Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 № 1585 "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ ТОПОЛОГИЯҲОИ МИКРОСХЕМАҲОИ ИНТЕГРАЛӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 октябри соли 2018, № 1165

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 декабри соли 2018, № 614

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006 "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №12, мод. 542) тағйироти зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Дар моддаи 13:

- дар сархати якуми қисми панҷум калимаи "ариза" ба калимаи "дархост" иваз карда шавад;

- қисми шашум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза барои бақайдгирии топологияи микросхемаи интегралиро Идораи патентӣ муқаррар менамояд.".

3. Дар ном ва матни моддаи 14, қисми дуюми моддаи 19 калимаҳои "Санҷиши", "санҷиши", "Санҷишро" ва "санҷиш" мувофиқан ба калимаҳои "Экспертизаи", "экспертизаи", "Экспертизаро" ва "экспертиза" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1585