×

Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018 № 306

Санаи амалкуни: 26.06.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "21" июни соли 2018, № 306

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 292)

1. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - муассисаи таҳсилоти олии касбӣ) вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, вазифа, сохтор, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, молиявӣ, байналмилалӣ ва идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбиро ба танзим медарорад.

2. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистн "Дар бораи маориф" ва "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳури Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. МУАССИСАИ ТАҳСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӣ, ВАЗИФАҲО ВА СОХТОРИ ОН

4. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муассисаи таълимӣ, таълимии илмие мебошад, ки барномаи таълимии касбии таҳсилоти олиро аз рӯи стандарт ва самти муайяни таълим ва маърифату тахассус татбиқ менамояд, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шаҳрвандонро вобаста ба майлу хоҳиш, қобилият ва талаботи меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин мекунад, инчунин фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонад.

5. Муассисаи таҳсилоти олии касбии аз тарафи давлат таъсис ёфта аз буҷети давлатӣ ё дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад.

6. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Низомномаи мазкур бо пешниҳоди вазорату идораҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 292).

6(1). Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатии дорои мақоми байналмилалӣ ва филиалҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам ёфта, бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ ва ҳисоботдиҳанда мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 292).

7. Муассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии татбиқкунандаи барномаҳои ҳарбии касбии таълимӣ (муассисаҳои таълимии ҳарбӣ) танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.

8. Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ дар асоси моликияти хусусӣ ва ё моликияти дигари ғайридавлатӣ таъсис ёфта, ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ тааллуқ дорад.

9. Муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ чун қисми таркибии сохтори таҳсилот аз рӯйи стандарти давлатии таҳсилот дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошад, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ доранд.

10. Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аз тарафи муассис (муассисон) таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

11. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборатанд аз:

- қонеъ гардонидани талаботи шахс ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо роҳи дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- рушди илму ҳунар тавассути таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯён, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;

- омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони илмию омӯзгории баландихтисос;

- дар замири донишҷӯён инкишоф додани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва қобилияти кору зиндагии донишҷӯён дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ;

- ҳифз ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва анъанаҳои кишвар;

- таҳкими сатҳи арзишҳои маънавии шаҳрвандон, такмили савияи таҳсилот ва фарҳанги онҳо;

- таъмини шароити мусоид барои таҳсил ва таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва омӯзгории донишҷӯён.

12. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ташаккул додани сохтори худ мустақиланд.

13. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро амалӣ намоянд, агар дар сохтори онҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавҷуд ва барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дошта бошанд.

14. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода мешаванд: донишгоҳ, академия, донишкада, консерватория.

15. Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз рӯи доираи васеи соҳаву ихтисосҳо амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисос, илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ анҷом медиҳад;

- дар соҳаҳои фаъолияти худ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.

16. Академия муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- дар яке аз соҳаҳои илм ё фарҳанг таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ анҷом медиҳад;

17. Донишкада муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар як ё якчанд самти ҷудогона амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти касбӣ тайёр ва донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ мебарад.

18. Консерватория муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳанг, санъат ва мусиқиро амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи мазкур чораҳо меандешад;

- низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳавиро ташаккул медиҳад;

- барои баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-методӣ, таҳқиқотӣ, робитаҳои таълимию эҷодӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам чораҷӯиҳо менамояд;

- заминаи моддию техникӣ ва илмию методии соҳаро тақвият мебахшад;

- шаклҳои тарбияи кадрҳои соҳавиро бо баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва таълиму тарбияи рақобатпазир мукаммал мегардонад.

19. Мақоми ҳуқуқии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар номи он ифода меёбад. Номи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таъсисёбӣ муқаррар шуда, дар сурати тағйир ёфтани мақоми он ҳатман тағйир дода мешавад.

20. Агар дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ номи махсус истифода гардад (консерватория, омӯзишгоҳи олӣ ва номҳои дигар), дар баробари он шакли муассисаи олии таълимӣ нишон дода мешавад.

21. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки мақоми донишгоҳро доранд, бо розигии муассис метавонанд дар сохтори худ донишкадаҳо, академияҳои таълимӣ, коллеҷҳо, филиалҳо, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, паркҳои технологӣ, факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳои тайёрӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, интернатура, магистратура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), курсҳои таълимии таҳсилоти касбии иловагӣ, китобхона, дармонгоҳҳо, марказҳои таълимии ҳисоббарорӣ, бюрои конструкторӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, истгоҳҳои таҷрибавӣ, марказҳои таълимию методӣ ва таълимию иттилоотӣ, марказҳои технологию инноватсионӣ, воҳидҳои истеҳсолӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.

22. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома илова ба иҷрои фармоиши давлатӣ дар асоси шартномаҳои дахлдор бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутахассис тайёр намояд.

23. Донишкадаҳои сохторӣ ва филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври мустақил аз аттестатсия гузашта, иҷозатномаи пешбурди фаъолият мегиранд, аммо аз аккредитатсияи давлатӣ дар ҳайати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегузаранд.

24. Таъсиси воҳидҳои сохтории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ғайр аз донишкадаҳои сохторӣ ва филиалҳо) мутобиқи тартиби муқарраршуда дар асоси оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ гардида, дар ин хусус ба муассис иттилоъ дода мешавад.

25. Магистратура, аспирантура докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), докторантура ва вазифаи ходимони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

26. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун воҳиди ягонаи таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

- иштироки ҳатмии воҳидҳои илмӣ ва дигар сохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълими донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагон, магистрантҳо, докторантҳо ва ташкили таъмини раванди таълим;

- аз тарафи ҳамаи воҳидҳои сохторӣ иҷро намудани қарорҳои шӯрои олимон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ.

27. Усулҳои мушаххас ва ташкили муносибатҳои маъмурию ҳуқуқии комплекси воҳиди таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолиро оинномаи муассисаи таълимӣ муайян менамояд.

3. ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

28. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо дархости муассис (муассисон) мутобиқи қарори он ва ё шартҳои шартномаи таъсисдиҳӣ ташкил, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

29. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз замони ба қайди давлатӣ гирифтани он таъсисёфта дониста мешавад.

30. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ намояд ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ истифода барад.

31. Филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, баъди гирифтани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар доираи барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

32. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

4. ҚАБУЛ БА МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ

33. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар асоси озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври ройгон таҳсилоти олии касбӣ гиранд, агар ин зинаи таҳсилот бори аввал гирифта шавад.

34. Шумораи умумии қабули донишҷӯён, ки таҳсилашон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад, ҳар сол аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи замимаи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

35. Қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

36. Қабул ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун ва аризаи шахсии шаҳрвандон, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ (дар заминаи таҳсилоти асосӣ) ё миёнаи касбӣ мебошанд, аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ, ки бо мақсади муайян намудани имконияти аз худ кардани барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад, сурат мегирад. Шартҳои озмун бояд дохилшавии довталабони бештар лаёқатманд ва омодабударо кафолат диҳад, агар шартҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад.

37. Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ, ба магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос ва барои муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки ба низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ворид нагардидаанд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

38. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатнома ҳуқуқи эълони қабули шаҳрвандонро дорад.

39. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ уҳдадор аст, ки довталабонро бо иҷозатнома, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ аз рӯи ҳар як равияи (ихтисоси) тайёр намудани мутахассисон, ки ҳуқуқи додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ оид ба таҳсилоти олии касбиро дорад, шинос намояд.

40. Натиҷаҳои ниҳоии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои тақсими довталабон ва қабули онҳо ба ҳайати донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба ҳисоб рафта, мавриди баҳс қарор дода намешаванд. Ин натиҷаҳо танҳо дар соли имтиҳонӣ эътибор дошта, солҳои баъд ба назар гирифта намешаванд.

41. Довталабон ба таълими пулакӣ танҳо баъди супоридани имтиҳоноти қабул ва пардохти маблағи таҳсил (тибқи шартнома) қабул карда мешаванд. Аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими пулакӣ гузаронидани донишҷӯён иҷозат дода мешавад.

42. Тартиби аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими пулакӣ гузаронидани донишҷӯёнро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

43. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба курси якуми шакли рӯзонаи таҳсилро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар менамояд.

44. Қабули довталаб ба ҳайати донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ӯ дар рӯйхати тақсимоти довталабон ба ихтисоси дахлдор, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, амалӣ мегардад.

45. Довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият (шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд), ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (аслӣ), маълумотномаи тиббӣ ва ба шумораи зарурӣ суратро ба комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод намоянд.

46. Ҳуҷҷатҳои дигар дар мавриде пешниҳод карда мешаванд, ки агар довталаб талабгори имтиёзҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда бошад ё имкониятҳои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии (ихтисоси) интихобкардаи ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд шуда бошанд.

47. Ба зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки зинаҳои бакалавр ва ё мутахассисро хатм намудаанд, қабул карда мешаванд.

48. Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии "магистратура" омодагии махсуси хатмкунандаро аз рӯи ихтисос (самт)-и муайян бо дар назар доштани гузаштан аз таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муҳлати ду сол дар бар гирад. Дар зинаи "магистратура" шакли таҳсил танҳо рӯзона муқаррар карда мешавад.

5. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ, МЕТОДӢ ВА ИЛМИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

49. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба муҳлат ва зинаи тайёрии касбии мутахассисон барномаҳои гуногуни таълимии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва бозомӯзии мутахассисон амалӣ гардонида мешавад.

50. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби шакл, метод, воситаҳои таълим шароити заруриро барои аз худ кардани барномаҳои таълимии касбии донишҷӯён фароҳам месозад.

51. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нақша ва ҷадвали раванди таълимро, аз ҷумла барои омӯзиши инфиродии шахсони алоҳида бо дар назар доштани сатҳи тайёрии пешакӣ ва қобилияти онҳо мувофиқи низомномаҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ мекунад.

52. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгӯ, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои хориҷӣ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ низоми кредитии таҳсилот амалӣ карда мешавад.

53. Тартиби татбиқи низоми кредитии таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

54. Раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии намунавии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқкардашуда сурат мегирад.

55. Барои татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҳар як самт (ихтисос) нақшаи таълимии намунавӣ, нақшаи таълимии фардӣ ва нақшаи таълимии корӣ таҳия ва истифода мешаванд.

56. Таносуби ҳаҷми меҳнатталабии фанҳои ҳатмӣ ва интихобиро дар нақшаи таълимӣ аз рӯи самт (ихтисос)-и амалкунанда шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

57. Ҳиссаи фанҳои ҷомеашиносӣ ва табиию риёзӣ дар нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти бакалавриат то 30 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми кредитҳо барои фанҳои интихобӣ дар нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти бакалавриат 25-30 фоизро ташкил дода, тадриси онҳо дар нақшаҳои таълимӣ аз рӯи самт (ихтисос)-ҳо аз семестри сеюм ба нақша гирифта мешавад.

58. Таносуби фанҳои интихобӣ дар нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти магистратура то 50 фоиз ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) то 70 фоизро ташкил медиҳад.

59. Нақшаи таълимии фардии донишҷӯ дар асоси нақшаи таълимии намунавӣ ва феҳристи фанҳои интихобӣ дар шакли аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқарраргардида бо қарори шӯрои олимон тасдиқ ва барои ҳар як соли таҳсил дар зинаи бакалавриат аз семестри сеюм ва дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аз семестри якум аз тарафи донишҷӯ, магистр ва докторант бо маслиҳати мушовири академӣ (эдвайзер) тартиб дода мешавад.

60. Тамоми шаклҳои сарбории таълимии донишҷӯ (машғулиятҳои назариявӣ, кор (лоиҳа)-ҳои курсӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, кори хатм, рисолаҳои магистрӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисос (PhD), таҷрибаомӯзӣ ва ғайра) новобаста аз зинаҳои таҳсилот бо кредитҳо муайян карда шуда, ба ҳаҷми умумии кредитҳо дохил мегардад.

61. Ҳаҷми меҳнатталабии фаъолияти таълимии донишҷӯён вобаста ба азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо ба ҳисоби 1 кредит барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот 24 соат муқаррар карда мешавад.

62. Ҳаҷми 1 кредит барои иҷрои шаклҳои таълими ғайриназариявӣ (кору лоиҳаи курсӣ, таҷрибаомӯзӣ, кори хатм, рисолаҳои магистрӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисос (PhD) низ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба 24 соат баробар буда, танҳо дар шакли кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор ва кори мустақилонаи донишҷӯ муқаррар карда мешавад.

63. Барои дарёфти дараҷаи академии бакалавр 240 кредит (на камтар аз 6 кредит барои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, на камтар аз 15 кредит барои таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ, иҷрои кори хатмкунӣ ва 3 кредит барои гузаштан аз аттестатсияи хатм), магистр 120 кредит (на камтар аз 12 кредит барои таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ, на камтар аз 6 кредит барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, на камтар аз 39 кредит барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷрои рисолаи магистрӣ, 3 кредит барои аттестатсияи хатм), докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 180 кредит (аз ҷумла 16 кредит барои маҷмӯи фанҳои асосӣ, 4 кредит барои қисмати фанҳои ҳатмӣ, 12 кредит барои қисмати фанҳои интихобӣ, 24 кредит барои фанҳои тахассусӣ, 72 кредит барои кори илмию таҳқиқотӣ (озмоишию таҳқиқотии докторант аз рӯи ихтисос), 46 кредит барои иҷрои диссертатсияи докторӣ аз рӯи ихтисос, 20 кредит барои таҷрибаомӯзиҳои педагогӣ ва касбӣ, 2 кредит барои аттестатсияи ниҳоӣ ва 2 кредит барои имтиҳони маҷмӯӣ) муқаррар карда мешавад.

64. Теъдоди умумии фанҳои таълимӣ барои ҳар як даври академӣ дар зинаи таҳсилоти бакалавриат то 8, дар зинаи таҳсилоти магистратура то 6 ва дар зинаи таҳсилоти докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) то 4 муқаррар карда мешавад.

65. Ҳадди аксари теъдоди фанҳо тибқи барномаи асосии таҳсилот аз рӯи ихтисоси (самти) амалкунанда дар зинаи таҳсилоти бакалавр барои ихтисосҳои алоҳида на камтар аз 48 ва барои ихтисосҳои ҳамгиро то 64 фан муқаррар карда мешавад.

66. Ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ба истифодаи усулҳои муосири тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо мусоидат менамояд.

67. Раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ пурра бо истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад.

68. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақшаҳои таълимиро аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи низоми таҳсилоти фосилавӣ тибқи талаботи мазмуну мундариҷаи ҳадди ақалли стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

69. Ҳаҷми умумии меҳнатталабӣ барои дарёфти дараҷаи академии бакалавр мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ), барои ихтисосҳои амалкунанда (муҳлати таҳсил 4 сол) 240 кредит муқаррар карда шудааст. Муҳлати таҳсили дараҷаи академикии бакалавр дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ барои ихтисосҳое, ки якҷо бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ ба роҳ монда мешавад, дар асоси созишномаи дуҷониба ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 292).

70. Корҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ дар шакли ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ (лексия, машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ ва семинарӣ), корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор (дарсҳои лексионӣ ва корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ва корҳои мутақилонаи донишҷӯ (корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ба роҳ монда мешаванд.

71. Ҳадди ақалли ҳаҷми машғулияҳои аудитории ҳузурӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ барои як соли таҳсил на камтар аз 6 кредит муқаррар карда мешавад ва донишҷӯён бояд зимни баргузории сессияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на камтар аз чор ҳафта ба машғулиятҳои дарсӣ ҷалб карда шаванд.

72. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таҳияи нақшаҳои таълимӣ ҷиҳати гузаронидани 3 кредити таълими назариявии семестри ниҳоӣ дар ихтисосҳои амалкунанда ба семестрҳои 1-7 давраи таҳсил мустақил мебошанд.

73. Ҳаҷми кредитҳое, ки тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунанда барои машғулиятҳои аудитории фосилавӣ (дарсҳои лексионӣ) аз ҳисоби корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ҷудо карда мешавад, бояд на камтар аз 50 фоизи ҳаҷми умумии меҳнатталабии ин шакли корҳои таълимиро ташкил диҳад.

74. Машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ гузаронидани дарсҳои лексионӣ, лабораторӣ, амалӣ ва семинариро дар бар гирифта, ҳангоми баргузор намудани сессияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ҷалби бевоситаи донишҷӯён ба машғулиятҳои дарсӣ ба роҳ монда мешавад.

75. Корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ба таври фосилавӣ дар шакли иҷрои корҳои назоратӣ, супоридани имтиҳонҳои фосилавии 1 ва 2, ҳимояи кор (лоиҳа)-ҳои курсӣ, ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ ва хондани лексия, гузаронидани машварат, мусоҳибаҳо, баҳогузорӣ ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва муайян намудани рейтинги академии онҳо аз ҷониби омӯзгорон дар ҳафтаҳои таълими назариявии як даври академӣ ташкил карда мешавад.

76. Назорати ҷорӣ, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ, муайян намудани рейтинги академӣ ва қабули имтиҳонҳои ниҳоии донишҷӯён, ҳамчунин аттестатсияи хатмкунандагон аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо дар назар доштани низоми кредитии таҳсилот ва истифода аз воситаҳои электронӣ амалӣ карда мешавад.

77. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намудҳои зерини машғулиятҳои таълимӣ муқаррар карда мешаванд: лексия, дарс-лексия, машварат, семинар, машғулияти амалӣ, кори лабораторӣ, кори контролӣ, коллоквиум, кори мустақилона, таҷрибаомӯзӣ, кори курсӣ, реферат, кори эҷодӣ, кори таҳлилӣ ва намоишӣ (дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳанг, санъат ва мусиқӣ), иҷрои таҳқиқоти дипломӣ ва таҳқиқоти магистрӣ.

78. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад намудҳои дигари корҳои таълимиро низ ба роҳ монад. Барои ҳамаи намудҳои машғулиятҳои аудиторӣ 50 дақиқа вақти академӣ муқаррар карда мешавад.

79. Донишҷӯён, интернҳо, магистрҳо, ординаторҳо ва докторантҳои шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи тартиб ва андозаи муқарраршуда стипендияи давлатӣ ё стипендияи муассисаю ташкилотро мегиранд.

80. Барои донишҷӯён, магистрҳо ва ординаторҳои таҳсили рӯзона дар давоми соли таҳсил на камтар аз 7 ҳафта таътил, аз ҷумла 2 ҳафта таътили зимистона муқаррар карда мешавад.

81. Вазифаи тарбиявии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки аз табиати башардӯстонаи таълим, афзалияти арзишҳои инсонӣ бармеоянд, дар фаъолияти якҷояи таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии донишҷӯён ва омӯзгорон татбиқ карда мешавад.

82. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиби гузаронидани машғулиятҳо, аттестатсияи донишҷӯён ва шунавандагон мустақил буда, супоридани санҷишу имтиҳонҳои ҷориро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба роҳ мемонад.

83. Ҷалб намудани донишҷӯёну шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба раванд ва фаъолияти таълимӣ вобастагӣ надорад, манъ аст.

84. Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, ки онро Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ кардааст, дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сурат мегирад, ки мувофиқи онҳо ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии худ уҳдадоранд барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва аккредитатсияшудаи ғайридавлатӣ ҷой диҳанд ва шароити мусоид фароҳам созанд.

85. Фарогирии нақшаи таълимии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо аттестатсияи хатми донишҷӯён хотима меёбад.

86. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар ташкил ва гузаронидани раванди таълим, истифодаи технологияи нав шаклу усулҳои пешқадами таълимро ҷустуҷӯ ва ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисон истифода менамояд.

87. Забони таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

88. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои методиро ташкил ва ба роҳ мемонад. Ҳамоҳангсозии корҳои таълимию методӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби маркази таълимию методӣ амалӣ мегардад.

89. Вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ аз инҳо иборатанд:

- коркарди масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ;

- таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ;

- иҷрои корҳои таҳқиқотии дорои хусусияти илмию эҷодӣ.

90. Таҳқиқоти илмие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад, бо дар назар доштани афзалиятнокии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи аз иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ бадастомада, қарзи бонкҳо, маблағҳои худӣ, хайрияҳо ва манбаъҳои дигар маблағгузорӣ карда мешаванд.

91. Принсипи асосии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ иборат аст.

92. Намуди асосии фаъолияте, ки аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, дар баробари фаъолияти таълимӣ, инчунин фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла амалисозии ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ мебошад.

93. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд баробари дар ҷараёни таълим ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илм, ба он олимони ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла ташкилотҳои илмии таҳқиқотии хориҷиро ҷалб намоянд.

94. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳқиқоти илмӣ ва корҳои эҷодиро аз рӯи нақшаи мавзӯӣ, ки онро шӯрои олимон тасдиқ менамояд, амалӣ сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятҳои илмии худ, сифати корҳои иҷрошаванда ва шароити бехатарии меҳнат, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагонро барои иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ таъмин мекунад.

6. ХУДМУХТОРИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ОЗОДИИ АКАДЕМӢ

95. Худидоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мустақилияти муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва ғайра, ки оинномаи он мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ифода менамояд.

96. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои татбиқи низоми фосилавии донишомӯзӣ низомномаи аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф тасдиқнамударо истифода мебарад.

97. Назорати мувофиқати фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо дар назар доштани мақсадҳое, ки дар оинномаи он пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф ва муассис (муассисон), ки дар доираи салоҳияти худ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома додаанд, амалӣ мегардад.

98. Ба ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ озодиҳои академӣ дода мешавад, то мавзӯи дарсро (таълимро) бо усули худ дар доираи барномаҳои таълимӣ баён кунанд, мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулҳои худ гузаронанд.

99. Дар доираи барномаҳои таълимӣ ба донишҷӯён мувофиқи майлу талаботи онҳо озодии академӣ дода мешавад.

100. Муносибати байни муассис ва муассисаи таҳсилоти олии касбиро шартномаи тарафайн муайян мекунад.

101. Худидоракунӣ шакли озодии академӣ мебошад ва шарти зарурӣ барои кафолати иҷрои уҳдадориҳои муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.

102. Худидоракунии дастаҷамъӣ ва роҳбарии муносиби академӣ қисми муҳимтарини таркибии худмухторӣ мебошад.

103. Худмухторӣ шакли муҳимтарини ташкили раванди таълим ва тадбирҳои академӣ мебошад, ки масъулияти давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбиро назди муассис мегузорад.

104. Барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд муттасил ва зина ба зина тавассути низоми кредитии таълим ва ё анъанавӣ, мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф амалӣ шаванд.

7. СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТ ВА БАРНОМАҲОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ. ЗИНАҲОИ ТАҲСИЛОТ

105. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ иборат аст аз:

- талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- талабот ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобаста ба шароити амалӣ гардонидани онҳо, аз ҷумла ба таҷрибаи таълимию истеҳсолӣ, аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи тайёр намудани онҳо аз рӯи соҳаҳои ихтисосҳои алоҳидаи таълим;

- муҳлати фаро гирифтани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- ҳаҷми ниҳоии сарбории донишҷӯён.

106. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ таъмини муқаррароти зеринро дар бар мегирад:

- сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- ягонагии фазои таълим;

- эътироф ва муқаррар намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

107. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

108. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ нисбат ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки аз рӯи самтҳои таълим аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, татбиқ мегардад.

109. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ доранд ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, уҳдадоранд, ки дар раванди таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои давлатии таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо) талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд.

110. Барои аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо) таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаҳои таълимӣ танҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбие ҳуқуқ доранд, ки дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошанд.

111. Муайян намудани ҳадди ақалли ҳатмии азхудкунии мазмуну мундариҷаи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҳар як ихтисос (самт) дар асоси ҷузъи ҷумҳуриявии стандарти давлатии таълимӣ, ки талаботи давлатиро нисбат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон муқаррар намудааст, ба роҳ монда мешавад.

112. Ҳаҷми кредитҳо барои бахши фанҳои ҷомеашиносӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзии зинаи таҳсилоти "бакалавриат" бо дар назар доштани фанҳои интихобӣ на камтар аз 72 кредит (ё на камтар аз 30 дарсади миқдори умумии кредитҳо)-ро ташкил медиҳад.

113. Ҳаҷми умумии кредитҳои бахши фанҳои умумитаълимии зинаи таҳсилоти олии касбии "магистратура" на камтар аз 60 кредит (ё на камтар аз 50 дарсади миқдори умумии кредитҳо)-ро ташкил медиҳад.

114. Барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бояд дар баробари фанҳои ҳатмӣ фанҳои интихобиро низ дар бар гиранд. Номгӯи фанҳои интихобиро муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд.

115. Ҳаҷми кредитҳои фанҳои интихобӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбии "бакалавриат" ва "мутахассис" 25-30 дарсад ва дар зинаи магистратура 50 дарсадро ташкил медиҳад.

116. Барномаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандони дорои таҳсилоти олӣ имконият медиҳанд, ки дараҷаи тахассусии илмию омӯзгории худро баланд намуда, барои иҷрои корҳо ҷиҳати дарёфти унвони илмӣ тайёр шаванд.

117. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини таҳсилоти олии касбӣ муқаррар шудаанд:

- таҳсилоти бисёрзинагӣ: таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузашта тахассуси дараҷаи "бакалавр" дода мешавад; таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузашта тахассуси дараҷаи "магистр" дода мешавад.

- таҳсилоти анъанавӣ: таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузашта тахассуси дараҷаи "мутахассис" дода мешавад.

118. Таҳсилоти шахсоне, ки омӯзишро аз рӯи барномаи таълимии асосии таҳсилоти олии касбӣ ба итмом нарасонидаанд, аммо аз аттестатсияи ҷорӣ бомуваффақият гузаштаанд (на камтар аз ду соли таҳсил), таҳсилоти олии касбии нопурра шуморида шуда, ба онҳо ҳуҷҷати академии шакли муқарраршуда дода мешавад.

119. Муҳлати фарогирии барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои банди 69 ва барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии тиббӣ) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 292):

- барои дарёфти тахассуси "бакалавр" - на камтар аз чор сол;

- барои дарёфти тахассуси "мутахассис" - на камтар аз панҷ сол;

- барои дарёфти дараҷаи "магистр" - ду сол;

- барои дарёфти дараҷаи "доктори фалсафа (PhD)", "доктор аз рӯи ихтисос" дар заминаи таҳсилоти олии магистратура - се сол.

120. Шахсоне, ки оид ба таҳсилоти олии касбии зинаи муайян ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро доранд, мутобиқи ихтисос метавонанд аз рӯи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии зинаи минбаъда таълимро идома диҳанд.

121. Аз бар намудани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии дараҷаи мувофиқ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ ба шахс барои ишғоли вазифаи мувофиқ дар муассисаи давлатӣ ва гирифтани музди кор ва музди изофа асос мебошад. Барои шахсоне, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии тиббӣ ва таҳсилоти олии фарматсевтиро аз бар намудаанд, барои ишғоли вазифаҳои зикршуда тайёрии баъди таҳсилоти олии касбӣ дар интернатура, ординатура (резидентура) ва магистратура, ки он бо шаҳодатномаи шакли муқарраршуда тасдиқ шудааст, асос мебошад.

122. Тахассуси дараҷаи "бакалавр" ҳангоми ба кор қабул намудан ба шаҳрвандон ҳуқуқи ишғоли вазифаеро медиҳад, ки барои он мутобиқи талаботи тахассусӣ (мутахассис) таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

123. Ишғоли вазифаи хизмати давлатӣ аз ҷониби бакалавр, магистр ва мутахассис бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

124. Назорати давлатии риояи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти соҳавӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва ташкили назорати давлатии риояи талаботи он дар якҷоягӣ бо муассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад.

8. ҲУҶҶАТҲО ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

125. Ба шахсоне, ки таҳсилро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дода мешавад.

126. Муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти дахлдор ҳуҷҷати намунаи давлатии дорои нишони давлатӣ ва нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда медиҳад. Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ва нишони сарисинагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

127. Ҳуҷҷатҳое, ки хатми зинаҳои таҳсилоти олии касбиро тасдиқ менамоянд, инҳоянд:

- дипломи мутахассис;

- дипломи бакалавр;

- дипломи магистр;

- дипломи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос;

- дипломи доктори илм.

128. Тартиби додани ҳуҷҷатро дар бораи такмили ихтисос бо роҳи гузаштани курсҳои гуногун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

129. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ барои додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.

130. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҷумҳурӣ эътибор доранд.

9. ИДОРАКУНИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ, НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ, ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ, АТТЕСТАТСИЯ ВА АККРЕДИТАТСИЯИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

131. Идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва оинномаи муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

132. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи муассис (маҷлиси умумии муассисон) тасдиқ карда мешавад.

133. Роҳбарии умумии муассисаи таҳсилоти олии касбиро шӯрои олимон амалӣ менамояд. Муҳлати ваколатҳои шӯрои олимон наметавонад аз 5 сол зиёд бошад. Аз нав интихоб намудани аъзои шӯрои олимон пеш аз муҳлат бо дархости на камтар аз нисфи аъзо, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи оинномаи муассисаи олии таълимӣ гузаронида мешавад.

134. Тартиби интихоби ҳайати аввали шӯрои олимонро маҷлиси умумӣ (муассисон), омӯзгорон, кормандони илмӣ, намояндагони гурӯҳи дигари кормандон ва донишҷӯён муайян мекунанд. Ба ҳайати шӯрои олимон намояндагони тамоми гурӯҳҳои кормандон ва донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ, иттифоқҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ интихоб шуда метавонанд.

135. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти он шӯроҳои дигар низ таъсис дода мешаванд. Тартиби интихоб, ҳайат, ваколатҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти шӯроҳо тибқи оинномаи муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад.

136. Тартиби интихоби вакилони маҷлиси умумӣ (конференсия)-ро шӯрои амалкунанда бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои кормандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён муайян менамояд, дар ин маврид намояндагони аъзои шӯрои олимон набояд аз 30 фоизи шумораи умумии вакилон зиёд бошад.

137. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатии навтаъсис то созмон ёфтани шӯрои олимон, пурра кардани ҳайати омӯзгорон, кормандони илмӣ ва дигар гурӯҳҳои кормандон оиннома аз тарафи муассис ба муддати на бештар аз як сол тасдиқ карда мешавад. Масъалаҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва касбӣ дар доираи шартномаи коллективӣ ҳал шуда, қабул ва татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

138. Роҳбарии бевоситаи муассисаи таҳсилоти олии касбиро ректор амалӣ менамояд.

139. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии хусусӣ аз тарафи муассис (муассисон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатии дорои мақоми байналмилалӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 292).

140. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректор, ваколатҳои мақомоти иҷроияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тартиби қабули қарор ва намояндагӣ намуданро аз номи муассиса қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор муайян мекунад.

141. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тамоми масъулияти вазъи раванди таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаи таҳсилоти олии касбиро ба уҳда дорад.

142. Доираи ваколатҳои ҳуқуқии байни аъзои шӯрои олимон ва ректор мутобиқи оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.

143. Ба ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ишғоли вазифаҳои дигари роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ дар дохили муассисаи таълимӣ ё берун аз он манъ аст. Ректор дар доираи ваколати худ амру фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ҳатмӣ мебошад.

144. Ректор метавонад, ки иҷрои қисме аз ваколатҳои худро ба зиммаи муовинон ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ вогузор намояд.

145. Бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи маориф муовинони якум ва муовинони онҳо аз ҳисоби мутахассисони дорои дараҷаи доктор ё номзади илм аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва ё мақомоти дахлдори давлатие, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

146. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ муовинон бо пешниҳоди ректор аз тарафи муассис (муассисон) аз ҳисоби мутахассисони дорои дараҷаи доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ё номзади илм ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

147. Роҳбарии факултетро декан ба уҳда дорад, ки он аз ҳисоби мутахассисони дорои дараҷаи доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ё номзади илм аз тарафи ректор дар мувофиқа бо муассис ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

148. Роҳбарии кафедраро мудир ба уҳда дорад, ки фаъолияти он тибқи низомномаи намунавии кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад.

149. Низомномаҳо дар бораи кафедраҳо ва дигар сохторҳои таркибии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи мазкур таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

150. Ҳуқуқи дар амал татбиқ намудани нақша ва барномаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва имтиёзҳо мувофиқи қонунгузории ҷорӣ, аз лаҳзаи додани иҷозатнома (литсензия) ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад.

151. Иҷозатнома (литсензия) оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси хулосаи комиссияҳои экспертӣ дода мешавад. Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҷониби комиссияи иҷозатномадиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

152. Иҷозатномаи фаъолияти таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи равияҳои нав, тайёр кардани мутахассисон (ихтисосҳо) новобаста аз доштани иҷозатномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз нав гузаронида мешавад.

153. Иҷозатнома ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон дар ҳолате дода мешавад, ки агар онҳо таҳти ҳуқуқи моликият, идоракунии оперативӣ ё иҷораи молу мулки дахлдор ва манбаи таълимию моддии зарурӣ дошта бошанд.

154. Аттестатсияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Мақсади аттестатсия муқаррар кардани мувофиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва аз рӯи самтҳо тайёр кардани мутахассис мебошад.

155. Аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҷониби комиссияи аттестатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

156. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 5 сол як маротиба амалӣ карда мешавад.

157. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии мақоми муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, номгӯи равияҳои тайёр намудани ихтисосҳоро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва аз рӯи онҳо муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба хатмкунандагон ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбиро дорад, муқаррар менамояд.

10. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ДОНИШҶӯЁН ВА ШУНАВАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

158. Донишҷӯ шахсе мебошад, ки бо тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул карда шудааст ва дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ бо мақсади гирифтани зинаи муайяни таҳсилот ва ихтисос таҳсил менамояд.

159. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодатномаи донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонотии намунаи муқарраргардида дода мешавад.

160. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:

- дар ташкили мазмуну мундариҷаи таълими худ бо риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намоянд. Ин ҳуқуқи онҳо дар қарордоди байни донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои таҳсил ва ба кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунад, дарҷ шуда метавонад;

- курсҳои факултативӣ (барои самтҳои муайяни таълим (ихтисос) ва курсҳои элективиро (ҳамчун ҳатмӣ), ки аз ҷониби факултет ва кафедра пешниҳод мегарданд, интихоб намоянд;

- ғайр аз фанҳои таълимии (ихтисосии) соҳаи интихобшуда ҳар гуна фанҳои дигареро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи он, инчунин фанҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар таълимдодашавандаро аз бар намоянд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассуси ҳарбӣ таълим гиранд;

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли таълими пулакӣ ба шакли таълими ройгон гузаранд;

- ба таври озод ба ихтисос ва ё муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо нигоҳ доштани ҳуқуқҳое, ки барои донишҷӯ бори аввал дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, гузарад;

- баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, барои таҳсил ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барқарор гардад;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф иштирок намоянд;

- аз китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, интернет, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон истифода намоянд;

- дар корҳои илмию таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок ва баромад намоянд;

- асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод кунанд;

- аз амру фармоишҳои маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд.

161. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ки дар шуъбаҳои рӯзона таҳсил мекунанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таълим мегиранд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд. Тартиби муқаррар ва пардохти стипендия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

162. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи дахлдор ҳуқуқ доранд стипендияи муқаррарнамудаи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳоро барои таҳсил фиристодаанд, инчунин стипендияҳои шахсан таъиншуда гиранд.

163. Ба донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф рухсатии академӣ дода мешавад.

164. Барои донишҷӯёни шакли рӯзонаи таҳсил, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонун дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.

165. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд, аз китобхонаҳои давлатӣ ройгон истифода баранд ва ҳамчунин ройгон вориди осорхонаҳои давлатӣ шаванд.

166. Донишҷӯи эҳтиёҷманди манзил дар хобгоҳ (ба шарте муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад.

167. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои комёбиҳо дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмию таҳқиқотӣ мутобиқи оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мукофотҳои моддӣ ва ё маънавӣ сарфароз гардонида мешаванд.

168. Донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад:

- бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;

- бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;

- барои давомоти нокифоя;

- барои қарздории академӣ;

- пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан;

- сари вақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

- дар муҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон;

- бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста шуда бошад;

- ҳангоми фавт;

- дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол;

- барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

- бо хоҳиши худаш.

169. Барои риоя накардани уҳдадориҳое, ки дар оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хаттӣ, роҳбари муассисаи таълимӣ метавонад ба донишҷӯ ҷазои интизомӣ татбиқ ва ҳатто аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ намояд.

170. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим истифодаи телефонҳои мобилӣ, дафтару ашёи хонише, ки дар онҳо расму суратҳои нимурён, аксҳои гуногун аз филмҳои талқинкунандаи зӯроварӣ ва барангезанда, инчунин мусаввара ва аксҳои тарғибгари фарҳанг ва идеологияи бегона, парчаму нишон ва рамзҳои дигар кишварҳо тасвир шудаанд, манъ аст.

171. Ба дарс бо либосҳои варзишӣ (ба ғайр аз дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар), либосҳои тарғибгари фарҳанги бегона ва дорои ҳар гуна навиштаҷот ва дигар ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа нишон дода шудаанд, омадани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ манъ аст.

172. Ҷазои интизомӣ ба донишҷӯ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

173. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ уҳдадоранд, ки донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ ва методҳои муосири таҳқиқро аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон аз худ кунанд, дар муҳлатҳои муқарраршуда ҳамаи супоришҳои дар нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодгардидаро иҷро намоянд, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва маънавиро эҳтиром ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаи хобгоҳ ва дигар талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

174. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дигари донишҷӯёнро қонунгузорӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд.

175. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои академӣ, ба истиснои ҳуқуқи гирифтани стипендияи давлатӣ, баробари мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ мебошад.

176. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ надорад, дар асоси оинномаи ҳамин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешавад.

177. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки барои пурра амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ аз таҳсилоти фосилавӣ истифода мебаранд, инчунин филиалҳои муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии зикршуда, ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани раванди таълим дар филиалҳо ва тамоми намудҳои аттестатсияи донишҷӯёни ин филиалҳо, ҳамаи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои донишҷӯёни ҳамин шакли мутаносиби дарёфти таҳсилотро доранд.

178. Ба донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ муассисаи кордиҳанда як маротиба дар соли таҳсил хароҷоти рафтуомадро то маҳалли муассисаи олии таълимӣ барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани имтиҳон ва ҳамчунин барои гузаштан аз аттестатсияи хатм, навиштан ва дифои корҳои хатмкунии тахассусӣ пардохт мекунад.

179. Барои кормандони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, дар шартномаи коллективӣ ё шартномаи меҳнатӣ тамдид намудани муҳлати рухсатиҳои иловагӣ бо пардохти маош ба ҷои рухсатии бе пардохти маош ва имтиёзҳои дигар пешбинӣ шуда метавонад.

180. Ба донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари таҳсил кор мекунанд, рухсатии иловагии бемузди меҳнат аз ҷои кор барои супоридани санҷишу имтиҳонот ба муҳлати понздаҳ рӯзи тақвимӣ дар соли таҳсил, барои навиштан ва дифои кори дипломӣ якҷоя бо супоридани имтиҳоноти давлатӣ чор моҳ, барои супоридани имтиҳоноти давлатӣ як моҳ дода мешавад.

181. Шунавандагони соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахсоне мебошанд, ки дар шуъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, факултетҳо, муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд муассисаҳои олии таълимӣ, ординатураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ таҳсил мекунанд.

182. Мақоми ҳуқуқии шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар бахши соҳиб гаштан ба таҳсилот ба мақоми донишҷӯи муассисаи таълимии шакли дахлдор баробар аст.

183. Шахсоне, ки дар ординатура (резидентура) ва магистратура таҳсил мекунанд ва ё таҳсили тахассусии баъдидипломиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлат идома медиҳанд, бо стипендия таъмин карда мешаванд ва аз таътили ҳарсолаи 24-рӯза истифода мебаранд.

11. ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

184. Шаклҳои асосии тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгории баландихтисос магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторантура мебошад. Магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ё доктори илм шароит фароҳам меоварад.

185. Барои шахсоне, ки дар магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунанд, стипендияи давлатӣ муайян карда мешавад.

186. Ба докторантҳо стипендияи давлатӣ ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад. Ҳуқуқҳои дар ҷои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура доштаи докторантҳо (ҳукуқи гирифтани манзил, дараҷаи илмӣ ва дигар ҳуқуқҳо) ва ҳамчунин ҳуқуқи баргаштани онҳо ба ҷои кори пешина маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

187. Ба ҳар магистрант, аспирант, докторант аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторанте, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таҳсил мекунад, барои хариди китобҳои илмӣ ҳар сол ба андозаи ду стипендия кумакпулӣ дода мешавад.

188. Тайёр кардани кормандони илмии баландихтисос дар шакли унвонҷӯии дараҷаи илмӣ низ амалӣ мегардад.

189. Унвонҷӯёне, ки дар таълифи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм таҳқиқот мебаранд ва аз рӯи масъалаи мубрами иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои афзалиятноки таққиқоти бунёдии илмӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мақсади таҳияи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм метавонанд ба муҳлати то ду сол ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронида шаванд. Барои унвонҷӯёне, ки ба вазифаи кормандони калони илмӣ гузаронида шудаанд, бо нигоҳ доштани маоши вазифавии қаблӣ, ҳуқуқи ба ҷои кори пештара гузаштан дода мешавад.

190. Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхона ва муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон мутобиқан ба муҳлатҳои се ва шаш моҳ бо нигоҳ доштани музди меҳнат рухсатии эҷодӣ дода мешавад.

191. Низомномаҳои магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), докторантура ва унвонҷӯӣ аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

12. КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

192. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ (ҳайати омӯзгорон, кормандони илмӣ: ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ), муҳандисию техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва ғайра пешбинӣ мешаванд.

193. Ба ҳайати омӯзгорон мансабҳои декани факултет, мудири кафедра, мудири озмоишгоҳ, профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим ва ассистент мансубанд.

194. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кор қабул кардани кормандони илмию омӯзгорӣ мутобиқи шартномаи меҳнатӣ амалӣ карда мешавад. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ кормандони илмию омӯзгорӣ аз озмун мегузаранд.

195. Мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун интихоб мешавад. Низомнома оид ба тартиби ишғоли вазифа ва гузаштан аз озмунро барои иҷрои вазифаи мудири кафедра мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ менамояд.

196. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:

- бо тартиби муқарраргардида ба шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунанд ва интихоб шаванд;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкат намоянд;

- аз хидмати китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияи иттилоотию иртиботӣ, шабакаи интернет, фондҳои иттилоотӣ, шуъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хидмати шуъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шуъбаҳои дигари сохтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи оинномаи он ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;

- мазмуни курсҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ муайян кунанд;

- усул ва воситаҳои таълимро, ки ба хусусиятҳои фардии ҳар кадоми онҳо бештар ҷавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимро таъмин мекунанд, интихоб намоянд;

- аз болои фармоишу супоришҳои раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят кунанд.

197. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ уҳдадоранд:

- самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд;

- талаботи оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд;

- донишҷӯёнро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;

- ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ эҳтиром гузоранд;

- барои такмили ихтисоси худ пайваста кӯшиш намоянд;

- дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро вобаста ба сару либоси тавсиявӣ риоя намоянд.

198. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд он усул ва воситаҳои гузаронидани таҳқиқоти илмиеро интихоб намоянд, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ бошанд, ба қобилияти инфиродии онҳо бештар мувофиқат кунанд ва сифати баланди раванди илмиро таъмин намоянд.

199. Ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони маъмурию хоҷагӣ, муҳандисию техникӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёридиҳанда ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбиро қонунгузорӣ оид ба меҳнат, оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дастурҳои вазифавӣ муайян мекунанд.

13. ТАЙЁР КАРДАН ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ИЛМИЮ ОМӯЗГОРӢ

200. Кормандони илмию омӯзгорӣ дар магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ё ташкилотҳои илмӣ ва ҳамчунин бо роҳи вобаста намудани унвонҷӯён ба ин муассисаю ташкилотҳо барои навиштан ва дифои рисолаи номзади илм ё доктори илм ё бо роҳи ба вазифаи кормандони илмӣ гузаронидани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷиҳати таълифи рисолаи докторӣ омода карда мешаванд.

201. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаклҳои зерини такмили ихтисосро муқаррар мекунад:

- коромӯзии илмӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, аз ҷумла, дар корхонаҳо, марказҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла дар хориҷа;

- рухсатиҳои эҷодӣ барои ба итмом расонидани рисолаи илмӣ;

- такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар донишкадаҳо, факултетҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;

- бозомӯзӣ ва таълим дар факултетҳо ва курсҳои махсуси назди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

202. Такмили ихтисоси кормандони илмию омӯзгориро ҳамчунин аз рӯи шартномае, ки шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоту муассисаҳои илмӣ мебанданд, аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ метавон амалӣ намуд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб, намуд ва шаклҳои дигари такмили ихтисосро муқаррар менамояд.

14. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ, ҲИСОБОТ ВА БАҲИСОБГИРӢ

203. Муассис (муассисон) бо мақсади таъмини фаъолияти дар оиннома пешбинишуда биною иншоот, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар молу мулки зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста менамояд. Ба фаъолияти молиявии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дахолат намудани вазорату идораҳо манъ аст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.06.2023 № 292).

204. Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ, сарпарастон, фондҳои хайрия, худмаблағгузорӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, барои тайёр намудани мутахассисон, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон дар асоси меъёрҳои муқарраргардидаи давлат амалӣ карда мешаванд.

205. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд ба сифати иҷорагир ва (ё) иҷорадиҳандаи моликият тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намоянд.

206. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аз ҷониби муассис (муассисон) мутобиқи шартномаи байни онҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Аз рӯи шартномаи байни муассис (муассисон) ва муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ин фаъолият метавонад қисман ё пурра бо худмаблағгузорӣ ба амал бароварда шавад.

207. Таҳқиқоти илмие, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ анҷом медиҳанд, аз ҷониби мақомоти давлатии идораи маориф ва (ё) мақомоти ҳокимияти давлатие, ки ин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ихтиёри онҳо мебошанд, маблағгузорӣ карда мешавад.

208. Фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, инчунин аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.

209. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи оинномаи худ дар самти таълим ва самтҳои дигар, ба шарте ки он бар зиёни фаъолияти асосии он набошад, метавонад фаъолияти пулакиро ба роҳ монад. Фаъолияти пулакии таълимӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ивази фаъолияти таълимии аз ҳисоби буҷет маблағгузоришаванда амалӣ шуда наметавонад.

210. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ҳуқуқ дорад дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома илова ба маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷет, қабули донишҷӯёнро бо риояи замимаи иҷозатнома тибқи шартномаҳо бо пардохти арзиши таҳсил аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ намояд.

211. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ натиҷаҳои фаъолияти молиявию муҳосиботии худро ба ҳисоб мегирад, ҳисоботи оморӣ ва муҳосиботиро дар шакли муқарраршуда пеш мебарад, ба муассис дар бораи маблағҳои ворид ва масрафшуда ҳисобот пешниҳод менамояд.

15. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

212. Ҳамкории байналмилалии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар доираи фаъолияти сиёсати хориҷии давлат ба ҳамшарикии воқеӣ, эътимоду боварии тарафайн ва ба шартномаю созишномаҳои байнидавлатӣ асос меёбад.

213. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, муассиса, корхонаю ташкилотҳои таълимии низоми маориф ҳуқуқ доранд бо муассиса, корхонаю ташкилотҳои хориҷӣ робитаи бевосита барқарор намоянд, барномаҳои байналмилалии таълимӣ, илмӣ ва илмию таҳқиқотиро амалӣ гардонанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттиҳодияҳои байналмилалии ҷамъиятии таълимӣ ва илмӣ ҳамроҳ шаванд.

214. Маблағҳои пулӣ ва дигар дороиҳое, ки муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба даст меорад, моликияти ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, ба он ҳуқуқи ихтиёрдории пурра дорад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун мусодира кардани он манъ аст. Ин маблағ барои рушди соҳаи маориф, музди меҳнати кормандон ва пойдор сохтани заминаи моддию техникии он истифода мешавад.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "21" июни соли 2018, № 306

тасдиқ шудааст

Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - муассисаи таҳсилоти олии касбӣ) вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳӣ, вазифа, сохтор, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, молиявӣ, байналмилалӣ ва идоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбиро ба танзим медарорад.

2. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ғайридавлатӣ, муштарак ва байналмилалӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.

3. Низомномаи намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистн "Дар бораи маориф" ва "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳури Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. МУАССИСАИ ТАҳСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӣ, ВАЗИФАҳО ВА СОХТОРИ ОН

4. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муассисаи таълимӣ, таълимии илмие мебошад, ки барномаи таълимии касбии таҳсилоти олиро аз рӯи стандарт ва самти муайяни таълим ва маърифату тахассус татбиқ менамояд, таълиму тарбия ва тайёрии касбии шаҳрвандонро вобаста ба майлу хоҳиш, қобилият ва талаботи меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин мекунад, инчунин фаъолияти илмӣ ва илмию техникиро амалӣ мегардонад.

5. Муассисаи таҳсилоти олии касбии аз тарафи давлат таъсис ёфта аз буҷети давлатӣ ё дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад.

6. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ бо пешниҳоди вазорату идораҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

7. Муассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбии татбиқкунандаи барномаҳои ҳарбии касбии таълимӣ (муассисаҳои таълимии ҳарбӣ) танҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонад.

8. Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ дар асоси моликияти хусусӣ ва ё моликияти дигари ғайридавлатӣ таъсис ёфта, ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ тааллуқ дорад.

9. Муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ чун қисми таркибии сохтори таҳсилот аз рӯйи стандарти давлатии таҳсилот дорои ҳамаи ҳуқуқу уҳдадориҳое мебошад, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии давлатӣ доранд.

10. Муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ аз тарафи муассис (муассисон) таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

11. Вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ иборатанд аз:

- қонеъ гардонидани талаботи шахс ба рушди зеҳнӣ, фарҳангӣ ва арзишҳои маънавӣ бо роҳи дарёфти таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- рушди илму ҳунар тавассути таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти эҷодии кормандони илмию омӯзгорӣ ва донишҷӯён, истифодаи натиҷаҳои ҳосилшуда дар ҷараёни таълим ва истеҳсолот;

- омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва кормандони илмию омӯзгории баландихтисос;

- дар замири донишҷӯён инкишоф додани ҳисси худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва қобилияти кору зиндагии донишҷӯён дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ;

- ҳифз ва афзун намудани арзишҳои миллӣ, ахлоқӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва анъанаҳои кишвар;

- таҳкими сатҳи арзишҳои маънавии шаҳрвандон, такмили савияи таҳсилот ва фарҳанги онҳо;

- таъмини шароити мусоид барои таҳсил ва таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва омӯзгории донишҷӯён.

12. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ташаккул додани сохтори худ мустақиланд.

13. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбиро амалӣ намоянд, агар дар сохтори онҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мавҷуд ва барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома дошта бошанд.

14. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода мешаванд: донишгоҳ, академия, донишкада, консерватория.

15. Донишгоҳ муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро аз рӯи доираи васеи соҳаву ихтисосҳо амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисос, илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- дар соҳаҳои гуногуни илм таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ анҷом медиҳад;

- дар соҳаҳои фаъолияти худ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.

16. Академия муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар соҳаи муайяни фаъолият амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти илмӣ ва илмиву омӯзгорӣ тайёр намуда, донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- дар яке аз соҳаҳои илм ё фарҳанг таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ анҷом медиҳад;

- дар соҳаҳои фаъолияти худ маркази пешбари илмӣ ва методӣ мебошад.

17. Донишкада муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва барномаҳои таълимии таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро дар як ё якчанд самти ҷудогона амалӣ мегардонад;

- кормандони баландихтисосро барои соҳаи муайяни фаъолияти касбӣ тайёр ва донишу ихтисоси онҳоро такмил медиҳад;

- таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ мебарад.

18. Консерватория муассисаи таҳсилоти олии касбиест, ки:

- барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳанг, санъат ва мусиқиро амалӣ намуда, дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи мазкур чораҳо меандешад;

- низоми устувори такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои соҳавиро ташаккул медиҳад;

- барои баланд бардоштани самаранокии таҳсилот дар ҷараёни таълим, корҳои илмӣ-методӣ, таҳқиқотӣ, робитаҳои таълимию эҷодӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешқадам чораҷӯиҳо менамояд;

- заминаи моддию техникӣ ва илмию методии соҳаро тақвият мебахшад;

- шаклҳои тарбияи кадрҳои соҳавиро бо баланд бардоштани мақоми иҷтимоӣ ва таълиму тарбияи рақобатпазир мукаммал мегардонад.

19. Мақоми ҳуқуқии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар номи он ифода меёбад. Номи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таъсисёбӣ муқаррар шуда, дар сурати тағйир ёфтани мақоми он ҳатман тағйир дода мешавад.

20. Агар дар муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ номи махсус истифода гардад (консерватория, омӯзишгоҳи олӣ ва номҳои дигар), дар баробари он шакли муассисаи олии таълимӣ нишон дода мешавад.

21. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки мақоми донишгоҳро доранд, бо розигии муассис метавонанд дар сохтори худ донишкадаҳо, академияҳои таълимӣ, коллеҷҳо, филиалҳо, муассисаҳои илмию методӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, паркҳои технологӣ, факултетҳо, кафедраҳо, шуъбаҳои тайёрӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, лоиҳакашӣ, интернатура, магистратура, ординатура (резидентура), аспирантура, докторантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), курсҳои таълимии таҳсилоти касбии иловагӣ, китобхона, дармонгоҳҳо, марказҳои таълимии ҳисоббарорӣ, бюрои конструкторӣ, хоҷагиҳои таълимию таҷрибавӣ, истгоҳҳои таҷрибавӣ, марказҳои таълимию методӣ ва таълимию иттилоотӣ, марказҳои технологию инноватсионӣ, воҳидҳои истеҳсолӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ дошта бошанд.

22. Муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ ҳуқуқ дорад, ки дар доираи муқаррарнамудаи иҷозатнома илова ба иҷрои фармоиши давлатӣ дар асоси шартномаҳои дахлдор бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мутахассис тайёр намояд.

23. Донишкадаҳои сохторӣ ва филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври мустақил аз аттестатсия гузашта, иҷозатномаи пешбурди фаъолият мегиранд, аммо аз аккредитатсияи давлатӣ дар ҳайати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мегузаранд.

24. Таъсиси воҳидҳои сохтории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (ғайр аз донишкадаҳои сохторӣ ва филиалҳо) мутобиқи тартиби муқарраршуда дар асоси оинномаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ гардида, дар ин хусус ба муассис иттилоъ дода мешавад.

25. Магистратура, аспирантура докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), докторантура ва вазифаи ходимони илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешаванд.

26. Фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун воҳиди ягонаи таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолӣ бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:

- иштироки ҳатмии воҳидҳои илмӣ ва дигар сохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълими донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагон, магистрантҳо, докторантҳо ва ташкили таъмини раванди таълим;

- аз тарафи ҳамаи воҳидҳои сохторӣ иҷро намудани қарорҳои шӯрои олимон ва роҳбарияти муассисаи таълимӣ.

27. Усулҳои мушаххас ва ташкили муносибатҳои маъмурию ҳуқуқии комплекси воҳиди таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолиро оинномаи муассисаи таълимӣ муайян менамояд.

3. ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ ВА БАРҲАМДИҲИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

28. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо дархости муассис (муассисон) мутобиқи қарори он ва ё шартҳои шартномаи таъсисдиҳӣ ташкил, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

29. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз замони ба қайди давлатӣ гирифтани он таъсисёфта дониста мешавад.

30. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз гирифтани иҷозатнома ҳуқуқ пайдо мекунад, ки нақша ва барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро амалӣ намояд ва аз имтиёзҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ истифода барад.

31. Филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, баъди гирифтани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар доираи барномаҳои таълимӣ ва стандартҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

32. Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

4. ҚАБУЛ БА МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАЙЁР НАМУДАНИ МУТАХАССИСОНИ ДОРОИ ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ

33. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд дар асоси озмун дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ба таври ройгон таҳсилоти олии касбӣ гиранд, агар ин зинаи таҳсилот бори аввал гирифта шавад.

34. Шумораи умумии қабули донишҷӯён, ки таҳсилашон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ амалӣ карда мешавад, ҳар сол аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи замимаи иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

35. Қабули донишҷӯён ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

36. Қабул ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун ва аризаи шахсии шаҳрвандон, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ (дар заминаи таҳсилоти асосӣ) ё миёнаи касбӣ мебошанд, аз рӯи натиҷаи имтиҳонҳои дохилшавӣ, ки бо мақсади муайян намудани имконияти аз худ кардани барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ гузаронида мешавад, сурат мегирад. Шартҳои озмун бояд дохилшавии довталабони бештар лаёқатманд ва омодабударо кафолат диҳад, агар шартҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар нашуда бошад.

37. Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои идомаи таҳсил баъд аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ, ба магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос ва барои муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки ба низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ворид нагардидаанд, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

38. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ танҳо дар сурати доштани иҷозатнома ҳуқуқи эълони қабули шаҳрвандонро дорад.

39. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ уҳдадор аст, ки довталабонро бо иҷозатнома, шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ аз рӯи ҳар як равияи (ихтисоси) тайёр намудани мутахассисон, ки ҳуқуқи додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣ оид ба таҳсилоти олии касбиро дорад, шинос намояд.

40. Натиҷаҳои ниҳоии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои тақсими довталабон ва қабули онҳо ба ҳайати донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ба ҳисоб рафта, мавриди баҳс қарор дода намешаванд. Ин натиҷаҳо танҳо дар соли имтиҳонӣ эътибор дошта, солҳои баъд ба назар гирифта намешаванд.

41. Довталабон ба таълими пулакӣ танҳо баъди супоридани имтиҳоноти қабул ва пардохти маблағи таҳсил (тибқи шартнома) қабул карда мешаванд. Аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими пулакӣ гузаронидани донишҷӯён иҷозат дода мешавад.

42. Тартиби аз таълими пулакӣ ба таълими ройгон ва аз таълими ройгон ба таълими пулакӣ гузаронидани донишҷӯёнро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

43. Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон ба курси якуми шакли рӯзонаи таҳсилро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муқаррар менамояд.

44. Қабули довталаб ба ҳайати донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ танҳо дар сурати мавҷуд будани ӯ дар рӯйхати тақсимоти довталабон ба ихтисоси дахлдор, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, амалӣ мегардад.

45. Довталабони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд ҳуҷҷатҳои муайянкунандаи шахсият (шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд), ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ё таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (аслӣ), маълумотномаи тиббӣ ва ба шумораи зарурӣ суратро ба комиссияҳои қабули муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод намоянд.

46. Ҳуҷҷатҳои дигар дар мавриде пешниҳод карда мешаванд, ки агар довталаб талабгори имтиёзҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда бошад ё имкониятҳои дохилшавӣ ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии (ихтисоси) интихобкардаи ӯ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд шуда бошанд.

47. Ба зинаи магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ мувофиқи шартномаву созишномаҳои байнидавлатӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки зинаҳои бакалавр ва ё мутахассисро хатм намудаанд, қабул карда мешаванд.

48. Барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии "магистратура" омодагии махсуси хатмкунандаро аз рӯи ихтисос (самт)-и муайян бо дар назар доштани гузаштан аз таҷрибаомӯзиҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ дар муҳлати ду сол дар бар гирад. Дар зинаи "магистратура" шакли таҳсил танҳо рӯзона муқаррар карда мешавад.

5. ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ, МЕТОДӢ ВА ИЛМИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

49. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба муҳлат ва зинаи тайёрии касбии мутахассисон барномаҳои гуногуни таълимии таҳсилоти олии касбӣ, барномаҳои таълимии таҳсилоти иловагӣ ва бозомӯзии мутахассисон амалӣ гардонида мешавад.

50. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо роҳи ташкили мақсадноки ҷараёни таълим, интихоби шакл, метод, воситаҳои таълим шароити заруриро барои аз худ кардани барномаҳои таълимии касбии донишҷӯён фароҳам месозад.

51. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ нақша ва ҷадвали раванди таълимро, аз ҷумла барои омӯзиши инфиродии шахсони алоҳида бо дар назар доштани сатҳи тайёрии пешакӣ ва қобилияти онҳо мувофиқи низомномаҳои мавҷуда таҳия ва тасдиқ мекунад.

52. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини болоравии сифати таълим, омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии кишвар ҷавобгӯ, сафарбар намудани донишҷӯён барои идомаи таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакатҳои хориҷӣ ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ низоми кредитии таҳсилот амалӣ карда мешавад.

53. Тартиби татбиқи низоми кредитии таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

54. Раванди таълим дар низоми кредитии таҳсилот тибқи барнома ва нақшаҳои таълимии намунавии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф тасдиқкардашуда сурат мегирад.

55. Барои татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ оид ба ҳар як самт (ихтисос) нақшаи таълимии намунавӣ, нақшаи таълимии фардӣ ва нақшаи таълимии корӣ таҳия ва истифода мешаванд.

56. Таносуби ҳаҷми меҳнатталабии фанҳои ҳатмӣ ва интихобиро дар нақшаи таълимӣ аз рӯи самт (ихтисос)-и амалкунанда шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян мекунад.

57. Ҳиссаи фанҳои ҷомеашиносӣ ва табиию риёзӣ дар нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти бакалавриат то 30 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми кредитҳо барои фанҳои интихобӣ дар нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти бакалавриат 25-30 фоизро ташкил дода, тадриси онҳо дар нақшаҳои таълимӣ аз рӯи самт (ихтисос)-ҳо аз семестри сеюм ба нақша гирифта мешавад.

58. Таносуби фанҳои интихобӣ дар нақшаҳои таълимии зинаи таҳсилоти магистратура то 50 фоиз ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) то 70 фоизро ташкил медиҳад.

59. Нақшаи таълимии фардии донишҷӯ дар асоси нақшаи таълимии намунавӣ ва феҳристи фанҳои интихобӣ дар шакли аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқарраргардида бо қарори шӯрои олимон тасдиқ ва барои ҳар як соли таҳсил дар зинаи бакалавриат аз семестри сеюм ва дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аз семестри якум аз тарафи донишҷӯ, магистр ва докторант бо маслиҳати мушовири академӣ (эдвайзер) тартиб дода мешавад.

60. Тамоми шаклҳои сарбории таълимии донишҷӯ (машғулиятҳои назариявӣ, кор (лоиҳа)-ҳои курсӣ, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, кори хатм, рисолаҳои магистрӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисос (PhD), таҷрибаомӯзӣ ва ғайра) новобаста аз зинаҳои таҳсилот бо кредитҳо муайян карда шуда, ба ҳаҷми умумии кредитҳо дохил мегардад.

61. Ҳаҷми меҳнатталабии фаъолияти таълимии донишҷӯён вобаста ба азхудкунии барномаҳои таълимии фанҳо ба ҳисоби 1 кредит барои ҳамаи зинаҳои таҳсилот 24 соат муқаррар карда мешавад.

62. Ҳаҷми 1 кредит барои иҷрои шаклҳои таълими ғайриназариявӣ (кору лоиҳаи курсӣ, таҷрибаомӯзӣ, кори хатм, рисолаҳои магистрӣ ва докторӣ аз рӯи ихтисос (PhD) низ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба 24 соат баробар буда, танҳо дар шакли кори мустақилона бо роҳбарии омӯзгор ва кори мустақилонаи донишҷӯ муқаррар карда мешавад.

63. Барои дарёфти дараҷаи академии бакалавр 240 кредит (на камтар аз 6 кредит барои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, на камтар аз 15 кредит барои таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ, иҷрои кори хатмкунӣ ва 3 кредит барои гузаштан аз аттестатсияи хатм), магистр 120 кредит (на камтар аз 12 кредит барои таҷрибаомӯзии илмӣ-педагогӣ, на камтар аз 6 кредит барои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, на камтар аз 39 кредит барои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷрои рисолаи магистрӣ, 3 кредит барои аттестатсияи хатм), докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 180 кредит (аз ҷумла 16 кредит барои маҷмӯи фанҳои асосӣ, 4 кредит барои қисмати фанҳои ҳатмӣ, 12 кредит барои қисмати фанҳои интихобӣ, 24 кредит барои фанҳои тахассусӣ, 72 кредит барои кори илмию таҳқиқотӣ (озмоишию таҳқиқотии докторант аз рӯи ихтисос), 46 кредит барои иҷрои диссертатсияи докторӣ аз рӯи ихтисос, 20 кредит барои таҷрибаомӯзиҳои педагогӣ ва касбӣ, 2 кредит барои аттестатсияи ниҳоӣ ва 2 кредит барои имтиҳони маҷмӯӣ) муқаррар карда мешавад.

64. Теъдоди умумии фанҳои таълимӣ барои ҳар як даври академӣ дар зинаи таҳсилоти бакалавриат то 8, дар зинаи таҳсилоти магистратура то 6 ва дар зинаи таҳсилоти докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) то 4 муқаррар карда мешавад.

65. Ҳадди аксари теъдоди фанҳо тибқи барномаи асосии таҳсилот аз рӯи ихтисоси (самти) амалкунанда дар зинаи таҳсилоти бакалавр барои ихтисосҳои алоҳида на камтар аз 48 ва барои ихтисосҳои ҳамгиро то 64 фан муқаррар карда мешавад.

66. Ташкили раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ ба истифодаи усулҳои муосири тайёр кардани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва ба талаботи бозори дохилӣ ва берунии меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо мусоидат менамояд.

67. Раванди таълим дар шароити низоми таҳсилоти фосилавӣ пурра бо истифодаи технологияи иттилоотию иртиботӣ тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад.

68. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақшаҳои таълимиро аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи низоми таҳсилоти фосилавӣ тибқи талаботи мазмуну мундариҷаи ҳадди ақалли стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо таҳия ва барои тасдиқ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд.

69. Ҳаҷми умумии меҳнатталабӣ барои дарёфти дараҷаи академии бакалавр мутобиқи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли таҳсил (рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ), барои ихтисосҳои амалкунанда (муҳлати таҳсил 4 сол) 240 кредит муқаррар карда шудааст.

70. Корҳои таълимӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ дар шакли ташкил ва гузаронидани машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ (лексия, машғулиятҳои лабораторӣ, амалӣ ва семинарӣ), корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор (дарсҳои лексионӣ ва корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ва корҳои мутақилонаи донишҷӯ (корҳои ғайриаудитории фосилавӣ) ба роҳ монда мешаванд.

71. Ҳадди ақалли ҳаҷми машғулияҳои аудитории ҳузурӣ дар низоми таҳсилоти фосилавӣ барои як соли таҳсил на камтар аз 6 кредит муқаррар карда мешавад ва донишҷӯён бояд зимни баргузории сессияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ на камтар аз чор ҳафта ба машғулиятҳои дарсӣ ҷалб карда шаванд.

72. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми таҳияи нақшаҳои таълимӣ ҷиҳати гузаронидани 3 кредити таълими назариявии семестри ниҳоӣ дар ихтисосҳои амалкунанда ба семестрҳои 1-7 давраи таҳсил мустақил мебошанд.

73. Ҳаҷми кредитҳое, ки тибқи нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунанда барои машғулиятҳои аудитории фосилавӣ (дарсҳои лексионӣ) аз ҳисоби корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ҷудо карда мешавад, бояд на камтар аз 50 фоизи ҳаҷми умумии меҳнатталабии ин шакли корҳои таълимиро ташкил диҳад.

74. Машғулиятҳои аудитории ҳузурӣ тибқи низоми таҳсилоти фосилавӣ гузаронидани дарсҳои лексионӣ, лабораторӣ, амалӣ ва семинариро дар бар гирифта, ҳангоми баргузор намудани сессияҳои таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо ҷалби бевоситаи донишҷӯён ба машғулиятҳои дарсӣ ба роҳ монда мешавад.

75. Корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор ба таври фосилавӣ дар шакли иҷрои корҳои назоратӣ, супоридани имтиҳонҳои фосилавии 1 ва 2, ҳимояи кор (лоиҳа)-ҳои курсӣ, ҳисоботи таҷрибаомӯзӣ ва хондани лексия, гузаронидани машварат, мусоҳибаҳо, баҳогузорӣ ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён ва муайян намудани рейтинги академии онҳо аз ҷониби омӯзгорон дар ҳафтаҳои таълими назариявии як даври академӣ ташкил карда мешавад.

76. Назорати ҷорӣ, қабули имтиҳонҳои фосилавӣ, муайян намудани рейтинги академӣ ва қабули имтиҳонҳои ниҳоии донишҷӯён, ҳамчунин аттестатсияи хатмкунандагон аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо дар назар доштани низоми кредитии таҳсилот ва истифода аз воситаҳои электронӣ амалӣ карда мешавад.

77. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намудҳои зерини машғулиятҳои таълимӣ муқаррар карда мешаванд: лексия, дарс-лексия, машварат, семинар, машғулияти амалӣ, кори лабораторӣ, кори контролӣ, коллоквиум, кори мустақилона, таҷрибаомӯзӣ, кори курсӣ, реферат, кори эҷодӣ, кори таҳлилӣ ва намоишӣ (дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳанг, санъат ва мусиқӣ), иҷрои таҳқиқоти дипломӣ ва таҳқиқоти магистрӣ.

78. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ метавонад намудҳои дигари корҳои таълимиро низ ба роҳ монад. Барои ҳамаи намудҳои машғулиятҳои аудиторӣ 50 дақиқа вақти академӣ муқаррар карда мешавад.

79. Донишҷӯён, интернҳо, магистрҳо, ординаторҳо ва докторантҳои шуъбаҳои рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ тибқи тартиб ва андозаи муқарраршуда стипендияи давлатӣ ё стипендияи муассисаю ташкилотро мегиранд.

80. Барои донишҷӯён, магистрҳо ва ординаторҳои таҳсили рӯзона дар давоми соли таҳсил на камтар аз 7 ҳафта таътил, аз ҷумла 2 ҳафта таътили зимистона муқаррар карда мешавад.

81. Вазифаи тарбиявии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки аз табиати башардӯстонаи таълим, афзалияти арзишҳои инсонӣ бармеоянд, дар фаъолияти якҷояи таълимӣ, илмӣ, эҷодӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятии донишҷӯён ва омӯзгорон татбиқ карда мешавад.

82. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар интихоби низоми баҳогузорӣ, шаклу тартиби гузаронидани машғулиятҳо, аттестатсияи донишҷӯён ва шунавандагон мустақил буда, супоридани санҷишу имтиҳонҳои ҷориро мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба роҳ мемонад.

83. Ҷалб намудани донишҷӯёну шунавандагон ба кор ё фаъолияте, ки ба раванд ва фаъолияти таълимӣ вобастагӣ надорад, манъ аст.

84. Таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ, ки онро Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ кардааст, дар асоси шартномаҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва корхонаю муассиса ва ташкилотҳо сурат мегирад, ки мувофиқи онҳо ин корхонаю муассиса ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва тобеияти идоравии худ уҳдадоранд барои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва аккредитатсияшудаи ғайридавлатӣ ҷой диҳанд ва шароити мусоид фароҳам созанд.

85. Фарогирии нақшаи таълимии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ бо аттестатсияи хатми донишҷӯён хотима меёбад.

86. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар ташкил ва гузаронидани раванди таълим, истифодаи технологияи нав шаклу усулҳои пешқадами таълимро ҷустуҷӯ ва ҷиҳати баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисон истифода менамояд.

87. Забони таълим дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

88. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ корҳои методиро ташкил ва ба роҳ мемонад. Ҳамоҳангсозии корҳои таълимию методӣ дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз ҷониби маркази таълимию методӣ амалӣ мегардад.

89. Вазифаҳои асосии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар самти корҳои илмию таҳқиқотӣ аз инҳо иборатанд:

- коркарди масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ;

- таълифи китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ;

- иҷрои корҳои таҳқиқотии дорои хусусияти илмию эҷодӣ.

90. Таҳқиқоти илмие, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад, бо дар назар доштани афзалиятнокии онҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ, маблағи аз иҷрои корҳои шартномаҳои хоҷагӣ бадастомада, қарзи бонкҳо, маблағҳои худӣ, хайрияҳо ва манбаъҳои дигар маблағгузорӣ карда мешаванд.

91. Принсипи асосии илмӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз ҳамоҳангсозии он бо ҷараёни таълим, инчунин бо илмҳои академӣ ва соҳавӣ иборат аст.

92. Намуди асосии фаъолияте, ки аз ҷониби муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад, дар баробари фаъолияти таълимӣ, инчунин фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва инноватсионӣ, аз ҷумла амалисозии ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва анҷом додани корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ мебошад.

93. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд баробари дар ҷараёни таълим ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илм, ба он олимони ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, аз ҷумла ташкилотҳои илмии таҳқиқотии хориҷиро ҷалб намоянд.

94. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таҳқиқоти илмӣ ва корҳои эҷодиро аз рӯи нақшаи мавзӯӣ, ки онро шӯрои олимон тасдиқ менамояд, амалӣ сохта, истифодаи судманд ва босамари имкониятҳои илмии худ, сифати корҳои иҷрошаванда ва шароити бехатарии меҳнат, ҷалби васеи мутахассисони баландихтисос, донишҷӯён, курсантҳо, шунавандагонро барои иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва эҷодӣ таъмин мекунад.

6. ХУДМУХТОРИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ОЗОДИИ АКАДЕМӢ

95. Худидоракунии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мустақилияти муассисаи таҳсилоти олии касбиро дар интихобу ҷобаҷогузории кадрҳо, фаъолияти таълимӣ, илмӣ, молиявию хоҷагӣ ва ғайра, ки оинномаи он мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ифода менамояд.

96. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои татбиқи низоми фосилавии донишомӯзӣ низомномаи аз тарафи мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф тасдиқнамударо истифода мебарад.

97. Назорати мувофиқати фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, бо дар назар доштани мақсадҳое, ки дар оинномаи он пешбинӣ шудааст, аз ҷониби мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф ва муассис (муассисон), ки дар доираи салоҳияти худ барои пешбурди фаъолияти таълимӣ иҷозатнома додаанд, амалӣ мегардад.

98. Ба ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандони илмӣ ва донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба омӯзгорони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ озодиҳои академӣ дода мешавад, то мавзӯи дарсро (таълимро) бо усули худ дар доираи барномаҳои таълимӣ баён кунанд, мавзӯи таҳқиқоти илмиро интихоб намоянд ва бо тарзу усулҳои худ гузаронанд.

99. Дар доираи барномаҳои таълимӣ ба донишҷӯён мувофиқи майлу талаботи онҳо озодии академӣ дода мешавад.

100. Муносибати байни муассис ва муассисаи таҳсилоти олии касбиро шартномаи тарафайн муайян мекунад.

101. Худидоракунӣ шакли озодии академӣ мебошад ва шарти зарурӣ барои кафолати иҷрои уҳдадориҳои муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад.

102. Худидоракунии дастаҷамъӣ ва роҳбарии муносиби академӣ қисми муҳимтарини таркибии худмухторӣ мебошад.

103. Худмухторӣ шакли муҳимтарини ташкили раванди таълим ва тадбирҳои академӣ мебошад, ки масъулияти давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбиро назди муассис мегузорад.

104. Барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд муттасил ва зина ба зина тавассути низоми кредитии таълим ва ё анъанавӣ, мувофиқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдор дар соҳаи маориф амалӣ шаванд.

7. СТАНДАРТИ ДАВЛАТИИ ТАҲСИЛОТ ВА БАРНОМАҲОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ. ЗИНАҲОИ ТАҲСИЛОТ

105. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ иборат аст аз:

- талаботи умумӣ ба барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- талабот ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуни барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ вобаста ба шароити амалӣ гардонидани онҳо, аз ҷумла ба таҷрибаи таълимию истеҳсолӣ, аттестатсияи ниҳоии хатмкунандагон ва дараҷаи тайёр намудани онҳо аз рӯи соҳаҳои ихтисосҳои алоҳидаи таълим;

- муҳлати фаро гирифтани барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ ва ғайридавлатӣ;

- ҳаҷми ниҳоии сарбории донишҷӯён.

106. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ таъмини муқаррароти зеринро дар бар мегирад:

- сифати таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;

- ягонагии фазои таълим;

- эътироф ва муқаррар намудани баробарарзишии ҳуҷҷатҳои давлатҳои хориҷӣ оид ба таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ.

107. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин Таснифоти давлатии равия ва ихтисосҳои таҳсилоти олии касбиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

108. Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ нисбат ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки аз рӯи самтҳои таълим аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, татбиқ мегардад.

109. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ доранд ва ё барои ба он соҳиб шудан довталаб мебошанд, уҳдадоранд, ки дар раванди таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои давлатии таълимӣ аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо) талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд.

110. Барои аз рӯи ихтисосҳо (самтҳо) таҳия ва мавриди истифода қарор додани барномаҳои таълимӣ танҳо муассисаҳои таҳсилоти олии касбие ҳуқуқ доранд, ки дорои иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ мебошанд.

111. Муайян намудани ҳадди ақалли ҳатмии азхудкунии мазмуну мундариҷаи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҳар як ихтисос (самт) дар асоси ҷузъи ҷумҳуриявии стандарти давлатии таълимӣ, ки талаботи давлатиро нисбат ба ҳадди ақалли ҳатмии мазмуну мундариҷа ва дараҷаи омодагии хатмкунандагон муқаррар намудааст, ба роҳ монда мешавад.

112. Ҳаҷми кредитҳо барои бахши фанҳои ҷомеашиносӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзии зинаи таҳсилоти "бакалавриат" бо дар назар доштани фанҳои интихобӣ на камтар аз 72 кредит (ё на камтар аз 30 дарсади миқдори умумии кредитҳо)-ро ташкил медиҳад.

113. Ҳаҷми умумии кредитҳои бахши фанҳои умумитаълимии зинаи таҳсилоти олии касбии "магистратура" на камтар аз 60 кредит (ё на камтар аз 50 дарсади миқдори умумии кредитҳо)-ро ташкил медиҳад.

114. Барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бояд дар баробари фанҳои ҳатмӣ фанҳои интихобиро низ дар бар гиранд. Номгӯи фанҳои интихобиро муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян менамояд.

115. Ҳаҷми кредитҳои фанҳои интихобӣ дар зинаи таҳсилоти олии касбии "бакалавриат" ва "мутахассис" 25-30 дарсад ва дар зинаи магистратура 50 дарсадро ташкил медиҳад.

116. Барномаҳои таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ба шаҳрвандони дорои таҳсилоти олӣ имконият медиҳанд, ки дараҷаи тахассусии илмию омӯзгории худро баланд намуда, барои иҷрои корҳо ҷиҳати дарёфти унвони илмӣ тайёр шаванд.

117. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаклҳои зерини таҳсилоти олии касбӣ муқаррар шудаанд:

- таҳсилоти бисёрзинагӣ: таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузашта тахассуси дараҷаи "бакалавр" дода мешавад; таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузашта тахассуси дараҷаи "магистр" дода мешавад.

- таҳсилоти анъанавӣ: таҳсилоти олии касбӣ, ки барои тасдиқи он ба шахси аз аттестатсияи хатм бомуваффақият гузашта тахассуси дараҷаи "мутахассис" дода мешавад.

118. Таҳсилоти шахсоне, ки омӯзишро аз рӯи барномаи таълимии асосии таҳсилоти олии касбӣ ба итмом нарасонидаанд, аммо аз аттестатсияи ҷорӣ бомуваффақият гузаштаанд (на камтар аз ду соли таҳсил), таҳсилоти олии касбии нопурра шуморида шуда, ба онҳо ҳуҷҷати академии шакли муқарраршуда дода мешавад.

119. Муҳлати фарогирии барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии касбӣ (ба истиснои барномаҳои асосии таълимии таҳсилоти олии тиббӣ):

- барои дарёфти тахассуси "бакалавр" - на камтар аз чор сол;

- барои дарёфти тахассуси "мутахассис" - на камтар аз панҷ сол;

- барои дарёфти дараҷаи "магистр" - ду сол;

- барои дарёфти дараҷаи "доктори фалсафа (PhD)", "доктор аз рӯи ихтисос" дар заминаи таҳсилоти олии магистратура - се сол.

120. Шахсоне, ки оид ба таҳсилоти олии касбии зинаи муайян ҳуҷҷатҳои намунаи давлатиро доранд, мутобиқи ихтисос метавонанд аз рӯи барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии зинаи минбаъда таълимро идома диҳанд.

121. Аз бар намудани барномаи таълимии таҳсилоти олии касбии дараҷаи мувофиқ дар муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ ба шахс барои ишғоли вазифаи мувофиқ дар муассисаи давлатӣ ва гирифтани музди кор ва музди изофа асос мебошад. Барои шахсоне, ки барномаҳои таълимии таҳсилоти олии тиббӣ ва таҳсилоти олии фарматсевтиро аз бар намудаанд, барои ишғоли вазифаҳои зикршуда тайёрии баъди таҳсилоти олии касбӣ дар интернатура, ординатура (резидентура) ва магистратура, ки он бо шаҳодатномаи шакли муқарраршуда тасдиқ шудааст, асос мебошад.

122. Тахассуси дараҷаи "бакалавр" ҳангоми ба кор қабул намудан ба шаҳрвандон ҳуқуқи ишғоли вазифаеро медиҳад, ки барои он мутобиқи талаботи тахассусӣ (мутахассис) таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

123. Ишғоли вазифаи хизмати давлатӣ аз ҷониби бакалавр, магистр ва мутахассис бо тартибе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

124. Назорати давлатии риояи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, мансубияти соҳавӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва ташкили назорати давлатии риояи талаботи он дар якҷоягӣ бо муассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ амалӣ мегардад.

8. ҲУҶҶАТҲО ОИД БА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

125. Ба шахсоне, ки таҳсилро аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ анҷом додаанд ва аз аттестатсияи хатм гузаштаанд, ҳуҷҷати намунаи давлатӣ дода мешавад.

126. Муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, ба хатмкунандагон дар бораи таҳсилоти дахлдор ҳуҷҷати намунаи давлатии дорои нишони давлатӣ ва нишони сарисинагии намунаи муқарраршуда медиҳад. Шакли ҳуҷҷати намунаи давлатӣ ва нишони сарисинагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

127. Ҳуҷҷатҳое, ки хатми зинаҳои таҳсилоти олии касбиро тасдиқ менамоянд, инҳоянд:

- дипломи мутахассис;

- дипломи бакалавр;

- дипломи магистр;

- дипломи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос;

- дипломи доктори илм.

128. Тартиби додани ҳуҷҷатро дар бораи такмили ихтисос бо роҳи гузаштани курсҳои гуногун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф муайян менамояд.

129. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ пас аз гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ барои додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ пайдо мекунад.

130. Ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз ҷумҳурӣ эътибор доранд.

9. ИДОРАКУНИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ ВА ТАҲСИЛОТИ КАСБИИ БАЪД АЗ МУАССИСАИ ОЛИИ ТАЪЛИМӢ, НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ, ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ, АТТЕСТАТСИЯ ВА АККРЕДИТАТСИЯИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

131. Идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва оинномаи муассисаи таълимӣ амалӣ карда мешавад.

132. Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи муассис (маҷлиси умумии муассисон) тасдиқ карда мешавад.

133. Роҳбарии умумии муассисаи таҳсилоти олии касбиро шӯрои олимон амалӣ менамояд. Муҳлати ваколатҳои шӯрои олимон наметавонад аз 5 сол зиёд бошад. Аз нав интихоб намудани аъзои шӯрои олимон пеш аз муҳлат бо дархости на камтар аз нисфи аъзо, инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи оинномаи муассисаи олии таълимӣ гузаронида мешавад.

134. Тартиби интихоби ҳайати аввали шӯрои олимонро маҷлиси умумӣ (муассисон), омӯзгорон, кормандони илмӣ, намояндагони гурӯҳи дигари кормандон ва донишҷӯён муайян мекунанд. Ба ҳайати шӯрои олимон намояндагони тамоми гурӯҳҳои кормандон ва донишҷӯёни муассисаи олии таълимӣ, иттифоқҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ интихоб шуда метавонанд.

135. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолияти он шӯроҳои дигар низ таъсис дода мешаванд. Тартиби интихоб, ҳайат, ваколатҳо ва дигар масъалаҳои вобаста ба фаъолияти шӯроҳо тибқи оинномаи муассисаи таълимӣ муайян карда мешавад.

136. Тартиби интихоби вакилони маҷлиси умумӣ (конференсия)-ро шӯрои амалкунанда бо иштироки ҳамаи гурӯҳҳои кормандон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва донишҷӯён муайян менамояд, дар ин маврид намояндагони аъзои шӯрои олимон набояд аз 30 фоизи шумораи умумии вакилон зиёд бошад.

137. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатии навтаъсис то созмон ёфтани шӯрои олимон, пурра кардани ҳайати омӯзгорон, кормандони илмӣ ва дигар гурӯҳҳои кормандон оиннома аз тарафи муассис ба муддати на бештар аз як сол тасдиқ карда мешавад. Масъалаҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва касбӣ дар доираи шартномаи коллективӣ ҳал шуда, қабул ва татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

138. Роҳбарии бевоситаи муассисаи таҳсилоти олии касбиро ректор амалӣ менамояд.

139. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва ректори муассисаи таҳсилоти олии касбии хусусӣ аз тарафи муассис (муассисон) ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

140. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани ректор, ваколатҳои мақомоти иҷроияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тартиби қабули қарор ва намояндагӣ намуданро аз номи муассиса қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии дахлдор муайян мекунад.

141. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тамоми масъулияти вазъи раванди таълиму тарбия, корҳои илмию таҳқиқотӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагидории муассисаи таҳсилоти олии касбиро ба уҳда дорад.

142. Доираи ваколатҳои ҳуқуқии байни аъзои шӯрои олимон ва ректор мутобиқи оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.

143. Ба ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ишғоли вазифаҳои дигари роҳбарикунанда, ба ғайр аз роҳбарии илмӣ, илмию методӣ дар дохили муассисаи таълимӣ ё берун аз он манъ аст. Ректор дар доираи ваколати худ амру фармоишҳо мебарорад, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандон ва донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ҳатмӣ мебошад.

144. Ректор метавонад, ки иҷрои қисме аз ваколатҳои худро ба зиммаи муовинон ва дигар кормандони муассисаи таълимӣ вогузор намояд.

145. Бо пешниҳоди ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соҳаи маориф муовинони якум ва муовинони онҳо аз ҳисоби мутахассисони дорои дараҷаи доктор ё номзади илм аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва ё мақомоти дахлдори давлатие, ки дар сохтори худ муассисаҳои таълимию тарбиявӣ доранд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

146. Дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ муовинон бо пешниҳоди ректор аз тарафи муассис (муассисон) аз ҳисоби мутахассисони дорои дараҷаи доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ё номзади илм ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

147. Роҳбарии факултетро декан ба уҳда дорад, ки он аз ҳисоби мутахассисони дорои дараҷаи доктори илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ё номзади илм аз тарафи ректор дар мувофиқа бо муассис ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

148. Роҳбарии кафедраро мудир ба уҳда дорад, ки фаъолияти он тибқи низомномаи намунавии кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад.

149. Низомномаҳо дар бораи кафедраҳо ва дигар сохторҳои таркибии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи мазкур таҳия ва тасдиқ карда мешавад.

150. Ҳуқуқи дар амал татбиқ намудани нақша ва барномаҳои таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ ва имтиёзҳо мувофиқи қонунгузории ҷорӣ, аз лаҳзаи додани иҷозатнома (литсензия) ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад.

151. Иҷозатнома (литсензия) оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ аз рӯи барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф дар асоси хулосаи комиссияҳои экспертӣ дода мешавад. Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҷониби комиссияи иҷозатномадиҳии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

152. Иҷозатномаи фаъолияти таълимии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи равияҳои нав, тайёр кардани мутахассисон (ихтисосҳо) новобаста аз доштани иҷозатномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз нав гузаронида мешавад.

153. Иҷозатнома ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқиашон дар ҳолате дода мешавад, ки агар онҳо таҳти ҳуқуқи моликият, идоракунии оперативӣ ё иҷораи молу мулки дахлдор ва манбаи таълимию моддии зарурӣ дошта бошанд.

154. Аттестатсияи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Мақсади аттестатсия муқаррар кардани мувофиқати мазмун, дараҷа ва сифати тайёрии хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ ва аз рӯи самтҳо тайёр кардани мутахассис мебошад.

155. Аттестатсияи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҷониби комиссияи аттестатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумхурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

156. Аккредитатсияи давлатии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси натиҷаҳои аттестатсияи давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар 5 сол як маротиба амалӣ карда мешавад.

157. Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии мақоми муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, номгӯи равияҳои тайёр намудани ихтисосҳоро, ки аз аккредитатсияи давлатӣ гузаштаанд ва аз рӯи онҳо муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба хатмкунандагон ҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбиро дорад, муқаррар менамояд.

10. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ДОНИШҶӯЁН ВА ШУНАВАНДАГОНИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ

158. Донишҷӯ шахсе мебошад, ки бо тартиби муқарраршуда ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ қабул карда шудааст ва дар шуъбаҳои рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ бо мақсади гирифтани зинаи муайяни таҳсилот ва ихтисос таҳсил менамояд.

159. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаҳодатномаи донишҷӯ ва дафтарчаи имтиҳонотии намунаи муқарраргардида дода мешавад.

160. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:

- дар ташкили мазмуну мундариҷаи таълими худ бо риояи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ иштирок намоянд. Ин ҳуқуқи онҳо дар қарордоди байни донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки барои таҳсил ва ба кор таъмин кардани онҳо мусоидат мекунад, дарҷ шуда метавонад;

- курсҳои факултативӣ (барои самтҳои муайяни таълим (ихтисос) ва курсҳои элективиро (ҳамчун ҳатмӣ), ки аз ҷониби факултет ва кафедра пешниҳод мегарданд, интихоб намоянд;

- ғайр аз фанҳои таълимии (ихтисосии) соҳаи интихобшуда ҳар гуна фанҳои дигареро, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таълим дода мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи оинномаи он, инчунин фанҳои дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар таълимдодашавандаро аз бар намоянд;

- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тахассуси ҳарбӣ таълим гиранд;

- тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шакли таълими пулакӣ ба шакли таълими ройгон гузаранд;

- ба таври озод ба ихтисос ва ё муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф бо нигоҳ доштани ҳуқуқҳое, ки барои донишҷӯ бори аввал дар ин зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудаанд, гузарад;

- баъди ихтиёран ё бо сабабҳои дигар тарк кардани муассисаи таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ҳамон шакли таълим (ройгон ё пулакӣ), ки мутобиқан пеш аз тарк кардан таҳсил мекард, барои таҳсил ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барқарор гардад;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла ба воситаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатии идораи маориф иштирок намоянд;

- аз китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, интернет, бахшҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва бахшҳои дигари муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи оинномаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба таври ройгон истифода намоянд;

- дар корҳои илмию таҳқиқотӣ, конференсияву симпозиумҳо ва маҳфилу озмунҳо иштирок ва баромад намоянд;

- асарҳои худро барои чоп, аз ҷумла дар нашрияҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод кунанд;

- аз амру фармоишҳои маъмурияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор шикоят кунанд.

161. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, ки дар шуъбаҳои рӯзона таҳсил мекунанд ва аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таълим мегиранд, ба андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо стипендия таъмин карда мешаванд. Тартиби муқаррар ва пардохти стипендия аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

162. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси низомномаи дахлдор ҳуқуқ доранд стипендияи муқаррарнамудаи шахсони воқеӣ ва ё ҳуқуқиро, ки онҳоро барои таҳсил фиристодаанд, инчунин стипендияҳои шахсан таъиншуда гиранд.

163. Ба донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи нишондоди тиббӣ аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф рухсатии академӣ дода мешавад.

164. Барои донишҷӯёни шакли рӯзонаи таҳсил, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, муҳлати даъват ба хизмати ҳарбӣ мутобиқи қонун дар давраи таҳсил ба таъхир андохта мешавад.

165. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд, аз китобхонаҳои давлатӣ ройгон истифода баранд ва ҳамчунин ройгон вориди осорхонаҳои давлатӣ шаванд.

166. Донишҷӯи эҳтиёҷманди манзил дар хобгоҳ (ба шарте муассисаи таҳсилоти олии касбӣ фонди дахлдори манзил дошта бошад) бо ҷойи хоб таъмин карда мешавад.

167. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои комёбиҳо дар таҳсил ва иштироки фаъолона дар корҳои илмию таҳқиқотӣ мутобиқи оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мукофотҳои моддӣ ва ё маънавӣ сарфароз гардонида мешаванд.

168. Донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин хориҷ карда мешавад:

- бинобар вазъи саломатӣ дар асоси ҳуҷҷати комиссияи тиббию машваратӣ;

- бо сабаби гузаштан ба муассисаи таҳсилоти олии касбии дигар;

- барои давомоти нокифоя;

- барои қарздории академӣ;

- пас аз рухсатии академӣ ба таълим шурӯъ накардан;

- сари вақт напардохтани маблағи таҳсил мувофиқи шартнома;

- дар муҳлати муқарраргардида насупоридани се ва зиёда аз он санҷишу имтиҳон;

- бо ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста шуда бошад;

- ҳангоми фавт;

- дар сурати бо идора намудани воситаҳои нақлиёти механикӣ ба муассисаи таълимӣ омадан бе ҳуқуқи барқарор шудан ба муҳлати се сол;

- барои вайрон кардани интизоми таълим, қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

- бо хоҳиши худаш.

169. Барои риоя накардани уҳдадориҳое, ки дар оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, баъди гирифтани баёноти хаттӣ, роҳбари муассисаи таълимӣ метавонад ба донишҷӯ ҷазои интизомӣ татбиқ ва ҳатто аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ хориҷ намояд.

170. Ба донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар раванди таълим истифодаи телефонҳои мобилӣ, дафтару ашёи хонише, ки дар онҳо расму суратҳои нимурён, аксҳои гуногун аз филмҳои талқинкунандаи зӯроварӣ ва барангезанда, инчунин мусаввара ва аксҳои тарғибгари фарҳанг ва идеологияи бегона, парчаму нишон ва рамзҳои дигар кишварҳо тасвир шудаанд, манъ аст.

171. Ба дарс бо либосҳои варзишӣ (ба ғайр аз дарси тарбияи ҷисмонӣ ва рӯзҳои ҳашар), либосҳои тарғибгари фарҳанги бегона ва дорои ҳар гуна навиштаҷот ва дигар ҳолатҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа нишон дода шудаанд, омадани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ манъ аст.

172. Ҷазои интизомӣ ба донишҷӯ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад.

173. Донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ уҳдадоранд, ки донишҳои назариявӣ, маҳорати амалӣ ва методҳои муосири таҳқиқро аз рӯи ихтисоси интихобнамудаашон аз худ кунанд, дар муҳлатҳои муқарраршуда ҳамаи супоришҳои дар нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешниҳодгардидаро иҷро намоянд, арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва маънавиро эҳтиром ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, қоидаи хобгоҳ ва дигар талаботи муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.

174. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои дигари донишҷӯёнро қонунгузорӣ ва оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар менамояд.

175. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ дорад, нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои академӣ, ба истиснои ҳуқуқи гирифтани стипендияи давлатӣ, баробари мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии давлатӣ мебошад.

176. Мақоми донишҷӯи муассисаи таҳсилоти олии касбии ғайридавлатӣ, ки аккредитатсияи давлатӣ надорад, дар асоси оинномаи ҳамин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муқаррар карда мешавад.

177. Донишҷӯёни муассисаи таҳсилоти олии касбие, ки барои пурра амалӣ намудани барномаҳои таълимӣ аз таҳсилоти фосилавӣ истифода мебаранд, инчунин филиалҳои муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии зикршуда, ҳангоми аз ҷониби онҳо амалӣ намудани раванди таълим дар филиалҳо ва тамоми намудҳои аттестатсияи донишҷӯёни ин филиалҳо, ҳамаи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои донишҷӯёни ҳамин шакли мутаносиби дарёфти таҳсилотро доранд.

178. Ба донишҷӯёни шуъбаи ғоибона ва фосилавии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои аккредитатсияи давлатӣ муассисаи кордиҳанда як маротиба дар соли таҳсил хароҷоти рафтуомадро то маҳалли муассисаи олии таълимӣ барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани имтиҳон ва ҳамчунин барои гузаштан аз аттестатсияи хатм, навиштан ва дифои корҳои хатмкунии тахассусӣ пардохт мекунад.

179. Барои кормандони корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликият, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, дар шартномаи коллективӣ ё шартномаи меҳнатӣ тамдид намудани муҳлати рухсатиҳои иловагӣ бо пардохти маош ба ҷои рухсатии бе пардохти маош ва имтиёзҳои дигар пешбинӣ шуда метавонад.

180. Ба донишҷӯёни шуъбаи рӯзонаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари таҳсил кор мекунанд, рухсатии иловагии бемузди меҳнат аз ҷои кор барои супоридани санҷишу имтиҳонот ба муҳлати понздаҳ рӯзи тақвимӣ дар соли таҳсил, барои навиштан ва дифои кори дипломӣ якҷоя бо супоридани имтиҳоноти давлатӣ чор моҳ, барои супоридани имтиҳоноти давлатӣ як моҳ дода мешавад.

181. Шунавандагони соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахсоне мебошанд, ки дар шуъбаҳои тайёрии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, факултетҳо, муассисаҳои таҳсилоти касбии баъд муассисаҳои олии таълимӣ, ординатураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ таҳсил мекунанд.

182. Мақоми ҳуқуқии шунавандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дар бахши соҳиб гаштан ба таҳсилот ба мақоми донишҷӯи муассисаи таълимии шакли дахлдор баробар аст.

183. Шахсоне, ки дар ординатура (резидентура) ва магистратура таҳсил мекунанд ва ё таҳсили тахассусии баъдидипломиро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии тиббӣ аз ҳисоби маблағи буҷети давлат идома медиҳанд, бо стипендия таъмин карда мешаванд ва аз таътили ҳарсолаи 24-рӯза истифода мебаранд.

11. ТАЙЁР НАМУДАНИ КАДРҲОИ БАЛАНДИХТИСОС, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

184. Шаклҳои асосии тайёр кардани кормандони илмӣ ва илмию омӯзгории баландихтисос магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторантура мебошад. Магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторантура барои таҳсилоти муттасил, такмили ихтисоси илмию омӯзгорӣ ва илмии шаҳрвандон ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос ё доктори илм шароит фароҳам меоварад.

185. Барои шахсоне, ки дар магистратура, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) аз ҳисоби маблағи буҷет таҳсил мекунанд, стипендияи давлатӣ муайян карда мешавад.

186. Ба докторантҳо стипендияи давлатӣ ба андозаи на камтар аз маоши дотсент ва ҳар сол таътили думоҳа дода мешавад. Ҳуқуқҳои дар ҷои кор пеш аз дохил шудан ба докторантура доштаи докторантҳо (ҳукуқи гирифтани манзил, дараҷаи илмӣ ва дигар ҳуқуқҳо) ва ҳамчунин ҳуқуқи баргаштани онҳо ба ҷои кори пешина маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

187. Ба ҳар магистрант, аспирант, докторант аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторанте, ки аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ таҳсил мекунад, барои хариди китобҳои илмӣ ҳар сол ба андозаи ду стипендия кумакпулӣ дода мешавад.

188. Тайёр кардани кормандони илмии баландихтисос дар шакли унвонҷӯии дараҷаи илмӣ низ амалӣ мегардад.

189. Унвонҷӯёне, ки дар таълифи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм таҳқиқот мебаранд ва аз рӯи масъалаи мубрами иҷтимоию иқтисодӣ ё самтҳои афзалиятноки таққиқоти бунёдии илмӣ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд, бо мақсади таҳияи рисола барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илм метавонанд ба муҳлати то ду сол ба вазифаи корманди калони илмӣ гузаронида шаванд. Барои унвонҷӯёне, ки ба вазифаи кормандони калони илмӣ гузаронида шудаанд, бо нигоҳ доштани маоши вазифавии қаблӣ, ҳуқуқи ба ҷои кори пештара гузаштан дода мешавад.

190. Барои анҷоми рисолаи илмии дараҷаи илмии номзади илм ё доктори илм ба кормандони корхона ва муассисаю ташкилотҳо аз ҷои корашон мутобиқан ба муҳлатҳои се ва шаш моҳ бо нигоҳ доштани музди меҳнат рухсатии эҷодӣ дода мешавад.

191. Низомномаҳои магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), докторантура ва унвонҷӯӣ аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

12. КОРМАНДОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО

192. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вазифаҳои кормандони илмию омӯзгорӣ (ҳайати омӯзгорон, кормандони илмӣ: ходими хурди илмӣ ва ходими калони илмӣ), муҳандисию техникӣ, маъмурию хоҷагӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёрирасон ва ғайра пешбинӣ мешаванд.

193. Ба ҳайати омӯзгорон мансабҳои декани факултет, мудири кафедра, мудири озмоишгоҳ, профессор, дотсент, муаллими калон, муаллим ва ассистент мансубанд.

194. Ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба кор қабул кардани кормандони илмию омӯзгорӣ мутобиқи шартномаи меҳнатӣ амалӣ карда мешавад. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ кормандони илмию омӯзгорӣ аз озмун мегузаранд.

195. Мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар асоси озмун интихоб мешавад. Низомнома оид ба тартиби ишғоли вазифа ва гузаштан аз озмунро барои иҷрои вазифаи мудири кафедра мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф таҳия ва тасдиқ менамояд.

196. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд:

- бо тартиби муқарраргардида ба шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб кунанд ва интихоб шаванд;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкат намоянд;

- аз хидмати китобхонаҳо, китобхонаҳои электронӣ, технологияи иттилоотию иртиботӣ, шабакаи интернет, фондҳои иттилоотӣ, шуъбаҳои илму таълим ва ҳамчунин аз хидмати шуъбаҳои иҷтимоию маишӣ, табобатӣ ва шуъбаҳои дигари сохтории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи оинномаи он ва (ё) шартномаи коллективӣ ба таври ройгон истифода баранд;

- мазмуни курсҳои таълимиро мутобиқи стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбӣ муайян кунанд;

- усул ва воситаҳои таълимро, ки ба хусусиятҳои фардии ҳар кадоми онҳо бештар ҷавобгӯ мебошанд ва сифати баланди раванди таълимро таъмин мекунанд, интихоб намоянд;

- аз болои фармоишу супоришҳои раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ шикоят кунанд.

197. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ уҳдадоранд:

- самараи баланди раванди кори омӯзгорӣ ва илмиро таъмин кунанд;

- талаботи оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбиро риоя намоянд;

- донишҷӯёнро дар рӯҳияи мустақилият, ташаббускорӣ тарбия кунанд, қобилияти эҷодии онҳоро инкишоф диҳанд;

- ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва ахлоқиву маънавӣ эҳтиром гузоранд;

- барои такмили ихтисоси худ пайваста кӯшиш намоянд;

- дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набаранд ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро вобаста ба сару либоси тавсиявӣ риоя намоянд.

198. Кормандони илмию омӯзгории муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳуқуқ доранд он усул ва воситаҳои гузаронидани таҳқиқоти илмиеро интихоб намоянд, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ бошанд, ба қобилияти инфиродии онҳо бештар мувофиқат кунанд ва сифати баланди раванди илмиро таъмин намоянд.

199. Ҳуқуқу уҳдадориҳои кормандони маъмурию хоҷагӣ, муҳандисию техникӣ, истеҳсолӣ, таълимию ёридиҳанда ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбиро қонунгузорӣ оид ба меҳнат, оинномаи муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва дастурҳои вазифавӣ муайян мекунанд.

13. ТАЙЁР КАРДАН ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ ИЛМИЮ ОМӯЗГОРӢ

200. Кормандони илмию омӯзгорӣ дар магистратура, аспирантура, докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) ва докторантураи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассиса ё ташкилотҳои илмӣ ва ҳамчунин бо роҳи вобаста намудани унвонҷӯён ба ин муассисаю ташкилотҳо барои навиштан ва дифои рисолаи номзади илм ё доктори илм ё бо роҳи ба вазифаи кормандони илмӣ гузаронидани кормандони соҳаи омӯзгорӣ ҷиҳати таълифи рисолаи докторӣ омода карда мешаванд.

201. Муассисаи таҳсилоти олии касбӣ шаклҳои зерини такмили ихтисосро муқаррар мекунад:

- коромӯзии илмӣ, омӯзгорӣ, эҷодӣ, аз ҷумла, дар корхонаҳо, марказҳои илмию таҳқиқотӣ, бюроҳои конструкторӣ, муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилотҳо, аз ҷумла дар хориҷа;

- рухсатиҳои эҷодӣ барои ба итмом расонидани рисолаи илмӣ;

- такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар донишкадаҳо, факултетҳо ва марказҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо;

- бозомӯзӣ ва таълим дар факултетҳо ва курсҳои махсуси назди муассисаи таҳсилоти олии касбӣ.

202. Такмили ихтисоси кормандони илмию омӯзгориро ҳамчунин аз рӯи шартномае, ки шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоту муассисаҳои илмӣ мебанданд, аз ҳисоби маблағи шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ метавон амалӣ намуд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб, намуд ва шаклҳои дигари такмили ихтисосро муқаррар менамояд.

14. ФАЪОЛИЯТИ МОЛИЯВИЮ ХОҶАГИИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБӢ, ҲИСОБОТ ВА БАҲИСОБГИРӢ

203. Муассис (муассисон) бо мақсади таъмини фаъолияти дар оиннома пешбинишуда биною иншоот, таҷҳизот ва ҳамчунин дигар молу мулки зарурии истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайраро бо ҳуқуқи идораи оперативӣ ба муассисаи таҳсилоти олии касбӣ вобаста менамояд.