Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996 № 264 "Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт"

Санаи амалкуни: 02.08.2019

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613, аз 3.12.2010 № 650, аз 4.05.2018 № 243, аз 2.08.2019 № 392)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" ва бо мақсади ҷуброн намудани зарари ба ҳаёт ва саломатӣ ё зарари моддии дар ҷараёни истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгард ба шаҳрвандон расонидашуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 июли соли 1996 суғуртаи давлатии ҳатмии масъулитяи шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ ё моликияти шаҳрвандон дар ҷараёни истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар мошину механизмҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгарди дар ҳаракати роҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдошта, ки моликияти шахсони юридикӣ ва воқеӣ мебошанд, бояд таҳти суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ ё моликияти шаҳрвандон қарор гирифта шаванд.

Воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳарбикунонидашудае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарӣ суғурта карда шаванд, ба истиснои масъулияти шаҳрвандии соҳибони онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ ё моликияти шаҳрвандон дар ҷараёни истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгарде, ки дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта намешаванд.

2. Маблағи суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё зарари моддӣ дар ҷараёни истифодабарии мошину механизмҳои худгарди дигар ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои худгарди дигари Ҷумҳурии ӯзбекистон ба андозаи чилу чор ҳазору чорсаду наваду шаш сомонӣ муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.05.2018 № 243, аз 2.08.2019 № 392).

3. Андозаи меъёрҳои пардохтҳои суғуртавии суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт мутобиқи замимаи 1 ва барои соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии ӯзбекистон мутобиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад (замимаи 2 замима мегардад) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.05.2018 № 243).

4. Мӯҳлатҳои пардохти суғурта ҳар сол ба тариқи зайл муқаррар карда шаванд:

шахсони юридикӣ - то 1 сентябрь;

шахсони воцеь - то 1 август.

Пардохтҳои суғуртавӣ бо дарназардоштӣ андозаи муқарраргардидаи маблағи суғурта ва андозаҳои ставкаҳо барои навъҳои воситаҳои нақлиёт пардохта мешаванд.

Пас аз гузаштани мӯҳлати пардохт, маблағи пардохтнагардидаи суғуртавӣ қарз ҳисобида шуда, ба он ба андозаи 0,1 фоизи маблағи қарз барои ҳар як рӯзи аз мӯҳлати пардохт гузашта ҷарима ситонида шавад.

Назорати пардохти суғуртапулиҳо ба зиммаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти суғурта гузошта шавад.

5. Ба ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, к ибо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандолни аз тариқи мақомоти таъминоти иҷтимоӣ бепул воситаҳои нақлиёт гирифта, иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашударо қисман аз пардохти суғуртапулӣ озод намоянд.

6. Пардохтҳои суғуртавии шахсони юридикии ҳисоби хоҷагие, ки баланси мустақил доранд ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохил карда мешаванд.

Ташкилоту муассисаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда суғуртапулиро аз ҳисоби сметаи хароҷоти таъминоти худ мепардозанд.

7. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шавад.

Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ии намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:

- ҳаққи хизматрасонии агентҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз,

- маблағҳо барои Фонди тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи 2 фоиз,

- пардохтҳои суғуртавӣ барои ҳолатҳои ҳодисаҳои суғуртавии воқеан рухдода, даромади Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" дониста шаванд.

70 фоизи ин маблағҳо баъди ситонидани андозҳо, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 30 фоизи он барои пешбурди кор дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" нигоҳ дошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 650).

8. Ҷуброни суғуртавӣ ба тариқи зайл пардохта мешавад:

барои зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонидашуда - то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613);

барои расонидани зарари моддӣ ба шаҳрвандон - то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613).

Ҷуброни суғуртавӣ барои зарари аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои худгарди дигари Ҷумҳурии ӯзбекистон расонидашуда ба тариқи зайл пардохта мешавад:

- барои зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонидашуда ба андозаи то бисту нуҳ ҳазору шашсаду шасту чор сомонӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2019 № 392);

- барои расонидани зарари моддӣ то чордаҳ ҳазору ҳаштсаду сиву ду сомонӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.05.2018 № 243, аз 2.08.2019 № 392).

Андозаи ҷуброни суғуртавӣ аз ҷониби ташкилоти суғурта дар асоси ҳуҷҷатҳои мақомоти салоҳиятдор (Бозрасии давлатии автомобилӣ, судҳои тафтишотӣ, тиббӣ, комиссияҳои тиббии меҳнатӣ ва дигар ташкилот) муайян карда мешавад.

9. Ташкилоти суғурта ҳуқуқ дорад маблағи ба зарардида пардохташудаи ҷуброни суғуртавиро аз шахсони гунаҳгор ситонад, агар зиён қасдан ё ҳангоми дар ҳолати мастӣ аз нӯшокии спиртӣ ё нашъа идора кардани воситаи нақлиётва ё аз тарафи шахси ҳуҷҷати ронандагӣ надошта расонида шуда бошад.

10. Гузарондани суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба зиммаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон (Тоҷикгосстрах) гузошта шавад.

Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон дастуруламали тартиби гузарондани суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиётро таҳия ва тасдиқ намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон     Э. Раҳмонов

 

аз 10 июни соли 1996 № 264

ш.Душанбе

 

Замимаи 1

 

Замимаи 2 (Таҳрири нав қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.08.2019 № 392)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613, аз 3.12.2010 № 650, аз 4.05.2018 № 243)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракати роҳ" ва бо мақсади ҷуброн намудани зарари ба ҳаёт ва саломатӣ ё зарари моддии дар ҷараёни истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгард ба шаҳрвандон расонидашуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 июли соли 1996 суғуртаи давлатии ҳатмии масъулитяи шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ ё моликияти шаҳрвандон дар ҷараёни истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар мошину механизмҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда шавад.

Соҳибони воситаҳои нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгарди дар ҳаракати роҳ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдошта, ки моликияти шахсони юридикӣ ва воқеӣ мебошанд, бояд таҳти суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ ё моликияти шаҳрвандон қарор гирифта шаванд.

Воситаҳои нақлиёти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳарбикунонидашудае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиранд, бояд мувофиқи тартиби муқаррарӣ суғурта карда шаванд, ба истиснои масъулияти шаҳрвандии соҳибони онҳо барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатӣ ё моликияти шаҳрвандон дар ҷараёни истифодаи воситаҳои нақлиёт ва дигар мошину механизмҳои худгарде, ки дар мақомоти Бозрасии давлатии автомобилӣ ба қайд гирифта намешаванд.

2. Маблағи суғуртаи масъулияти шаҳрвандӣ барои расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ё зарари моддӣ дар ҷараёни истифодабарии мошину механизмҳои худгарди дигар ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои худгарди дигари Ҷумҳурии ӯзбекистон ба андозаи шашсаду понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.05.2018 № 243).

3. Андозаи меъёрҳои пардохтҳои суғуртавии суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт мутобиқи замимаи 1 ва барои соҳибони воситаҳои нақлиёти Ҷумҳурии ӯзбекистон мутобиқи замимаи 2 тасдиқ карда шавад (замимаи 2 замима мегардад) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.05.2018 № 243).

4. Мӯҳлатҳои пардохти суғурта ҳар сол ба тариқи зайл муқаррар карда шаванд:

шахсони юридикӣ - то 1 сентябрь;

шахсони воцеь - то 1 август.

Пардохтҳои суғуртавӣ бо дарназардоштӣ андозаи муқарраргардидаи маблағи суғурта ва андозаҳои ставкаҳо барои навъҳои воситаҳои нақлиёт пардохта мешаванд.

Пас аз гузаштани мӯҳлати пардохт, маблағи пардохтнагардидаи суғуртавӣ қарз ҳисобида шуда, ба он ба андозаи 0,1 фоизи маблағи қарз барои ҳар як рӯзи аз мӯҳлати пардохт гузашта ҷарима ситонида шавад.

Назорати пардохти суғуртапулиҳо ба зиммаи мақомоти Бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти суғурта гузошта шавад.

5. Ба ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон ҳуқуқ дода шавад, к ибо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандолни аз тариқи мақомоти таъминоти иҷтимоӣ бепул воситаҳои нақлиёт гирифта, иштирокчиён ва маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашударо қисман аз пардохти суғуртапулӣ озод намоянд.

6. Пардохтҳои суғуртавии шахсони юридикии ҳисоби хоҷагие, ки баланси мустақил доранд ба арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дохил карда мешаванд.

Ташкилоту муассисаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда суғуртапулиро аз ҳисоби сметаи хароҷоти таъминоти худ мепардозанд.

7. Ҳафтод фоизи маблағи фонди захиравии суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт, ки дар тамоми давраи фаъолияти Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" то 1 ноябри соли 2010 ташаккул ёфтааст, ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохта шавад.

Тибқи натиҷаҳои соли 2010, аз 1 январи соли 2011 оғоз намуда, минбаъд даромадҳо аз ҳаққи суғуртавии ии намуди суғуртаи ҳатмӣ бо тарҳи:

- ҳаққи хизматрасонии агентҳои суғуртавӣ ба андозаи 5 фоиз,

- маблағҳо барои Фонди тадбирҳои пешгирикунӣ ба андозаи 2 фоиз,

- пардохтҳои суғуртавӣ барои ҳолатҳои ҳодисаҳои суғуртавии воқеан рухдода, даромади Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" дониста шаванд.

70 фоизи ин маблағҳо баъди ситонидани андозҳо, ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида шуда, 30 фоизи он барои пешбурди кор дар Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон "Тоҷиксуғурта" нигоҳ дошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.12.2010 № 650).

8. Ҷуброни суғуртавӣ ба тариқи зайл пардохта мешавад:

барои зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонидашуда - то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613);

барои расонидани зарари моддӣ ба шаҳрвандон - то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2008 № 613).

Ҷуброни суғуртавӣ барои зарари аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои худгарди дигари Ҷумҳурии ӯзбекистон расонидашуда ба тариқи зайл пардохта мешавад:

- барои зарари ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон расонидашуда ба андозаи то чорсаду даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо;

- барои расонидани зарари моддӣ то дусаду панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.05.2018 № 243).

Андозаи ҷуброни суғуртавӣ аз ҷониби ташкилоти суғурта дар асоси ҳуҷҷатҳои мақомоти салоҳиятдор (Бозрасии давлатии автомобилӣ, судҳои тафтишотӣ, тиббӣ, комиссияҳои тиббии меҳнатӣ ва дигар ташкилот) муайян карда мешавад.

9. Ташкилоти суғурта ҳуқуқ дорад маблағи ба зарардида пардохташудаи ҷуброни суғуртавиро аз шахсони гунаҳгор ситонад, агар зиён қасдан ё ҳангоми дар ҳолати мастӣ аз нӯшокии спиртӣ ё нашъа идора кардани воситаи нақлиётва ё аз тарафи шахси ҳуҷҷати ронандагӣ надошта расонида шуда бошад.

10. Гузарондани суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт ба зиммаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон (Тоҷикгосстрах) гузошта шавад.

Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон дастуруламали тартиби гузарондани суғуртаи давлатии ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиётро таҳия ва тасдиқ намояд.

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон      Э. Раҳмонов

 

аз 10 июни соли 1996 № 264

ш.Душанбе

 

Замимаи 1

Замимаи 2

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "4" майи соли 2018, № 243

 

Андозаи меъёрҳои пардохтҳои суғуртавии суғуртаи ҳатмии масъулияти шаҳрвандии соҳибони воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои худгарди дигари Ҷумҳурии ӯзбекистон (бо фоиз аз маблағи суғуртавӣ)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 4.05.2018 № 243)

Намудҳои воситаҳои нақлиёт ва мошину механизмҳои дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ:

1. Автомобилҳои сабукрав - 1,5

2. Микроавтобусҳо -1,8

3. Автобусҳо - 2,0

4. Автомобилҳои боркаш - 2,5

5. Тракторҳо ва мошину механизмҳои худгарди дигар - 1,0

6. Мотосиклҳо - 0,7.