Қарори иҷлосияи 15 Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати V аз 30 июни соли 2018 № 130 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Лахш

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 декабри соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 914

 

ҚАРОРИ ИҶЛОСИЯИ 15 МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯ

ДАЪВАТИ V

аз 30 июни соли 2017 № 130

Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали тақсимоти қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон дар ноҳияи Лахш

Мутобиқи моддаҳои 8, 9 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаи 71 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва пешниҳоди комиссияи ҷамъиятии ноҳиявӣ оид ба тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ, иҷлосияи 15 Маҷлиси вакилони халқи ноҳия даъвати V,

қарор мекунад:

1. Меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар маркази ноҳияи Лахш-Ҷамоати шаҳраки Ваҳдат ба ғайр аз деҳаҳои (маҳаллаҳои) Қалтабулоқ ва Қушай ба андозаи то 0,05 гектар ва дар ҳудуди дигар маҳаллаю деҳаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Лахш ба андозаи то 0,08 гектар муайян карда шавад.

2. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ҳангоми пешниҳод ва ҷудо намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон меъёри муайянгардидаро риоя намоянд.

3. Қарори мазкур бо тартиби муқараргардида барои бақайдгирӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

4. Қарор баъди бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

5. Қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҷиргатол (ҳозира Лахш) аз 28 июни соли 2013, №215 "Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали ҷудо кардани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон" аз эътибор соқит дониста шавад.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои аграрӣ, озуқа, ислоҳоти замин ва истифодабарии захираҳои табиат вогузор карда шавад.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло Раҷаб

 

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 27 декабря 2017, регистрационный номер 914

ПОСТАНОВЛЕНИЕ 15-ОЙ СЕССИИ (5-ГО СОЗЫВА) МАДЖЛИСА НАРОДНЫХ ДЕПУТАТОВ ЛАХШСКОГО РАЙОНА V СОЗЫВА

Об определении минимальной нормы распределения приусадебных земельных участков гражданам в Лахшском районе

В соответствии со статями 8, 9 Конституционного закона Республики Таджикистан "О местных органах государственной власти", статьи 71 Земельного кодекса Республики Таджикистан, статьи 26 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" и предложения общественной комиссии по распределению приусадебных земельных участков 15 сессия Маджлиса народных депутатов Лахшского района V созыва постановляет:

1. Минимальную норму распределения приусадебных земельных участков для граждан, в центре Лахшского района - Джамоат посёлка Вахдат кроме населённых пунктов Калтабулок и Кушай определить в размере до 0.05 га и на территории других населённых пунктов Джамоатов посёлки и сёл Лахшского района в размере до 0,08 га.

2. Местный исполнительный орган государственной власти и Джамоат посёлков и сёл района при предоставлении и распределении приусадебных участков для граждан соблюдать определённую норму.

3. Настоящее постановление, в установленном порядке, представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации.

4. Настоящее постановление ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

5. Считать недействительным постановление Маджлиса народных депутатов Джиргатальского района (ныне Лахшского) от 28 июня 2013 года, №215 "Об определении минимальной нормы распределения приусадебных земельных участков гражданам".

6. Контроль за исполнением настоящего постановления возложить на постоянную комиссию Маджлиса народных депутатов района по аграрным и продовольственным вопросам, земельным реформам и использованием природных ресурсов.

Председатель

Маджлиса народных депутатов

Лахшского района      Баротзода Файзулло Раджаб

г.Душанбе,

от 30 июня 2017 года, №130