Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 № 1575 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 октябри соли 2019, № 1179

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 декабри соли 2018, № 604

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 майи соли 2007 "Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2007, №5, мод.363; с.2008, №3, мод.202; с.2010, № 7, мод.554; с.2013, № 3, мод. 202; с.2015, №7-9, мод.700, №11, мод.963) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати панҷуми моддаи 25 аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шуда, сархатҳои шашум, ҳафтум ва ҳаштум бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

"- ҳар сол дар сомонаи худ ё сомонаи мақоми бақайдгиранда ҳисоботи молиявиро, ки дар он маълумоти муфассал оид ба даромад ва хароҷот дарҷ шудааст, ҷой диҳад;

- дар давоми на кам аз панҷ сол пас аз анҷоми муносибатҳои корӣ маълумот дар бораи амалиёти анҷомдодашудаи дохилӣ ва байналмилалиро нигоҳ дорад;

- маълумот дар бораи мушаххаскунии шахсоне, ки фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятиро назорат ё идора мекунанд, аз ҷумла муассисон, аъзои мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтишро нигоҳ дорад ва ба мақоми бақайдгиранда пешниҳод намояд.".

2. Ба моддаи 34 қисми 5 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"5. Мақоми бақайдгиранда уҳдадор аст, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом" ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумот пешниҳод намояд, агар шубҳа ё асоси кофӣ барои гумонбар шудан мавҷуд бошад, ки иттиҳодияи ҷамъиятӣ василаи рӯпӯшкунанда барои ҷамъоварии маблағ аз тарафи ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ мебошад ё ҳамчун канал барои маблағгузории терроризм, экстремизм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо мақсади канорагирӣ аз чораҳои ғайрифаъолгардонии дороиҳо, пинҳон ё рӯпӯш кардани барориши пинҳонии маблағҳои бо мақсадҳои қонунӣ таъиншуда ба манфиати террористон ва экстремистон ё ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ равонашуда истифода мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1575