Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод аз 29 декабри соли 2017 № 6 "Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Тоҷикобод"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 марти соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 768 "а"

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД

ҚАРОР

аз 29 декабри 2017 № 6 шаҳраки Тоҷикобод

Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои маҳаллӣ дар ноҳияи Тоҷикобод

Мутобиқи моддаҳои 8 ва 9-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 26, 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқукӣ", моддаҳои 6, 262, 308, 309 ва фасли 15 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи реклама", моддаҳои 79-82 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет" ва бо назардошти пешниҳоди Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба иқтисодиёту буҷет ва андоз, Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод қарор мекунад:

1. Андоз аз воситаҳои нақлиёт, аз молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла андози замин ва андоз аз объектҳои ғайриманқул, мутобиқи талаботи бобҳои 40 ва 41-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

2. Дар ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод маблағи андоз аз бозиҳои бизнесӣ барои як воҳиди объекти андозбандии бақайдгирифташуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда шуда, тибқи ҷадвали замимагардида муайян карда шавад: (замима мегардад)

3. Меъёри пардохтҳои маҳаллӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳои берунӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар гардишгоҳҳои роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди ноҳияи Тоҷикобод ба андозаи зерин муқаррар карда шаванд:

- ҷойгиркунии объектҳои рекламавии оддӣ (бе истифодаи технологияи муосир) барои 1 м2 ба андозаи 15 сомонӣ;

- ҷойгиркунии объектҳои рекламавӣ (бо истифодаи технологияи муосир) барои 1 м2 ба андозаи 30 сомонӣ:

4. Вобаста ба мавқеи ҷойгиркунии рекламаҳо коэффитсиентҳои зерини танзимкунанда муайян карда шавад:

- дар ҳудуди маркази ноҳияи Тоҷикобод коэффитсиенти 1,3;

- дар мавзеи берун аз маркази ноҳияи Тоҷикобод коэффитсиенти 1,0;

1. Барои шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд ва шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ҳангоми истифодабарии объектҳои рекламавӣ меъёри пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ барои ҷойгиркунии рекламаҳо мисли шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян карда шуда, коэффитсиентҳои танзимкунандаи зерин муқаррар карда шавад:

- дар ҳудуди маркази ноҳияи Точикобод коэффитсиенти 3,0;

- дар мавзеи берун аз маркази ноҳияи Точикобод коэффитсиенти 2,0;

2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод вазифадор карда шавад, ки дар мувофиқа бо Нозироти андози ноҳия:

- ҷойгиркуни рекламаҳои беруниро тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;

- ситонидани пардохтҳои муқарраргардидаро нисбат ба ҷойгиркунонии рекламаҳои берунӣ вобаста ба коэффитсиентҳои танзимкунанда ба роҳ монанд;

- фаъолияти субъектҳои ба паҳнкунии реклама машғулбударо мавриди таҳлил қарор дода, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ оид ба паҳнкунии реклама дар ҳудуди ноҳия ва мавзеъи берун аз ноҳияро санҷида, раванди иҷозатдиҳиро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд.

4. Қарори мазкур барои ба қайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

5. Қарори мазкур пас аз ба қайди давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

6. Қарори мазкур дар рӯзномаи ноҳиявии "Паёми Тоҷикобод" интишор карда мешавад.

7. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод аз 8 июли соли 2014, № 7 Дар бораи муқаррар намудани меъёри андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 октябри соли 2014 таҳти № 768 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст аз эътибор сокит дониста шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Точикобод оид ба масъалаҳои иктисодиёту буҷет ва андози ноҳияи Тоҷикобод вогузор карда шавад.

 

Раиси

Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод Нодираи Маҳмадисо

 

Замима

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 28 марта 2018 года, регистрационный номер 768 "а"

РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН МАДЖЛИС НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ТАДЖИКАБАДСКОГО РАЙОНА

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об установлении нормы местных налогов и платежей в Таджикабадском районе

В соответствии со статьями 8 и 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьями 26 и 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", статьями 6, 262, 308 и разделом 15 Налогового Кодекса Республики Таджикистан, статьей 14 Закона Республики Таджикистан "О рекламе", статьями 79 - 82 Закона Республики Таджикистан "О обязательных платежах в бюджет" и с этим предложением постоянной Комиссии Маджлиса народных депутатов и общественности бюджет района по экономике и налоговой, Маджлис народных депутатов Таджикабадского района постановляет:

1. Налог на транспортные средства, недвижимое имущество, в том числе земельный налог и налога на объекты недвижимости, установить в соответствии с требованиями глав 40 и 41 Налогового Кодекса Республики Таджикистан.

2. На территории Таджикабадского района суммы налога, для игроного бизнеса с единицы объекта налогообложения зарегистрированного уполномоченным государственным органом, определять согласно таблицы. ( прилагается)

3. Ставка на местных автомобильных дорог для размещения рекламы на внешних платежей юридических и физических лиц, на территории общего пользования населённых пунктов Таджикабадского района установить следующих размеры:

- размещение обычных рекламных объектов (без использования современных технологий) 15 сомони за 1 квадратный метр;

- размещение рекламы объектов (с использованием современных технологий) в размере 20,0 сомони за 1 квадратный метр.

4. В зависимости от позиции регулирующих размещение рекламы определить следующие коэффициенты:

- на территории центра Таджикабадского района коэффициент 1,3;

- за переделами центра Таджикабадского района коэффициент 1,0;

5. Для иностранных граждан, лиц без гражданства и юридических иностранных лиц как и при использовании рекламы, для размещения объектов местной рекламы как физическим, так и юридическим лицам, определить следующие регулирующие коэффициенты:

- на территории центра Таджикабадского района коэффициент 3,0;

- за переделами центра Таджикабадского района коэффициент 2,0;

6. Обязать исполнительных орган государственной власти Таджикабадского района по согласованию налоговой инспекцией Таджикабадского района выполнят следующее:

- установить размещении наружной рекламы в соответствии с действующими законами Республики Таджикистан;

- взыскать установленные платежи по отношению к размещениям наружной рекламы согласно с регулирующих коэффициентов;

- анализировать деятельность субъектов, занимающихся распространением рекламы изучить разрешающие документы по распространению рекламы на территории района и за пределами района обеспечить процесс разрешения согласно нормативных правовых актов Республики Таджикистан.

7. Представить настоящее постановление, для регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.

8. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования

9. Осуществить публикацию настоящего постановления местной районной газетой "Паёми Точикобод".

10. Постановление Маджлиса народных депутатов Таджикабадского района от 8 июля 2014 года, № 7 " Об установлении нормы местных налогов и платежах в Таджикабадского района" считать утратившими силу.

11. Контроль за выполнением настоящего постановления возложить на постоянные комиссии Маджлиса народных депутатов Таджикабадского района по вопросам экономики, бюджета и налогов Таджикабадского района

Председатель

Маджлиса народных депутатов

Таджикабадского района   Нодираи Махмадисо

п. Таджикабад,

 от 29 декабря 2017 года, №6

*Приложение прилагается в оригинале