Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2018 № 476 "Дар бораи Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" барои солҳои 2018-2023"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" барои солҳои 2018-2023

 

Мутобиқимоддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", бо мақсади рушди заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирӣ ва солимгардонии вазъи молиявию хоҷагидории ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи махсуси дастгирии давлатии ҷамъияти саҳомии кушодаи "Тоҷик Эйр" барои солҳои 2018-2023 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои барномаи мазкурро дар муҳлатҳои пешбинигардида таъмин намуда, оид ба рафти амалисозии он ҳар шаш моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон    Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 25 сентябри соли 2018 № 476

ш.Душанбе

 

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Специальной программе государственной поддержки открытого акционерного общества "Таджик Эйр" на 2018-2023 годы

В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан", в целях развития материально-технической базы, повышения конкурентоспособности и финансово-хозяйственного оздоровления открытого акционерного общества "Таджик Эйр" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Специальную программу государственной поддержки открытого акционерного общества "Таджик Эйр" на 2018-2023 годы (прилагается).

2. Агентству гражданской авиации при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан, Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан и Антимонопольной службой при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить реализацию данной программы в указанные сроки и каждые шесть месяцев представлять Правительству Республики Таджикистан сведения о ходе ее реализации.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 25 сентября 2018 года, №476