Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" майи соли 2018, № 284
тасдиқ шудааст
Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Барномаи рушди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Барнома) ба муайянсозии мақсад, принсипҳо, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо оид ба ислоҳот ва рушди мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ нигаронида шуда, амалигардонии он барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд ва ба афзалиятҳои асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷавобгӯ мебошад.
2. Барнома ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - кумита) ба танзим медарорад, асос ёфта, ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳоро оид ба ислоҳот ва рушди мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ муайян менамояд.
3. Барнома ба беҳтар намудани фаъолияти Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва иқтидори мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар соҳаи таъмини ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ равона шудааст.
2. МАҚСАД ВА ВАЗИФАҲОИ ИСЛОҲОТ ВА РУШДИ МАҚОМОТИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА ВА МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ
4. Мақсадҳои асосии Барномаи мазкур инҳо мебошанд:
- коҳиши зарари иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, инчунин амалиётҳои ҳарбӣ ва амалҳои террористӣ ба аҳолии кишвар, муассисаҳои иқтисодӣ ва муҳити зист расида;
- такмили низоми давлатии идоракунии ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ ва баланд бардоштани самаранокии он;
- пешгӯӣ, пешгирӣ ва паст кардани хавфи ба амал омадани офатҳои табиӣ;
- баланд бардоштани сатҳи эътино ба ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, сари вақт гузаронидани чорабиниҳо дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди кишвар, инчунин бартараф намудани оқибати онҳо;
- мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникии кумита, бо таҷҳизот ва воситаҳои махсуси техникии муосири барои гузаронидани корҳои садамавӣ-наҷотдиҳӣ зарурӣ таъмин намудани ҷузъу томҳои сохтории он;
- омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати шахсии кумита;
- омодасозии ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин ташкилотҳо, корхонаҳо ва муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо ва омӯзиши аҳолии кишвар дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда.
5. Вазифаҳои асосии Барномаи мазкур инҳо мебошанд:
- таъмин ва дар сатҳи доимии омодабош нигоҳ доштани қувваҳо ва воситаҳои низоми мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
- таъмини фаъолияти босамари Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
- инкишоф додани низоми таъмини бехатарии иншооти муҳими саноатӣ, аз ҷумла корхонаҳои зеризаминӣ ва кӯҳӣ, инчунин муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ;
- вусъат ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда.
3. МАСЪАЛАҲОИ ҲАЛТАЛАБИ СОҲАИ ҲИФЗИ АҲОЛӢ ВА ҲУДУДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲОЛАТҲОИ ФАВУЛОДДАИ ДОРОИ ХУСУСИЯТИ ТАБИӢ ВА ТЕХНОГЕНӢ
6. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол равандҳои геологӣ ва обуҳавошиносӣ дар шакли боронҳои шадид, селҳо, ярчҳо, тармаҳо, заминҷунбиҳо ба вуқӯъ меоянд ва ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар зарари ҷиддии моддӣ мерасонанд.
Соли 2016 дар Тоҷикистон 55 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 20 нафар ба ҳалокат расидаанд. Ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ 161 млн 336 ҳазор 200 сомонӣ зарар расонида шудааст. Соли 2017 94 ҳолати фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи онҳо 31 нафар ҳалок шудааст.
Таҳлил, омӯзиш ва мушоҳидаи равандҳои табиӣ дар солҳои охир нишон медиҳанд, ки бар асари тағйир ёфтани иқлим дар кишвар тамоюли устувори афзоиши ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ мушоҳида мешавад.
Маълумоти оморӣ оид ба талафоти ҷонӣ бар асари офатҳои табиӣ дар солҳои 2013 - 2017 нишон медиҳад, ки 29,8 фоизи онҳо дар натиҷаи селҳо, 27,5 % дар натиҷаи ярчҳо ва сангрезиҳо, 25,9% дар натиҷаи тармаҳо, 9,9% дар натиҷаи боронҳои сел, жола ва раъду барқ, 3,1% дар натиҷаи боришоти шадиди барф, 2,3% дар натиҷаи заминҷунбиҳо, 1,5% дар натиҷаи шамоли сахт ҳалок шудаанд.
Дар давраи солҳои 2013-2017 ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ба иқтисодиёти кишвар 431 млн 94 ҳазору 600 сомонӣ зарар расонидааст.
7. Бо мақсади такмили фаъолият дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар тӯли солҳои охир як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд, ки фаъолияти кумитаро дар доираи Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ танзим менамоянд.
Бо вуҷуди ин, заминаи қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки фаъолияти кумитаро танзим менамоянд, дар оянда ба такмил ниёз доранд.
8. Кумита дар доираи ваколатҳои худ чораҳои заруриро ҷиҳати вазифаҳои ба зиммааш вогузоршуда, эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ва рафъи оқибати онҳо меандешад. Аммо барои такмили фаъолият дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ зарур аст, ки:
- заминаи меъёрии ҳуқуқии кумита такмил дода шавад;
- низоми идоракунии ҳолатҳои буҳронии кумита бо роҳи ташкили марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва минтақавӣ аз нав ташкил карда шавад;
- сатҳи тайёрии касбии ҳайати шахсии кумита баланд бардошта шавад;
- заминаи моддӣ-техникии кумита ва ҷузъу томҳои минтақавии он мустаҳкам карда шавад;
- маркази иттилоотӣ-таҳлилии кумита азнавсозӣ ва аз лиҳози техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шавад;
- дар сохтори кумита хадамоти кумаки равонӣ, хадамоти кинологӣ, сохтор барои гузаронидани корҳои таркишӣ ва дастаҳои бастии наҷотдиҳии зудамали иловагӣ, аз ҷумла дар иншооти обӣ низ ташкил карда шаванд.
9. Кумита маркази таълимӣ-тамринӣ ҷиҳати тайёр намудани наҷотдиҳандагон, ғаввосон, инчунин машқгоҳ барои гузаронидани машқҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ надорад. Бинобар ин, зарур аст, ки дар сохтори кумита марказҳои зерин ташкил карда шаванд:
- маркази миллии тайёр намудани наҷотдиҳандагон дар заминаи қисми ҳарбии 45045, воқеъ дар ноҳияи Шаҳринав;
- маркази омодасозии наҷотдиҳандагон-ғаввосон дар шаҳри Норак;
- марказҳои таълимӣ-тамринӣ ҷиҳати омода намудани наҷотдиҳандагон дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон.
10. Масъалаи ҳалталаби кӯли Сарез, ки дар атрофи он 7 декабри соли 2015 силсилаи таконҳои шадиди зеризаминӣ сабт шуданд, ҳамоно ташвишовар аст. Таҳлили натиҷаҳои назорати ҳолати кӯли Сарез дар соли 2016 нишон медиҳад, ки пас аз заминҷунбӣ ҳаҷми таровиши об аз тариқи садди Усой, инчунин аз чашмаҳои воқеъ дар поёни он қадре зиёд шудааст. Таҳдиди имконпазири асосии кӯли Сарез ин эҳтимоли фурӯрезии ҷинсҳои кӯҳӣ, фаромадани ярч ва эҳтимолияти рахна шудани садди Усой ҳисоб мешавад.
Бо мақсади сари вақт огоҳ намудани аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя, ки ҳангоми рахна шудани садди Усой ба онҳо хатари зери об мондан таҳдид мекунад, соли 2004 дар майдончаи Усой низоми муосири назорат ва огоҳсозии қаблӣ насб шуда буд.
Дар маҳалҳои аҳолинишини водии Бартанг, маркази ноҳияҳои Рӯшон Ванҷ, Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин дар шаҳрҳои Хоруғ ва Душанбе барои огоҳ намудани аҳолӣ воситаҳои алоқаи радиоии диапазони КВ, УКВ ва таҷҳизоти моҳвораӣ гузошта шуда буданд.
Таҷҳизот ва воситаҳои алоқаи мазкур дар муддати 14 сол бетаваққуф ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд. Дар натиҷаи истифодаи тӯлонӣ баъзе қисмҳои таҷҳизоти низоми назорат ва пешакӣ огоҳкунанда фарсуда шуда, аз фаъолият бозмондаанд.
Барои эҳё ва навсозии низоми назорат ва огоҳсозии қаблии садди Усой зарур аст, ки:
- таҷҳизоти муосири низоми назорат ва огоҳсозии қаблӣ, техникаи компютерӣ, воситаҳои алоқа ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳо харидорӣ карда шаванд;
- низоми огоҳсозии қаблӣ васеъ ва дар ноҳияҳои Фархор, Панҷ, Ҷайҳун ва Шаҳритузи вилояти Хатлон гузошта шавад.
11. Бо мақсади огоҳкунии фаврӣ ва даъвати хадамоти зудамали Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда зарур аст, ки дар кумита ва дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рақами кӯтоҳи ягонаи фаврии алоқаи "112" - и кумита ҳамчун рақами Низоми таъмини даъвати хадамоти таъҷилӣ ва эътино ба ҳолатҳои фавқулодда ҷорӣ ва фаъолияти муттасили он таъмин карда шавад.
12. Озмоишигоҳи ҷумҳуриявии кимиёӣ - радиометрии кумита барои дар ҳолати омодагии доимии техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои ҳифзи радиатсионӣ ва кимиёӣ, назорати сифати нигоҳдории онҳо, гузаронидани кашфи радиатсионӣ ва кимиёвӣ дар мавзеи осебдида, иштирок дар рафъи садамаҳо, фалокатҳо, офатҳо ва ҳолатҳои фавқулоддаи дигар, инчунин оқибати онҳо дар иншооти осебпазире, ки маводи сахттаъсири заҳролудкунанда ва радиоактивиро истифода, истеҳсол, нигоҳдорӣ ва интиқол медиҳанд, ихтисос ёфтааст.
Аз соли 1991 ба ин тараф маводи кимиёвии зарурӣ ҷиҳати таҳқиқи намунаҳои дохилшаванда ворид карда нашудаанд.
Бо мақсади таъмини фаъолияти мукаммали озмоишгоҳ зарур аст, ки таҷҳизоти муосири озмоишӣ, реактивҳо барои таҳлили моддаҳои радиоактивӣ, кимиёвӣ ва биологӣ, асбобҳои кашфи радиатсионӣ, кимиёвӣ, назорати вояченкунӣ ва воситаҳои ҳифзи инфиродӣ харидорӣ карда шаванд, инчунин ҳуҷраҳои кории озмоишгоҳ таъмир ва аз нав таҷҳизонида шаванд.
13. Мутобиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2014, №12фм Маркази идоракунии Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Шаҳринав воқеъ мебошад, ба тавозуни кумита гузаронида шудааст. Ин иншоот моҳияти стратегӣ дорад ва ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ дорад.
14. Дар сохтори кумита қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ фаъолият менамоянд, ки ба андозаи кофӣ бо таҷҳизот, воситаҳои муҳандисӣ ва техникии зарурӣ таҷҳизонида нашудаанд. Дар маблағгузории қисмҳои низомии кумита аз ҳисоби буҷети давлатӣ хароҷоти вобаста ба харидории таҷҳизот ва воситаҳои муҳандисӣ ва техникӣ пешбинӣ нашудааст.
Бо ҳамин сабаб ва бо мақсади истифодаи самараноки қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, зарур аст, ки тахассуси онҳо тағйир дода шавад ва онҳо бо воситаҳои моддӣ-техникӣ ва таҷҳизоти садамавӣ-наҷотдиҳӣ таъмин карда шаванд, инчунин аз ҳисоби сарбозони рухсатшуда захираи наҷотдиҳандагон ташкил карда шавад.
15. Ҳар сол бориши жола ба соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарари калони моддӣ мерасонад.
Айни замон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш дастаи зидди жола ва бисту чор нуқтаҳои таъсиррасонӣ ба равандҳои ҳавошиносӣ фаъолият доранд, ки дар шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияҳои Шаҳринав, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ёвон, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Хуросон, Дӯстӣ ва Данғара майдони 585 ҳазор гектар зироатҳои кишоварзиро муҳофизат менамоянд.
Дар корҳои зидди жола 6 дастгоҳи партоби мушакҳои навъи ТКБ-040 К-01 ва понздаҳ дастгоҳи партоби мушакҳои навъи "Элия-2" истифода мешаванд, ки мутаносибан солҳои 1970 - 1980 ва дар соли 2007 харидорӣ шудаанд.
Барои мушоҳидаи абрҳои жолабор чор локатори навъи МРЛ-5, ки солҳои 70-уми асри гузашта насб шудаанд, истифода мешаванд.
Бо мақсади тавсеаи минтақаи муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз жолазанӣ зарур аст, ки:
- дастгоҳҳои муосири зидди жола харидорӣ карда шаванд;
- чаҳор пойгоҳи радиолокатсионӣ харидорӣ ва пойгоҳҳое, ки ҳоло фаъол мебошанд аз нав бозсозӣ карда шаванд;
- фаъолияти дастаҳои зидди жола дар ноҳияҳои Бохтар ва Ваҳдат аз нав барқарор карда шаванд;
- дар ҳудуди вилояти Суғд дастаҳои зидди жола ташкил карда шаванд;
- таълиму тарбияи кормандони хадамоти зидди жола дар хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.
16. Омӯзиши аҳолӣ дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ яке аз чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ мебошад ва ҳамаи гурӯҳҳои аҳолӣ, аз ҷумла ҳайати роҳбарикунанда, коргарону хизматчиён, донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус, миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ ва аҳолии дар соҳаи истеҳсолот ва хизматрасонӣ машғули кор набударо фаро мегирад.
Омодасозӣ ва омӯзиши ихтисосноки аҳолӣ ба кам шудани хатари ҳодисаҳои фавқулодда, сабук кардани оқибати онҳо, коҳиши талафоти иқтисодӣ ва пешгирии талафоти ҷонӣ мусоидат мекунад.
Дар баробари ин, таҳлил нишон медиҳад, ки гурӯҳи дар боло зикргардидаи шунавандагон оид ба масъалаи коҳиши хатари офатҳо ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда маълумоти кофӣ надоранд.
Синфхонаҳои таълимии ҷузъу томҳои кумита ба таҷдид ва ҷиҳозонӣ бо воситаҳои техникӣ ва таҷҳизоти муосир эҳтиёҷ доранд.
17. Кумита иштирокчии як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда мебошад. Бо мақсади вусъатбахшӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, ба имзо расонидани созишномаҳо, шартномаҳо ва ёддоштҳои тафоҳуми дутарафа ва бисёртарафа бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ зарур мебошад.
4. НАТИҶАҲОИ ИНТИЗОРИИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
18. Амалисозии Барнома мусоидат хоҳад кард, ки:
- иқтидори Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда, инчунин кумита дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ баланд бардошта шавад;
- самаранокии ҳамоҳангӣ ва идоракунии қувва ва воситаҳои Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда баланд бардошта шавад;
- сатҳи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди ҷумҳурӣ аз хатарҳо ва таҳдидҳои ҳолатҳои фавқулодда баланд бардошта шавад;
- низоми огоҳсозии қаблии аҳолӣ оид ба хатари сар задан ва ё ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда васеъ карда шавад ва низоми хабардоркунӣ ва огоҳкунии таъҷилии аҳолӣ дар ҷойҳои ҷамъшавии онҳо дар оянда рушд намояд;
- инфрасохтори иттилоотию телекоммуникатсионии низоми идоракунии хатарҳои ҳолатҳои фавқулодда, инчунин низоми мониторинг ва пешгӯии онҳо рушд намояд;
- дар кумита ва сохторҳои минтақавии он дастаҳои наҷотдиҳандагони баландихтисоси муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир ва воситаҳои техникии махсус ташкил карда шаванд;
- кори омодасозии ҳайати роҳбарикунандаи вазорату идораҳо, омӯзиши аҳолии кишвар дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси ҳайати шахсии кумита такмил дода шавад;
- ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда васеъ карда шавад.
5. ИҶРОКУНАНДА ВА МУҲЛАТИ АМАЛИСОЗИИ БАРНОМА
19. Иҷрокунандаи масъули Барнома Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Марҳилаҳо ва муҳлатҳои амалисозии Барнома:
- марҳилаи 1: солҳои 2018 - 2020;
- марҳилаи 2: солҳои 2021 - 2022.
6. МАНБАЪҲОИ МАБЛАҒГУЗОРӢ
20. Манбаъҳои маблағгузории амалисозии Барнома буҷети ҷумҳуриявӣ, буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шартномаҳо, сармоягузориҳои хориҷӣ, грантҳо ва маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ мебошанд, аз ҷумла:
- аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ - 44700000 (чилу чор миллиону ҳафтсад ҳазор) сомонӣ, аз ҷумла маблағҳои мақсадноки иловагӣ барои харидории техникаи махсуси қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ - 5000000 (панҷ миллион) сомонӣ, барои харидории таҷҳизоти махсуси зидди жола (дастгоҳҳои мушакпарронӣ ва қисмҳои эҳтиётии радиолокаторҳо) - 5000000 (панҷ миллион) сомонӣ ва барои сохтмони - асосӣ 2000000 (бист миллион) сомонӣ;
- аз ҳисоби сармоягузории хориҷӣ - 16700000 (шонздаҳ миллиону ҳафтсад) ҳазор доллари ИМА;
- аз ҳисоби буҷетҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ19600000 (нуздаҳ миллиону шашсад ҳазор) сомонӣ (дар доираи амалисозии барномаҳои таҳияшудаи рушди вилоятҳо ва ноҳияҳо, ки бо кумита мувофиқа шудаанд);
- аз ҳисоби шартномаҳо - 500000 (панҷсад ҳазор) сомонӣ.
Замимаи 2