Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2017 № 149 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои ҳисобдории муҳосибавӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

11 декабри соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 587 "в"

ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

аз "8" ноябри соли 2017 № 149 ш. Душанбе

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои ҳисобдории муҳосибавӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд

Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

қ а р о р м е к у н а д:

1. Тағйиру иловаҳо ба Қоидаҳои ҳисобдории муҳосибавӣ барои ташкилотҳои қарзӣ ва ташкилотҳои маблағгузории хурд, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2010, №181 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 сентябри соли 2010, №587 ба қайд гирифта шудааст, тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳриридоштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намояд.

4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.

5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С. гузошта шавад.

 

Раиси Раёсат                             Ҷ. Нурмаҳмадзода

 

Замима

 

Зарегистрировано

Министерством юстиции Республики Таджикистан

от 11 декабря 2017, регистрационный номер 587 "в"

ПОСТАНОВЛЕНИЕ ПРАВЛЕНИЯ НАЦИОНАЛЬНОГО БАНКА ТАДЖИКИСТАНА

О внесении изменений и дополнений в Правила ведения бухгалтерского учета для кредитных организаций и микрофинансовых организаций

В соответствии со статьей 56 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах", Правление Национального банка Таджикистана

П О С Т А Н О В Л Я Е Т:

1. Утвердить изменения и дополнения в Правила ведения бухгалтерского учета для кредитных организаций и микрофинансовых организаций, принятые постановлением Правления Национального банка Таджикистан от 30 июня 2010 года, №181, и зарегистрированные в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 1 сентября 2010 года, №587 (прилагается).

2. Данное Постановление в установленном порядке представить в Министерство юстиции Республики Таджикистан для государственной регистрации, и ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.

3. Уполномочить Департамент банковского надзора при государственной регистрации данного постановления в Министерстве юстиции Республики Таджикистан, при необходимости вносить изменения и дополнения редакционного характера в текст приложения данного постанавления, не изменяющие его содержания.

4. Исполнение пункта 2 данного Постановления возложить на Департамент банковского надзора, Юридический отдел и отдел прессы.

5. Контроль за исполнением данного постановления возложить на заместителя Председателя Национального банка Таджикистана Икроми С.С.

Председатель Правления   Дж. Нурмахмадзода

г. Душанбе,

от 8 ноября 2017 года, №149

*прилагается в оригинале