Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 майи соли 2018, ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
Рақами бақайдгирӣ 929
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ РОҒУН
аз " 29" декабри соли 2017 №44 шаҳри Роғун
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар шаҳри Роғун
070.030.030
Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаҳои 6, 262, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаи 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо назардошти таклифи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, қонунгузорӣ, нигоҳдории тартиботи давлатию ҷамъиятӣ, хусусигардонии моликият ва буҷет Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун даъвати панҷум
Қ А Р О Р М Е К У Н А Д:
1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт мутобиқи боби 40 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.
2. Андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул мутобиқи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шаванд.
3. Меъёри андоз аз бизнеси бозӣ барои як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда дар як моҳ тибқи ҷадвали дар замимаи 1 қарор овардашуда муайян карда шавад.
4. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалаҳои аҳолинишини ҳудуди шаҳри Роғун дар як моҳ тибқи ҷадвали дар замимаи 2 қарор овардашуда муайян карда шавад.
5. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун ва Нозироти андоз супориш дода шавад:
-дар муҳлати як моҳ пас аз мавриди амал қарор гирифтани қарори мазкур аз нав баҳисобгирии рекламаҳои мавҷударо ба амал барорад;
-ситонидани андозҳои муқарраргардидаро нисбати ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффитсиентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд.
6. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимӣ Мачлиси вакилони халки шахр оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, қонунгузорӣ, нигоҳдории тартиботи давлатию ҷамъиятӣ, хусусигардонии моликият ва буҷет, андоз ва омор гузошта шавад.
Раиси
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Роғун Б. Иброҳим
Замима
Зарегистрировано
Министерством юстиции Республики Таджикистан
от 15 мая 2018 года, регистрационный номер 929
ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСА НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ГОРОДА РОГУН
Об установлении норм местных налогов и платежах в городе Рогун 070.030.030.
В соответствии со статьями 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьи 26 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", статьями 6, 262, 309 и раздела 15 Налогового Кодекса Республики Таджикистан, статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", и статьями 79-82 Закона Республики Таджикистан "Об иных обязательных платежах в бюджет", с учётом рекомендации постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов города Рогуна по вопросам защиты прав, законодательства, охраны государственного и общественного порядка, приватизации и городского бюджета, Маджлиса народных депутатов пятого созыва города Рогун,
ПОСТАНОВЛЯЕТ:
1. Установить налог на транспортные средства в соответствии с главой 40 Налогового кодекса Республики Таджикистан.
2. Установить налог на недвижимое имущество, в том числе налог на землю и недвижимые объекты в соответствии с главой 41 Налогового кодекса Республик Таджикистан.
3. Определить месячный размер налогообложения с единицы зарегистрированного объекта игрового бизнеса в соответствии с приложением 1 (прилагается).
4. Установить месячный размер обязательных платежей для размещения загородных реклам организациям и предприятиям, индивидуальным предпринимателям, другим хозяйственным субъектам на проезжую автомобильную дорогу общего пользования и населённым пунктам города Рогун в соответствии с приложением 2 (прилагается):
5. Обязать орган государственной власти города Рогуна и Налоговую инспекцию:
- в течении месяца после утверждения данного постановления провести инвентаризацию имеющихся реклам и одновременно осуществлять последующее размещение загородных реклам в соответствии с действующими законами Республики Таджикистан;
- взимать установленные налоги за размещение загородных реклам с учётом урегулированного коэффициента.
6. Данное постановление представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
7. Контроль за исполнение данного постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов города Рогун "По вопросам защиты прав, законодательства, охраны общественного и государственного порядка, приватизации имущества, бюджета и налоговой инспекции".
Председатель
Маджлиса народных депутатов города Рогун Билол Иброхим
г. Рогун, от 29 декабря 2017 года, №44
*Приложение прилагается в оригинале