Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 29 декабри соли 2018, № 617
тасдиқ шудааст
Тартиби пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 8.02.2020 № 84, аз 28.08.2024 № 478)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби мазкур расмиёти пешбурди Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Портали интернетӣ)-ро муайян менамояд.
2. Портали интернетӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон ҷиҳати иштироки онҳо дар раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва пайдо кардани дастрасии пурра, саривақтӣ ва ройгон ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ (минбаъд санади меъёрии ҳуқуқӣ) ва инчунин иттилооти бо низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ пешбинигардида таъсис дода шудааст.
3. Таҳлили таъсири танзимкунии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда гузаронида мешавад.
4. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:
- портали интернетӣ - махзани электронии санадҳои меъёрии ҳуқуқии дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта, дар шакли электронӣ бо забони давлатӣ ва забони русӣ пеш бурда мешавад;
- таҳиякунанда - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (№ 84, № 478);
- хориҷ карда шуд (№ 478);
- хориҷ карда шуд (№ 478);
- машваратҳои оммавӣ – расмиёти баррасии пешниҳоди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.
5. Портали интернетӣ аз фаслҳои зерин иборат мебошад:
- Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ;
- Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2. СОХТОР ВА ТАНЗИМИ ИДОРАКУНИИ ПОРТАЛИ ИНТЕРНЕТӢ
§ 1. Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
6. Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ рӯйхати лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро, ки таҳияи онҳо аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда ба нақша гирифта шудааст, дар бар мегирад.
7. Таҳиякунанда пас аз қабули қарор дар бораи таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ огоҳиномаро ҷойгир менамояд, ки он дорои маълумоти дар ҷадвали зер овардашуда мебошад:
Р/т
|
Намуд
ва номи санади меъёрии ҳуқуқӣ
|
Маълумот
дар бораи таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо татбиқ мегардад
|
Муҳлати чашм-дошти таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ
|
Муҳлати чашм-дошти қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ
|
Муҳлате, ки дар муддати он аз ҷониби таҳиякунанда пешниҳодҳо вобаста ба ҷойгир намудани огоҳинома қабул карда мешаванд
|
|
|
|
|
|
|
|
8. Таҳиякунанда оид ба лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки барои субъектҳои соҳибкорӣ уҳдадорӣ ва ё маҳдудиятҳоро пешбинӣ менамоянд, инчунин маълумоти иловагиро дар огоҳинома тибқи ҷадвали зерин дарҷ менамояд:
Р/т
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал
намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он
дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати
давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи
пешниҳод-шудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешаванд
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва
ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд
(бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети
давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ
|
Санаи анҷом додани машварат-ҳои
оммавӣ бо тарафҳои манфиат-дор
|
|
|
|
|
|
|
|
9. Риоя накардани талаботи дар бандҳои 7 ва 8 пешбинишуда асос барои баргардонидани огоҳинома аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ба субъекти ҳуқуқэҷодкунанда мегардад (№ 478).
10. Ҳуқуқи ҷойгир кардани огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунии Портали интернетиро танҳо шахсони ваколатдори:
- Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дорои таъсири имконпазир ба фаъолияти соҳибкорӣ мебошанд, доранд (№ 84, № 478).
11.Дастрасӣ барои ҷойгир намудани огоҳинома аз ҷониби Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирии дахлдор дар Портали интернетӣ пешниҳод карда мешавад (№ 478).
12. Таҳиякунанда аз рӯи натиҷаи баррасии пешниҳодҳои воридшуда қарори асоснокро оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ва ё даст кашидан аз омода намудани он қабул менамояд. Дар сурати қабули қарор оид ба рад намудани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ, таҳиякунанда маълумоти заруриро дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгир менамояд ва оид ба қарори қабулгардида мақомот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки аз ҷониби онҳо қаблан дархостҳо оид ба ҷойгиркунии огоҳинома пешниҳод гардида буданд, хабардор менамояд.
13. Таҳиякунандаи санади меъёрии ҳуқуқӣ дар муддати на камтар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз лаҳзаи дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷойгиркунии огоҳинома оид ба таҳия намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқие, ки боиси таҳлили таъсири танзимкунӣ мебошад, машваратҳои оммавӣ мегузаронад.
14. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ баъд аз гузаштани муҳлати машваратҳои оммавӣ ба таҳиякунандаи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар бораи ба охир расидани он хулоса медиҳад (№ 478).
§ 2. Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ
15. Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқиеро дар бар мегиранд, ки нисбати онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ хулосаҳои дахлдор пешниҳод карда шудаанд. Воридкунии матни пурраи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ ба онҳо аз ҷониби таҳиякунанда ба амал бароварда мешавад.
16. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ метавонанд то ба итмом расидани муҳлати баргузории машваратҳои оммавӣ пешниҳодҳои худро дар робита бо ҷойгир намудани огоҳинома оид ба омода намудани лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ гузоранд.
17. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи ҷойгир кардани пешниҳодҳои худро вобаста ба ҷойгиркунии огоҳинома дар Феҳристи нақшаҳои таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ пас аз бақайдгирӣ дар Портали интернетӣ бо риояи муқаррароти боби 4 Тартиби мазкур пайдо мекунанд.
18. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дар давоми 5 рӯзи тақвимӣ аз санаи ҷойгир намудани лоиҳаи ниҳоии санади меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Феҳристи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳлили таъсири танзимкунӣхулосаро оид ба гузаронидани расмиёти машваратҳои оммавӣ омода менамояд (№ 478).
19. Ба хулосаи мақоми ваколатдор оид ба таҳлили таъсири танзимкунӣ пешниҳодҳои аз рӯи натиҷаҳои машварати оммавӣ қабулшуда замима мегарданд.
20. Субъекти ҳуқуқэҷодкунанда аз рӯи натиҷаи машваратҳои оммавӣ метавонад қарори асоснок оид ба рад намудани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё оид ба омода, такмил ва қабули минбаъдаи он қабул намояд ва ё дар сурати қабули қарор оид ба рад кардани таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳиякунанда дар Портали интернетӣ маълумоти дахлдорро ҷойгир менамояд.
21. хориҷ карда шуд (№ 478).
§ 3. Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
22. Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки расмиёти банақшагирӣ ва таҳлили таъсири тазимкуниро гузашта, аз ҷониби субъекти ҳуқуқэҷодкунанда қабул шудаанд, иборат мебошад.
23. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, дар давоми 10 рӯз пас аз қабул ё тасдиқ барои дохил намудан ба Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд.
24. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумиҳатмии вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон, мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки дорои таъсири имконпазир ба субъектҳои соҳибкорӣ мебошанд, пас аз бақайдгирии давлатии онҳо дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ҷойгир карда мешаванд (№ 84, № 478).
25. Субъекти ҳуқуқэҷодкунандае, ки санади меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, барои ҷойгир намудани санади меъёрии ҳуқуқӣ ба Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ нусхаҳои тасдиқшудаи санади меъёрии ҳуқуқиро бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, инчунин дар ҳомили электронӣ мутобиқи муқаррароти банди 35 қоидаҳои ягона барои сомонаҳои расмии вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар шабакаи Интернет, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2017, № 344 тасдиқ шудааст ва ҳуруфи андозаи 14 пешниҳод менамояд (№ 478).
3. ҶОЙГИРКУНИИ ИТТИЛООТИ ҲУҚУҚӢ ДАР ПОРТАЛИ ИНТЕРНЕТӢ ВА ДАСТРАСӢ БА ОН
26. Дастрасии иттилоот, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ки дар Портали интернетӣ бо суроғаи http://www.portali-huquqi.tj ҷойгир карда шудаанд, барои ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тариқи ройгон амалӣ мегардад.
27. Ҳуқуқи ҷойгир кардани иттилоотро дар Феҳристи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо кормандони ваколатдори Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ дошта метавонанд (№ 478).
28. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар Портали интернетӣ метавонанд ҳаракатҳои бо ҷустуҷӯ, назаргузаронӣ, баргирифтан, чопи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар иттилооти дастрас алоқамандро бо салоҳдиди худ амалӣ гардонанд.
29. Ҳуқуқи додани хулоса оид ба гузаштани расмияти машварати оммавӣ ва таҳлили таъсири танзимкуниро мақомоти ваколатдор пас аз бақайдгирӣ дар Портали интернетӣ пайдо мекунад.
4.БАҚАЙДГИРӢ ДАР ПОРТАЛИ ИНТЕРНЕТӢ
30. Мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ба қайд гирифтан дар Портали интернетӣ дар шакли муқарраршуда ба таври хаттӣ ва электронӣ (онлайн) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ мутобиқи замимаҳои 1, 2 ва 3 Тартиби мазкур дархост пешниҳод менамоянд (№ 478).
31. Шакли пуркардашудаи муроҷиат якҷо бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (ба истиснои мақомоти давлатӣ) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таҳлили таъсири танзимкунӣ ба суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи академик А.Адҳамов, 13 пешниҳод карда мешавад (№ 478).
32. Пас аз пешниҳоди шакли пуркардашуда дархост ба муроҷиаткунанда дар муҳлати 5 (панҷ) рӯзи корӣ аз лаҳзаи муроҷиат "Номи истифодабаранда" ва "Рамз" барои фаъолсозӣ дар Портали интернетӣ пешниҳод карда мешавад (№ 478).
33. Ҳар як истифодабарандаи бақайдгирифташуда бо интерфейси истифодабаранда шинос ва оид ба масъулият ҳангоми кор дар Портали интернетӣ огоҳ карда мешавад.
Замимаи 1
ба Тартиби пешбурди Портали интернетии
иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли дархост
барои бақайдгирӣ дар
Портали интернетӣ барои мақомоти давлатӣ
Дархост
барои бақайдгирӣ дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
(номи
пурраи ташкилот, аз ҷумла шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ)
(вазифа,
насаб, ном, номи падар)
хоҳиш мекунад,
ки дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндаи
ваколатдор:
_________________________________________________________________
(насаб, ном, номи падар)
мутобиқи маълумоти мушаххаси ташкилот,
ки дар ҳамин ариза нишон дода шудааст, сабти бақайдгирӣ ворид карда
шавад.
Номи ташкилот
|
|
Соҳаи фаъолият
|
|
Суроғаи почтаи электронӣ
|
|
Ному насаби роҳбар
|
|
Рақами телефони роҳбар
|
|
РМА
|
|
Суроғаи ҳуқуқӣ
|
|
|
|
|
|
(силсила ва рақами шиноснома, аз тарафи кӣ ва кай дода
шудааст)
|
|
|
(рақами телефон ва суроғаи почтаи электронӣ)
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Истифодабаранда
______________________________/____________/
Ҷ.М. "___"__________с.20__
Роҳбари
ташкилот
____________________________/____________/
"___"__________с.20__
Замимаи 2
ба Тартиби пешбурди Портали интернетии
иттилооти ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли дархост
барои бақайдгирӣ дар
Портали интернетӣ барои шахсони ҳуқуқӣ
Дархост
барои бақайдгирӣ дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
(номи
пурраи шахси ҳуқуқӣ, аз ҷумла шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ)
(вазифа,
насаб, ном, номи падар)
ки дар асоси
амал мекунад,
(асоси ваколат)
хоҳиш мекунад,
ки дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндаи
ваколатдор:
_________________________________________________________________
(насаб, ном, номи падар)
мутобиқи маълумоти мушаххаси ташкилот,
ки дар ҳамин ариза нишон дода шудааст, сабти бақайдгирӣ ворид карда шавад.
Номи ташкилот
|
|
Соҳаи фаъолият
|
|
Суроғаи почтаи электронӣ
|
|
Ному насаби роҳбар
|
|
Рақами телефони роҳбар
|
|
РМА
|
|
Суроғаи ҳуқуқӣ
|
|
|
|
|
|
(силсила ва рақами шиноснома, аз тарафи кӣ ва кай дода шудааст)
|
|
|
(рақами телефон ва суроғаи почтаи электронӣ)
|
|
|
|
|
|
Истифодабаранда
______________________________/____________/
Ҷ.М. "___"__________с.20__.
Роҳбари
ташкилот
____________________________/____________/
"___"__________с.20__
Замимаи 3
ба Тартиби пешбурди Портали интернетии
иттилооти ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шакли дархост
барои бақайдгирӣ дар
Портали интернетӣ барои шахсони воқеӣ
Дархост
барои бақайдгирӣ дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
(вазифа,
насаб, ном, номи падар)
хоҳиш мекунад,
ки дар Портали интернетии иттилооти ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи
маълумоти мушаххаси дар ҳамин ариза нишондода сабти бақайдгирӣ ворид карда шавад.
Насаб, ном, номи падар
|
|
Ҷойи кор
|
|
Суроғаи почтаи электронӣ
|
|
Рақами телефон
|
|
РМА
|
|
Суроғаи ҷойи зист
|
|
|
|
|
|
(силсила ва рақами шиноснома, аз тарафи кӣ ва кай дода
шудааст)
|
|
|
(рақами телефон ва суроғаи почтаи электронӣ)
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Истифодабаранда
______________________________/____________/
"___"__________с.20__
Порядок ведения Информационного правового интернет-портала Республики Таджикистан
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
(в редакции постановления Правительства РТ от 08.02.2020 № 84, от 28.08.2024 № 478)
1. Настоящий Порядок определяет процедуру ведения Информационного правового интернет-портала Республики Таджикистан (далее - Интернет-портал).
2. Интернет-портал создан с целью обеспечения прав граждан на их участие в процессе правотворческой деятельности и приобретения полного, своевременного и безвозмездного доступа к нормативным правовым актам, имеющим потенциальное воздействие на субъекты предпринимательства (далее - нормативный правовой акт), а также информации, предусмотренной системой анализа регуляторного воздействия.
3. Анализ регуляторного воздействия проектов нормативных правовых актов проводится субъектами правотворчества.
4. Основные понятия, используемые в настоящем Порядке:
- интернет-портал - электронный банк нормативных правовых актов, имеющий потенциальное воздействие на субъекты предпринимательства, который ведется в электронной форме на государственном и русском языках;
- разработчик - Президент Республики Таджикистан, член Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан и депутат Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан, министерства, государственные комитеты, органы при Президенте Республики Таджикистан, органы при Правительстве Республики Таджикистан, Национальный банк Таджикистана, Счетная палата Республики Таджикистан, Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана и местные исполнительные органы государственной власти № 478);
- исключён (№ 478);
- исключён (№ 478);
- публичные обсуждения - процедура рассмотрения предложений физических и юридических лиц, государственных органов в связи с размещением уведомлений о планах по разработке проектов нормативных правовых актов и проектов нормативных правовых актов.
5. Интернет-портал состоит из следующих разделов:
- Реестр планов по разработке проектов нормативных правовых актов;
- Реестр проектов нормативных правовых актов и анализа регуляторного воздействия;
- Реестр принятых нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
2. СТРУКТУРА И РЕГУЛИРОВАНИЕ УПРАВЛЕНИЯ ИНТЕРНЕТ - ПОРТАЛА
§1. Реестр планов по разработке проектов нормативных правовых актов
6. Реестр планов по разработке проектов нормативных правовых актов включает в себя список проектов нормативных правовых актов, разработка которых планирована субъектом правотворчества.
7. Разработчик после принятия решения о разработке проекта нормативного правового акта размещает в Реестре планов по разработке проектов нормативных правовых актов уведомление, которое содержит информацию приведенные в нижеследующей таблице:
* Таблица
8. Разработчик по проектам нормативных правовых актов, предусматривающих обязанности или ограничения, для субъектов предпринимательства, в уведомлении также указывает следующую дополнительную информацию согласно нижеприведенной таблице:
*Таблица
9. Несоблюдение требований, предусмотренных пунктами 7 и 8, является основанием для возвращения уполномоченным государственным органом в области анализа регуляторного воздействия уведомления субъекту правотворчества (№ 478).
10. Право размещать уведомление в Реестре планов по разработке нормативных правовых актов и в Реестре проектов нормативных правовых актов и анализа регуляторного воздействия Интернет-портала будут иметь только уполномоченные лица:
- Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан;
- Президента Республики Таджикистан;
- Правительства Республики Таджикистан;
- министерств, государственных комитетов, органов при Президенте Республики Таджикистан, органов при Правительстве Республики Таджикистан, Национального банка Таджикистана, Счетной палаты Республики Таджикистан, Агентства по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана и местных исполнительных органов государственной власти по разработке проектов нормативных правовых актов, имеющих потенциальное воздействие на предпринимательскую деятельность№ 478).
11. Доступ для размещения уведомления будет предоставлен уполномоченным государственным органом в области анализа регуляторного воздействия после соответствующей регистрации на Интернет-портале (№ 478).
12. Разработчик по результатам рассмотрения поступивших предложений принимает обоснованное решение о подготовке проекта нормативного правового акта либо об отказе в его подготовке. В случае принятия решения об отказе в разработке проекта нормативного правового акта, разработчик размещает в Реестре планов разработки проектов нормативных правовых актов необходимую информацию и оповещает о принятом решении органов, физических и юридических лиц, от которых ранее поступали заявки о размещении уведомления.
13. Разработчик нормативного правого акта на протяжении не менее 30 календарных дней с момента размещения в Реестре планов разработки проектов нормативных правовых актов уведомления о разработке проекта нормативного правового акта, подлежащего анализу регуляторного воздействия, проводит публичные консультации.
14. Уполномоченный государственный орган в области анализа регуляторного воздействия по истечении срока публичных консультаций, выдает разработчику проекта нормативного правового акта заключение о его завершении (№ 478).
§2. Реестр проектов нормативных правовых актов и анализ регуляторного воздействия
15. Реестр проектов нормативных правовых актов и анализ регуляторного воздействия охватывает проекты нормативных правовых актов, в отношении которых со стороны уполномоченного органа по анализу регуляторного воздействия представлены соответствующие заключения. Включение полного текста проектов нормативных правовых актов и анализ регуляторного воздействия к ним осуществляется разработчиком.
16. Физические и юридические лица, государственные органы вправе оставлять свои предложения в связи с размещением уведомления о подготовке проекта нормативного правового акта до истечения срока проведения публичных консультаций.
17. Физические и юридические лица, государственные органы приобретают право оставлять свои предложения о размещении уведомления в Реестре планов по разработке проектов нормативных правовых актов, Реестре проектов нормативных правовых актов и анализов регуляторного воздействия после регистрации в Интернет-портале с соблюдением требований главы 4 настоящего Порядка.
18. Уполномоченный государственный орган в области анализа регуляторного воздействия в течение 5 календарных дней с даты размещения окончательного проекта нормативного правового акта и анализа регуляторного воздействия в Реестре проектов нормативных правовых актов и анализов регуляторного воздействия готовит заключение о прохождении процедуры публичных консультаций (№ 478).
19. К заключению уполномоченного органа по анализу регуляторного воздействия прилагаются предложения, принятые по результатам публичных консультаций.
20. Субъект правотворчества по результатам публичных консультаций может принять мотивированное решение об отказе в разработке от проекта нормативного правового акта или предложить его дальнейшую подготовку, совершенствование и принятие, либо в случае принятия решения об отказе в разработке проекта нормативного правового акта, разработчик размещает на Интернет-портале соответствующее сообщение.
21. исключён (№ 478).
§3. Реестр принятых нормативных правовых актов Республики Таджикистан
22. Реестр принятых нормативных правовых актов Республики Таджикистан состоит из нормативных правовых актов, которые прошли процедуру планирования и анализа регуляторного воздействия и приняты со стороны субъекта правотворчества.
23. Нормативные правовоые акты, которые приняты Президентом Республики Таджикистан, Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, Правительством Республики Таджикистан, в течение 10 дней после принятия или утверждения представляются для внесения в Реестр принятых нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
24. Общеобязательные нормативные правовые акты министерств, государственных комитетов, органов при Президенте Республики Таджикистан, органов при Правительстве Республики Таджикистан, Национального банка Таджикистана, Счетной палаты Республики Таджикистан, Агентства по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана, местных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и дехотов, имеющие потенциальное воздействие на предпринимательскую деятельность, вносятся в Реестр принятых нормативных правовых актов Республики Таджикистан после прохождения государственной регистрации в Министерстве юстиции Республики Таджикистан (№ 478).
25. Субъект правотворчества, принявший нормативный правовой акт, представляет уполномоченному государственному органу в области анализа регуляторного воздействия копию утвержденного нормативного правового акта на государственном и русском языках, а также в электронном носителе, в соответствии с установкой пункта 35 единых правил для официальных сайтов министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и органов самоуправления поселков и дехотов в сети Интернет, утвержденные постановлением Правительства Республики Таджикистан от 10 июля 2017 года, № 344 и 14 размером шрифта для внесения нормативного правового акта в Реестр принятых нормативных правовых актов Республики Таджикистан (№ 478).
3. РАЗМЕЩЕНИЕ ПРАВОВОЙ ИНФОРМАЦИИ В ИНТЕРНЕТ-ПОРТАЛЕ И ДОСТУП К НИМ
26. Доступ к информации, нормативным правовым актам и другим документам Интернет-портала по адресу: http://www.portali-huqviqi.ti для всех физических и юридических лиц осуществляется на безвозмездной основе.
27. Право размещения информации в Реестре принятых нормативных правовых актов Республики Таджикистан имеют только уполномоченные сотрудники уполномоченного государственного органа в области анализа регуляторного воздействия (№ 478).
28. Физические и юридические лица в Интернет-портале могут осуществить действия, связанные с поиском, просматриванием, извлечением и распечатыванием нормативных правовых актов и другой доступной информации по своему усмотрению.
29. Уполномоченный орган приобретает право на выдачу заключения о прохождении процедуры публичных консультаций и анализа регуляторного воздействия после регистрации в Интернет-портале.
4. РЕГИСТРАЦИЯ В ИНТЕРНЕТ-ПОРТАЛЕ
30. Государственные органы, физические и юридические лица для регистрации в Интернет-портале подают заявку в установленной форме в письменном и электронном виде (онлайн) в уполномоченный государственный орган в области анализа регуляторного воздействия в соответствии с приложениями 1, 2 и 3 настоящего Порядка (№ 478).
31. Заполненная форма обращения вместе с подтверждающими документами (за исключением государственных органов) представляется в уполномоченный государственный орган в области анализа регуляторного воздействия по адресу: Республика Таджикистан, город Душанбе, улица академика А.Адхамова, 13 (№ 478).
32. После представления заполненной формы заявки заявителю в течении 5 (пяти) рабочих дней с момента обращения предоставляются "Имя пользователя" и "Пароль" для авторизации в Интернет-портале (№ 478).
33. Каждый зарегистрированный пользователь ознакамливается с интерфейсом пользователя и предупрежден об ответственности при работе в Интернет-портале.
*Приложение