ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУФЛИСШАВӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2018, № 1187
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 608
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 декабри соли 2003 "Дар бораи муфлисшавӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №12, мод.674; с.2008, №10, мод.813; с.2009, №5, мод.317) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 53 қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Бо дархости кредитор суд метавонад таъйинот дар бораи аз моратория хориҷ намудани уҳдадориҳои пулиро, ки дар асоси онҳо таъминот ба фоидаи кредитори зикргардида пешниҳод шудааст, қабул намояд, агар:
- мавзӯи таъминот барои гузарондани идоракунии беруна зарур набошад;
- ба кредитори таъминшуда кафолатҳои ҷуброни товони зарар дар ҳолатҳои паст шудани арзиши мавзӯи таъминот дода нашуда бошанд;
- нақшаи идоракунии беруна дар муҳлати муқарраршуда тасдиқ нашуда бошад.".
2. Моддаи 77(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 77(1). Молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст
Молу мулки манқули қарздор, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва дигар усули таъминот), аз молу мулки озмунӣ ҷудо карда мешавад ва барои фурӯш ба кредитори таъминшуда дода мешавад.
Кредитори таъминшуда уҳдадор аст бовиҷдонона барои ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.
Маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардиданд, равона шуда, маблағҳои аз фурӯш боқимонда ба идоракунандаи озмун барои пардохт намудани талаботи дигари кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур равона мегарданд.
Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад.".
3. Моддаи 78 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Моддаи 78. Навбати қонеъгардонии талаботи кредиторон
Дар сурати барҳам додани шахси ҳуқуқӣ талаботи кредиторони он ба навбати зерин қонеъ гардонида мешаванд:
- дар навбати аввал - талаботи кредиторони таъминшуда аз ҳисоби арзиши таъминот бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботи шаҳрвандоне, ки шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда дар назди онҳо барои расонидани зиён ба ҳаёт ва саломатиашон масъулият дорад, бо роҳи ба сармоя табдил додани пардохтҳои дахлдори вақтбайъ;
- дар навбати дуюм - пардохти кумакпулии аз кор рафтан ва музди кори шахсоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла тибқи қарордод кор мекунанд ва пардохти мукофотпулӣ бо ҳисобу китоб аз рӯи шартномаҳои муаллифӣ;
- дар навбати сеюм - пардохти қарз аз рӯи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
- дар навбати чорум - ҳисобу китоб бо кредиторони дигар тибқи қонун.
Дар сурати барҳам додани ташкилотҳои қарзӣ талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ қонеъ гардонида мешаванд.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1579