Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Доир ба тадбирҳои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023
Мутобиқи моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, баланд бардоштани маҳсулнокию истифодаи самараноки замин ва рӯёнидани ҳосили баланди зироатҳои кишоварзӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи маблаггузорӣ оид ба беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ҳангоми таҳияи дурнамои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷудо намудани маблағҳои мақсаднокро пешбинӣ намоянд.
3. Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давдатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату идораҳои дигар, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалисозии нақшаи маблағгузории беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои кишоварзии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро аз ҳисоби маблагҳои пешбинигардидаи буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои маҳаллӣ, ҷалби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва даромадҳои пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2018 № 374
ш.Душанбе
Замима