

30. Кумита сохтори асосие мебошад, ки барои таъмини омодагӣ ва эътино ба офатҳои табиӣ ҷавобгӯ аст. Он ба комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулодда дар сатҳи миллӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ кумак расонида, ҳамоҳангсозии тадбирҳои аввалияи эътиноро таъмин менамояд. Кумита барои баргузор намудани корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ масъул аст ва дорои мутахассисони қодир ба иҷрои вазифа оид ба расонидани кумак ва барқарорсозӣ мебошад. Кумита дорои марказ барои тайёр намудани кормандони худ, сохтори махсус оид ба назорати кӯли Сарез ва ҳамчунин захираву имконоти зарурӣ барои мубориза бо таҳдидҳои радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва жола мебошад. Дар оянда ба Кумита лозим аст, ки дорои ваколати муайян дар мавриди иштироки худ дар чорабиниҳои барқарорсозӣ ё паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бошад.

31. Фаъолият оид ба пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешавад.

32. Раванди муайян кардани хусусияти кумаки давлатӣ ҷиҳати барқарорсозӣ дар салоҳияти Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда қарор мегирад. Уҳдадориҳои мазкур мумкин аст ба сохторҳои мухталифи давлатӣ ё комиссияҳои поёнӣ дар сатҳи вилоятӣ ё ноҳиявӣ вогузор карда шаванд.

5. НАТИҶАҲО ВА САБАҚҲОИ АЗ АМАЛИСОЗИИ СТРАТЕГИЯ БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2015 ГИРИФТАШУДА

§1. Натиҷаҳои амалисозии Стратегия барои солҳои 2010-2015

33. Котиботи Платформаи миллӣ, ки аз тарафи Кумита роҳбарӣ карда мешавад, назорати амалисозии Стратегия барои солҳои 20102015-ро анҷом додааст.

34. Таҳлили аз ҷониби Кумита анҷомёфта нишон медиҳад, ки тадбирҳои дар нақшаҳои амал пешбинишуда оид ба панҷ қисми Стратегия барои солҳои 2010-2015 бо ҳаҷми зерин мавриди иҷро қарор гирифтаанд:

- қисми 1. Сохтори ташкилӣ ва ҳуқуқӣ - 80%;

- қисми 2. Арзёбии хавф - 41% ;

- қисми 3. Идоракунии хавф ва рушд - 40%;

- қисми 4. Таъмини омодагӣ ва эътино - 24%;

- қисми 5. Идоракунии донишҳо: таълим, омодасозӣ ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ - 38%.

§2. Сабақҳои аз амалисозии Стратегия барои солҳои 2010-2015 гирифташуда

35. Натиҷаи амалисозии Стратегия барои солҳои 2010-2015 паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон, ба туфайли иҷрои доираи васеи ташаббусҳо ва чорабиниҳо буд. Бо вуҷуди он, мушкилоти назаррас ҳангоми амалисозии он маблағгузории нокифоя ва робитаи мутақобилаи заиф бо донорон буд.

6. МУНОСИБАТ ВА ХУСУСИЯТҲОИ СТРАТЕГИЯ

§1. Робитаи мутақобил бо стратегияҳои байналмилалӣ ва миллӣ

36. Стратегия ба афзалиятҳои Барномаи Сендай, Барномаи рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 асос ёфтааст.

37. Бо истифода аз санадҳои пешниҳодкардаи Барномаи Сендай, Стратегия маҷмӯи тадбирҳои дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, таълимӣ, экологӣ, сиёсӣ ва ташкилиро, ки ба пешгирӣ ва паст кардани сатҳи гирифторӣ ба таҳдидҳо ва осебпазириҳо нисбат ба офатҳо, баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба эътино ва барқарорсозӣ равона шудаанд, пешбинӣ менамояд.

38. Дар доираи Барномаи Сендай идоракунии устувори экосистемаҳо яке аз тадбирҳои афзалиятноки паст кардани хавфи офатҳои табиӣ эътироф шудааст. Аз ин рӯ, фаъолсозии фаъолият ва беҳсозии ҳамоҳангкунии талошҳо дар соҳаи истифодаи оқилонаи муҳити атроф дар доираи мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим, инчунин таъмин намудани фаъолияти ҳаётии устувор воситаи асосии коҳиш додани офатҳои табиӣ мебошад.

39. Бо такя бар дидгоҳи нави Барномаи Сендай ва принсипҳои роҳбарикунандаи он, дар Стратегия муносибати нав ба нақши занон дар паст кардани сатҳи хавфи офатҳои табиӣ, муҳимияти бартараф намудани нобаробарии гендерӣ ҳамроҳ бо паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва рушди устувор муайян шудааст.

40. Дар равандҳои тағйирёбанда, дар баробари занон, ҷалби кӯдакон, ҷавонон, шахсони маъюб, пиронсолон, мардуми таҳҷоӣ ва муҳоҷирон таваҷҷуҳи вижа дода шудааст.

41. Идоракунии самараноки хавфи офатҳои табиӣ ҳамгиросозии масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар раванди рушд ва ҳамкории самараноки ҳамаи сохторҳоро дар амалисозии вазифаҳои 1, 2, 3, 5, 6, 9, 13, 15 ва 16-уми Ҳадафҳои рушди устувор тақозо менамояд.

42. Афзалиятҳо ва тадбирҳои Стратегия ҷиҳати паст кардани таъсири офатҳои табиӣ дар раванди рушди Тоҷикистон бо дар назар доштани афзалияту самтҳои асосии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 муайян карда шудаанд.

43. Рушди устувор ҳамчун консепсияи асосии Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул шудааст. Миёни самтҳои асосии иқдомоти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар соҳаи рушди низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои зерин муайян гаштанд:

- таҳкиму вусъати иқтидори миллии ниҳодӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ, омодагӣ ба онҳо, кам кардани оқибатҳо;

- ҳамгиро намудани коҳишёбии хавфи офатҳои табиӣ ва иқлимӣ дар бахши иқтисодии кишвар;

- таҳия ва татбиқи роҳу воситаҳои коҳиши осебпазирии иҷтимоӣ дар натиҷаи офатҳои табиӣ;

- ташаккул ва ҷорӣ кардани таъминоти муназзами иттилоотии ҳассос ба масъалаҳои гендерӣ ва омӯзиши аҳолӣ барои амалҳои пешгирӣ, ҳифз ва барқароркунӣ оид ба офатҳои табиӣ.

§2. Давраҳои асосии амалисозии Стратегия

44. Амалисозии Стратегия марҳила ба марҳила бо ҷудо намудани се давраи асосии зерин анҷом хоҳад ёфт:

- давраи 1 - солҳои 2019-2022;

- давраи 2 - солҳои 2023-2028 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624);

- давраи 3 - солҳои 2029-2034 (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624).

45. Дар давраи 1 дар солҳои 2019-2022 масъалаҳои таҳлил ва ҷамъбасти маълумот, гузаронидани корҳои омодагӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баррасӣ гардида, дар давраҳои минбаъда таваҷҷуҳи афзалиятдор ба навсозӣ ва таҳкими воситаҳои миллии паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, ба монанди барномаҳои миллии паст кардани сатҳи офатҳои табиӣ бо дар назар доштани омилҳои махсуси дар Барномаи Сендай нишондода, махсусан дар сатҳи маҳаллӣ, анҷоми тафтиши усулҳои амалии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ, таҳия ва ҷорӣ намудани методологияҳои аз нигоҳи илмӣ асоснок ва воситаҳо барои ҳисоб намудани маълумоти ҷудошуда дар мавриди талафот аз офатҳои табиӣ аз рӯи ҷинс, синну сол, маъюбият, мубодилаи онҳо ва дигар иттилооти оморӣ, такмили амсиласозӣ, баҳодиҳӣ, харитасозӣ ва мониторинги хавфи офатҳои табиӣ ва низомҳои огоҳсозии қаблӣ, ки намудҳои мухталифи таҳдидҳоро фаро мегиранд, равона карда мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624).

46. Барои дар давраҳои минбаъда бо мақсади марҳилавӣ таъмин намудани амалисозии афзалиятҳо ва вазифаи Стратегия барномаҳои давлатии миёнамуҳлат оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз ҳолатҳои фавқулода дар солҳои 2023-2028 ва 2029-2034 таҳия гашта, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624).

47. Чунин муносибат имкон медиҳад, ки чорабиниҳои нисбатан воқеӣ ва самаранок муайян карда шуда, ҳамчунин захираҳои маблағгузорӣ ҷиҳати дастгирии чорабиниҳои мазкур сафарбар карда шаванд, ки дар нақшаҳои давраҳои дуюм ва сеюм пешбинӣ шудаанд. Тарҳи мазкур барои ислоҳ кардани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, нишондиҳандаҳои ҳадаф ва маблағгузорӣ бо дар назар доштани пешрафти бадастомада ва тағйироти афзалиятҳо ё маблағгузории дастрас имконият медиҳад.

48. Ба таъмини амалисозии зербарномаҳои тағйирёбандаи шашсола раванди доимии мониторинг ва баҳодиҳӣ таҳти роҳбарии Платформаи миллӣ мусоидат хоҳад кард, ки барои мувофиқати афзалиятҳои барномаҳои шашсола ба вазифаи дарозмуҳлати дар Стратегия пешбинишуда масъул мебошад. Мувофиқати маълумоти барномаҳои шашсола, ҳамчунин Стратегия дар чорчӯбаи муколамаи сатҳи баланд байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донорҳо оид ба масъалаҳои маблағгузорӣ ва расонидани кумак дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ мавриди баррасӣ қарор мегирад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624).

49. Нақши ёридиҳандаи расонидани фаъолияти башардӯстона ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон анҷом медиҳад, ки дар асоси Нақшаи миллии эҳтиётӣ оид ба эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ба муҳлати солҳои 2019-2023 ва нақшаҳои эҳтиётии эътино дар сатҳи вилоятӣ ва минтақавӣ амал менамояд.

§3. Хавфи амалисозии Стратегия

50. Раванди амалисозӣ ва расидан ба натиҷаҳои ниҳоии Стратегия бо сабабҳои ба миён омадани хавфи зерин мумкин аст душвор гардад:

- ҳаҷми нокофии маблағгузорӣ барои амалисозии вазифа ва тадбирҳои ба нақша гирифташаванда оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- суръатҳои сусти таҳия ва амалисозии стратегияҳо ва санадҳои соҳавӣ, ки ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтидор ҷиҳати нишон додани муқовимат равона карда шудаанд;

- гуфтушуниди заиф ва мавҷуд набудани амсилаҳои муассири робитаи мутақобили давлат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ.

7. АФЗАЛИЯТҲО ВА НАТИҶАҲОИ СТРАТЕГИЯ

§1. Афзалиятҳои асосии Стратегия

51. Афзалиятҳои асосии Стратегия ба ҳалли масъалаҳои зерин равона гардидаанд:

- беҳтарсозии фаҳмиши хавфи офатҳои табиӣ;

- такмил додани заминаи ташкилию ҳуқуқии низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ;

- сармоягузорӣ дар тадбирҳо оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо мақсади таҳкими иқтидори муқовимат бо онҳо;

- баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба офатҳои табиӣ ҷиҳати таъмини эътинои муассир ва дар амал ҷорӣ кардани "беҳтар аз пештар иҷро кардани кор" дар фаъолият оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва азнавсозӣ.

52. Умуман, дар Тоҷикистон маҷмӯи меъёру муқаррароти заминагузор (ба таври мисол, меъёрҳои банақшагирии истифодаи замин, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва ғайра) вуҷуд доранд, ки барои идоракунӣ оид ба таъмини паст кардани хавфи офатҳои табиӣ имконият медиҳанд. Ҳамзамон, раванди идоракунии хавф бо як қатор мушкилиҳо алоқаманд аст.

Мушкилии аввал дар он аст, ки норасоиҳои иқтидори идоракунӣ дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ боиси сохтмонҳои ғайринақшавӣ ва танзимнашаванда шуда, меросеро аз фонди манзилӣ ва дигар иншоотҳои инфрасохтор ба вуҷуд овардаанд, ки дар қитъаҳои хатарнок ҷойгир шудаанд. Дар баъзе аз мавридҳо азхудкунии минтақаҳои мазкури хатарнок бо дар назар доштани суръатҳои рушд дар гузашта идома дорад.

Мушкилии дуюм набудани санадҳое мебошад, ки ба қабули қарорҳои самараноки идоракунӣ мусоидат мекунанд. Мисол, имрӯз барои ҳалли масъала дар мавриди он ки оё мумкин аст заминҳои нав барои сохтмони бинои истиқоматӣ ҷудо карда шаванд, баргузор намудани арзёбии соҳаи маҳдуди таҳдидҳо ҳамроҳ бо арзёбии меъёрии хавф таҷриба карда мешавад. Бештари мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ба маълумоти муосир дар бораи тавсифоти замин, ҳисоби басомади зуҳури таҳдидҳо, харитаҳои таҳдидҳои обхезӣ ва маълумот дар бораи истифодабарии замин дастрасӣ надоранд.

53. Ҳамаи ин барои мақомоти ҳокимият вазифаи идоракунии самаранок ва фаҳмонда додани омилҳои ҷойдоштаи хавфро ба истифодабарандагони имконпазири замин душвор месозанд. Яке аз мушкилоти муҳим идоракунии оқилонаи низомҳои экологӣ мебошад. Мисол, оқилона истифода набурдани кишоварзӣ дар нишебиҳо, буридани ҷангал ярчҳоро ба амал меоварад.

54. Барои дастгирии иловагии тадбирҳо оид ба идоракунии хавф дар сатҳи маҳаллӣ ба мақомоти сатҳи миллӣ лозим аст, ки ҳамоҳангсозии корҳоро дар бораи паст кардани хавф, пешниҳод намудани кумак барои рушд ва дастгирии буҷетро миёни ҳамаи сохторҳои давлатӣ (мисол, ба таври уфуқӣ байни вазоратҳо ва ба таври амудӣ то сатҳи ноҳияҳо) ҷиҳати беҳбуди иқтидори идоракунии хавф дар сатҳи маҳаллӣ таъмин намоянд. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ бояд дар бораи нақшаҳо ва хусусиятҳои сохтмони роҳҳои нав огоҳӣ дошта бошанд, то ки тавонанд бо хавфи марбут ба обхезиҳо ва дигар таҳдидҳо, ки аз онҳо мумкин аст роҳҳои нав ё барқароршуда зарар бинанд, муқовимат нишон диҳанд.

55. Яке аз мушкилот оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баҳисобгирии заифи омили гендерӣ ва нодида гирифтани он мебошад, ки офатҳои табиӣ ба мардон ва занон таъсири гуногун мерасонанд ва ҳамин тавр занон ва мардон дорои талабот ва осебпазирии алоҳидаи махсус мебошанд. Дар баробари ин, занон на танҳо гурӯҳи осебпазир ҳастанд, балки ҳамчунин захираи арзишманд оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ мебошанд.

56. Муносибати гендерӣ бояд дар ҳамаи марҳилаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дар назар доштани ду самти ҳатмӣ дар амал ҷорӣ карда шавад:

- ба ҳисоб гирифтани эҳтиёҷоту талаботи мардон ва занон ё дигар гурӯҳҳои иҷтимоии бештар осебпазир ба хавф, аз ҷумла шахсони маъюб, пиронсолон ва ғайра дар робита бо намудҳои мухталифи осебпазирӣ ва имкониятҳои воқеӣ;

- ҷалби занон ва дигар гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба раванди иштирок ва қабули қарорҳо аз рӯи ҳамаи самтҳои асосӣ.

57. Платформаи миллӣ сохтори асосие мебошад, ки бо ҳалли ҳамаи ин масъалаҳо тавассути беҳдошти ҳамоҳангсозӣ миёни сохторҳои давлатӣ, таҳия ва амалисозии Стратегия, ки бо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мувофиқа шудааст, ки ба ҷудо намудани маблағҳо барои паст кардани хавф дар асоси арзёбии хавф ва имкониятҳои ба даст овардани маблағгузории беруна равона карда шудааст. Чунин мувофиқати робитаи мутақобили сиёсии густурда ва кумаки амалӣ ба ноҳияҳо ҷиҳати беҳбуди иқтидори идоракунии хавф бояд иштироки бахши хусусиро дар бар гирад, ки беҳбудии идоракунии хавф дар сатҳи маҳаллӣ танҳо бо фоидаи ӯ мебошад.

§2. Самти амалҳо

58. Бо мақсади ноил гардидан ба афзалиятҳо татбиқи амалҳо дар самтҳои зерин роҳандозӣ карда мешавад:

- эҷоди механизми миллӣ барои ҷамъоварӣ, таҳлил ва интишори иттилоот оид ба талафот дар натиҷаи офатҳои табиӣ бо таснифоти ҷинсӣ, синну солӣ ва маъюбӣ;

- таҳия намудани заминаи меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади тақвият додани тадбирҳо оид ба паст кардани хавфҳо ва омилҳо дар бораи баҳисобгирии хавфҳо дар ташаббусҳо, ки бо рушд, аз ҷумла дар бахши инфрасохтор алоқамандӣ дорад;

- ба таври доимӣ баргузор намудани арзёбии хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла муайян кардани осебпазирӣ ва иқтидори аҳолӣ бо дар назар доштани омили гендерӣ ва синнусолӣ, маъюбият, тавсифоти таҳдидҳо ва пайомадҳои имконпазири онҳо (самтгузории хавф) ва захираҳои мавҷуда барои идоракунӣ;

- ташаккул ва дар амал ҷорӣ намудани таъмини муназзами иттилоотии ҳассос ба масъалаҳои гендерӣ ва омӯзиши аҳолӣ дар бораи амалҳои пешгирӣ, ҳифз ва барқароркунӣ оид ба офатҳои табиӣ;

- рушди низоми амалисозии масъалаҳои тағйироти иқлим, пешгирии офатҳои табиӣ дар санадҳои барномавии минтақаҳо, тақвияти иқтидори маҳаллии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ;

- ҳавасмандкунӣ ва ташаккули муколама ва ташаббусҳои шарикии давлатӣ ва хусусӣ, ки ба иштироки фаъолонаи бахши хусусӣ дар ҳалли масъалаҳои рушд бо дар назар доштани хавфҳо равона шудаанд;

- рушди шаклҳои мухталифи шарикии иҷтимоии давлат бо созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори аҳолӣ ва амалисозии нақшаҳои амали қабулшуда;

- баланд бардоштани сатҳи иқтидори мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷомеаҳо ва ихтиёриён дар соҳаи мониторинги таҳдидҳо, хавфҳо ва осебпазирии иҷтимоӣ;

- анҷоми корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо ҷалби имкониятҳои институтҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ;

- истифодаи механизмҳои амалкунанда ва таҳияи механизмҳои нави молиявӣ оид ба таъмини амнияти аҳолӣ, нуқтаҳои аҳолинишин ва заминҳои кишоварзӣ, барқарорсозӣ ва истифодабарии иншоотҳои соҳилмустаҳкамкунӣ.

§3. Натиҷаҳои пешбинишаванда

59. Натиҷаҳои пешбинишаванда аз амалисозии Стратегия:

- махзани маълумот оид ба талафот дар натиҷаи офатҳои табиӣ бо таснифоти ҷинсӣ, синнусолӣ ва маъюбӣ ташаккул ёфта, ба таври доимӣ таҷдид карда мешавад;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати тақвият додани тадбирҳои паст кардани хавф ва омилҳо дар мавриди баҳисобгирии хавф барои муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ таҳия карда мешаванд;

- дар маҳалҳо ба таври доимӣ арзёбии хавфи офатҳои табиӣ, осебпазирӣ, иқтидор, осебпазирӣ дар баробари хавф, хусусиятҳои таҳдидҳо ва оқибатҳои эҳтимолии онҳо (самтгузории хавф) анҷом дода мешавад;

- таъмини иттилоотии ҳассос оид ба масъалаҳои гендерӣ ва омӯзиши аҳолӣ дар бораи иқдомоти пешгирикунанда, муҳофизаткунанда ва барқароркунанда оид ба офатҳои табиӣ ташкил карда мешаванд;

- муколама ва ҳамкории мақомоти давлатӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ роҳандозӣ ва рушд мекунад;

- заминаи илмӣ барои анҷоми таҳқиқот дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бунёд мешавад.

8. ТАКМИЛИ ЗАМИНАИ ТАШКИЛИИ ҲУҚУҚИИ НИЗОМИ ИДОРАКУНИИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ

§1. Масъалаҳои асосӣ

60. Асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолият дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ барои идоракунии самаранок ва амалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ аҳамияти бузург дорад. Бо вуҷуди ин, айни замон тибқи санадҳои меъёрӣ ягон сохтори давлатӣ барои роҳбарии фаъолияташ дар бораи арзёбӣ ва паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бевосита ҷавобгӯ нестанд.

61. Сарфи назар аз он, ки Платформаи миллӣ ҳамчун ниҳоди машваратӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилотҳои ҷалбшуда, ки бо масъалаҳои идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон машғуланд, ташкил ва фаъолият мекунад, масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар сиёсати соҳавӣ бисёр заиф ҷорӣ карда мешаванд, стратегияҳои муносиби соҳавӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳия карда нашудаанд.

§2. Самти амалҳо

62. Амалҳо дар самтҳои зерин татбиқ мегарданд:

- такмили заминаи ҳуқуқӣ оид ба роҳу воситаҳои ниҳодӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла масъалаҳои баргузор намудани арзёбии хавфи офатҳои табиӣ;

- тақвияти нақши Платформаи миллӣ дар соҳаи ҳамоҳангсозии тадбирҳои коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ, ки аз ҷониби сохторҳои давлатӣ якҷоя бо ҷомеаи байналмилалӣ амалӣ мешаванд;

- ташаккули муҳити мусоид ва таҳияи механизмҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳавасмандии сохторҳои тиҷоратӣ барои ҷалб шудан ба чорабинӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- такмили васоити ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои давлатие, ки дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва пешбурди баробарии гендериву дигар намуди баробарӣ кор мекунанд;

- сармоягузориҳо дар баланд кардани сатҳи иқтидори сохторҳое, ки дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва рушд ҷалб шудаанд;

- баланд бардоштани нақши мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаҳо дар низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ ва ҳамгиро кардани масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба барномаҳои рушди шаҳрҳо ва ноҳияҳо;

- ҳамгиросозии мақсаду вазифаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дар назар доштани омили гендерӣ ва эҳтиёҷот, имкониятҳои аҳолии бештар осебпазир ба хавф бо стратегияҳои соҳавӣ, барномаву нақшаҳои стратегӣ барои рушди минтақаҳо ва ноҳияҳо;

- тавсеаи иштироки занон, маъюбон ва дигар гурӯҳи аҳолии бештар осебпазир ба хавф дар ҳамаи сатҳи қабули қарор дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- ҳамгиросозии барномаҳои омӯзишии гуногун оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар низоми таҳсилоти умумӣ ва касбӣ ва ҳамчунин низоми такмили ихтисос бо дар назар доштани масъалаҳои гендерӣ;

- таҳкими иқтидор ва нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳамаи марҳилаҳои идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла вусъати фаъолияти аз нигоҳи гендерӣ ҳассос.

§3. Натиҷаҳои ниҳоӣ

63. Натиҷаҳои ниҳоӣ аз амалисозии Стратегия:

- санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба рушди механизмҳои ниҳодӣ дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, аз ҷумла баргузор намудани арзёбии хавфи офатҳои табиӣ таҳия ва қабул шудаанд;

- механизмҳои нави ниҳодкунонии идоракунии хавфи офатҳои табиӣ амал мекунанд;

- тадбирҳои ҳавасмандкунии сохторҳои тиҷоратӣ дар чорабиниҳои низоми паст кардани хавфи офатҳои табиӣ таҳия шуда, амал мекунанд;

- дар стратегияҳои соҳавӣ, барномаҳо ва нақшаҳо оид ба рушди минтақаҳо ва ноҳияҳо масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дар назар доштани омили гендерӣ ҳамгиро шудаанд;

- дар низоми таҳсилотии сатҳ курсҳои махсус оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дар назар доштани масъалаҳои гендерӣ ҷорӣ карда шудаанд;

- ҳиссаи занон дар мақомоти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар сатҳи қабули қарорҳо дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ду маротиба афзоиш ёфтааст.

9. САРМОЯГУЗОРӢ БАРОИ ТАДБИРҲОИ ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ БО МАҚСАДИ ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ МУҚОВИМАТ БО ОНҲО

§1. Масъалаҳои асосӣ

64. Сарфи назар аз пешрафти ошкоро дар эътино ба рух додани офатҳои табиӣ дар вақтҳои охир як қатор соҳаҳое вуҷуд доранд, ки он ҷо андешидани тадбирҳо барои паст кардани сатҳи зарар аз офатҳои табиӣ ва беҳбуди раванди барқарорсозӣ зарур аст.

65. Дар Тоҷикистон низоми ба таври возеҳ сохторбандишудаи омодагӣ вуҷуд дорад, ки ба нақшаҳо ва баргузор намудани омӯзишҳо асос ёфтааст. Вале арзёбии он гузаронида намешавад, ки то чи андоза амалисозии нақшаҳои мазкур ба суст ва аз байн бурдани ин омилҳои хавфи офатҳои табиӣ мусоидат менамоянд ва оё онҳо шароитҳои воқеии офатҳои табииро инъикос мекунанд. Дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №833 "Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда" анҷоми таҳлили интиқодии тартиботи таҳия ва санҷиши нақшаҳои мазкур лозим аст. Раванди мазкур бояд сатҳи ҷомеаҳоеро фаро гирад, ки он ҷо эътинои аввалия анҷом меёбад ва натиҷаҳои он бояд дар лоиҳаҳо оид ба беҳтарсозии омодагӣ дар сатҳи маҳаллӣ дар назар гирифта шаванд.

66. Низоми мавҷудаи огоҳсозӣ дар Тоҷикистон дар муқоиса бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ аз нуқтаи назари технологӣ дар соҳаи ирсол ва қабули иттилоот комил нест. Паёмҳо дар бораи ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиии эҳтимолӣ бояд бештар саривақтӣ, дақиқ ва барои истифодабарандагони мавриди ҳадаф фаҳмо бошанд. Ҳамзамон, таҳлили маълумоти воридшаванда бояд ба арзёбии хавф алоқаманд бошад ва ба миқдори кофии манбаъҳои маълумот (масалан, истгоҳҳои обу ҳаво ва маълумоти мониторинги пиряхҳо) асос ёбад, то огоҳсозиҳо ба он ноҳияҳо ва сокиноне равона шаванд, ки ба он ниёз доранд. Ғайр аз ин, сатҳи огоҳсозии ҷомеаро баланд бардоштан зарур аст, то аҳолӣ паёмҳои ирсолшавандаро дарк намояд ва дар асоси онҳо дуруст амал кунад.

67. Огоҳсозиҳо набояд танҳо бо паёмҳо дар бораи офатҳои табиӣ маҳдуд шаванд, балки бояд ҷанбаҳои дигареро низ дар бар гиранд, ки ба зиндагӣ ва некуаҳволии аҳолии Тоҷикистон таъсир мегузоранд. Чунин густариши доираи огоҳсозиҳо, махсусан, агар раванди ирсоли онҳо ғайримутамарказ бошад, ба аҳолии осебпазир дар баробари хавф имконият медиҳад, ки тадбирҳои пешгирикунанда андешанд, то омилҳои муносиби хавфро коҳиш дода, аз таъсири офатҳои табиии эҳтимолӣ канораҷӯӣ намоянд ё таъсири офатҳои табиии эҳтимолиро ба таври назаррас кам кунанд.

68. Ин раванд бояд корро дар соҳаҳои наздику алоқаманд, масалан дар доираи Барномаи озмоишӣ оид ба баланд бардоштани устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, ки ба беҳтарсозии пешгӯии обу ҳаво равона шудааст, ба инобат гирад, вале барои ҳалли ин масъалаҳо платформаи умумӣ ҷиҳати огоҳсозиҳо дар кишварро таҳия намуд, ки ба кори он муассисаҳои гуногун ҷалб хоҳанд шуд ва ҳалли масъалаи маблағгузории устувори фаъолияти чунин платформа зарур аст.

§2. Самти амалҳо

69. Амалҳо дар самтҳои зерин татбиқ карда мешаванд:

- зиёд гардонидани сармоягузориҳо аз маблағҳои буҷетӣ барои татбиқи стратегияву барномаҳо дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқӣ барои тезонидан ва баррасии ҳамҷонибаи хавф дар сармоягузориҳои сохторӣ ва ғайрисохторӣ;

- таъсиси механизмҳои миллии интиқоли хавфи офатҳои табиӣ ва суғуртаи онҳо;

- фаъолсозии кор оид ба рушди шарикӣ миёни бахши хусусӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор бо мақсади баланд бардоштани иқтидори муқовимат ба хавфи офатҳои табиӣ;

- истифодаи роҳу воситаҳои гуногуни маблағгузориҳое, ки ба ташаккули ҷомеаҳои ба офатҳои табиӣ устувор равона шудаанд;

- ниҳодикунонии низоми идоракунии хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷомеа бо ҷалби фаъоли занон, ҷавонон, маъюбон ва гурӯҳҳои дигар;

- такмили низоми огоҳсозӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотии коммуникатсионӣ ва масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйироти иқлим ва дигар ҷанбаҳои ҳаётан муҳим;

- татбиқи чорабиниҳо оид ба роҳҳои пешгирии хавфи офатҳои табиии марбут ба об, яъне пешбинӣ намудани сохтмони обанбор ва иншоотҳои пешгирикунандаи хавфи сел;

- мусоидат ба таҳсилоти ғайрирасмӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва тағйироти иқлим бо мақсади таъмини бехатарии маҷмӯии мактабҳо;

- баланд бардоштани иқтидори муқовимати низоми тандурустӣ, аз ҷумла тавассути ҳамгиросозии тадбирҳои идоракунии хавфҳои офатҳои табиӣ ба низоми муассисаҳои тиббӣ.

§3. Натиҷаҳои пешбинишаванда

70. Натиҷаҳои пешбинишаванда аз амалисозии Стратегия:

- маблағгузории стратегияҳо ва барномаҳои қабулшуда дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ аз маблағҳои буҷетии таъйиноташон мақсаднок меафзояд;

- дар сатҳи миллӣ механизмҳои гуногуни маблағгузорӣ оид ба ташаккули ҷомеаҳои ба офатҳои табиӣ устувор аз ҳисоби ҷалби маблағҳои бонкӣ, фондҳои хусусӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор истифода мешаванд;

- низоми огоҳсозӣ бо истифода аз технологияҳои муосири коммуникатсионӣ дар якҷоягӣ бо таълими амалҳои дуруст ба гирандагон навсозӣ мешавад;

- низоми ҳавасмандсозии рушди таҳсилоти дастрас ва фарогири ғайрирасмӣ оид ба масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ, аз ҷумла занон, кӯдакон, куҳансолон, маъюбон ва ғайра таҳия шудааст ва амал менамояд;

- ҷалби занон ва гурӯҳҳои гуногуни осебпазир ба сохторҳои ниҳодии муқовимат бо офатҳои табиӣ дар сатҳи ҷомеа ва сатҳи миллӣ таъмин мешавад.

10. БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ОМОДАГӢ БА ОФАТҲОИ ТАБИӢ БАРОИ ТАЪМИНИ ЭЪТИНО И САМАРАНОК ВА ДАР ФАЪОЛИЯТ ҶОРӢ КАРДАНИ РАВИШИ "БЕҲТАР АЗ ПЕШТАР ИҶРО КАРДАНИ КОР" ҲАНГОМИ БАРҚАРОРСОЗӢ, ТАРМИМУ ТАҶДИД

§1. Масъалаҳои асосӣ

71. Ҳамгиросозии тадбирҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба раванди рушд яке аз вазифаи Стратегияи солҳои 2010-2015 буд, дар оянда низ татбиқи ду роҳи муносибати зерин метавонад ба натиҷаҳои возеҳан мусбат оварда расонад:

- якум, мақомоти давлатӣ ва донорҳо расмиёти ҳамоҳангшудае дошта бошанд, ки шомил гаштани тадбирҳои паст кардани хавфи офатҳои табииро ба барномаҳои рушд таъмин намоянд. Мисол, таъсис додани низоми интихоби лоиҳаҳо бар асоси нишондиҳандаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ;

- дуввум, миёни мақомоти давлатӣ ва донорҳо дар самти кумак барои мақсадҳои рушд тавассути паст кардани хавфи офатҳои табиӣ муколамаи васеъ ва доимӣ бояд сурат гирад. Мисол, анҷом додани машваратҳои сатҳи баланд оид ба масъалаҳои муайянсозии самтҳои умумии кумаки берунӣ, ки ба таври беҳтарин аз нуқтаи назари сиёсати рушд ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ имконият фароҳам меоранд.

§2. Арзёбии хисорот, банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии кумакрасониҳо ва барқарорсозӣ

72. Расмиёти арзёбии хисороти мақомоти давлатӣ истифодашаванда барои ба даст овардани тамоми силсилаи маълумот, ки бо методикаи арзёбии хисороту талафоти қабулшудаи байналмилалӣ муносиб бошанд, имконият намедиҳад. Ғайр аз ин, чунин расмиёт ба имкониятҳои муосири технологӣ ҷавобгӯ нестанд.

73. Бо мақсади бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, такмил додани тартибу расмиёти амалкунандаи арзёбии хисоротро, ки мақомоти давлатӣ истифода мебарад зарур аст, ки бо таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мутобиқ намояд.

74. Дар соҳаи банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои кумакрасонӣ ва барқарорсозӣ як қатор мушкилот мушоҳида мешавад. Ҳангоми эътиногирӣ ба офатҳои табиӣ вақтҳои охир дар мавриди он ки кадом сохтори давлатӣ оид ба идоракунии умумии фаъолияти кумакрасонӣ ва барқарорсозӣ ҷавобгаранд, кадом сохтор барои иҷрои чорабиниҳо ҳангоми гузариш аз расонидани кумаки таъҷилӣ ба барқарорсозӣ ё ба татбиқи барномаҳои барқарорсозии устувор, ки тадбирҳои паст кардани хавфро дар бар мегиранд, масъулияти умумӣ доранд, номуайяние ба вуҷуд омадааст.

75. Барои ҳалли ин масъалаҳо дар сатҳи сиёсӣ бознигарӣ кардани расмиёти банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳои расонидани кумак ва барқарорсозӣ дар маҷмӯъ бо татбиқи минбаъдаи нақшаи фаъолият бо дар назар доштани натиҷаҳои чунин бознигарии расмиёт зарур аст. Дар рафти чунин фаъолият таваҷҷуҳи асосӣ бояд ба муайян намудани вазифаҳои муносиби мақомоти давлатӣ, аҳолии зарардидаву ҷонибҳои сеюм ва ҷомеаи байналмилалӣ дар доираи эътиногирӣ ба офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон зоҳир шавад.

76. Дар ҷараёни таҳия ва татбиқи тадбирҳои расонидани кумак ва барқарорсозӣ истифодабарии иқтидори занон, пайгирӣ намудани фарқияти миёни мардон ва занон, муайян кардани манфиатҳо ва эҳтиёҷоти мушаххаси ҳар ду гурӯҳи гендерӣ, маъюбон, пиронсолон ва ғайра хеле муҳим аст. Чунки ҳамон як қарор ба хотири имкониятҳои гуногуни онҳо, нақшҳои гуногуни гендерӣ, сатҳи гуногуни огоҳӣ ва ғайра метавонад ба занон ё мардон ба таври гуногун таъсир гузорад.

77. Дар низоми тадбирҳои таҳияшаванда оид ба барқарорсозӣ, таҷдид ва рушд баъди офатҳои табиӣ таваҷҷуҳро ба сарчашмаҳои устувори воситаҳои рӯзгузаронӣ бо дар назар доштани омили гендерӣ ва эҳтиёҷоти аҳолии шаҳру деҳот мутамарказонӣ кардан хеле муҳим аст.

§3. Самти амалҳо

78. Амалҳо дар самтҳои зерин татбиқ карда мешаванд:

- такмили механизмҳои ниҳодиву меъёрии идора кардани барқарорсозӣ, таҷдид ва рушд баъд аз офатҳои табиӣ;

- бунёди низоми интихоби лоиҳаҳое, ки дар асоси нишондиҳандаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба рушд равона шудааст;

- такмили расмиёту механизмҳои амалкунанда барои баргузор намудани арзёбии хисорот дар натиҷаи офатҳои табиӣ бо дар назар доштани таҷрибаи байналмилалӣ;

- ҳамгиро кардани фаъолиятҳо оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ба низоми идоракунии соҳаҳои иқтисоди кишвар;

- баланд бардоштани иқтидори муқовимат ба иншоотҳои наву мавҷудаи ҳаётан муҳими инфрасохтор;

- баланд бардоштани масъулияти бахши хусусӣ дар чорабиниҳои тавсеаи иштирок ва эътино, барқарорсозӣ ва дар амал ҷорӣ кардани равиши "беҳтар аз пештар иҷро кардани кор";

- татбиқи масъалаҳои паст кардани хавфи офатҳои табиӣ бо дар назар доштани баробарии гендерӣ, аз ҷумла тағйирёбии иқлим, дар санадҳои стратегӣ ва барномавии рушди минтақаҳову ноҳияҳо.

§4. Натиҷаҳои пешбинишаванда

79. Натиҷаҳои пешбинишаванда аз амалисозии Стратегия:

- механизмҳои интихоби лоиҳаҳое, ки бар асоси нишондиҳандаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ба рушд равона шудаанд, таҳия гардиданд;

- расмиёти баргузор намудани арзёбии хисорот дар натиҷаи офатҳои табиӣ бо дар назар доштани таҷрибаи байналмилалӣ такмил дода шуданд;

- санадҳои меъёрӣ ва механизмҳои ниҳодӣ, ки иқтидори зарурии муқовимат ба иншоотҳои нави инфрасохтор ва иншоотҳои ҳаётан муҳими инфрасохторро таъмин менамоянд, амал мекунанд;

- иштироки занон, ҷавонон ва маъюбон дар равандҳои таҳия ва амалисозии нақшаву барномаҳои миллӣ ва маҳаллии таҷдид, барқарорсозӣ ва рушди баъд аз офатҳои табиӣ васеъ гардид.

11. МОНИТОРИНГ ВА БАҲОДИҲИИ ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯ

§1. Воситаҳои идоракунии татбиқи Стратегия

80. Мониторинг ва баҳодиҳӣ воситаи зарурии идора кардани амалисозии Стратегия мебошанд. Истифодаи маълумоти мониторинг ва баҳодиҳӣ ҷузъи ҷудонопазири идоракунии самаранок аст.

81. Мониторинг ва баҳодиҳӣ дар асоси пайгирии пайвастаи нишондиҳандаҳои аз нигоҳи гендерӣ ҳассос баргузор хоҳанд шуд, ки меъёрҳои андозагиришаванда будан, мутобиқат, арзиши мусоидтарини ҷамъоварии иттилоот, инъикоси бевоситаи натиҷаҳои миёндаврӣ ва ниҳоиро қонеъ менамоянд.

82. Нишондиҳандаҳо барои мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия мутобиқи нишондиҳандаҳои тавсияшудаи амалисозии Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ ва Барномаи Сендай таҳия мешаванд.

83. Барои пайгирӣ намудани пешрафт дар амалисозии вазифаи мувофиқи мақсади Стратегия маълумоти миёна барои солҳои 2005-2015 ба сифати нишондиҳандаҳои асосӣ истифода хоҳанд шуд. Дар сурати набудани нишондиҳандаҳои асосӣ аз рӯи ин ё он нишондиҳанда маълумоти нав бадастомада истифода хоҳанд шуд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624).

§2. Самти амалҳо

84. Бо мақсади баргузории бомуваффақияти мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия дар марҳилаи якуми амалисозии он анҷом додани амалҳои зерин зарур аст:

- мутобиқ кардани стандартҳо ва маълумоти ҳадди ақал, ки барои сатҳи ҷаҳонӣ таҳия шудаанд, бо мақсади ҷамъоварии маълумоти марбут ба офатҳои табиӣ, омодасозии омор ва анҷом додани таҳлил бо нақши ҳамоҳангсозандаи Кумита, ҷалби фаъоли вазорату идораҳои дигар, ки дар соҳаи паст кардани хавфи офатҳои табиӣ кор мекунанд;

- таҳияи методикаи баҳодиҳии миқдории нишондиҳандаҳо ва коркарди маълумоти оморӣ.

85. Барои тавсеаи манбаъҳои ба даст овардани иттилоот ва ба раванди мониторинги Стратегия ҷалб кардани ҷомеаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат намудан ба баргузории мониторинги муштарак ва ҷамъиятӣ ҷиҳати амалисозии Стратегия дар сатҳи миллӣ ва маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.

86. Мониторинг ва баҳодиҳии Стратегия таҳти роҳбарии Кумита ва дар ҳамоҳангсозӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад. Кумита дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори идоракунии соҳавӣ ва ҳудудӣ, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сохторҳои соҳибкорӣ, инчунин бо ҷалби шарикони рушд мониторингро баргузор ва ҳисоботи шашсоларо дар бораи рафти амалисозии Стратегия ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624).

12. ТАЪМИНОТИ МОЛИЯВИИ СТРАТЕГИЯ

87. Маблағгузории Стратегияи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷетие, ки ҳар сол ба вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои маблағгузории барномаҳои мақсаднок пешбинӣ мешаванд, ҷалби сармоягузориҳои берунӣ, грантҳо, маблағҳои башардӯстона ва донории созмонҳои байналмилалӣ, ки мухолифи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, амалӣ мегардад.

88. Маблағгузории барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда барои солҳои 2023-2028, 2029-2034 ба таври мақсаднок мутобиқи афзалиятҳои Стратегияи мазкур амалӣ мегардад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2022 № 624).

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" декабри соли 2018, № 602

тасдиқ шудааст

 

Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030

 

Матни Стратегия