Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
18 майи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 930
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз "12" апрели соли 2018 № 45 ш. Душанбе
Дар бораи тасдиқ намудани Феҳрасти ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои қарзии исломӣ
070.170.010.
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" ва моддаи 47 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Феҳрасти ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои қарзии исломӣ, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С. С. гузошта шавад.
Раиси Раёсат Ҷ. Нурмаҳмадзода
Замима
Зарегистрировано
Министерством юстиции Республики Таджикистан
от 24 мая 2018 года регистрационный номер 545-г
ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА
Об утверждении Реестра балансовых счетов для исламских кредитных организаций 070.170.140.
В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правление Национального банка Таджикистана п о с т а н о в л я е т:
1. Утвердить Реестр балансовых счетов для исламских кредитных организаций (прилагается).
2. Данное постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
3. Уполномочить Департамент банковского надзора при государственной регистрации данного постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан при необходимости вносить в текст его приложения изменения и дополнения редакционного характера, не изменяющие его содержание.
4. Исполнение пункта 2 данного постановления возложить на Секретаря Правления, Департамент банковского надзора, Юридический отдел и Отдел прессы.
5. Контроль за исполнением данного постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Икроми С. С.
Председатель Правления Дж. Нурмахмадзода
г. Душанбе, от 12 апреля 2018 г., №45
* Приложение прилагается в оригинале