Оинномаи муассисаи давлатии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" аз 1 августи соли 2018 № 376

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2018, № 376

тасдиқ шудааст

Оинномаи муассисаи давлатии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи муассисаи давлахии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" (минбаъд-Оиннома) дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, таҳия гардида, фаъолияти муассисаи таълимиро танзим намуда, вазъи ҳуқуқӣ, сохтор, идоракунӣ, воҳидҳои сохторӣ, муносибати онҳоро бо мақомоти давлатӣ, дигар ташкилоту муассисаҳо ва субъектҳои раванди таълиму тарбияи шаҳрванд муайян менамояд.

2. Муассисаи давлатии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" (минбаъд-Донишгоҳ) бо қарори Раёсати Шӯрои иқтисодии Осиёимиёнагӣ аз 3 марти соли 1931, №220 ҳамчун "Донишкадаи Осиёимиёнагии меваю сабзавот" таъсис дода шуда, соли 1934 ба "Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон", бо қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 августи соли 1992, №311 ба "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон" ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, №603 ба "Муассисаи давлатии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур" тағйири ном кардааст.

3. Муассиси Донишгоҳ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдМуассис) ба ҳисоб рафта, он дар номгӯи ташкилотҳои ғайритиҷоратии низоми идоракунии Вазора.ти кишоварзш Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мебошад.

4. Донишгоҳ муассисаи давлатии таълимш таҳсилоти олии касбӣ буда, фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарор ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

5. Донишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои муҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сабти номи худ бо забони давлатӣ, тамға, парчам, варақаҳои дахлдор, мувозинаи мустақил, суратҳисобҳои асъорӣ, ҷорӣ ва ғайра мебошад.

6. Фаъолияти Донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои махсуси Донишгоҳ ва дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

7. Номи расмии Донишгоҳ:

- бо забони тоҷикӣ - муассисаи давлатии "Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур";

- бо забони русӣ - государственное учреждение "Таджикский аграрный университет имени Шириншоҳ Шотемур";

- бо забони англисӣ - state institutions "Tajik Agrarian University named after Shirinshoh Shohtemur".

8. Суроғаи ҳуқуқии Донишгоҳ:

734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 146.

2. ХУДМУХТОРӢ, ХУДИДОРАКУНӢ ВА ОЗОДИҲОИ АКАДЕМИИ ДОНИШГОҲ

9. Донишгоҳ дар қабули қарорҳо ва амалӣ намудани фаъолияти худ, ки аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур бармеояд, мустақил аст.

10. Дахолати мақомоти давлатӣ, щахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба фаъолияти таълимӣ, илмию хоҷагӣ ва фаъолияти дигари Донишгоҳ манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

11. Донишгоҳ маҷмааи таълимӣ, илмию истеҳсолӣ ва хизматрасонии Муассис ба ҳисоб рафта, метавонад сохторҳои таълимӣ (пажӯҳишгоҳҳо, марказҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, донишкадаҳо ва дигар сохторҳо), илмӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.

12. Худмухторӣ қисми озодиҳои академӣ мебошад ва шарти ҳатмӣ барои кафолати иҷрои уҳдадориҳои Донишгоҳ аст.

13. Донишгоҳ дар интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва фаъолияти дагар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мустақил аст.

14. Донишгоҳ технологияи таҳсили фосилавиро ҷиҳати татбиқи барномаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм амалӣ менамояд.

15. Донишгоҳ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм таълимро дар асоси технологияи инноватсионӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ ташкил ва ҷорӣ менамояд.

16. Худмухторӣ қисми муҳимтарини ташкили раванди таълим ва усулҳои академӣ буда, масъулияти давлатии Донишгоҳро дар назди Муассис муайян менамояд.

17. Назорати фаъолияти таълимӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, Вазорати кишоварзӣ ва назорати фаъолияти молиявӣ-хоҷагии Донишгоҳ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

18. Ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ, аз ҷумлаи ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни Донишгоҳ озодиҳои академӣ дода мешавад ва онҳо метавонанд таълимро бо усули муқарраршуда дар доираи барномаҳои тасдиқгардида ба роҳ монанд, инчунин мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулҳои муқарраршуда онро гузаронанд ва ҳамчунин ба донишҷӯ имконият дода мешавад, ки бо дар назар доштани талаботи муқарраршуда дар доираи барномаҳои таълимӣ мустақилоиа дониш андӯзад.

19. Донишгоҳ метавонад бо ташкилотҳои ватанӣ ва байналмилалӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ намояд.

20. Худидоракунии Донишгоҳ бо он таъмин мегардад, ки Донишгоҳ:

- мутобиқи Оинномаи мазкур Донишгоҳ ҳуқуқи қабул намудани қарорҳо ва амалӣ намудани фаъолиятеро дорад, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд;

- раванди таълим, илм, молия, хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятро мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;

- мутобиқи шартномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи басташуда бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ корхонаҳо ва ташкилотҳо, Оинномаи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти бисёрсоҳа, аз ҷумла оид ба тайёр намудани мутахассисон, таълими донишҷӯён, аспирантҳо, коромӯзон, табодули мутахассисон, фаъолияти илмӣ ва фарҳангӣ, ташкили конференсияҳо ва семинарҳо амалӣ менамояд;

- вобаста ба ҳаҷм ва намуди корҳои иҷрошаванда воҳиди кории кормандон, миқдори ҳамаи категорияҳои кормандонро муайян мекунад, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо, аз он ҷумла ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони илмӣ, вазифаҳои деканҳо ва мудирони кафедраҳо, сардорони раёсатҳо, шуъбаҳои гуногуни таълимӣ, илмӣ (марказҳо, шуъбаҳо, озмоишгоҳҳо) ва инчунин ҳайати роҳбарикунандаи Донишгоҳро амалӣ менамояд;

- самт ва тартиби истифодабарии маблағҳои аз ҳисоби буҷет ва дигар манбаъҳо, ҳамчунин ҳиссаи онҳо, ки барои музди меҳнат ва ҳавасмандгардонии кормандон равона шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

- Донишгоҳ дорои маҷалла, рӯзнома ва шабакаи иттилоотӣ мебошад;

- тайёр кардани бакалавр, мутахассис, магистр, такмили ихтисоси кормандон ва бозомӯзии онҳоро дар соҳаҳои муайяни фаъолияти касбӣ дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад;

- таҳқиқотҳои илмӣ ва амалӣ мебарад;

- шакл ва андозаи музди меҳнати кормандонро аз ҳисоби маблағҳои махсус муайян менамояд.

21. Озодиҳои академӣ, масъулияти академии муҳайё кардани шароити мусоиди ҷустуҷӯи озодонаи ҳақиқат ва баёну интишори озодонаи онҳоро ифода менамоянд, ки ба принсипҳои зерин асос меёбанд:

- истифодаи самарабахши неруи зеҳнӣ бо мақсади афзун гардонидани саҳми Донишгоҳ дар тайёр намудани кормандони илмӣ, илмию омӯзгорӣ ва дигар мутахассисон барои эҳтиёҷоти иқтисодиёти миллии ҷумҳурӣ;

- демократикунонии ташкилу идораи ҷараёни таълим, фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, ташкилӣ ва тарбиявӣ;

- таъмини алоқаи ягонаи таълим ва таҳқиқоти илмӣ;

- таъмини иҷро ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. САМТИ ФАЪОЛИЯТ, ВАЗИФА, ХУҚУҚ УҲДАДОРӢ ВА СОХТОРИ ДОНИШГОҲ

22. Донишгоҳ нақшаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломиро аз рӯи муҳлат ва зинаҳои гуногуни он ва такмили ихтисоси баъди таҳсилоти олиро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилот аз рӯи самтҳои гуногуни илмӣ, техникӣ, тарбиявӣ ва фарҳангӣ, ки азхудкунии онҳо тавассути дипломҳои дар шакли муайян муқарраргардидаи такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон тасдиқ мешавад, амалӣ менамояд.

23. Моҳияти фаъолияти Донишгоҳ ҳамчун муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ барои тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи равия ва самтҳои гуногун дар ҷумҳурӣ ва берун аз он равона карда мешавад. Донишгоҳ вобаста ба заминаи моддӣтехникии худ аз рӯи равия, ихтисос ва самтҳои муайян дар зинаи бакалавр, мутахассис, магистр, доктори фалсафа (РhD), доктор аз рӯи ихтисос омода менамояд.

24. Донишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур метавонад корхонаҳо, коргоҳҳо ё дигар қисмҳои таълимӣ, илмию истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ташкил дода, талаботи мардумро бо ҳар гуна ашё ва хизматрасонӣ қонеъ гардонад.

25. Вазифаҳои асосии Донишгоҳ:

- қонеъ гардонидани талаботи шахс барои инкишофи қобилияти зеҳнӣ, фарҳангӣ ва маънавию рӯҳии ӯ;

- рушди илм ва иқтидори эҷодӣ ба воситаи фаъолияти илмию таҳқиқотӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯён, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар, ҷараёни таълим ва истеҳсолот;

- омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмию омӯзгорӣ;

- ҳифз, нигаҳдорӣ ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ ва илми ҷомеа;

- таъмини шароити мусоид барои таҷрибаомӯзии илмию истеҳсолӣ ва омӯзгории донишҷӯён;

- ташкилу гузаронидани корҳои амалию таҷрибавӣ, илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию ихтироъкорӣ, ки барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиёти миллӣ равона карда мешаванд ва бо раванди таълим зич алоқаманд бошанд;

- васеъ намудани донишу малакаи муосир дар, соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисодиёт, экология ва дигар сбҳаҳои илм, баланд бардоштани сифати таҳсилот, сиёсат ва тарбияи фарҳангӣ бо истифодаи қоидаҳои амалкунанда ва низоми кредитии таҳсилот;

- таҳия ва нашри асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ/дастурҳои методӣ ва барномаҳои таълимӣ;

- тайёр кардани мутахассисони болаёқат, кадрҳои илмию омӯзгорӣ (номзадҳо ва докторҳои илм).

26. Ба сохтори Донишгоҳ факултетҳо, кафедраҳо бо филиалҳои худ, маркази такмили ихтисоси кадрҳои муҷтамаи агросаноатӣ бо филиалҳояш дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, институти илмӣ-таҳқиқотӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, парки технологӣ, раёсатҳо, марказҳо, шуъбаҳо, бахшҳо, озмоишгоҳҳои махсусгардонидашудаи таълимӣ-илмӣ, илмӣ-таълимӣ, майдонҳои истеҳсолӣ, варзишгоҳ, фароғатгоҳ, ошхонаҳо, коллеҷҳо, литсей, дӯкони китоб, бунгоҳи тиббӣ, муассисаи агросервисӣ, матбаа, гурӯҳи таъмини бехатарии фаъолият ва риояи тартиботи дохили донишгоҳ, гурӯҳҳои кории сохтмонӣ дохил мегарданд.

27. Дар сохтори Донишгоҳ созмон додани ҳизбҳои сиёсӣ манъ аст.

28. Дар сохтори Донишгоҳ бо мақсади ҳимояи манфиатҳои донишҷӯён метавонад иттиҳодияҳои ҷамъиятии донишомӯзон ташкил намояд ва муносибат бо онҳо дар асоси шартнома бо маъмурияти Донишгоҳ муайян карда мешавад.

29. Дар сохтори Донишгоҳ бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ дар мувофиқа бо Муассис метавонанд иттиҳодияҳои таълимию методӣ, шӯрою комиссияҳои илмию методӣ ва илмию техникӣ таъсис диҳанд.

30. Шӯрои олимони Донишгоҳ дар фаъолияти худ тавсияи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар низоми таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро баррасӣ менамояд ва ба инобат мегирад.

31. Донишгоҳ барои ноил гаштан бо мақсадҳои худ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад:

- сохтори ташкилӣ, идоракунӣ ва шакли таълиму тарбияро аз рӯи равия ва ихтисос муайян намояд;

- дар мувофиқа бо вазоратҳои маориф ва илм, кишоварзӣ ва розигии Муассис ҷузъҳои илмию таълимӣ, аз ҷумла пажӯҳишгоҳҳо, филиалҳо, марказҳо, литсейҳо, коллеҷҳо, донишкадаҳо; магистратура, аспирантура, докторантура (доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос), шуъбаҳо, факултетҳо ва курсҳои махсуси таҳсилоти иловагӣ, маркази ҳисобдорӣ, китобхонаҳо, инчунин бахши истеҳсолӣ, маҷмааи таълимӣ, хизматрасонӣ ва мақомоти назоратии дохилидонишгоҳиро таъсис ва барҳам даҳад;

- ҷиҳати истифодаи мақсаднокии неруи зеҳнии ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни худ сохтори ташкилӣ, шакли таҳсил ва чораҳои ҳавасмандгардонии меҳнатиро муқаррар намояд;

- ҷадвали воҳиди кории ҳайати шахсии Донишгоҳ ва шахсош дигари ба таълиму фаъолият ҷалбшударо бе назардошти музди ниҳоӣ ё миёна дар доираи фонди музди меҳнат мустақилона муқаррар ва тасдиқ кунад;

- имтиёзҳои дохилиро барои ишғоли вазифаҳои дотсент, профессор ва кормандони илмию таълимӣ, инчунин дигар кормандони Донишгоҳ муқаррар намояд;

- ба муассисаҳои илмию таълимӣ, ширкатҳо, корхонаҳо, иттиҳодияҳо, консернҳо, ташкилотҳо ё муассисаҳои байналмилалӣ, ки манфиатҳои умумиро ифода мекунанд (тайёр кардани мутахассисон, таҳқиқотҳои илмӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомузӣ ва шаклҳои дагари фаъолият иҷозатдодашуда), тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шавад ва аз онҳо барояд;

- тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ молу мулкеро, ки аз ҷониби Муассис ба вай вобаста карда шудааст, мувофиқи таъинот ва мақсадҳои пешбинигардида истифода намуда, аз ҳисоб барорад;

- молу мулкро, ки дар натиҷаи фаъолияти таълимӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ ба даст медарорад, мустақилона идора кунад;

- воҳидҳои иҷтимоӣ, табобатию варзишӣ, табобатгоҳҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, хоҷагии ёрирасон дошта бошад;

- фаъолияти таълимӣ, илмӣ, кадрӣ, коргузорӣ ва молиявию хоҷагидории зерсохторҳои худро назорат намояд;

- дар заминаи илмӣ, таълимӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонии худ муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон, ҳамчунин марказҳои машваратии минтақавиро барои донишҷӯёни таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) ташкил ва барҳам диҳад;

- таъсисдиҳӣ ва барҳамдиҳии воҳидҳои сохтории Донишгоҳ (факултетҳо, кафедраҳо, коллеҷҳо, филиалҳо, пажӯҳишгоҳ, шуъбаҳо, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, курсҳои такмили ихтисос, литсейҳо ва ғайра) тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ намояд.

32. Донишгоҳ уҳдадор аст:

- фаъолияти худро мутобиқи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба роҳ монад;

- оид ба натиҷаи фаъолияти Донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти дахлдор ҳисобот диҳад;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ риояи кафолатҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст, таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатш онҳо расонидашуда масъулият дошта бошад;

- амалӣ намудани дигар уҳдадориҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муқаррар намудаанд.

4. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ, МЕТОДӢ ВА ИЛМИИ ДОНИШГОҲ

33. Дар Донишгоҳ вобаста ба муҳлат ва зинаҳои тайёр кардани мутахассисони касбӣ барномаҳои гуногуни таълимии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои таълимш таҳсилоти иловагӣ ва бозомӯзии мутахассисон амалӣ карда мешаванд.

34. Самтҳои тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисон тибқи ичозатномае, ки ба Донишгоҳ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм дода мешавад ва шаҳодатнома оид ба аккредитатсияи давлатӣ амалӣ мегардад.

35. Донишгоҳ бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисон дар раванди ташкил ва пешбурди таълим аз технологияи нав, шакл ва усулҳои пешқадами таълим истифода менамояд.

36. Забони таълим дар Донишгоҳ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

37. Донишгоҳ нақша ва ҷадвали раванди таълимро, аз ҷумла барои омӯзиши инфиродаи шахсони алоҳида бо дар назар доштани сатҳи тайёрии пешакӣ ва қобилияти онҳо мувофиқи низомномаҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ мекунад.

38. Донишгоҳ ба донишҷӯён бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби усул, методҳои таълим барои азхудкунии барномаҳои таълимӣ ҳама шароитро таъмин менамояд.

39. Мазмуни таълим аз рӯи самтҳо ва ихтисосҳо тавассути нақшаҳои таълимии дар шӯрои олимони Донишгоҳ тасдиқшуда дар асоси стандартҳои давлатӣ мураттабшуда, ки аз ҷумла таълими мустақилонаро дар бар мегиранд, муайян карда мешавад.

40. Ба дигар корҳо ҷалб намудани донишҷӯёну шунавандагон, ки ба фаъолияти таълимӣ алоқаманд нестанд, манъ аст. Инчунин истифода ва татбиқи усулҳои ғайрибашарии таълимие, ки ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид мекунанд, манъ аст.

41. Донишгоҳ дар интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклҳо, тартиби гузаронидани машғулиятҳо, санҷиши донишҷӯён ва шунавандагон мустақил мебошад. Принсипи асосии фаъолияти илмии Донишгоҳ ҳамгироии он бо ҷараёни таълим, инчунин илмҳои соҳавӣ ва академӣ мебошад.

42. Донишгоҳ корҳои илмию таҳқиқотии худро аз рӯи нақша (мавзӯъ) анҷом медиҳад, ки аз тарафи шӯрои олимон тасдиқ карда шудааст ва захираҳои илмии худро таъмин намуда, онро оқилона ва самарабахш истифода менамояд, сифати корҳои иҷрошуда ва бехатарии шароити меҳнатро таъмин мекунад, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, шунавандагонро ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва эҷодӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба роҳ мемонад.

5. ИДОРАКУНИИ ДОНИШГОҲ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН

43. Донишгоҳ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, шартномаи коллективӣ идора карда мешавад.

44. Мақомоти олии идоракунандаи Донишгоҳ инҳоянд:

- шӯрои олимон;

- шӯрои илмӣ-методӣ;

- ректорат.

45. Шӯрои олимони Донишгоҳ дар ҳайати раис (ректор), муовинон, декани факултетҳо, директори воҳидҳои таркибӣ, мудири воҳидҳои асосӣ ва кормандони дигари илмию омӯзгорӣ ташкил карда мешавад. Ректори Донишгоҳ метавонад дар ҳолатҳои зарурӣ, вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ҳайат ва миқдори аъзои шӯрои олимонро тағйир диҳад. Ташкили бевоситаи фаъолияти шӯрои олимони Донишгоҳ ба зиммаи котиби илмии он гузошта мешавад. Ректори Донишгоҳ котиби илмии шӯрои олимони Донишгоҳро аз ҷумлаи аъзои шурои олимон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.

46. Тартиби кори шӯрои олимон мувофиқи низомномаи шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад.

47. Шакли асосии фаъолияти шӯрои олимон ҷаласа ба ҳисоб меравад. Ҷаласаи шӯрои олимон ҳамон вақт салоҳиятнок дониста мешавад, ки агар аз се ду ҳиссаи аъзои он иштирок дошта бошанд. Қарори ҷаласаи шӯрои олимон ҳамон вақт ҳуқуқи амалӣ шуданро пайдо мекунад, ки агар аз нисфи зиёди аъзои иштирокдошта ба ҷонибдории он овоз дода бошанд.

48. Ваколатҳои Шӯрои олимон:

- доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо, инчунин таҷдиди назаркардани Оинномаи Донишгоҳ таклифҳо пешниҳод менамояд;

- масъалаҳои асосии амалӣ намудани ташкили фаъолияти таълимӣ, илмию методӣ, таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ ва дигар фаъолияти Донишгоҳро ҷиҳати тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд. Аз ҷумла номгӯйи ихтисосҳо, курсҳои омӯхташаванда ва шумораи онҳо, шаклҳои назорати дониши донишҷӯён, вақти ягонаи оғоз ва анҷоми давраҳои академии таҳсил, таҷрибаомӯзӣ ва таътилро баррасӣ мекунад;

- масъалаи мукаммалгардонӣ ва идоракунии сохтори Донишгоҳ, аз ҷумла ташкили (барҳамдиҳии) марказҳо, факултетҳо, кафедраҳо, раёсатҳо, шуъбаҳо, филиалҳо, бахшҳо, озмоишгоҳҳо ва дигар ҷузъҳои таълимӣ, илмӣ, истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, агробизнес ва ғайраро баррасӣ менамояд;

- масъалаҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишгоҳро баррасӣ менамояд;

- ҷадвали воҳидҳои кориро баррасӣ намуда, низоми пардохти музди меҳнатро дар мувофиқа бо кумитаи иттифоқи касабаи кормандон тасдиқ мекунад;

- имтиёзҳои дохилиро барои ишғол намудани вазифаҳои дотсент, профессор ва дигар кормандони илмию таълимӣ баррасӣ менамояд;

- низомномаи Донишгоҳро оид ба фаъолияти илмӣ ва аттестатсия тасдиқ мекунад;

- масъалаҳои таъсис ва барҳаодиҳии магистратура, аспирантура ва докторантураро баррасӣ менамояд;

- мувофиқи тартиби муқарраршуда ҷиҳати ташкили филиалҳо, намояндагиҳо, ихтисосҳо ва тахассусҳои нав тадбирҳо меандешад;

- нақшаҳои дурнамо ва мавзӯи пажӯҳишҳои илмиро баррасӣ намуда, тасдиқ менамояд;

- низомнома оид ба вазифаҳои холии ҳайати профессорону омӯзгоронро тасдиқ мекунад;

- бо пешниҳоди ректор масъалаи пеш аз муҳлат аз вазифа озод намудани мудири кафедраро баррасӣ менамояд;

- комиссияи тафтишотиро инхихоб, низомнома ва ҳисоботи онро тасдиқ мекунад;

- интихоби довталабонро ба тариқи озмун барои ишғоли вазифаҳои холии ҳайати профессорону омӯзгорон амалӣ мекунад;

- масъалаи тайёр намудан, такмили ихтисос. ва ҳавасмандгардонии кормандонро баррасӣ намуда, барои дохил шудан ба аспирантура, докторантура ва гузаронидани омӯзгоронро ба вазифаи ходими илмӣ ва анҷоми рисолаҳои докторӣ тавсияҳо медиҳад;

- олимонро барои дарёфти унвонҳои фахрӣ, мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ пешниҳод мекунад;

- номзадии олимони ватанӣ ва хориҷиро барои дарёфти унвони фахрии "Профессори Донишгоҳ" тасдиқ менамояд;

- ҳайат ва хулосаи комиссияҳо ва шӯроҳои доимӣ ва муваққатан амалкунандаро тасдиқ мекунад;

- масъалаҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он мансуб намудааст, ҳал менамояд.

49. Шӯрои илмӣ-методӣ дар ҳайати муовини ректор оид ба таълим (раис), муовин, котиб, декани факултетҳо, раисони комиссияҳои методии факултетҳо ва устодони пуртаҷриба ҳамчун аъзо ташкил карда мешавад. Ташкили бевоситаи фаъолияти шӯрои илмӣ-методӣ ба зиммаи котиби шӯрои илмӣ-методӣ гузошта мешавад. Ректори Донишгоҳ котиби шӯрои илмӣ-методиро аз ҷумлаи аъзои шӯрои илмӣ-методӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад.

50. Ваколатҳои шӯрои илмӣ-методӣ:

- масъалаҳои сифати гузаронидани дарсҳои кори мустақилонаи роҳбар-устод ва таъминоти онҳо бо дастурҳо ва маводи таълимӣ дар кафедраҳо;

- пешниҳоди маводи таълимӣ (дастурҳо, тавсияномаҳо, китобҳои дарсӣ, курси лексияҳо ва ғайраҳо) барои нашр;

- назорат ба услуби дарсдиҳии устодони кафедраҳои Донишгоҳ ва азхудкунии дониш аз тарафи донишҷӯён;

- сифати иҷрои корҳои курсӣ ва корҳои хатмкунии тахассусӣрисолаҳои хатми дипломии хатмкунандагони зинаҳои таҳсилот дар кафедраҳои Донишгоҳ;

- назорат аз рӯи фаъолияти кафедраҳо ва хоҷагиҳои таълимию таҷрибавии Донишгоҳ оид ба омодагии онҳо барои гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён; - санҷиши саволномаҳои тестию имтиҳонии донишгоҳ;

- масъалаҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба салоҳияти он мансуб намудааст, ҳал менамояд.

51. Ректорат мақоми олии Донишгоҳ мебошад. Шакли асосии фаъолияти ректорат ҷаласа ба шумор рафта, моҳе як маротиба ва аз рӯи зарурат бо ташаббуси ректор ва ё дархости аз се як ҳиссаи аъзои он гузаронида мешавад.

52. Ҳайати ректорат бо фармоиши ректор дар мувофиқа бо муассис ба муҳлати як соли таҳсил тасдиқ карда мешавад.

53. Ба ҳайати ректорат аз рӯи вазифа инҳо шомил мешаванд: ректор, муовинони ректор, деканҳо, сармуҳосиб, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва кадрҳо, роҳбарони муассисаҳо, ташкилотҳо, филиалҳо, намояндагиҳои ташкилотҳои ҷамъиятии Донишгоҳ. Ба ҳайати ректорат метавонанд олимон ва сармутахассисон ҳамроҳ карда шаванд.

54. Ректорат дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад. Ҷаласаи ректорат дар сурати иштироки аз се ду ҳиссаи аъзои он баргузор мегардад. Қарорҳо бо тарафдории аксарияти овозҳо қабул карда мешаванд.

55. Ваколатҳои ректорати Донишгоҳ:

- барои татбиқи барномаҳои тайёркунии мутахассисон чораҳо меандешад;

- масъалаҳои ҷудогонаи хоҷагидорӣ, фаъолияти таълимӣ, методӣ, ташкилию услубии Донишгоҳро дида мебарояд;

- риояи қоидаҳои тартиботи дохилии Донишгоҳ, иҷрои қарорҳои шӯрои олимон, шӯрои илмӣ-методӣ, шартномаи коллективӣ, нақшаҳои таълимии Донишгоҳро таъмин менамояд.

56. Роҳбарии бевоситаи Донишгоҳро ректор амалӣ менамояд, ки он бо пешниҳоди вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

57. Ректор барои ҳалли масъалаҳои фаврӣ метавонад раёсати (ректорати) Донишгоҳро даъват намояд.

58. Вазифа ва ваколатҳои ректори Донишгоҳ:

- вобаста ба вазифаю мақсадҳои Донишгоҳ иҷрои фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Муассис, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;

- ба шӯрои олимони Донишгоҳ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оиннома, инчунин таҷдиди назар кардани он таклифҳо пешниҳод менамояд;

- аз номи Донишгоҳ бе ваколатнома баромад намуда, манфиатҳои онро дар назди мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳимоя мекунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида молу мулк ва маблағҳои пулии Донишгоҳро ихтиёрдорӣ мекунад;

- қабул ба кор, ба кори дигар гузаронидан, аз мансаби ишғолнамуда озод кардан, муваққатан ба вазифа таъин кардан, бастан ва қатъи шартномаҳо, додани рухсатии меҳнатӣ, инчунин таъин намудани ҷазои интизомӣ ба ҳайати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳро тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мекунад;

- ҷиҳати ҳавасманд ва сарфароз гардонидани ҳайати кормандон, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ бо мукофотҳо ва ифтихорномаҳо чораҳои зарурӣ меандешад;

- дар доираи ваколати худ фармоишҳо мебарорад, ки барои ҳайати шахсии Донишгоҳ ҳатмӣ мебошад;

- дар доираи шумораи кормандон сохтор, пардохти музди меҳнати кормандон, ҷадвали воҳидҳои корӣ, харҷномаи даромад ва хароҷоти муассисаҳои тобеи худро тасдиқ мекунад;

- сохтори Донишгоҳро дар мувофиқа бо вазирони кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;

- оиннома, дастурамал, қоида ва низомномаҳои сохторҳои таркибии Донишгоҳро тасдиқ менамояд;

- деканҳои факултетҳо, даректорони воҳидҳои таркибӣ, мудирони воҳидҳои асосӣ ва роҳбарони муассисаҳои маъмурию хоҷагиро тибқи тартиби муқарраргардида ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад; - кори ректоратро ташкил карда, ба он роҳбарӣ мекунад;

- шӯрои олимони Донишгоҳро таъсис дода, ба он роҳбарӣ мекунад;

- ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкили шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди Донишгоҳ дархост пешниҳод менамояд;

- қабул, аз курс ба курс гузаронидан, хатм, хориҷ, барқарор, интиқол, додани рухсатии академӣ ва таъин намудани ҷазоҳои интизомӣ ба донишҷӯён, магистрон, аспирантҳо ва докторантҳоро амалӣ мекунад;

- ҷиҳати ба вазифа таъин намудан ва аз вазифа озод намудани муовинонаш ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;

- шаҳрвандон, донишҷӯён ва кормандонро тибқи тартиби муқаррар намудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ" қабул менамояд;

- ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи Донишгоҳро пешниҳод менамояд;

- ваколатҳои дигарро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

59. Декан фаъолияти факултетро роҳбарӣ менамояд.

60. Декан вазифадор аст:

- корҳои таълимӣ-методӣ, таълимӣ-методӣ, тарбиявӣ ва илмиро дар факултет роҳбарӣ намояд;

- иҷрои нақшаҳо, барномаҳо ва ҷадвали ҷараёни таълимиро таъмин намояд; - иҷрои ҷадвали машғулиятҳои таълимиро назорат намояд;

- чорабиниҳо оид ба ташкили ҷараёни таълим, баланд бардоштани сифати тайёр намудани мутахассисонро баррасӣ ва амалӣ намояд;

- ба ректор дар бораи гузаронидани донишҷӯён аз курс ба курс, ба онҳо додани рухсатии академӣ, нақшаҳои инфиродӣ, хориҷ, барқарор, иҷозат ба аттестатсияи хатм ва татбиқи ҷазои интизомӣ, инчунин ҷиҳати ба вазифа таъин ва озод намудани муовинонаш таклифҳо манзур намояд;

- чорабиниҳо оид ба беҳдошти шароити зисту маишӣ, моддӣ ва саломатии донишҷӯёнро баррасӣ ва амалӣ намояд;

- якҷо бо кумитаи иттифоқи касаба ва шуъбаи кор бо ҷавонон масъалаи ҷудо намудани ордерҳоро барои ҳуқуқи зист дар хобгоҳ баррасӣ ва ҳал намояд;

- мувофиқи Оинномаи мазкур ва низомнома дар бораи факултет, ки онро ректор тасдиқ намудааст, масъалаҳои дигари мансуб ба салоҳияти худро ҳал намояд;

- меъёрҳои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳро дар амал татбиқ намояд.

61. Дар факултет таҳти роҳбарии декан шӯрои олимони факултет ташкил карда мешавад. Тартиби ташкил ва ваколати шӯрои олимони факултет мувофиқи низомомаи шӯрои олимони факултети Донишгоҳ муайян карда мешавад.

62. Ишғоли ҳамаи намуди вазифаҳои кормандони илмӣомӯзгорӣ, инчунин вазифаи мудири кафедра дар Донишгоҳ тибқи тартиби санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаи меҳнатӣ, ки ба муҳлати муайян баста мешавад, сурат мегирад. Ҳангоми ишғоли вазифаҳои кормандони илмӣ-омӯзгорӣ пеш аз имзои- шартномаи меҳнатӣ озмун гузаронида мешавад.

63. Фаъолияти кафедра ва мудири он тибқи низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикисгон дар соҳаи маориф ба роҳ монда мешавад.

64. Донишгоҳ пас аз гирифтани иҷозатнома ҳукуқи татбиқ намудани нақша, барномаҳои таълимӣ ва имтиёзҳоро мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд.

6. ҚАБУЛ БА ДОНИШГОҲ ВА ҲУҚУҚУ УҲДАДОРИҲОИ ДОНИШҶӯЁНУ ШУНАВАНДАГОН, АСПИРАНТОН, ДОКТОРАНТОН ВА КОРМАНДОН

65. Қабул ба Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

66. Дар Донишгоҳ шунавандагон, донишҷӯён, магистрҳо, аспирантону унвонҷӯён, докторантҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони дигари он ҳуқуқу уҳдадориҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Донишгоҳ муқаррар намудаанд, доро мебошанд.

67. Донишгоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои илмию омӯзгориро дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо тайёр намуда, барои аз такмили ихтисос гузаштани онҳо шароитҳои мусоид фароҳам меоварад.

7. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИДОРИИ ДОНИШГОҲ

68. Муассис бо мақсади таъмини фаъолияти таълимии дар Ошномаи мазкур пешбинишуда биною иншоот, маҷмааҳои таълимӣ, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар молу мулки зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба Донишгоҳ вобаста менамояд.

69. Донишгоҳ ҳуқуқи ихтиёрдорӣ кардани воситаҳои пулӣ, молу мулк ва дигар намудҳои моликиятеро, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барояш ҳадя намудаанд, ба тариқи хайрия додаанд ё худ мерос мондаанд, самараи меҳнати зеҳнӣ ва эҷодкориро, ки натиҷаи фаъолияти Донишгоҳ мебошад ва ҳамчунин даромади аз фаъолияти худ ва истифодаи ин объектҳо ба даст овардааст, дорад.

70. Донишгоҳ мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузорӣ ҳуқуқ дорад ба сифати иҷорагир ва ё иҷорадиҳанда баромад намояд.

71. Сарчашмаҳои ташаккули молу мулки Донишгоҳ ва маблағгузории фаъолияти он аз инҳо иборат аст:

- моликияти ҷумҳуриявӣ, ки ба идоракунии оперативии бемуҳлати Донишгоҳ дода шудааст;

- маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки барои маблағгузории фаъолияти Донишгоҳ ҷудо гардидаанд;

- ҳиссагузории корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои илмию таҷрибавӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ, ки дар тобеияти Донишгоҳ мебошанд;

- даромаде, ки аз амалӣ намудани шаклҳои гуногуни фаъолияти Донишгоҳ ба даст меояд;

- аъзоҳаққиҳои мақсаднок ва воситаҳои фармоишдиҳандагон ва дигар сарпарастон, ки барои тайёр кардан ва бозомӯзии мутахассисон равона шудаанд, ҳамчунин хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла шарикони хориҷӣ;

- даромаде, ки аз амалӣ намудани фаъолияти мутобиқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур иҷозатдодашудаи таълимӣ, илмӣ; хоҷагӣ ва ғайра, инчунин аз истифодаи объектҳои аз ҳисоби онҳо харидорищуда ба даст омадааст.

72. Донишгоҳ тартиби истифодаи маблағҳоеро, ки аз ҳисоби буҷет ва манбаъҳои дигар ба даст овардааст, мустақилона муайян мекунад. Маблағҳои дар давраи ҷорӣ (моҳона, семоҳа) истифоданакардаи Донишгоҳро пас гардонида гирифтан ё худ ба ҳаҷми маблағгузории давраи минбаъдаи муассисаи таҳсилоти олӣ ҳисоб кардан мумкин нест (ба истиснои ҳолатҳои асосноккардашуда ё тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайянгардида).

73. Донишгоҳ ҳамчунин ҳуқуқ дорад илова ба нақшаи қабули донишҷӯён, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад, дониигҷӯёнро ба тариқи шартномавӣ бо пардохти ҳаққи таҳсил ба тариқи инфиродӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва иҷозатнома қабул намояд. Донишгоҳ дар ҳалли масъалаҳои бастани шартномаҳо, муайян намудани уҳдадориҳо ва дигар шартҳое, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур нестанд, соҳибихтиёр аст.

74. Даромади дар натиҷаи ин фаъолият бадастомада ба ихтиёри Доншшгоҳ ва молу мулки аз ҳисоби он харидоришуда (ба истиснои маблағҳои буҷетӣ) мегузаранд. Тартиби ташаккул ва истифодаи маблағҳои махсус тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

75. Донишгоҳ ба таври мустақим дар назди Муассис, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз, омор ва дигар мақомоти давлатӣ тибқи қоидаҳои амалкунанда ҳисобот медиҳад.

76. Донишгоҳ масъалаҳои бастани шартномаро барои амалӣ намудани фаъолияти таълимии музднок дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур мустақилона ҳал менамояд.

77. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад иттиҳодияҳои гуногун, аз ҷумла бо иштироки ташкилот, корхонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони дигар ташкил намояд, дар таъсис додани фондҳои оинномавии рафоқатҳо ва ҷамъиятҳои саҳомӣ иштирок намояд, воситаҳои молию пулиеро, ки ба сифати саҳм дар идоракуши фаврии он мебошанд, дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намояд.

78. Донишгоҳ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташ, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои молумулкии худ метавонад дар асоси шартнома иттиҳодияи ғайритиҷоратиро дар шакли ассотсиатсияи иттифоқҳо таъсис диҳад.

79. Донишгоҳ чун узви ассотсиатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таҳсилоти олӣ мустақилият ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқии худро нигоҳ дошта, аз рӯи уҳдадориҳои ассотсиатсия ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсия пешбинишуда масъулияти субсидиарӣ дорад.

80. Донишгоҳ метавонад ба муассисаҳои дар сохторбуда тибқи қарори шӯрои олимони Донишгоҳ ҳуқуқи кушодан ва истифодабарии суратҳисобро диҳад.

8. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВА ИҚТИСОДИИ ХОРИҶИИ ДОНИШГОҲ

81. Донишгоҳ ҳамкории байналмилалии худро дар асоси сиёсати байналмилалии давлат ва созишномаҳои давлатӣ дар асоси шартҳои мутақобилан судманд амалӣ менамояд.

82. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад, ки ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, баъд аз таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии иловагӣ, фаъолияти илмӣ ва (ё) илмӣ-техникӣ ва фаъолияти дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалӣ амалӣ намояд.

83. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад бо муассисаҳои хориҷӣ ва байналмилалӣ, фондҳои гуманитарӣ ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ робитаҳои бевосита муқаррар намояд, барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣметодӣ ва илмӣ-таҳқиқотиро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ намояд.

84. Донишгоҳ ба тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси шаҳрвандони хориҷӣ, кори омӯзгорӣ ва илмӣ-таҳқиқотии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ, созишномаҳои байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассис ва мақомоти идоракунии таҳсилоти давлатҳои хориҷӣ, инчунин тибқи шартномаҳои бевосита, ки Доншнгоҳ бо шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ ё бо шаҳрвандони хориҷӣ бастааст, машғул мешавад.

85. Даромаде, ки Донишгоҳ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меорад, моликияти умумидонишгоҳӣ ба ҳисоб меравад ва дар ихтиёрдории он қарор мегирад. Ин маблағ барои рушди соҳаи таҳсилот ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникӣ ва рушди иҷтимоии Донишгоҳ харҷ карда мешавад.

9. ҲИСОБОТ ВА ҲИСОБОТДИҲӢ

86. Донишгоҳ баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиномаи мазкур ба роҳ мемонад, аз рӯи шакли муқарраршуда маълумоти муҳосибӣ, оморӣ ва маълумоти дигарро бойгонӣ мекунад ва дар ин хусус ба Муассис ҳисобот медиҳад.

87. Вазифаи асосии баҳисобгирии муҳосибӣ инҳо мебошанд:

- гирифтани иттилооти дақиқ оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва натиҷаҳои фаъолияти идоракунӣ ва роҳбарии фаврӣ;

- таъмини назорат аз болои мавҷудият ва гардиши пули нақд, воситаҳои молиявӣ, меҳнатӣ ва воситаҳои дигар мувофиқи меъёр, ченакҳо ва харҷномаҳо;

- сари вақт огоҳонидан аз зуҳуроти номатлуб дар фаъолияти молиявию хоҷагӣ ва сафарбар намудани захираҳои дохилии Донишгоҳ.

88. Давраи ҳисоботӣ барои Донишгоҳ аз 1 январ то 31 декабр мукаррар карда мешавад.

89. Донишгоҳ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои буҷетиро дар суратҳисоби хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ медорад.

90. Донишгоҳ ҳисобдаҳии муҳосибии худро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.

91. Роҳбарияти Донишгоҳ ва шахсони дигари масъул барои вайрон кардани тартиби ҳисоботдиҳӣ дар назди қонун ҷавобгарии шахсӣ доранд.

10. ТАРТИБИ АЗНАВТАШКИЛДИҲИИ ДОНИШГОҲ

92. Азнавташкилдиҳии Донишгоҳ бо қарори Муассис тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

93. Донишгоҳ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифтанаш таъсисгардида дониста шуда, аз рӯзи гарифтани иҷозатнома барои пешбурди фаъолият ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ гардонад ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ баҳравар гардад.

94. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Донишгоҳ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

95. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Донишгоҳ мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳимояи ҳуқуку манфиатҳои кормандони аз кор озодшуда ба инобат гирифта шуда, кафолат дода мешавад.

11. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

96. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Оинномаи мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.