ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИШОРАҲОИ ҶУҒРОФӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 10 октябри соли 2018, № 1161
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 611
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №3, мод. 169; с. 2012, №7, мод. 705) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати якум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- объекти ҷуғрофӣ - ҳама гуна ҳудуде, ки сарҳади он ба таври расмӣ муайян карда шудааст, аз ҷумла кишвар, минтақа ҳамчун қисми кишвар, маҳалли аҳолинишин ва мавзеъ;";
- дар сархати дуюм калимаҳои "қаламрави" ва "қаламрав" мувофиқан ба калимаҳои "ҳудуди" ва "ҳудуд" иваз карда шаванд;
- дар сархатҳои сеюм ва чорум калимаҳои "дархост" ва "дархостдиҳанда" мувофиқан ба калимаҳои "ариза" ва "аризадиҳанда" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм ва тамоми матни Қонун калимаҳои "маҳалли истеҳсоли", "маҳалли истеҳсол" ва "МАҲАЛЛИ ИСТЕҲСОЛИ" мувофиқан ба калимаҳои "ҷои пайдоиши", "ҷои пайдоиш" ва "ҶОИ ПАЙДОИШИ" иваз карда шаванд.
2. Аз матни моддаи 2 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 8:
- дар ном ва матни модда (ба истиснои сархати сеюми қисми чорум) калимаҳои "Дархост", "дархостдиҳанда", "дархостдиҳандагон", "дархост", "Дархостро", "дархостдиҳандаро" мувофиқан ба калимаҳои "Ариза", "аризадиҳанда", "аризадиҳандагон", "ариза", "Аризаро", "аризадиҳандаро" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои дуюм ва ҳафтум калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- дар сархати якуми қисми чорум калимаи "ариза" ба калимаи "дархост" иваз карда шавад;
- қисми дувоздаҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Қоидаҳои пешниҳод ва баррасии ариза дар бораи бақайдгирии номи ҷои пайдоиши молро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.".
4. Дар моддаи 9:
- дар ном ва матни модда калимаҳои "дархост", "дархостдиҳанда", "дархостро", "дархости", "Дархостдиҳанда" ва "дархосташро" мувофиқан ба калимаҳои "ариза", "аризадиҳанда", "аризаро", "аризаи", "Аризадиҳанда" ва "аризаашро" иваз карда шаванд;
- дар қисми ёздаҳум калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- қисми дувоздаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"То қабул намудани қарор аз рӯи натиҷаи экспертизаи аломати арзшуда ба аризадиҳанда огоҳинома дар бораи натиҷаҳои санҷиши мувофиқ будани аломати арзшуда ба талаботи дар Қонуни мазкур муқарраргардида, ҷиҳати пешниҳоди далелҳои худ оид ба асосҳои дар огоҳинома зикршуда фиристодан мумкин аст. Далелҳои аризадиҳанда, агар онҳо дар давоми шаш моҳи пас аз санаи фиристодани огоҳинома пешниҳод шуда бошанд, ҳангоми қабули қарор аз рӯи натиҷаҳои экспертизаи аломати арзшуда ба назар гирифта мешаванд.".
5. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 10 калимаҳои "дархост", "дархостдиҳанда" ба калимаҳои "ариза", "аризадиҳанда" иваз карда шаванд.
6. Дар моддаи 12:
- дар қисми якум калимаи "дархост" ба калимаи "ариза" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад;
- қисми ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Қоидаҳои тамдид намудани муҳлати эътибори шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи номи ҷои пайдоиши молро мақоми ваколатдор муқаррар менамояд.".
7. Дар матни моддаи 21 калимаҳои "дархост" ва "дархостдиҳанда" мувофиқан ба калимаҳои "ариза" ва "аризадиҳанда" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1582
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГЕОГРАФИЧЕСКИХ УКАЗАНИЯХ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 10 октября 2018 года, №1161
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 25 декабря 2018 года, №611
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О географических указаниях" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 169; 2012 г., №7, ст. 705) следующие изменения и дополнения:
1. В абзацах третьем и четвертом статьи 1, названии и тексте статей 8, 9, 10, части первой статьи 12, части второй статьи 15, частях первой и второй статьи 21 слова "заявка", "заявку", "Заявка", "заявки", "заявке" соответственно заменить словами "заявление", "заявление", "Заявление", "заявления", "заявлению".
2. В статье 8:
- в абзаце первом части четвёртой слово "заявление" заменить словом "ходатайство";
- дополнить частью двенадцатой следующего содержания:
"Правила представления и рассмотрения заявления о регистрации наименования места происхождения товара устанавливаются уполномоченным органом.".
3. Статью 12 дополнить частью восьмой следующего содержания:
"Правила продления срока действия свидетельства на право пользования наименованием места происхождения товара устанавливаются уполномоченным органом.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 2 января 2019 года, № 1582