Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" июли соли 2018, № 356
тасдиқ шудааст
ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ДАВЛАТИИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Тартиби пешбурди Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) тартиби ба феҳрист ворид ва аз он хориҷ намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангиро муайян мекунад.
2. Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Феҳрист) ҳамчун манбаи асосии иттилоот оид ба номгӯи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба ҳисоб меравад.
3. Феҳрист аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) пеш бурда мешавад.
4. Барои объектҳои манқул ва ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ Феҳристи давлатии объектҳои манқул ва ғайриманқули мероси таърихию фарҳангӣ тартиб дода мешавад (замимаҳои 1 ва 2).
2. НАМУД ВА ДАРАҶАБАНДИИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ
5. Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба ёдгориҳои манқул ва ғайриманқул ҷудо мешаванд. Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба ёдгориҳои манқул ва ғайриманқул дар асоси моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" амалӣ карда мешавад.
6. Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ вобаста ба дараҷабандӣ ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти маҳаллӣ;
- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти умумидавлатӣ;
- объектҳои мероси таърихию фарҳангии аҳамияти байналмилалӣ.
7. Дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба объектҳои маҳаллӣ, умумидавлатӣ ва байналмиалӣ тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" амалӣ карда мешавад.
3. ВОРИД НАМУДАНИ ОБЪЕКТҲОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ БА ФЕҲРИСТ
8. Ба феҳрист объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ табқи муқаррароти моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ" аз ҷониби мақоми ваколатдор ворид карда мешаванд.
9. Барои санҷиши ҳуҷҷатҳо ва таҳияи тавсияҳо ҷиҳати муайян намудани зарурати ба Феҳрист ворид ё аз он хориҷ намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ дар назди мақоми ваколатдор комиссияи доимоамалкунандаи тахассусӣ (минбаъд - комиссия) таъсис дода мешавад. Ба ҳайати комиссия намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар идораҳои дахлдор, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шомил мешаванд.
10. Ворид намудани объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист бо пешниҳоди мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба амал бароварда мешавад.
11. Пешниҳоди ворид намудани объектҳои манқули мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист бо замимаи чунин ҳуҷҷатҳо ба амал бароварда мешавад:
- ариза дар бораи ворид намудани объектҳои ошкоршудаи манқули мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист;
- хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ;
- тавсифи хусусиятҳои хоси объект, ки барои асоснокии ворид намуданаш ба Феҳрист ва зарурати нигоҳдории (ҳифзи) ҳатмии он (минбаъд - маводи муҳофизат) хизмат мекунад;
- акси объект;
- маълумот дар бораи молик ва истифодабарандаи объекти мероси таърихию фарҳангӣ.
12. Пешниҳоди ворид намудани объектҳои ғайриманманқули мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист бо замимаи чунин ҳуҷҷатҳо ба амал бароварда мешавад:
- ариза дар бораи ворид намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ ба Феҳрист;
- маълумот оид ба номгӯи объекти мероси таърихию фарҳангӣ;
- маълумоти мутахассиси соҳавӣ дар бораи вақти пайдоиш ё санаи сохтмони объект, санаи тағйироти асосии (азнавсозии) объекти мазкур ва ё санаи марбут ба ҳодисаҳои таърихии он;
- маълумот дар бораи дараҷаи аҳамияти таърихию фарҳангии объект;
- маълумот дар бораи мавқеи ҷойгиршавии объект;
- маълумот дар бораи намуди объект;
- тавсифи сарҳади ҷойгиршавии объект;
- маълумот дар бораи истифодабарандаи қитъаи замин, ҳамчунин дар хусуси вазъи ҳуқуқии истифодаи замине, ки дар ҳудуди он объекти мероси бостонӣ воқеъ аст.
13. Эътирофи объектҳо ҳамчун мероси таърихию фарҳангии ёдгориҳои манқул ва ғайриманқул тибқи муқаррароти моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию" фарҳангӣ" аз лаҳзаи ба Феҳристи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангии манқул ва ғайриманқул ворид гардиданашон сурат мегирад.
14. Мақоми ваколатдор дар давоми 10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи қабули қарори дахлдори комиссия дар бораи ба Феҳрист ворид намудани объект ва ё рад намудани он дар ин хусус ба муроҷиаткунанда хабар медиҳад.
15. Аз ҷониби мақоми ваколатдор ба ҳар як объекти мероси таърихию фарҳангии ба Феҳрист воридшуда шиноснома дода мешавад. Дар шиноснома маълумоти мухтасар доир ба объекти пешниҳодгардида сабт мегардад.
16. Ба объектҳои аҳамияти маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ рақами бақайдгарии мероси таърихию фарҳангии дахлдор дода мешавад.
17. Тағйир додани дараҷабандии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ аз ҷониби мақоми ваколатдор мутобиқи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардидае, ки дар бандҳои 11-12 Тартиби мазкур зикр гардидаанд, амалӣ карда мешавад.
4. ХОРИҶ НАМУДАНИ ОБЪЕКТИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ АЗ ФЕҲРИСТ
18. Объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳрист аз ҷониби мақоми ваколатдор хориҷ карда мешавад.
19. Пешниҳод оид ба хориҷ намудани объект аз Феҳристро мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба мақоми ваколатдор ирсол мекунанд.
20. Объекти мероси таърихию фарҳангӣ дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангӣ аз Феҳрист хориҷ карда мешаванд. Маҳаки асосии хулосаи экспертизаи таърихию фарҳангиро бояд масъалаи воқеан пурра нобуд гардидани объекти мероси таърихию фарҳангӣ ва аз байн рафтани арзиши илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва меъмории объекти мероси таърихию фарҳангӣ дар бар гирад.
21. Мақоми ваколатдор мақомоти дахлдорро дар давоми 10 рӯзи корӣ пас аз қабули қарор оид ба хориҷ намудани объект аз Феҳрист огоҳ менамояд.
22. Қарор дар бораи хориҷ намудани объекти мероси таърихию фарҳангӣ аз Феҳрист дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
23. Тамоми намудҳои хизматрасонӣ вобаста ба Феҳрист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
24. Баҳсҳо вобаста ба ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдор ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
25. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Тартиби мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаҳои 1-2