Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муқаррар намудани меъёри пардохти махсуси гумрукӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.12.2024
№ 679)
Мутобиқи моддаи 340(1) Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Меъёри пардохти махсуси гумрукӣ барои воридоти маснуоти заргарӣ ба андозаҳои зерин муқаррар карда шавад:
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли тилло 2,0 (ду) доллари ИМА;
- барои воридоти 1 (як) грамм маснуоти заргарӣ аз металли нуқра 0,34 (сифру аз сад сиву чор) доллари ИМА.
Муқаррар карда шавад, ки маблағи пардохти махсуси гумрукӣ бо асъори миллӣ тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи қабули декларатсияи бори гумрукӣ аз ҷониби мақомоти гумрук ва ё иҷозати молҳо тариқи ғайринақдӣ пардохт карда мешавад (№ 679).
2. Қарори мазкур аз 1 сентябри соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...