Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 550 "ж"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 январи соли 2018 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 550 "ж"
РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
аз 4 январи соли 2018 № 1 ш. Душанбе
Оид ба ворид намудани тағйирот ба Дастурамали №176 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ"
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қ а р о р м е к у н а д:
1. Дар банди 9 Дастурамали №176 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ", ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2009, №304 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 ноябри соли 2009, №550 ба қайд гирифта шудааст, рақами "80" ба рақами "50" иваз карда шавад.
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
4. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С. гузошта шавад.
...