Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 № 565 "Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 265 аз эътибор соқит дониста шуд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ

 

Мутобиқи моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди минбаъдаи низоми ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва вусъат додани истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурин Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки хизматрасониҳои пулакиро пешниҳод менамоянд, то 1 апрели соли 2019 дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ба таври ҳатмӣ қабули ҳаққи ҳамаи намудҳои хизматрасониро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намоянд.

2. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ ба таври ҳатмӣ қабули пардохтҳои андоз, ҷарима, пеня, боҷу хироҷ ва дигар пардохтҳои давлатиро аз аҳолӣ ба таври ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ амалӣ намоянд. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Бонки миллии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида оид ба ҳавасмандгардонии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ то 1 марти соли 2019 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва марҳила ба марҳила маҳдуд намудани ҳисоббаробаркуниҳо бо пули нақд дар муомилоти пулли кишвар таклифҳои мушаххас пешниҳод намоянд.

4. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳои давлатие, ки дар онҳо пардохти хизматрасониҳои пулакӣ ба таври ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ ҷорӣ карда мсшавад, тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронанд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумуҳурии Тоҷикистон     Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 30 ноябри соли 2018 № 565

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О мерах по расширению безналичных расчётов

 В соответствии со статьей 15 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", с целью дальнейшего развития системы безналичных расчётов и расширения использования электронных платежных средств при осуществлении расчетов в Республике Таджикистан, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Министерствам, ведомствам, государственным предприятиям и учреждениям, предоставляющий платные услуги, до 1 апреля 2019 года наряду с наличными расчетами в обязательном порядке обеспечить приём от населения оплаты всех видов услуг безналичным способом посредством электронных платежных средств.

2. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан и Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан наряду с наличными расчетами в обязательном порядке обеспечить приём налоговых платежей, штрафов, пени, сборов и пошлин и других государственных платежей от населения безналичным способом посредством электронных платежных средств.

3. Министерству финансов Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Национальным банком Таджикистана до 1 марта 2019 года в установленном порядке представить Правительству Республики Таджикистан конкретные предложения по стимулированию юридических лиц и индивидуальных предпринимателей для осуществления безналичных расчетов и поэтапному ограничению наличных расчетов в денежном обороте страны.

4. Комитету по телевидению и радио при Правительстве Республики Таджикистан совместно с министерствами, водометами, государственными предприятиями п учреждениями, в которых внедряется безналичная оплата услуг с использованием электронных платежных средств, проводить разъяснительные работы и рекламные мероприятия через средства массовой информации.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

 от 30 ноября 2018 года, №565