ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 июни соли 2018, № 1122
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2018, № 574
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 432; с. 2012, №7, мод.701) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- матни модда қисми 1 ҳисобида ва рақамгузорӣ карда шуда, калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"2. Дар ҳолати мухолифат байни муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешаванд.".
2. Ба моддаи 12 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"3. Хароҷот вобаста ба амалҳои мудир аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешаванд. Андозаи хароҷоти мудирро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Хароҷоти муқарраршудаи мудир пеш аз талаботи дигар нисбат ба ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешаванд.".
3. Қисми 1 моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор дорад, бо тартиби зерин тақсим карда мешаванд:
- маблағҳое, ки барои раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ ва таъини барҳамдиҳанда ё мудири махсус харҷ шудаанд;
- музди меҳнат ба кормандони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои пардохтпулӣ ба аъзои Шӯрои нозирон, ки дар рӯзи қабули қарор дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи барҳамдиҳии маҷбурӣ ҳисоб карда шудааст;
- қарзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;
- ҳар гуна талаботи пардохтнашудаи амонатгузорону пасандоздорон, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" суғурта шудаанд ва талаботи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мутобиқи суброгатсия аз рӯи маблағи ҷуброни суғуртавии пардохтшуда ё маблағи аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тибқи моддаи 31(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" пардохтшуда;
- ҳар гуна талаботи пардохтнашудаи амонатгузорону пасандоздорон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ" объекти ҳатмии суғурта намебошад, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда;
- ҳар гуна талаботи дигари таъминнашудаи қарздиҳандагон, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда;
- андозҳое, ки муҳлати пардохти онҳо дар давраи на бештар аз як соли пеш аз рӯзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурӣ фаро расидааст;
- ҳар гуна талаботи шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки тибқи қонун муайян шудааст;
- ҳар гуна талабот нисбат ба қарзи субординарӣ.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1550
ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ЛИКВИДАЦИИ КРЕДИТНЫХ ОРГАНИЗАЦИЙ"
Принят Постановлением МН МОРТ
от 13 июня 2018 года, №1122
Одобрен Постановлением ММ МОРТ
от 2 августа 2018 года, №574
Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 28 июня 2011 года "О ликвидации кредитных организаций" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №6, ст. 432; 2012 г., №7, ст. 701) следующие изменения и дополнения:
1. В статье 2:
- текст статьи считать частью 1 и пронумеровать;
- дополнить частью 2 следующего содержания:
"2. В случае расхождения положений настоящего Закона с положениями других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, связанными с ликвидацией кредитных организаций, применяются положения настоящего Закона.".
2. Дополнить статью 12 частью 3 следующего содержания:
"3. Расходы, связанные с действиями администратора, выплачиваются за счет кредитной организации. Размер расходов администратора устанавливается Национальным банком Таджикистана. Установленные расходы администратора выплачиваются вперед других требований в отношении кредитной организации.".
3. Часть 1 статьи 35 изложить в следующей редакции:
"1. Активы кредитной организации, находящейся в процессе принудительной ликвидации, распределяются в следующем порядке:
- средства, израсходованные на процесс принудительной ликвидации и назначение ликвидатора или специального администратора;
- заработная плата работникам кредитной организации, за исключением выплат членам Наблюдательного совета, начисленная на день принятия решения об открытии судопроизводства по делу о принудительной ликвидации;
- кредиты, предоставленные Правительством Республики Таджикистан или Национальным банком Таджикистана кредитной организации;
- любые невыплаченные требования вкладчиков и депозиторов, за исключением связанных лиц кредитной организации, определенных законом, которые застрахованы в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О страховании сбережений физических лиц", и требования Фонда страхования сбережений физических лиц в соответствии с суброгацией по выплаченным суммам страхового возмещения или средств, выплаченных Фондом страхования сбережений физических лиц в соответствии со статьей 31(1) Закона Республики Таджикистан "О страховании сбережений физических лиц";
- любые невыплаченные требования вкладчиков и депозиторов, которые не являются обязательным объектом страхования в соответствии с Законом Республики Таджикистан "О страховании сбережений физических лиц", за исключением определенных законом связанных лиц кредитной организации;
- любые иные требования необеспеченных кредиторов, за исключением определенных законом связанных лиц кредитной организации;
- налоги, срок оплаты которых наступил за период не более одного года, предшествующего дню принятия решения о принудительной ликвидации;
- любые требования определенных законом связанных лиц кредитной организации;
- любые требования в отношении субординированного долга.".
Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 3 августа 2018 года, №1550