ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МУҲОҶИРАТ"
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 20 июни соли 2018, № 1136
қабул карда шуд.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 2 августи соли 2018, № 565
ҷонибдорӣ карда шуд.
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 "Дар бораи муҳоҷират" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1999, № 12, мод. 320; с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 248; с. 2005, № 12, мод. 657; с. 2008, № 12, қ. 2, мод. 1004; с. 2010, № 1, мод. 15) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷиро муқаррар намуда, ба танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.".
2. Дар моддаи 1:
- аз номи модда калимаҳои ", ки дар ҳамин қонун истифода мегарданд" хориҷ карда шаванд;
- сархати чордаҳум дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"- муҳоҷирон - шахсоне, ки бо мақсади истиқомати доимӣ ба маҳалли пештараи зист, ба ватани аҷдодӣ баргаштаанд (репатриантҳо), инчунин шахсоне, ки бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ақди никоҳ бастаанд ё шахсоне, ки кишвари истиқомати доимии худро ихтиёран тарк карда, барои истиқомати доимӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд;".
3. Дар матни моддаи 1, ном ва матни моддаҳои 6 ва 7, матни моддаи 81, қисми 4 моддаи 8(2), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 9(1), сархати якуми қисми 1 моддаи 11, матни моддаи 13, қисмҳои 1 ва 3 моддаи 14, қисми 5 моддаи 15, матни моддаҳои 18 ва 20, бандҳои 4) ва 5) қисми 1 моддаи 21, қисми 3 моддаи 22 ва қисми 4 моддаи 24 калимаҳои "мақомоти ваколатдор", "қаламрави", "Мақомоти ваколатдор", "мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва "мақомоти ваколатдорро" мувофиқан ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ", "ҳудуди", "Мақоми ваколатдори давлатӣ", "мақоми ваколатдори давлатӣ" ва "мақоми ваколатдори давлатиро" иваз карда шаванд.
4. Аз матни моддаи 3 калимаи (Сарқонуни) хориҷ карда шавад.
5. Дар қисми 4 моддаи 4 калимаҳои "ба муқобили сулҳ, башарият ҷиноят" ба калимаҳои "ҷиноятҳо ба муқобили сулҳ, амнияти инсоният, инчунин хусусияти террористӣ ва экстремистидоштаро" иваз карда шаванд.
6. Дар қисми 1 моддаи 6 калимаҳои "мақомоти давлатии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.
7. Дар моддаи 7:
- аз матни қисми 1 рақами "1." хориҷ карда шавад;
- дар банди 3) калимаҳои "мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроия" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 10) аломати нуқта ба аломати нуқтавергул ";" иваз карда шавад;
- банди 11) бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"11) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.";
- қисми 2 хориҷ карда шавад.
8. Дар қисми 1 моддаи 8(3) калимаҳои "меҳнатӣ ба" ба калимаҳои "меҳнатӣ бо риоя намудани талаботи қонунгузорӣ оид ба меҳнат ба" иваз карда шаванд.
9. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 12 калимаҳои "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатии маҳалли зисташон" ва "мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ" ба калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ" иваз карда шаванд.
10. Дар моддаи 13:
- дар қисми 1 калимаҳои "хадамоти дахлдори мақомоти ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 6 калимаҳои "инчунин ба мақомоти дахлдори умури дохилӣ" ба калимаҳои "ба мақомоти корҳои дохилӣ" иваз карда шаванд.
11. Дар қисми 3 моддаи 14:
- дар сархати якум калимаҳои "умури дахлдори мақомоти ваколатдор оид ба идораи раванди муҳоҷират" ба калимаҳои "мақомоти корҳои дохилӣ" иваз карда шаванд;
- дар сархати сеюм калимаҳои "мақомоти нигаҳдории тандурустӣ" ва "мақомоти нигаҳдории тандурустиро" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ" ва "мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустиро" иваз карда шаванд;
- дар сархати чорум калимаҳои "умури дахлдори мақомоти ваколатдор оид ба идораи раванди муҳоҷират" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
12. Дар қисми 1 моддаи 15 калимаҳои "хадамоти дахлдори минтақавии мақомоти ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
13. Дар моддаи 19:
- ба банди 4) пас аз калимаи "террористӣ" калимаҳои "ва экстремистӣ" илова карда шаванд;
- дар банди 11) калимаи "яроқу" ба калимаи "силоҳу" иваз карда шавад.
14. Дар банди 1) моддаи 23 ва қисми 3 моддаи 24 калимаи "амволи" ба калимаи "молу мулки" иваз карда шавад.
15. Дар ном ва матни моддаи 27 калимаҳои "вайрон кардани" ба калимаҳои "риоя накардани талаботи" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1541