Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 майи соли 2018 ба қайди давлвтӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 545 "г"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
24 майи соли 2018 ба қайди давлвтӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 545 "г"
Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
аз "12" апрели соли 2018 № 44 ш. Душанбе
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №171 "Дар бораи кушодан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №171 "Дар бораи кушодан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011, №74 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 июни соли 2011, №545 "а" ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шаванд (замима мегардад).
2.Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақай дгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи он тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С. С. гузошта шавад.
...