Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" ноябри соли 2018, № 532
Тартиби арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист
1. Тартиби мазкур арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро бо дар назар доштани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
2. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои зерин гузаронида мешавад:
- лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои барномавии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ;
- лоиҳаҳои нақшаҳои маҷмӯии давлатӣ ва минтақавии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи сарватҳои табиӣ;
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (шаҳрсозӣ);
- ҳуҷҷатҳои пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавӣ-сметавии (лоиҳа, лоиҳаи корӣ) сохтмони объектҳои нав, таҷдид, васеъкунӣ, азнавтаҷҳизонии техникӣ, шаклдигаркунии истеҳсолот, муваққатан хобондан ва барҳам додани корхонаҳои амалкунанда;
- лоиҳаҳо оид ба бунёди ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда, вориду дигаргунсозии намудҳои бегона (интродуксия)-и олами набототу ҳайвонот, ҳифзу нигаҳдошти гуногунии биологӣ ва чорабиниҳои дигари ҳифзи муҳити зист.
3. Ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист масъалаҳои зерин муҳокима карда мешаванд:
- лоиҳаи объекти банақшагирифта;
- саҳеҳият ва асоснокии илмии мавод, ки ба маводи арзёбии таъсиррасонӣ ворид карда мешавад;
- уҳдадории фармоишгар ҷиҳати ба ҳамаи иштирокчиёни арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фароҳам овардани шароит барои сари вақт гирифтани иттилооти пурра ва саҳеҳ;
- баҳисобгирии муқаррароти Конвенсия оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти байнисарҳадӣ (Конвенсияи Эспо), агар фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташуда таъсири байнисарҳадӣ дошта бошад.
4. Бо дар назар доштани дараҷаи хатарнокии объектҳо барои таҳияи ҳисобот оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист таҳқиқоти экологӣ оид ба арзёбии таъсиррасонии объекти банақшагирифташаванда ба қисматҳои зерини муҳити зист гузаронида мешавад:
- арзёбии таъсиррасонии эҳтимолӣ ба ҳавои атмосфера;
- арзёбии таъсиррасонии акустикӣ;
- арзёбии таъсиррасонии фаъолияти банақшагирифташаванда ба обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ;
- арзёбии таъсиррасонии эҳтимолӣ ба қабати хокӣ ва набототӣ;
- арзёбии таъсиррасонии рекреатсионӣ ба ҳудудҳои ҳамшафат;
- таҳияи чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, ки барои кам кардани оқибати нохуб мусоидат менамоянд.
5. Ҳангоми арзёбии пешакии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фармоишгар иттилоотро оид ба фаъолияти банақшагирифташаванда бо дар назар доштани мақсад ва муҳлати амалӣ намудани он, мутобиқати он ба барномаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ, маҳалли пешбинишудаи ҷойгиронии он, ҳамчунин оид ба ҳолати муҳити зист ва таъсиррасонии эҳтимолӣ ба муҳити зист ба он ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти банақшагирифташуда сабт менамояд.
6. Дар рафти арзёбии пешакӣ фармоишгар (иҷрокунанда) аҳли ҷомеаро оид ба фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташуда огоҳ месозад. Иттилоот дар нашрияҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ҳудуде, ки амалишавии лоиҳа пешбинӣ мегардад, ҳамчунин ҳудуде, ки фаъолияти банақшагирифташуда метавонад таъсир расонад, чоп мешавад. Иттилоот маълумотро дар бораи ҷойҳои дастрас намудани иттилоот ва баргузории машваратҳо, усулҳои огоҳсозии ҷомеа (аз ҷумла тавассути сомонаҳои интернетӣ, почта, воситаҳои ахбори омма, ташкили муҳокимаҳо, истифодабарии расмҳо, ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва воситаҳои дигар), тарзу услуби машваратгузаронӣ бо шаҳрвандон (аз ҷумла дар шакли муҳокимаи пешниҳодҳои хаттӣ, натиҷаҳои пурсиши аҳолӣ), инчунин муҳлатҳоро барои марҳилаҳои дахлдори арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар бар мегирад.
7. Фармоишгар дар асоси натиҷаҳои арзёбии пешакии таъсиррасонӣ супоришоти техникиро барои гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист тартиб медиҳад, ки он дорои маълумоти зерин мебошад:
- ном ва суроғаи фармоишгар (иҷрокунанда);
- муҳлат, усулҳо ва вазифаҳои асосии гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;
- таркиб ва мундариҷаи пешбинишавандаи маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист.
8. Ҳангоми тартиб додани супоришоти техникӣ фармоишгар талаботи мақоми ваколатдор дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин нуқтаи назари иштирокчиёни дигари раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро ба инобат мегирад.
9. Дар асоси арзёбии пешакӣ ва супоришоти техникӣ хударзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташуда ба муҳити зист гузаронида шуда, ҳисобот омода карда мешавад.
10. Субъекти фаъолияти хоҷагидорӣ ё иҷрокунандаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист варианти пешакии маводи арзёбиро барои шиносоии аҳли ҷомеа, гирифтани эроду пешниҳодоти хаттии шаҳрвандон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешниҳод намуда, баъди муҳокимаи ҷамъиятӣ онҳоро ба маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳамроҳ намуда, сабт менамояд.
11. Бо дар назар доштани эроду пешниҳодоти воридгардида, варианти ниҳоии маводи (маҷмӯи ҳуҷҷатҳои) арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист тартиб дода мешавад. Фармоишгар дастрасии аҳли ҷомеаро ба варианти ниҳоии мавод дар давоми тамоми муҳлат аз лаҳзаи тасдиқи он ва то қабули қарор оид ба амалисозии фаъолияти банақшагирифташуда таъмин менамояд.
12. Ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фармоишгар (иҷрокунанда) истифодаи иттилооти ибтидоии пурра ва саҳеҳ, восита ва усулҳои ченкунӣ, ҳисобҳо, арзёбиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад. Дараҷаи тафсилот ва пуррагии гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯи хусусиятҳои хоси фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташаванда ва дигар фаъолият муайян карда шуда, барои муайянкунӣ ва арзёбии оқибатҳои имконпазири экологӣ ва ба он вобастаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар оқибатҳои амалисозии фаъолияти банақшагирифташуда бояд кофӣ бошад.
13. Агар ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист норасоии иттилооте, ки барои расидан ба мақсади арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва ё омили номуайянӣ нисбати таъсироти имконпазир зарур аст, ошкор гардад, фармоишгар гузаронидани таҳқиқотҳои иловагии барои қабули қарор зарурро ба нақша мегирад, инчунин дар маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барномаи мониторинги экологӣ ва назоратро, ки ба бартараф кардани норасоиҳо оид ба ин номуайяниҳо нигаронида шудааст, муайян мекунад.
14. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои объект дар умум гузаронида мешавад. Ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои марҳилаҳои корӣ аз рӯи объект дар алоҳидагӣ дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҷудошаванда, зинаҳои сохтмон ва маҷмааҳои бакорандозӣ роҳ дода намешавад.
15. Варианти ниҳоии мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби фармоишгар тасдиқ шуда, барои истифодабарӣ дар омода намудани ҳуҷҷатҳои асосноккунӣ супорида мешавад ва дар таркиби он ба экспертизаи давлатии экологӣ, инчунин экспертизаи ҷамъиятии экологӣ (агар чунин экспертиза гузаронида шавад) пешниҳод карда мешавад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" ноябри соли 2018, № 532
Таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯи гурӯҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист
1. Манбаъҳои антропогении асосии ифлоскунии муҳити зист чунин тасниф меёбанд:
- неругоҳҳои ҳароратӣ ҳавои атмосфераро бо партовҳое, ки дар таркибашон ангидриди сулфур, дуоксиди сулфур, оксидҳои нитроген, дуда, чанг ва хокистари дорои намакҳои металҳои вазнин ифлос мекунанд;
- корхонаҳои металлургияи сиёҳ;
- металлургияи ранга, ки ҳавои атмосфераро бо пайвастагиҳои металҳои ранга ва вазнин, буғи симоб, ангидриди сулфур, оксидҳои нитроген, карбон ва ғайраҳо ифлос мекунад;
- саноати мошинсозӣ ва коркарди метал. Партовҳои ин корхонаҳо аэрозоли пайвастагиҳои металҳои ранга ва вазнин, аз ҷумла буғи симоб доранд;
- саноати коркарди нафт ва нафту химия, ки манбаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо сулфидҳо, ангидриди сулфур, оксиди карбон, аммиак, карбогидридҳо ва бензапирен мебошанд;
- корхонаҳои химияи органикӣ. Ин корхонаҳо манбаи миқдори калони партовҳои моддаҳои органикӣ мебошад, ки дорои таркиби мураккаби химиявӣ, кислотаи хлорид, пайвастагиҳои металлҳои вазнин, дуда ва чанг ҳастанд;
- корхонаҳои химияи ғайриорганикӣ. Партовҳо аз ин корхонаҳо дорои оксиди сулфур ва нитроген, пайвастагиҳои фосфор, хлори озод ва сулфидҳо ҳастанд;
- нақлиёти автомобилӣ. Қонунияти ҷуғрофии паҳншавии ифлоскунандаҳо, ки аз онҳо ба вуҷуд меоянд, аз шакли шабакаи шоҳроҳҳо ва шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, ҳамчунин адади зиёди чорроҳаҳо, ки дар онҳо нақлиёт муддати муайян бо муҳаррики коркунанда меистад.
2. Тибқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда вобаста ба моҳияти таъсири экологӣ ҳамчун объекти арзёбӣ ба гурӯҳҳои "А", "Б", "В" ва "Г" ҷудо гардида, салоҳияти гузаронидани экспертизаи экологӣ оид ба объекти арзёбии гурӯҳҳои "А", "Б", "В" ба зиммаи мақоми ваколатдори ҷумҳуриявӣ ва объекти арзёбии гурӯҳи "Г" ба зиммаи мақомоти вилоятии ҳифзи муҳити зист гузошта мешавад.
3. Ба объектҳои гурӯҳи "А" шомил мешаванд:
- шоҳроҳҳо, роҳҳои оҳан, шоҳроҳҳои суръатбаланд, нақбҳо ва терминалҳои мошинҳои боркаши таъиноташон ҷумҳуриявӣ;
- фурудгоҳҳои хатти парвозашон 2100 метр ва зиёда аз он;
- анборҳои нафт ва маҳсулоти нафтии гурӯҳҳои I ва II;
- обанборҳои ҳаҷмашон аз 200 млн м3 зиёд;
- фабрикаҳои маъдантозакунии кӯҳӣ бо иқтидори истеҳсолиашон аз 500 ҳазор тонна маъдан зиёд дар як сол;
- партовгоҳҳои партовҳои сахти маишии шаҳрӣ (барои шаҳрҳои шумораи аҳолиашон аз 200 ҳазор нафар зиёд);
- неругоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори аз 300 МВт зиёд;
- истихроҷи ашёи хоми маъданӣ ва кӯҳию химиявӣ бо ҳаҷми ҷинсҳои кӯҳии 200 млн м3/сол ва зиёда аз он, рекултиватсияи карйерҳои дар натиҷаи истихроҷ бавуҷудомада;
- истихроҷи захираҳои сӯзишворӣ (нафт, газ, ангишт ва ғайра);
- заводҳои металлургияи сиёҳ ва ранга;
- корхонаҳои пӯсту чарм;
- иншооти тозакунандаи канализатсионии иқтидорашон зиёда аз 200 ҳазор м3 дар як шабонарӯз;
- хатти баландшиддати интиқоли барқи таъиноти ҷумҳуриявӣ ва байнидавлатӣ;
- хатҳои магистралии қобилияти обгузарониашон зиёда аз 50 м3/сония ва коллекторҳо бо сарфи лоиҳавию ҳисоби зиёда аз 30 м3/сония;
- саноати мошинсозӣ (ҳавопаймосозӣ, автомобилсозӣ, тракторсозӣ, муҳарриксозӣ ва ғайра);
- ҷойҳои андӯхт ва ё гӯркунии партовҳои заҳрнок, ҳамчунин ҷамъоварии такшинҳо;
- заводҳои партовсӯзонӣ;
- қубурҳои нафт/ гази таъиноти ҷумҳуриявӣ ва байнидавлатӣ;
- корхонаҳои коркарди нафту газ;
- сарбандҳои гурӯҳҳои I ва II;
- анборҳои зеризаминии нигоҳдории газ;
- партовгоҳҳои моддаҳои радиоактивӣ ва ишқоркунонии зеризаминӣ;
- корхонаҳои истифодабарандаи технологияи ишқоркунонии тӯдагӣ;
- корхонаҳои коркарди партовҳои дорои хатарнокии гурӯҳҳои I ва II;
- корхонаҳои истифодабарандаи биотехнология;
- истеҳсоли аккумулятор, қисматҳо ва батареяи галваникӣ;
- истеҳсоли асбест (сангпахта) ва маҳсулоти асбестӣ;
- истеҳсоли семент бо иқтидори камтар аз 1 млн тонна;
- истеҳсол ва нигоҳдории моддаҳои тарканда;
- истеҳсоли таҷҳизот ва ё дастгоҳҳое, ки дар таркибашон моддаҳои заҳрнок дошта, тибқи шартномаҳои байналмилалӣ танзим карда мешаванд;
- истеҳсол, истифода ва нигоҳдории моддаҳои радиоактивӣ (изотопҳо);
- истеҳсоли резин ва маҳсулоти резини техникӣ;
- истеҳсоли шишаи дорои омехтаҳои заҳрнок;
- истеҳсоли семент бо иқтидори 1 млн тонна ва бештар аз он;
- рекултиватсияи полоишгоҳҳои партовҳои заҳрнок;
- анборҳои нигоҳдории пеститсидҳои (заҳрхимикатҳои) таъиноти ҷумҳуриявӣ;
- неругоҳҳои ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳои сӯзонанда бо иқтидори ҳароратии 300 МВт ва зиёда аз он;
- завод ва фабрикаҳои дорубарорӣ;
- муҷтамаъ ва заводҳои химиявӣ;
- анборҳо барои гӯронидани пеститсидҳои мамнӯъ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ва зарфҳои холии онҳо.
4. Ба объектҳои гурӯҳи "Б" шомил мешаванд:
- роҳҳои автомобилгарди дорои аҳамияти вилоятӣ;
- заводҳои асфалту бетонбарорӣ;
- фурудгоҳҳои хатти парвозашон то 2100 метр;
- базаи нафту маҳсулоти нафтии гурӯҳи III;
- пармакунии чоҳҳои нафту газдор;
- иншооти гидротехникии обгирӣ ва пармакунии чоҳҳои амудии обҳои зеризаминии таъиноти байнивилоятӣ;
- обрасонии таъиноти ҷумҳуриявӣ ва байнивилоятӣ;
- обанборҳои ҳаҷмашон то 200 млн м3;
- неругоҳҳои барқии обии иқтидорашон 30 МВт ва камтар аз он;
- партовгоҳҳои шаҳрии партовҳои маишӣ (барои маҳалҳои аҳолинишин бо шумораи аз 100 то 200 ҳазор нафар);
- фабрикаҳои маъдантозакунии кӯҳии иқтидори истеҳсолиашон то 500 ҳазор тонна;
- депоҳои роҳи оҳан;
- истихроҷи ашёи хоми кӯҳию маъданӣ химиявӣ бо ҳаҷми ҷинсҳои кӯҳӣ то 1 млн м3/сол ва рекултиватсияи карйерҳои дар натиҷаи истихроҷ ҳосилшуда;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул дар ҳаҷми зиёда аз 30 ҳазор м3 як сол;
- роҳҳои оҳани таъиноти идоравӣ;
- комплексҳои чорводорӣ;
- иншооти тозакунии канализатсионӣ бо иқтидори аз 50 то 200 ҳазор м3/шабонарӯз;
- комплексҳои истеҳсоли маҳсулоти хурокворӣ ва иловагиҳои биологӣ;
- хатҳои интиқоли барқии таъиноти вилоятӣ;
- саноати нахресӣ;
- воридоту нигоҳдории пеститсидҳо (заҳрхимикатҳо) ва нуриҳои минералӣ;
- хатҳои магистралӣ бо иқтидори обгузаронии аз 30 то 50 м3/сония ва коллекторҳои сарфи лоиҳавӣ-ҳисобии зиёда аз 15 то 30 м3/сония;
- комбинат ва фабрикаҳои мебелбарорӣ;
- комбинатҳои ордбарорӣ;
- заводҳои коркарди партовҳо;
- қубурҳои нафт/ гази дорои аҳамияти вилоятӣ;
- азхудкунии заминҳои нав дар майдони зиёда аз 100 гектар;
- сарбандҳои гурӯҳҳои III ва IV;
- корхонаҳои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ;
- корхонаҳои рангубор ва локзании пӯст;
- корхонаҳои коркарди ашёи хоми пахта;
- корхонаҳои рангуборкунии матоъ ва коғаз бо локи ҳаҷмаш 300 т/сол;
- корхонаҳои коркарди партовҳои дорои хатарнокии гурӯҳи III;
- корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, ба ғайр аз истеҳсоли асбест ва семент;
- истеҳсоли маҳсулоти тамоку;
- истеҳсоли коғаз ва картон;
- истеҳсоли плитаҳои чӯбию парағагӣ ва чӯбию нахӣ;
- истеҳсоли нахи шишагӣ;
- истеҳсоли газҳои инертӣ;
- истеҳсоли маводи косметикӣ;
- истеҳсоли рангкунандаҳо;
- истеҳсоли маҳсулоти полимерӣ ва маводи синтетикӣ;
- истеҳсоли дастгоҳҳои электротехникӣ;
- фабрикаҳои ресмонресӣ ва бофандагии дорои сехҳои рангкунӣ ва ороишӣ;
- фабрикаҳои парандапарварӣ;
- ҷустуҷӯй ва иктишофи канданиҳои фоиданоки марбут ба коркарди кӯҳӣ;
- саноати радиотехника ва электронӣ;
- таҷдид ва беҳдошти мелиоративии заминҳои обёришавандаи куҳна бо масоҳати зиёда аз 1000 гектар;
- анборҳои нигоҳдории пеститсидҳои (заҳрхимикатҳои) таъиноти вилоятӣ;
- неругоҳҳои ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳои сӯзонанда бо иқтидори ҳароратии аз 100 то 300 МВт;
- корхонаҳои бофандагӣ;
- саноати коркарди пахта;
- истеҳсоли пеститсидҳо (заҳрхимикатҳо) ва агрокимиёҳо.
5. Ба объектҳои гурӯҳи "В" шомил мешаванд:
- роҳҳои автомобилгарди таъиноти маҳаллӣ;
- нуқтаҳои таъмири автомобилҳо, паркҳои автомобилӣ;
- нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории нафт ва газ;
- пойгоҳҳои бунёдӣ барои алоқаи мобилӣ;
- иншооти гидротехникии обгирӣ ва пармакунии чоҳҳои амудии обҳои зеризамини таъиноти маҳаллӣ;
- иншооти обрасони таъиноти вилоятӣ ва ноҳиявӣ;
- хатҳои интиқоли гази таъиноти шаҳракӣ;
- истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул бо ҳаҷми камтар аз 30 ҳазор м3 дар як сол;
- шаҳракҳои истироҳатӣ ва маҷмааи меҳмонхонаҳо;
- анборҳои ғалланигоҳдорӣ;
- хоҷагиҳо оид парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ;
- иншооти тозакунии корезӣ бо иқтидори камтар аз 50 ҳазор м3/шабонарӯз;
- фабрикаҳои қолинбарорӣ;
- сехҳои хурди шаробпазӣ ва истеҳсоли нӯшокиҳои ферментдор;
- сехҳои хурди истеҳсоли масолеҳи гилӣ ва маводи сохтмонӣ;
- сехҳои хурди коркарди пӯст;
- хатҳои магистралии иқтидори обгузарониашон камтар аз 100 м3/сония ва коллекторҳои сарфи лоиҳавӣ-ҳисобии камтар аз 20 м3/сония;
- неругоҳҳои барқи обии хурд (бо иқтидори камтар аз 30 Мвт);
- саноати гӯшт (забҳ ва коркард);
- анборҳои маҳсулоти нафтии корхонаю ташкилотҳо;
- азхудкунии заминҳои нави масоҳаташон то 100 гектар;
- коркард ва консервакунонии маҳсулоти кишоварзӣ;
- партовгоҳҳои партовҳои маишӣ барои маҳалҳои аҳолинишини шумораашон камтар аз 100 ҳазор нафар;
- корхонаҳои коркарди маҳсулоти рӯшноиҳискунанда;
- корхонаҳои коркарди пашм;
- корхонаҳои коркарди партовҳои дорои хатарнокии гурӯҳи IV;
- корхонаҳои коркарди нахи пахта;
- корхонаҳои рангубори кимиёвии матоъ ва коғаз бо локи ҳаҷми истеҳсолаш то 300 т/сол;
- муассисаҳои хӯроки умумӣ бо зиёда аз 50 ҷои нишаст;
- корхонаҳои истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ;
- коргоҳҳои истеҳсоли асфалту бетон дар дастгоҳҳои ғайристатсионарӣ;
- коргоҳҳои истеҳсолоти масолеҳи ороишие, ки дар сохтмон истифода бурда мешаванд;
- коргоҳҳои истеҳсоли пойафзол;
- коргоҳҳои истеҳсоли хӯрокаи омехтаи чорво;
- коргоҳҳои истеҳсоли собун;
- коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулот аз шишае, ки партовҳои заҳрнок надорад;
- коргоҳҳои истеҳсоли мебел;
- коргоҳҳои истеҳсолоти маҳсулоти чиниворӣ ва кулолӣ;
- коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, тиллокорию оҳангарӣ ва рӯйбаст бо металҳои қиматбаҳо;
- фабрикаҳои ресандагӣ ва бофандагии бе рангуборкунӣ ва сафедкунӣ;
- фермаҳои парандапарварӣ, чорвои калони шохдор, асппарварӣ ва гӯсфандпарварӣ;
- таҷдид ва беҳдошти мелиоративи заминҳои корам дар майдони аз 100 то 1000 гектар;
- таъмири муҳаррик ва мошинҳо, аз он ҷумла рангубори онҳо;
- таъмири маҳсулоти резинӣ-техникӣ бо таъмири шина;
- хоҷагиҳои моҳипарварӣ, аз он ҷумла коркарди моҳӣ;
- бозорҳо бо зиёда аз 50 ҷойи нишаст;
- сохтмони биноҳои баландошёна бо ҷойгиронии инфрасохторҳои гуногун;
- васлкунӣ ва таъмири асбобҳои барқӣ;
- анборҳои маҳсулоти кишоварзӣ;
- анбори заҳрхимикатҳои таъиноти ноҳиявӣ;
- объектҳои махсуси ҳифзи ҳуқуқ;
- матбааҳо;
- гармхонаҳо ва парвардахонаҳои дегхонадор;
- истгоҳҳои барқии ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳо барои сӯзонидан бо иқтидори то 100 МВт;
- депоҳои трамвай ва троллейбусҳо;
- фабрикаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ;
- нуқтаҳои пахтатайёркунӣ;
- дастгоҳҳои хлоронии об;
- коргоҳҳои нонбарорӣ;
- хушкашӯйҳо;
- яхдонҳои ҳаҷмашон аз 50 тонна зиёд;
- коргоҳ ва устохонаҳои истеҳсол ва таъмири мебел;
- коргоҳи истеҳсоли карбиди калтсий;
- фабрикаҳои чойбаркашӣ;
- коргоҳи истеҳсоли оҳак.
6. Ба объектҳои гурӯҳи "Г" шомил мешаванд:
- ҳаммом ва саунаҳо бе дегхонаи буғӣ;
- иншооти обрасони таъиноти дохилихоҷагӣ;
- табобатхонаҳои байторӣ;
- вулканизатсия (нуқтаҳои таъмири хурди чархҳо);
- мошинсарой ва таваққуфгоҳҳои истифодаи маҳаллӣ;
- қабристонҳо;
- коргоҳҳои хурди қолинбофӣ;
- коргоҳҳои хурди бофандагӣ ва дӯзандагӣ;
- коргоҳҳои хурди истеҳсоли мебел ва таъмири он;
- коргоҳҳои хурди шонакунӣ (коркарди пашм, пахта);
- осиёбҳои хурд;
- коргоҳҳои хурди дудкунии маҳсулоти гӯштӣ ва моҳӣ;
- нуқтаҳои шустушӯи автомобилҳо;
- коргоҳҳои хурди коркарди сангҳои ороишӣ;
- ҳудудҳои табиию истироҳатӣ (ландшафтиву рекреатсионӣ) ва иншоотҳои таъиноти манзилию ҷамъиятӣ, инчунин фарҳангию маишие, ки дегхонаи буғӣ ва иншооти тозакунӣ надошта, ба канализатсия пайваст мебошанд;
- азхудкунии заминҳои дохилихоҷагӣ;
- майдончаҳои муваққатии нигоҳдории партовҳои сахти маишӣ;
- истеҳсоли таҷҳизоти варзишӣ;
- нуқтаҳои қабул ва нигоҳдории пилла;
- ошхонаҳои то 30 ҷойи нишаст;
- бозорҳои камтар аз 30 ҷойи нишаст;
- таҷдид ва беҳдошти мелиоративии заминҳои корами истифодашаванда дар майдони то 10 гектар;
- анборҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
- сохтмон ва таҷдиди шабакаҳои оби дохилихоҷагӣ дар майдони то 10 гектар;
- гармхонаҳо ва парвардахонаҳо (бе истифодаи дегхона), ба ғайр аз гармхонаҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;
- нонвойхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва макаронӣ;
- коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ;
- коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ.
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "1" ноябри соли 2018, № 532
Меъёрҳое, ки дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташавандаро барои муҳити зист муайян мекунанд
1. Ҳамаи объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, вобаста ба дараҷаи чунин таъсиррасонӣ тибқи сархати якуми моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист" ба чор гурӯҳ ҷудо карда мешаванд:
- объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири хеле зиёди номатлуб расонида, ба соҳаи истифодаи технологияҳои дастраси беҳтарин мансубанд ва дар сурати мавҷудияти моддаҳои зарарноки дараҷаи хатарнокиашон 1 ва (ва ё) 2 (аз рӯи меъёрҳои санитарӣ) дар партовҳои обӣ ва партовҳо ба ҳавои атмосфераи муҳити зист партофта мешаванд, ба объектҳои категорияи "А" мансубанд;
- объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири номатлуби миёна мерасонанд ва дар сурати мавҷуд будани моддаҳои зарарноки дараҷаи хатарнокиашон 3 (аз рӯи меъёрҳои санитарӣ) дар партовҳои обӣ ва партовҳо ба ҳавои атмосфераи муҳити зист, объект ба объектҳои категорияи "Б" мансуб аст;
- объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири номатлуби кам мерасонанд ва дар сурати мавҷуд будани моддаҳои зарарноки дараҷаи хатарнокиашон 4 ва (ё) 5 (аз рӯи меъёрҳои санитарӣ) дар партовҳои обӣ ва партовҳо ба ҳавои атмосфераи муҳити зист, объект ба объектҳои категорияи "Б" мансуб аст;
- объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири номатлуби ҷузъӣ мерасонад ва дар сурати мавҷудияти моддаҳои зарарноки дараҷаи хатарнокиашон ба муҳити зист кам аст, объект ба объектҳои категорияи "Г" мансуб аст.
2. Тақсимоти объектҳо ба гурӯҳҳо барои ҳалли як қатор вазифаҳо, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи назорат аз болои объектҳои истеҳсолии хатарнок ва баръакс, паст кардани сатҳи назорати объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири номатлубашон ҷузъӣ, кам кардани хароҷоти беҳудаи иқтисодии корхонаҳо, паст кардани сарбории мақомоти назоратӣ ва ғайраҳо равона карда шудааст.
3. Ба гурӯҳи мувофиқ мансуб донистани объект, ки ба муҳити зист таъсири номатлуб мерасонанд, ҳангоми дар бақайдгирии давлатии объектҳои ба муҳити зист таъсири номатлубрасонанда мондани он амалӣ карда мешавад. Гурӯҳи объект метавонад ҳангоми муҳим гардидани маълумот оид ба объекте, ки ба муҳити зист таъсири номатлуб мерасонад, тағйир дода шавад.
4. Дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташаванда барои муҳити зист ҳангоми шомил намудани объектҳои фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташуда ба дараҷаи хатарнокӣ аз рӯи меъёрҳои дар поён овардашудаи пайдо шудани хавфи таъсиррасонӣ ба муҳити зист муайян карда мешавад:
- аз рӯи масоҳати таъсиррасонӣ;
- таъсир ба ҳудудҳои махсус муҳофизатшаванда;
- истеҳсолоти махсусан хатарнок;
- шиддатнокии таъсиррасонӣ (воридшавии моддаҳои зарарнок дар воҳиди вақт);
- иқтидори қиёсии таъсиррасонӣ (воридшавии моддаҳои зарарнок ба воҳиди масоҳат);
- даврияти таъсиррасонӣ дар вақт (таъсиррасонии номуттасил, бефосила ва якдафъаина);
- давомнокии таъсиррасонӣ (сол, моҳ ва ғайра);
- ҳадди фазоии таъсиррасонӣ (чуқурӣ, андоза ва шакли минтақаи таъсиррасонӣ).
5. Нишондиҳандаҳои асосӣ барои муайян намудани категория:
- таҳлил ва тавсифоти экологии қарорҳои лоиҳавӣ дар доираи вазъи экологии мавҷуда дар ҳудуди баррасишаванда;
- маълумот оид ба ҳолати муҳити зист дар ноҳияи амалишавандаи эҳтимолии фаъолияти пешбинишаванда;
- маҳдудиятҳо оид ба истифодаи сарватҳои табиӣ;
- бамеъёрдарории лоиҳавии сарбории антропогенӣ ва техногенӣ.
6. Ҳангоми муқарраркунии меъёрҳо бояд инҳо ба назар гирифта шаванд:
- дараҷаи таъсиррасонии намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва (ё) дигар фаъолият (соҳа, қисми соҳа, истеҳсолот) ба муҳити зист;
- дараҷаи заҳрнокӣ, хосиятҳои кансерогенӣ ва тағйирёбии биологии моддаҳои зарарноке, ки дар таркиби партовҳо ба ҳавои атмосфера, партовобҳо мавҷуданд, ҳамчунин дараҷаи хатарнокии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ;
- таснифоти объектҳо ва истеҳсолоти саноатӣ.
7. Меъёрҳо барои арзёбии таъсир ба ҳавои атмосфера, муҳити об ва партовҳо чунинанд:
- аҳамияти рутубату ғализии заминавии моддаҳои зарарнок дар ҳавои атмосфера ва муҳити об;
- дурнамои рушди корхона, ҳудуди ҳамшафати аҳолинишин ва минтақаи саноатӣ;
- ҷойгиршавии қитъаҳои маҳалҳои аҳолинишини мавҷуда, осоишгоҳҳо ва минтақаҳои истироҳатии шаҳр;
- ҷойгиршавии майдончаҳои саноатӣ;
- хусусиятҳои физикӣ-ҷуғрофӣ ва иқлимии маҳалҳо;
- барӯйхатгирии манбаъҳои ифлоскунӣ дар объектҳои тарҳрезишаванда.