Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 № 1568 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ихтироъ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 октябри соли 2018, № 1167

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 декабри соли 2018, № 597

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 "Дар бораи ихтироъ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 49; с. 2012, №7, мод. 707; с. 2013, №3, мод.199; с. 2016, №11, мод. 888) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар муқаддима, қисмҳои сеюм ва чоруми моддаи 11, сархати якуми қисми якуми моддаи 30, қисми якуми моддаи 31 ва қисми сеюми моддаи 34 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

2. Дар сархати ҳаштуми моддаи 1, ном ва матни моддаи 18 калимаҳои "Созишномаи" ва "созишномавӣ" мувофиқан ба калимаҳои "Конвенсияи" ва "конвенсионӣ" иваз карда шаванд.

3. Дар сархати дуюми қисми якуми моддаи 9 ва қисми якуми моддаи 35 калимаи "арзнома" ба калимаи "ариза" иваз карда шавад.

4. Дар сархати якуми қисми дуюм ва қисми сеюми моддаи 12 ва сархати якуми қисми якуми моддаи 14 калимаҳои "арзнома" ва "Арзнома" мувофиқан ба калимаҳои "дархост" ва "Дархост" иваз карда шаванд.

5. Дар ҷумлаҳои дуюм ва сеюми қисми даҳуми моддаи 21 калимаи "шаш" мувофиқан ба калимаҳои "се" ва "як" иваз карда шавад.

6. Қисми сеюми моддаи 23 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Идораи патентӣ пас аз ба қайд гирифтани ихтироъ дар Феҳристи давлатӣ маълумотро дар бораи ҳуҷҷати муҳофизатии додашуда дар хабарномаи расмӣ бетаъхир нашр мекунад.".

7. Ба моддаи 25 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти боҷ барои бақайдгирӣ ва додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ аз ҷониби аризадиҳанда дар давоми ду моҳ аз санаи гирифтани қарор оид ба додани ҳуҷҷати муҳофизатӣ ё дар давоми се моҳ аз санаи баанҷомрасии мӯҳлати мазкур дар ҳолати пардохти боҷи иловагӣ пешниҳод карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1568

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "ОБ ИЗОБРЕТЕНИЯХ"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 10 октября 2018 года, №1167

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 25 декабря 2018 года, №597

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 февраля 2004 года "Об изобретениях"(Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2004 г., №2, ст.49; 2012 г., №7, ст.707; 2013 г., №3, ст. 199; 2016 г., №11, ст. 888) следующие изменения и дополнение:

1. В тексте статьи 1, части первой статьи 3, тексте статьи 4, части девятой статьи 6, части первой статьи 8, абзаце втором частях первой и третьей статьи 9, абзаце четвертом части первой статьи 10, названии раздела 4, названии, частей первой и второй статьи 11, названии и тексте статей 12, 13, 14, 15, 16, тексте статей 17 и 18, названии раздела 6, названии и тексте статей 19, 20, названии, частях первой и третьей статьи 21, названии и тексте статей 22, 23, тексте статьи 24, абзаце втором части первой статьи 32, части первой статьи 35, тексте статьи 39, тексте статьи 40 слова "заявка", "заявки", "средство", "заявке", "заявку", "ЗАЯВКА", "Заявка", "заявкой", "заявок", "ЗАЯВКИ", "заявках" соответственно заменить словами "заявление", "заявления", "объект", "заявлению", "заявление", "ЗАЯВЛЕНИЕ", "Заявление", "заявлением", "заявлений", "ЗАЯВЛЕНИЯ", "заявлениях".

2. В абзаце первом части второй и части третьей статьи 12, абзаце первом части первой статьи 14 слова "заявление", "Заявление" соответственно заменить словами "ходатайство", "Ходатайство".

3. В частях десятой и одиннадцатой статьи 21 слово "шестимесячный" соответственно заменить словами "трехмесячный" и "месячный".

4. Часть третью статьи 23 изложить в следующей редакции:

"Патентное ведомство после регистрации изобретения в Государственном реестре незамедлительно публикует информацию о выданном охранном документе в официальном бюллетене.".

5. В статье 25:

- в части третьей слово "заявка" заменить словом "заявление";

- дополнить частью второй в следующей редакции:

"Документ, подтверждающий уплату пошлины за регистрацию и выдачу охранного документа, представляется в течение двух месяцев с даты получения заявителем решения о выдаче охранного документа или в течение трех месяцев с даты истечения указанного срока при условии уплаты дополнительной пошлины.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2019 года, №1568