Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 № 1583 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи намунаҳои саноатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НАМУНАҲОИ САНОАТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 октябри соли 2018, № 1163

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 декабри соли 2018, № 612

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи намунаҳои саноатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2004, №2, мод.48; с.2012, №7, мод.706; с.2015, №12, қ.1, мод.1116; с.2016, №11, мод.887) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима, қисмҳои якум ва дуюми моддаи 4, сархати якуми моддаи 25, қисми якуми моддаи 26 ва қисми сеюми моддаи 29 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

2. Дар сархати якуми қисми чоруми моддаи 11 калимаи "арзнома" ба калимаи "дархост" иваз карда шавад.

3. Дар қисми чоруми моддаи 18 ва сархати дуюми қисми якуми моддаи 27 калимаи "арзнома" ба калимаи "ариза" иваз карда шавад.

4. Моддаи 20 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 20. Нашри маълумот оид ба додани патент

Идораи патентӣ баъд аз ба қайд гирифтани намунаи саноатӣ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда бетаъхир дар хабарномаи расмӣ нашр мекунад, ки номи муаллиф(он) (дар ҳолати розӣ будан) ва доранда(гон)-и патент, ном, санаи аввалият, тасвири намунаи саноатӣ ва дигар маълумотеро, ки Идораи патентӣ лозим медонад, дар бар мегирад.".

5. Ба моддаи 21 қисми дуюм ба мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани патент ба намунаи саноатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба патенти мазкур ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии муҳлати мазкур дар ҳолати пардохти боҷи иловагӣ пешниҳод карда мешавад.".

6. Дар қисмҳои дуюм ва сеюми моддаи 27 калимаи "шаш" мувофиқан ба калимаҳои "се" ва "як" иваз карда шавад.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1583