Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Вилояти Хатлон аз 28 декабри соли 2017 № 177 Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

6 апрели соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 924

 

азҚАРОРИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 28 декабри соли 2017 № 177 шаҳраки Москва

Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

070.030.030

Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳалии Ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 26, 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва моддаҳои 6, 262, 309 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо назардошти таклифи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

ҚАРОР МЕКУНАД :

1. Меъёрҳои андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт мутобиқи боби 40 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шавад.

2. Меъёрҳои андозҳо аз молу мулки ғайриманқулқ, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи боби 41 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

3. Дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ меъёрҳои андоз аз бизнеси бозӣ барои як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда дар як моҳ тибқи ҷадвали замимагардида муайян карда шавад.

4. Меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқи дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар як моҳ ба андозаҳои зайл муқаррар карда шавад :

- ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 метри мураббаъ то масоҳати 18 метри мураббаъ ба андозаи 10 сомонӣ ;

- ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 метри мураббаъ зиёда аз масоҳати 18 метри мураббаъ ба андозаи 15 сомонӣ.

Вобаста ба мавқеи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффисиентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шавад :

- дар ҳудуди маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ коэффисиенти 1,0 ;

- дар мавзеҳои дехот коэффисиенти 0.8.

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандӣ ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёри пардохтҳои ҳатмӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо мисли шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанӣ муайян карда шуда, коэффисиентҳои танзимкунандаи зерин муайян карда шавад :

- дар ҳудуди маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ коэффисиенти 2,0 ;

- дар мавзеи берун аз маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ коэффисиенти 1,5.

5. Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Нозироти андози ноҳия супорида шавад, ки :

- азнавбаҳсобгирии рекламаҳои мавҷударо анҷом дода, ҳамзамон ҷойгиркунии минбаъдаи рекламаҳои беруниро тибқи қонун ва қарорҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд ;

- ситонидани пардохтҳои муқарраргардидаро нисбати ҷойгиркунонии рекламаҳои берунӣ вобаста бо коэффисиентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд ;

- фаъолияти субъектҳои бо паҳнкунии реклама машғулбударо мавриди таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оид ба паҳнкунии реклама дар ҳудуди ноҳия ва мавзеи берун аз ноҳияро санҷида, раванди иҷозатдиҳиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.

6. Қарори мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

7. Қарори Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия аз 29 декабри соли 2016, № 138 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳалӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ" аз эътибор соқит дониста шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳия оид ба масъалаҳои буҷет, савдо, нарх, хизматрасонӣ ва меҳнат ва Нозироти андози ноҳия вогузор карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси вакилони ҳалқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ А. Вализода

 

Замима

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 6 апреля 2018 года, регистрационный номер 924

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСА НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ РАЙОНА МИР САЙИД АЛИИ ХАМАДОНИ

Об установлении норм местных налогов и платежах в районе Мир Сайид Алии Хамадони 070.030.030

В соответствии со статьями 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьей 26, 57 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", сататьи 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", статьей 79-82 Закона Республики Таджикистан "О иных обязательных платежах в бюджет", статей 6, 262, 308 и 309 и раздела 15 Налогового Кодекса Республики Таджикистан и учитывая предложения постоянной комиссии Маджлиса народных депутатов района Мир Сайид Алии Хамадони по вопросам бюджета, цен, обслуживания и труда Маджлис народных депутатов района Мир Сайид Алии Хамадони

ПОСТАНОВЛЯЕТ:

1. Установить налог с владельцев на транспортных средств в соответствии с главой 40 Налогового Кодекса Республики Таджикистан.

2. Нормативы налога на недвижимое имущество, в том числе земельный налог и налог на объектов недвижимого имущества установить на основании главы 41 Налогового Кодекса Республики Таджикистан.

3. На территории раойна Мир Сайи Алии Хамадони размер налога с игорного бизнеса на каждый налогооблагаемый зарегистрированный вид объекта установить на месяц в соответствии с прилагаемой таблицей к данному постанавлению.

4. Нормы обязательных платежей на месяц для размещения наружной рекламы для физических и юридических лиц на перекрёстках автомобильных дорог общего пользования и населённых пунктах территории района Мир Сайи Алии Хамадони установить в следующих размерах:

- за установление простых рекламных объектов (без использования современных технологий) на 1 квадратный метр в площаде до 18 квадратных метров в размере 10 сомони ;

- за установление рекламных объектов (без использования современных технологий) на 1 квадратный метр в площаде более 18 квадратных метров в размере 15 сомони.

В связи с местонахождением рекламы установить следующие регулирующие коэффициенты :

- в центре района Мир Сайид Алии Хамадони - коэффициент 1,0 ;

- в сельской местности - коэффициент 0,8. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и юридических иностранных лиц при использовании рекламных объектов установить размер объязательных платежей для расположения рекламы такой же как предприятиям, и учреждениям, физическим лицам - предпринимателям и другим субъектам отечественных хозяйств определить регулирующие коэффициенты;

- на территории центра района Мир Сайид Алии Хамадони - коэффициент 2,0 ;

- за пределами центра района Мир Сайид Алии Хамадони - коэффициент 1,5. 5.

Поручить местный исполнительный орган государственной власти района Мир Сайид Алии Хамадони и налоговую инспекцию района :

- перерегистрировать существующие рекламные объекты и одновременно установить дальнейщее размещение внешней рекламы в соответствии с действующими законами и постановлениями Республики Таджикистан ;

- организовать сбор установленных платежы по расположению наружной рекламы в зависимости от упорядоченных коэффициентов ;

- анализировать деятельность субъектов, занимающихся распространением рекламы, изучить документов по распространению рекламы на территории района и за пределами района, обеспечить процесс разрещения согласно с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

6. Данное постановление представить на государственную регистрацию в Министерство юстиции Республики Таджикистан и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

7. Признать утратившим силу Постановление Маджлиса народных депутатов района от 29 декабря 2016 года, № 138 "Об установлении нормативов налога и других обязательных платежей в районе Мир Сайид Алии Хамадони ".

8. Контроль за выполнением настоящего постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района по вопросам бюджета, торговли, цен, обслуживания и труда и налоговую инспексцию района Мир Сайид Алии Хамадони.

Председатель

Маджлиса народных депутатов района

Мир Сайид Алии Хамадони    А. Вализода

пос. Москва, от 28 декабря 2017 года, №177

*Приложении прилагается в оригинале