Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта баҳри рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2023
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2023 № 141)
Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта баҳри рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2023 тасдиқ карда шавад (замима мегардад)().
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷалби грантҳо барои амалишавии барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
3. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳо дар доираи барнома ба Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мусоидат намоянд.
4. Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта баҳри рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018-2023 ба барномаи сармоягузориҳои давлатии навбатӣ ворид карда шавад )().
5. Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон оид ба рафти азхудкунии маблағҳо дар доираи барномаи мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2018 № 373
ш.Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Региональной программе по реализации государственных инвестиционных проектов социального значения для устойчивого развития местных общин на 2018-2023 годы
(в редакции пост. Правительства РТ от 28.03.2023 №141)
В соответствии со статьей 13 конституционного Закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Региональную программу по реализации государственных инвестиционных проектов социального значения для устойчивого развития местных общин на 2018-2023 годы (прилагается
2. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан принять необходимые меры по привлечению грантов для реализации указанной программы.
3. Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти оказывать содействие Национальному социальному инвестиционному фонду Таджикистана по реализации проектов в рамках настоящей программы.
4. Включить Региональную программу по реализации государственных инвестиционных проектов социального значения для устойчивого развития местных общин на 2018-2023 годы в следующую программу государственных инвестиций
5. Национальному социальному инвестиционному фонду Таджикистана представлять ежегодно информацию о ходе освоения средств в рамках указанной программы в Министерство экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерство финансов Республики Таджикистан и Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан
Председатель
Правительства Peспублики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 августа 2018 года, № 373