Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "30" ноябри соли 2018, № 568
тасдиқ шудааст
Тартиби фаъолияти комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гуреза
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби мазкур фаъолияти комиссияи муштараки доимоамалкунандаи назди мақомоти корҳои дохилӣ оид ба муайян намудани мақоми гурезаро (минбаъд - комиссия) муайян мекунад.
2. Комиссия мақоми муштараки доимоамалкунандаи машваратӣ ва байниидоравӣ мебошад, ки бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба баррасии аризаи шахсони паноҳҷӯянда дар бораи пешниҳод намудани мақоми гуреза, қабул намудани қарор оид ба қатъ ё маҳрум намудани мақоми гуреза ташкил карда шудааст.
3. Комиссия фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо", санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби мазкур ба роҳ мемонад.
2. ВАЗИФАҲОИ АСОСӢ ВА ҲУҚУҚҲОИ КОМИССИЯ
4. Вазифаҳои асосии комиссия:
- таҳия ва тасдиқ намудани нақшаҳои кории фаъолият оид ба муайян намудани мақоми гуреза;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳо ҳангоми муайян намудаии мақоми гуреза;
- қабул намудани қарорҳо оид ба эътироф намудани шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза;
- қабул намудани қарорҳо оид ба рад намудани эътирофи шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза;
- қабул намудани қарорҳо оид ба қатъи мақоми гуреза;
- қабул намудани қарорҳо оид ба маҳрум намудани мақоми гуреза;
- иҷро намудани дигар вазифаҳо, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.
5. Комиссия бо мақсади ҳалли вазифаҳои дар наздаш гузошташуда ҳуқуқ дорад:
- мутахассисон, коршиносони дигар мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳоро ба маҷлиси комиссия даъват намояд;
- маълумот ва маводи лозимаро барои баррасии ариза оид ба эътироф намудани шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза, рад намудани эътирофи шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза, қабул намудани қарорҳо оид ба қатъ ва маҳрум намудани мақоми гуреза аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, кормандони онҳо ва шаҳрвандон тибқи тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ дархост намояд ва ба даст орад.
3. ВАКОЛАТИ РОҲБАР ВА АЪЗОИ КОМИССИЯ
6. Роҳбари комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:
- комиссияро дар робитаҳои мутақобила бо дигар мақомот ва ташкилотҳо намояндагӣ менамояд;
- фаъолияти комиссияро роҳбарӣ мекунад;
- сана, вақт ва маҳалли баргузор намудани ҷаласаи комиссияро муайян менамояд ва рӯзномаи ҷаласаро пешниҳод мекунад;
- ҷаласаи комиссияро даъват ва роҳбарӣ менамояд;
- хангоми зарурат, бо ташаббуси худ ё бо пешниҳоди аъзои комиссия намояндагони мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳоро бо ҳуқуқи овози машваратӣ барои иштирок дар ҷаласаи комиссия даъват мекунад;
- дар доираи ваколати худ бо намояндагони расмии созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои муайян намудани мақоми гуреза ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ тибқи тартиби муайяншуда вохӯриҳо мегузаронад;
- вазифаҳоро байни аъзои комиссия тақсим мекунад;
- дигар ваколатҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишударо иҷро мекунад.
7. Ваколати аъзои комиссия:
- дар банақшагирии кори комиссия ва ташкил намудани рӯзномаи ҷаласаҳо иштирок мекунанд ва пешниҳодҳо манзур мекунанд;
- дар доираи уҳдадориҳои вазифавии худ, бо дар назар доштани талабот ва тартиби муайяннамудаи тартиби мазкур, фаъолияти муштаракро оид ба масъалаҳои марбут ба муайян намудани мақоми гуреза анҷом медиҳанд;
- дигар ваколатҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пешбинишударо иҷро мекунанд.
4. ТАРТИБИ ДАЪВАТИ ҶАЛАСАИ КОМИССИЯ ВА ҚАБУЛ НАМУДАНИ ҚАРОР
8. Ҷаласаҳои комиссия аз ҷониби роҳбари комиссия мувофиқи ҷадвали тасдиқнамудаи комиссия, на камтар аз як маротиба дар як моҳ, даъват карда мешаванд. Ҷаласаҳои ғайринавбатӣ метавонанд бо талаби роҳбар ё яке аз аъзои комиссия баргузор карда шаванд.
9. Ҷаласаи комиссия дар ҳолате салоҳиятнок дониста мешавад, агар дар он на камтар аз се ду қиссаи шумораи умумии аъзои комиссия ҳузур дошта бошанд.
10. Дар ҷаласаи комиссия ҳангоми баррасии масъалаҳои алоҳида шахсони даъватшуда иштирок мекунанд, ки рӯйхати онҳо дар рӯзномаи ҷаласаи дахлдори комиссия нишон дода мешавад. Дар ҷаласаҳои пӯшидаи комиссия танҳо аъзои комиссия метавонанд иштирок намоянд.
11. Рӯзномаи ҷаласаҳо ва ҳуҷҷатҳои марбут ба масъалаҳои баррасишаванда ба аъзои комиссия на дертар аз се рӯзи корӣ то ҷаласа пешниҳод карда мешаванд.
12. Ҷаласаҳои комиссия аз ҷониби роҳбари комиссия баргузор карда мешаванд. Роҳбари комиссия дар рафти ҷаласаҳо баррасии масъалаҳои рӯзнома ва мубодилаи афкорро ташкил намуда, лоиҳаҳои қарори комиссияро пас аз баррасии онҳо ба овоздиҳӣ мегузорад.
13. Аъзои комиссия метавонанд пешниҳодҳои шифоҳиро дар мавриди рӯзнома то тасдиқ шудани он пешниҳод кунанд. Пас аз тасдиқи рӯзнома комиссия ба баррасии масъалаҳои рӯзнома аз рӯи навбат шурӯъ мекунад.
14. Масъалаҳои аз ҷониби намояндаи ваколатдори шахси паноҳҷӯянда пешниҳодшуда барои баррасӣ ба аъзои комиссия ва иштироккунандагони ҷаласа пешниҳод карда мешавад.
15. Комиссия аз рӯи натиҷаҳои масъалаҳои баррасишаванда қарор қабул менамояд, ки бо протокол ба расмият дароварда мешавад.
16. Қарорҳои комиссия бо роҳи овоздиҳии ошкоро бо аксарияти овози аъзо, ки дар ҷаласа иштирок доштанд, қабул карда мешавад. Агар ягон аъзои комиссия оид ба қарори аз ҷониби комиссия қабулшуда таклифу пешниҳод ва ё эрод дошта бошад, он ба қарори комиссия замима карда мешавад.
17. Протоколи ҷаласаи комиссияро котиби комиссия тартиб медиҳад ва аз ҷониби роҳбари комиссия имзо карда мешавад.
18. Баррасии ариза оид ба эътироф намудани шахсони паноҳҷӯянда ҳамчун шахсони гуреза на дертар аз се моҳ пас аз рӯзи бақайдгирии ариза дар мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.
19. Муҳлати баррасии ариза оид ба эътироф намудани шахси паноҳҷӯянда ҳамчун гуреза мумкин аст аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ дар сурати мавҷуд будани мушкилиҳо ҷиҳати муайян намудани асоснокии хавфи мавриди таъқиб қарор гирифтани аризадиҳанда тамдид карда шавад, аммо на бештар аз се моҳ.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
20. Таъминоти ташкилӣ ва моддию техникии фаъолияти комиссия аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ анҷом дода мешавад.
Порядок деятельности совместной постоянно действующей комиссии по определению статуса беженца при органах внутренних дел
1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
1. Настоящий порядок определяет деятельность совместной постоянно действующей комиссии по определению статуса беженца при органах внутренних дел (далее - комиссия).
2. Комиссия является совместным постоянно действующим консультативным и межведомственным органом, созданным в целях координации деятельности по рассмотрению заявлений лиц, ищущих убежище о предоставлении статуса беженца, принятия решений о прекращении или о лишении статуса беженца.
3. Комиссия осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "О беженцах", международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим порядком.
2. ОСНОВНЫЕ ЗАДАЧИ И ПРАВА КОМИССИИ
4. Основные задачи комиссии:
- разработка и утверждение рабочих планов в сфере деятельности по определению статуса беженца;
- координация деятельности государственных органов и других организаций при определении статуса беженца;
- принятие решений о признании беженцами лиц, ищущих убежище;
- принятие решений об отказе в признаний беженцами лиц, ищущих убежище;
- принятие решений о прекращении статуса беженца;
- принятие решений о лишении статуса беженца;
- выполнение других задач, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.
5. Комиссия, в целях решения поставленных перед ней задач, вправе:
- приглашать на заседание комиссии специалистов, экспертов других государственных органов и организаций;
- запрашивать и получать в установленном законодательством порядке от государственных органов, организаций, их должностных лиц и граждан необходимую информацию и материалы, необходимые для рассмотрения заявлений о признании беженцами лиц, ищущих убежище, отказе в признании беженцами лиц, ищущих убежище, принятии решений о прекращении и о лишении статуса беженца.
3. ПОЛНОМОЧИЯ РУКОВОДИТЕЛЯ И ЧЛЕНОВ КОМИССИИ
6. Руководитель комиссии имеет следующие полномочия:
- представляет комиссию во взаимоотношениях с иными органами и организациями;
- руководит деятельностью комиссии;
- определяет место, дату, время проведения заседания комиссии и предлагает повестку;
- созывает заседания комиссии и председательствует на них;
- при необходимости, по собственной инициативе или по предложению членов комиссии приглашает для участия на заседании комиссии представителей государственных органов и иных организаций с правом совещательного голоса;
- проводит в рамках своих полномочий встречи с официальными представителями международных организаций по вопросам в сфере определения статуса беженца и осуществляет в установленном порядке сотрудничество;
- распределяет обязанности между членами комиссии;
- осуществляет иные полномочия, предусмотренные нормативными правовыми актами.
7. Полномочия членов комиссии:
- участвуют в планировании работы комиссии и формировании повесток заседаний, обсуждении вопросов и представляют предложения;
- осуществляют совместную деятельность по вопросам определения статуса беженца в рамках своих должностных обязанностей, исходя из требований и в порядке, установленном настоящим порядком;
- осуществляют иные полномочия, предусмотренные нормативными правовыми актами.
4. ПОРЯДОК СОЗЫВА ЗАСЕДАНИЙ КОМИССИИ И ПРИНЯТИЯ РЕШЕНИЙ
8. Заседания комиссии созываются руководителем комиссии по необходимости или согласно утвержденному комиссией графику, но не реже одного раза в месяц. Внеочередные заседания комиссии могут быть созваны по требованию руководителя или одного из членов комиссии.
9. Заседание комиссии считается полномочным, если на заседании присутствует не менее двух третьей членов комиссии.
10. На заседаниях комиссии при обсуждении отдельных вопросов участвуют приглашенные лица, список которых указывается в повестке дня соответствующего заседания комиссии. На закрытых заседаниях комиссии могут участвовать только члены комиссии.
11. Повестки заседаний и относящиеся к обсуждаемым вопросам документы представляются членам комиссии не позднее трех рабочих дней до заседания.
12. Заседания комиссии проводит руководитель комиссии. Руководитель комиссии в ходе заседаний организует обсуждение вопросов повестки и обмен мнениями и ставит на голосование проекты решений комиссии после их обсуждения.
13. Члены комиссии могут представлять устные предложения относительно повестки до ее утверждения. После утверждения повестки комиссия приступает к поочередному обсуждению вопросов повестки.
14. Вопросы, представленные уполномоченным представителем лица, ищущего убежище, выносятся на обсуждение членов комиссии и участников заседания.
15. По результатам обсуждаемых вопросов комиссией принимается решение, оформляемого протоколом.
16. Решения комиссии принимаются путем открытого голосования простым большинством голосов участвующих на заседании членов комиссии. Если кто - либо из членов комиссии имеет предложение или замечание по принятому комиссией решению, оно прилагается к решению комиссии.
17. Протокол заседания комиссии составляется секретарем комиссии и подписывается руководителем комиссии.
18. Рассмотрение заявления о признании беженцем лица, ищущего убежище, осуществляется не позднее трех месяцев со дня регистрации заявления органом внутренних дел.
19. Срок рассмотрения заявления о признании беженцем лица, ищущего убежище, может быть продлен органом внутренних дел, при наличии сложностей с определением обоснованности имеющихся у заявителя опасений стать жертвой преследований, но не более трех месяцев.
5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
20. Организационное и материально-техническое обеспечение деятельности комиссии осуществляется органами внутренних дел.