Низомномаи тартиби ташкил ва хароҷоти маблағи Фонди эҳтиётии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 1998, № 328

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2011 № 602 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 сентябри соли 1998 № 328

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 сентябри соли 1998 № 328

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби ташкил ва хароҷоти маблағи Фонди эҳтиётии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Фонди эҳтиётии Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раисони вилоят, шаҳр, ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 0,5 % аз ҳаҷми умумии даромадҳои буҷетҳои маҳаллии дахлдор ташкил меёбанд ва ҳар сол ба қисми хароҷотии буҷетҳои маҳаллӣ ворид карда мешаванд.

2. Маблағи Фонди эҳтиётии Раис бо қарори Раиси вилоят, шаҳр, ноҳия, ки онро Маҷлиси дахлдори вакилони халқ тасдиқ мекунад, масраф мегардад.

3. Маблағи Фонди эҳтиётии Раисро метавон:

- ба тараққиёт ва ободии вилоят, шаҳр, ноҳия ва дигар марказҳои деҳот;

- ба таъмири асосӣ, харидани таҷҳизот, асбобу анҷом ва ҷиҳозонидани техникии муассисаҳои иҷтимоию фарҳангии вилоят, шаҳр, ноҳия;

- барои расонидани кӯмаки яквақта ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба он баробар, собиқадорони меҳнат ва оилаҳои камбизоат;

- ба қабули меҳмонон, ҷобаҷокунии онҳо ва дигар хароҷоти марбут ба он;

- ба таъмири асосии биноҳо ва харидани таҷҳизоти мақомоти идорӣ,суди вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ;

...

          Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 03.12.2011г. №602

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 сентября 1998 года

№ 328

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 сентября 1998 года

№ 328

ПОЛОЖЕНИЕ

О порядке образования и расходования средств Резервного фонда Председателя Горно-Бадахшанской автономной области, области, города, района Республики Таджикистан

1. Резервный фонд Председателя Горно-Бадахшанской автономной области, председателя области, города, района Республики Таджикистан образуется в размере 0,5% от общего объёма доходов соответствующего местного бюджета и ежегодно включается в расходную часть местного бюджета.

2. Средства Резервного фонда Председателя расходуются решением председателя области, города, района и утверждаются соответствующим Маджлисом народных депутатов.

3. Средства Резервного фонда Председателя могут быть направлены:

* на расходы по развитию и благоустройству области, города, района и других сельских центров;

* на капитальный ремонт, приобретение оборудования, инвентаря и техническую оснащённость социально-культурных учреждений области, города, района;

* оказание единовременной помощи инвалидам Великой Отечественной войны и приравненным к ним лицам, ветеранам труда и малообеспеченным семьям;

...