ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИСТЕҲСОЛОТИ ИҶРО"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 17 октябри соли 2018, № 1205
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 2018, № 589
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2008 "Дар бораи истеҳсолоти иҷро" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 192; с. 2010, № 7, мод. 543; с. 2012, № 7, мод. 717) тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 8 ва минбаъд тамоми матни Қонун калимаҳои "иҷрочиёни суд" ва "иҷрочии суд" мувофиқан ба калимаҳои "иҷрочиён" ва "иҷрочӣ" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 20(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Моддаи 20(1). Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст
1. Нигаронидани ситониш ба молу мулки манқул, ки ба сифати таъминот пешниҳод шудааст (гарав, лизинг ва усули дигари таъминот), бо риояи ҳуқуқҳои кредитори таъминшуда, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бо роҳи аз қарздор кашида гирифтан ва барои фурӯш ба кредитор супоридани мавзӯи таъминот амалӣ карда мешавад.
2. Кредитори таъминшуда ӯҳдадор аст бовиҷдонона ҷиҳати ба амал баровардани фурӯши мавзӯи таъминот тавре чораҳо андешад, ки онҳо барои ҳамаи тарафҳои иштироккунанда бо назардошти шароити воқеӣ манфиатнок бошанд.
3. Маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти талаботе равона мегарданд, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд. Маблағҳои аз фурӯш боқимонда бошад, ба иҷрочӣ барои пардохт намудани дигар талаботи кредиторон бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дар ҳолати мавҷуд набудани талаботи дигари кредиторон ба қарздор баргардонида мешаванд.
4. Агар маблағҳои аз фурӯш бадастомада барои пардохти ҳамаи талаботе, ки бо молу мулки фурӯхташаванда таъмин гардидаанд, нокифоя бошанд, қисми боқимондаи талабот аз молу мулки дигари қарздор бо тартиби барои талаботи кредиторони таъминнашуда, ки Қонуни мазкур муқаррар намудааст, пардохт мегардад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1562