Нақшаи технологии амалкардҳои мутақобил зимни ҳодисаҳои гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ аз 29 декабри соли 2018 № 616

Санаи амалкуни: 29.04.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2018, № 616

тасдиқ шудааст

Нақшаи технологии амалкардҳои мутақобил зимни ҳодисаҳои гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259)

1. Нақшаи технологии амалкардҳои мутақобил зимни ҳодисаҳои гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (минбаъд - Нақшаи мазкур) ба ҳамоҳангсозии амалкардҳои мақомоти ваколатдор ва ташкилотҳои кумакрасон дар рафти баҳодиҳӣ, назорат, таҳлил ва тафтишоти ҳодисаҳое, ки ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд, равона карда шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

2. Дар Нақшаи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- гардиши ғайриқонунӣ - ҳама гуна гардиш ва савдои беиҷозати маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, махсусан, ҳангоми мавҷуд будани қасди ҷиноятии эҳтимолӣ ё исботшуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- эътиногарӣ - амалҳои ҳамоҳангшудаи мақомоти ваколатдор ва ташкилотҳои кумакрасон, ки ба баҳодиҳӣ, назорат, таҳлил ва тафтишоти ҳодисаҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон равона карда шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

3. Нақшаи мазкур дар мавриди рух додани ҳодисаҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ татбиқ мегардад, аз он ҷумла (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259):

- ғайриқонунӣ соҳиб шудан, истифода бурдан, ё ин ки супоридани маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ба шахси дигар, хусусан, дар мавриди мавҷуд будани қасди ҷиноятии эҳтимолӣ ё исботшуда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- бе иҷозатномаи расмӣ фурӯхтан, харидан, кӯшиши фурӯхтан ё харидани маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- фурӯхтан, харидан, кӯшиши фурӯхтан ё харидани маводи қалбакӣ ҳамчун маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- таҳдидҳои аслӣ ва сохтакорона, ки бо маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

4. Муқаррароти Нақшаи мазкур ба ҳолатҳое, ки ба ошкор намудани маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии бесоҳиб, инчунин садамаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд, татбиқ карда намешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

5. Ҷиҳати баррасии масъалаҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои зерин ҷалб карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259):

- Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумла озмоишгоҳи хизматрасонии техникии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- муассисаи давлатии "Нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

2. БАНАҚШАГИРИИ ҲОДИСАҲОИ ВОБАСТА БА ГАРДИШИ ҒАЙРИҚОНУНИИ МАВОДИ ХИМИЯВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

6. Гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ на танҳо маънои интиқоли ҷисмонии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ тавассути сарҳади давлатиро дорад. Гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ метавонад дар сарҳад, дар ҳудуди кишвар ё ин ки тавассути убури сарҳади чанд кишвар бо истифода аз маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии воқеӣ ё сохта сурат гирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

7. Иттилоот дар бораи гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ метавонад аз сарчашмаҳои гуногун, аз он ҷумла таҷҳизоти ошкорсозии сарчашмаҳои шуоъафканӣ, инчунин воситаҳои муқаррарие ворид шавад, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иктишофӣ истифода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

8. Ҳодисаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд, амалиёти муштараки ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор, аз ҷумла мақомоти ҳифзи хуқуқ, мақомоти тафтишотӣ, ташкилотҳои илмӣ-техникӣ, мақомоти тандурустӣ, хадамоти сӯхторнишонӣ ва наҷот, озмоишгоҳҳои криминалистикаи судӣ ва ядроӣ ва инчунин мақомоти масъули таъқиби ҷиноятиро тақозо менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

9. Ҳодисае, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ метавонад алоқаманд бошад, то лаҳзае, ки мақомоти салоҳиятдор ба қарори дигар наояд, ҳамчун ҷиноят бояд баррасӣ шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

10. Дар марҳилаҳои ибтидоии пайдоиши таҳдиди гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ метавонад макон ё пайомадҳои берунии ҳодиса вуҷуд надошта бошад ва аз ин рӯ, ба андешидани тадбирҳои муштараки эътинои бетаъхир зарурат нест (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

11. Вазифаҳои аввалиндараҷа дар рафти нишон додани эътиногарӣ ба ҳодисаи вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ инҳоро дар бар мегиранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259):

- ошкор намудани иттиҳоди шахсоне, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии воқеӣ ё эҳтимолӣ машғуланд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- муайян кардани он, ки маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва ҳамаи аъзои иттиҳоде, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғуланд, чиҳову киҳо ҳастанд ва дар куҷо ҷойгиранд, ҳатто агар барои ин кор аз боздоштани гумонбаршудагони қаторӣ бо мақсади баъдтар ба ҳабс гирифтани роҳбарони иттиҳоди ҷиноятӣ муваққатан канораҷӯӣ кардан тақозо шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- мусодираи маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аз гардиши ғайриқонунӣ ва инчунин муайян кардани макони ҷойгиршавӣ ва баргардонидани ҳама гуна маводи иловагӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- муайян кардани зарурат, вақт ва хусусияти интишори маълумот дар бораи ҳодиса;

- анҷом додани таҳлили муфассали мавод ва ашёи ба он вобаста ҷиҳати муқаррарсозии асли баромади мавод ва ташкилоту шахсони алоҳидае, ки бо он алоқаманданд;

- анҷом додани таъқиби ҷиноятии шахсоне, ки ба ташкили гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ гумонбар шудаанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- ошкор ва бартараф намудани ҷойҳои заиф дар низоми миллии амнияти ҷисмонии ядроӣ;

- фавран хабардор намудани ташкилотҳое, ки дар фаъолияти худ маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ истифода мебаранд, то ин ки сатҳи муҳофизати ҷисмии маводи худро пурзӯр намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

3. ФУНКСИЯҲО ВА ВАКОЛАТҲО

12. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳодисаҳои бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманд дорои ваколатҳои зерин мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259):

- сиёсати ягонаи давлатиро нисбат ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- барномаи муқовимат оид ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро тасдиқ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро оид ба масъалаҳои гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамоҳанг месозад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- ваколати мақомоти дахлдорро зимни гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ муайян менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

13. Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғоз кардани парвандаи ҷиноятӣ ва таъқиби ҷиноятии шахсоне, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ иштирок менамоянд, мақоми масъул мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Бо мақсади ҷамъоварии далелҳое, ки барои таъқиби ҷиноятии шахсони гумонбаршуда заруранд, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, озмоишгоҳи хизматрасонии техникии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор ҳамоҳанг менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

14. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми асосии масъул оид ба тафтишоти ҳодисаҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Пас аз ворид шудани хабар дар бораи ҳодиса, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии амалиётро дар доираи ҳодиса бар зиммаи худ мегирад.

Дар ҳолати зарурӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ошкорсозӣ ва таҳлили маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, ташкили корҳо дар манотиқи осебдида ва таъқиби ҷиноятии гумонбаршудагон кумак мерасонад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

15. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорату идораҳо ва ташкилотҳои дигар дар иҷрои уҳдадориҳои дар Нақшаи мазкур пешбинишуда мусоидат менамояд.

16. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи тамосҳои расмӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мақоми масъул мебошад. Вазорат фаъолияти худро дар мавриди огоҳсозии созмонҳои хориҷӣ ва ҷамъоварии иттилоот ҳамоҳанг мекунад, инчунин барои расонидани кумак дар сатҳи байналмилалӣ пешниҳод ё дархост ирсол менамояд. Вазорати корҳои хориҷӣ барои гирифтани кумаки байналмилалӣ ҷиҳати муайянсозӣ ва таҳлили маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, роҳбари амалиёт дар ҳудуди манотиқи осебдида, интиқоли маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, тафтишоти ҳодисаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд ва таъқиби ҷиноятии шахсони гумонбаршуда мусоидат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

17. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми асосии масъул барои қабул ва таҳлили иттилоот оид ба ҷиноятҳои эҳтимолии марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятии гуногун мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ошкорсозии ҳолатҳои ҷойивазкунии ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ тавассути нуқтаҳои назорати сарҳадии гузаргоҳҳо ва дар хати сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти ваколати Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор намегиранд, мақоми масъул мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Ҳангоми ошкор кардани маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии ғайриқонунӣ интиқолшаванда намояндагони қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавиро ба макони ҷойгиршавии мавод маҳдуд менамоянд, шахсони гумонбаршударо боздошт мекунанд, ҳангоми зарурат кумаки иловагӣ дархост менамоянд ва маводро ба баррасии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ситоди фармондеҳии муттаҳида месупоранд. Дар ҳолатҳои зарурӣ, қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тафтиши ҳодисаи бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманд ва ташкили таъқиби ҷиноятии шахсони гумонбаршуда кумак мерасонад 259.

18. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми масъул вобаста ба эътино зимни ҳолатҳои садамавие, ки ҳангоми гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ба амал меоянд, мебошад. Дар ҳолатҳои зарурӣ, мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмин намудани муносибати бехатар бо маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва ҳамлу нақли онҳо, тафтишоти ҳодисаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд ва таҳлили маводи мазкур мусоидат менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

19. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ошкорсозии ҳолатҳои ҷойивазкунии ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ тавассути гузаргоҳҳои расмии сарҳадӣ мақоми масъул мебошад. Ҳангоми ошкорсозии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроие, ки ғайриқонунӣ интиқол мешаванд, намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшавиро ба макони ҷойгиршавии мавод маҳдуд менамоянд, шахсони гумонбаршударо боздошт мекунанд, таҳқиқи пешакии ҳодисаро мегузаронанд, ҳангоми зарурат кумаки иловагӣ дархост менамоянд ва маводро ба баррасии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ситоди фармондеҳии муттаҳида месупоранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

20. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мақоми асосии ҷавобгар барои баргардонидани маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии ғайриқонунӣ интиқолшуда ва таҳти назорати давлатӣ гирифтани онҳо, инчунин нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ва гӯронидани чунин мавод мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Агентӣ ба ҷои ҳодиса мутахассисони худро барои додани тавсия оид ба муҳофизати инфиродӣ ва амнияти ҳастаӣ, қоидаҳои муомилот бо маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, талаботи меъёрӣ ва иҷозатномавӣ, инчунин ҷамъоварӣ намудани ашёе равона менамояд, ки барои ҳаёту саломатӣ хатарнок аст ва таснифу муайянсозии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро дар макони ҳодиса анҷом медиҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Агентӣ махзани маълумоти худро оид ба истифодабарандагони иҷозатномадори маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дорад, ки он метавонад дар муқаррарсозии манбаи пайдоиши маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии дар гардиши ғайриқонунӣ қарордошта кумак намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Дар ҳолатҳои зарурӣ, мутахассисони агентӣ дар таъмини муомилоти бехатар бо маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, дар иҷрои корҳои бандубаст, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва гӯр кардани онҳо, тафтишоти ҳодисаи бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқамандбуда ва таҳлили маводи зикршуда мусоидат менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Озмоишгоҳи хизматрасонии техникии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар баргузории таҳлили техникии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва ашёи бо онҳо алоқаманд ташкилоти масъул мебошад. Озмоишгоҳ хусусиятҳои мавод ва ашёи бо онҳо алоқамандро бо мақсади ба тафтишот мусоидат намудан муайян менамояд. Дар ҳолатҳои зарурӣ, озмоишгоҳ ба тафтиши ҳодисаҳои бо гардиши ғайриконунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманд ва таъқиби ҷиноятии шахсони гумонбаршуда мусоидат менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

21. Муассисаи давлатии "Нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ"-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамчунин яке аз ташкилоти масъул доир ба баргардонидани маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии ғайриқонунӣ ҷойивазкарда, ки таҳти назорати давлат қарор доштанд, инчунин бандубас, безараргардонӣ, ҳамлу нақл ва нигоҳдории дарозмуддати чунин мавод мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

Дар ҳолатҳои зарурӣ, мутахассисони ташкилоти мазкур барои таъмин намудани муносибати бехатар бо маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва ҳамлу нақли онҳо, тафтишоти ҳодисаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд ва таҳлили маводи мазкур мусоидат менамоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

4. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТ

22. Дар марҳилаи аввал ва дар рафти эътино ба ҳодиса вазорату идораҳо ва ташкилотҳои ҷалбшуда ҳамаи иттилооти дар он замон мавҷудбударо дастрас менамоянд, ки барои иҷрои функсияҳо ва ваколатҳои худ зарур мебошад.

23. Шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар бораи ҳолати гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ маълумот пайдо мекунад, уҳдадор аст, ки фавран сохторҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хабардор намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

24. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои иловагӣ андешида, дар ҳолатҳои зарурӣ вазорату идораҳои дахлдорро хабардор менамояд.

5. ТАЛАБОТИ МАРБУТ БА ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТ

25. Мақомоте, ки аввалин шуда рух додани ҳодисаи гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро муайян менамояд, то аз ҷониби ситод муайян шудани мақоми ваколатдор, ҳуқуқи назорати ҳодисаро ба дӯши худ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

26. Бо мақсади ҳамоҳангсозии дақиқи амалҳо ҳангоми рӯй додани ҳодисаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд, бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситоди фармондеҳии муттаҳида таъсис дода мешавад. Ситод аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ташаккул меёбад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

27. Ситоди фармондеҳии муттаҳида амалиёт ва гузариши ваколатҳоро аз як мақомот ба мақомоти дигар ҳамоҳанг менамояд. Ситод ҳамаи корҳоро дар доираи амалиёти андешидашаванда то қабули қарор аз ҷониби намояндагони дар ҳайаташ қарордошта дар бораи хотимаи кор ва барҳам додани ситод ҳамоҳанг менамояд.

28. Бо мақсади кафолат додани эътинои фаврӣ ва амалӣ ба ҳодисаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд, ситоди фармондеҳии муттаҳида риояи талаботи дар Нақшаи мазкур пешбинншударо, инчунин иҷрои уҳдадориҳои муштаракеро, ки ҳамаи вазорату идораҳои ҷалбгашта бар зиммаи худ гирифтаанд, таъмин менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

29. Ба якдигар додани вазифаҳои роҳбарӣ дар дохили ситоди фармондеҳии муттаҳида ва дар марҳилаҳои гуногун андешидани тадбирҳо нисбат ба ҳодиса мутобиқи талаботи бо Нақшаи мазкур пешбинишуда амалӣ мешавад ва иҷрои уҳдадориҳои муштараке, ки ҳамаи вазорату идораҳои ҷалбшуда бар зиммаи худ гирифтаанд, таъмин мегарданд. Барои фавран гузаштани вазифаҳои болозикр аз роҳҳои алоқа ва мубодилаи иттилооти дахлдор истифода карда мешавад. Иттилоот дар бораи интиқоли вазифаҳои роҳбарӣ ба таваҷҷуҳи ҳамаи ташкилотҳои ҷалбшуда расонида шуда, мутобиқи расмиёти стандартӣ ба қайд гирифта мешавад.

30. Фаъолияти иктишофӣ мутобиқи талаботи вобаста ба ҳифзи иттилооти махфӣ амалӣ мешавад ва то ҳадди имкон бо мақсади таъмин намудани ошкорсозии бомуваффақ, тафтиш ва таъқиби ҷиноятии ҷинояткорон, инчунин ошкорсозӣ ва мусодираи маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, бояд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои ба он монанд ҳамоҳанг шавад, аз ҷумла (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259):

- ошкорсозӣ дар сарҳад. Ошкорсозии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ мутобиқи талаботи вобаста ба ҳифзи саломатӣ ва истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти далелҳои ҷамъовардашуда ва мусоидат ба убури самараноки борҳои тиҷоратӣ тавассути сарҳад баргузор мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- ошкорсозӣ дар ҳудуди кишвар. Ошкорсозии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар ҳудуди кишвар мутобиқи талаботи вобаста ба ҳифзи саломатӣ ва истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти далелҳои ҷамъовардашуда ва мусоидат ба убури самараноки борҳои тиҷоратӣ тавассути сарҳад баргузор мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

31. Мусодираи маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мутобиқи талаботи вобаста ба ҳифзи саломатӣ ва истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ҳифзи муҳити зист, расмиёти гузаронидани тафтиши ҷиноятӣ, таъмини амнияти далелҳои ҷамъоваришуда, тартиби интиқол ва ҳифзи далелҳои шайъӣ, ҳифзи иттилооте, ки таҳти ихтиёрдории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доранд ва санадҳои меъёрие анҷом дода мешавад, ки қоидаҳои соҳибӣ, нигоҳдорӣ ва муносибат бо моддаҳои химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроиро танзим мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

32. Тафтиши ҳодисаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд, мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёрҳои қобили қабул будани далелҳо, талабот нисбат ба тартиби интиқол ва нигоҳдории далелҳои шайъӣ, инчунин талабот оид ба ҳифзи иттилооте анҷом дода мешаванд, ки таҳти ихтиёрдории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

33. Таҳлили коршиносии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, аз ҷумла тасниф ва муайянсозии хусусиятҳои онҳо, мутобиқи талаботи вобаста ба таҳлили криминалистӣ бо ё бе вайрон кардани намунаҳо, меъёрҳои қобили қабул будани далелҳо, талабот нисбат ба тартиби интиқол ва нигоҳдории далелҳои шайъӣ, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии танзимкунандаи тартиби соҳибӣ, нигоҳдорӣ ва муносибат бо маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ гузаронида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

34. Амалиёт бо маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, бандубаст, гӯркунӣ, безараргардонӣ ва нигоҳдории дарозмуддати онҳо мутобиқи ҳамаи санадҳои меъёрии зарурӣ, талаботи вобаста ба ҳифзи саломатӣ ва истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ҳифзи муҳити зист, амнияти далелҳои ҷамъоваришуда ва тартиби интиқолу нигоҳдории далелҳои шайъӣ анҷом дода мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

35. Ҳамлу нақли маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ мутобиқи талаботи вобаста ба ҳифзи саломатӣ ва истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, ҳифзи муҳити зист, амнияти далелҳои ҷамъоваришуда, мусоидат ба убури самараноки борҳои тиҷоратӣ тавассути сарҳад, инчунин мутобиқи санадҳои меъёрии танзимкунандаи қоидаҳои муносибат бо маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, соҳибӣ ва нигоҳдории маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

36. Таъқиби ҷиноятии шахсоне, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ гумонбар шудаанд, мутобиқи Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

37. Ошкорсозии иттилоот:

- хабардор кардани аҳолӣ. Огоҳсозии аҳолӣ дар бораи ҳодисаҳое, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ алоқаманданд, тавре анҷом дода мешавад, ки хавфи ошкорсозии маълумоти махфии дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқук қарордошта ба ҳадди ақал расонида шавад, вале дар бораи ин ба аҳолӣ иттилооти барои ҳифзи саломатӣ ва истифодаи тадбирҳои муҳофизати инфиродӣ зарур пешниҳод карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259);

- паҳн кардани иттилоот дар сатҳи байналмилалӣ. Паҳн кардани иттилоот дар сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла огоҳсозии кишварҳое, ки аз ҳодиса таъсир пазируфтаанд, Агентии Байналмилалии Неруи Атомӣ ва Интерпол тавре сурат мегирад то хавфи ошкорсозии маълумоти махфии дар ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарордошта ба ҳадди ақал расонида шавад, ҳамзамон ба субъектҳои дахлдор иттилооти барои андешидани тадбирҳои ҳамоҳангшуда ва самаранок зарур пешниҳод гардад.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

38. Барои риоя накардани талаботи Нақшаи мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.