Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019 № 1580 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ИҶОРАИ МОЛИЯВӢ (ЛИЗИНГ)"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 17 октябри соли 2018, № 1191

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 декабри соли 2018, № 609

ҷонибдорӣ карда шуд.

 

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 апрели соли 2003 "Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2003, №4, мод.139; с.2016, №3, мод.153, №11, мод.891) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаҳои 2, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 13, 14, 15, 16, 17, 18, 20, 21, 22 ва 24 калимаҳои "предмети" ва "Предмети" мувофиқан ба калимаҳои "мавзӯи" ва "Мавзӯи" иваз карда шаванд.

2. Қисми сеюми моддаи 6 хориҷ карда шавад.

3. Аз зербанди е) қисми якуми моддаи 9 калимаҳои "бо розигии хаттии лизингдеҳ" хориҷ карда шаванд.

4. Дар моддаи 15:

- ҷумлаи дуюми қисми дуюм хориҷ карда шавад;

- қисми сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Лизинггир ҳуқуқ дорад, танҳо ҳамон қисми мавзӯи лизингро, ки арзиши пардохтшудаи он аз бақияи пардохтҳои лизингӣ зиёд мебошад, фурӯшад, ба гарав гузорад ё ба тариқи дигар ихтиёрдорӣ намояд.".

5. Моддаи 19 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 19. Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг

Рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг бо тартиб ва бо шартҳои барои рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи гарав пешбинишуда амалӣ карда мешавад.

Ҳангоми рӯёнидан аз ҳисоби мавзӯи лизинг, лизинггир ҳуқуқ дорад то фурӯши мавзӯи лизинг уҳдадориҳоро оид ба пардохтҳои лизинг ё ҳамон қисме, ки муҳлати иҷрои он гузаронида шудааст, иҷро намуда, рӯёнидан аз ҳисоби он ва фурӯши онро қатъ намояд. Созишномае, ки ин ҳуқуқро маҳдуд менамояд, эътибор надорад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 2 январи соли 2019, № 1580

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ФИНАНСОВОЙ АРЕНДЕ (ЛИЗИНГЕ)"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 17 октября 2018 года, №1191

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 25 декабря 2018 года, №609

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 22 апреля 2003 года "О финансовой аренде (лизинге)" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2003 г., №4, ст.139; 2016 г., №3, ст.153; №11, ст.891) следующие изменения и дополнение:

1. Часть третью статьи 6 исключить.

2. В подпункте е) части первой статьи 9 слова "с письменного согласия лизингодателя" исключить.

3. В статье 15:

- второе предложение части второй исключить;

- дополнить частью третьей следующего содержания:

"Лизингополучатель вправе продать, предоставлять в залог или распорядиться иным способом только той частью предмета лизинга, оплаченная стоимость которой превышает остаток лизинговых платежей.".

4. Статью 19 изложить в следующей редакции:

"Статья 19. Обращение взыскания на предмет лизинга

Взыскание на предмет лизинга осуществляется в порядке и на условиях, предусмотренных для обращения взыскания на предмет залога.

При обращении взыскания на предмет лизинга лизингополучатель вправе до реализации предмета лизинга прекратить обращение на него взыскания и его реализацию, исполнив обязательство по оплате лизинговых платежей или той его части, исполнение которой просрочено. Соглашение, ограничивающее это право, ничтожно.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 2 января 2019 года, №1580