Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 июни соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 891
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
12 июни соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 891
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "12" апрели соли 2018 №52 ш. Душанбе
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ 070.170.010.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Иловаҳо ба Тартиби гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2017, №23 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2017, №891 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Идораи низоми пардохт ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Идораи низоми пардохт, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Салимова Л.Ҷ. гузошта шавад.
...