Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "31" майи соли 2018, № 294
тасдиқ шудааст
Лоиҳаи инфиродии хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пиллаи Тоҷик"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Лоиҳаи инфиродии хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пиллаи Тоҷик" (минбаъд-лоиҳаи инфиродӣ) тартиби хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ҷамъияти саҳомии кушодаи "Пиллаи - Тоҷик" (минбаъд - ҷамъият)-ро муайян мекунад.
2. Мақсади асосии лоиҳаи инфиродӣ таъмини рушди рӯзафзуни бахши хусусӣ, ташкили ҷойҳои корӣ, истифодабарии самараноки дороиҳои давлатӣ, фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллӣ ва таҷдиду азнавсозии ҷамъият мебошад.
2. Тавсифи ҷамъият
3. Ҷамъият мутобиқи замимаи 4 Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 20142017, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2013 №557 тасдиқ шудааст, дар натиҷаи табдилдиҳии корхонаи воҳиди давлатии "Пилла"-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, сармояи оинномавии ҷамъият 4,254,000 сомонӣ иборат аз 42,540 саҳмияи оддӣ бо арзиши номиналии 100 сомонӣ барои як саҳмия мебошад. Арзиши молу мулки ҷамъият ба ҳолати 22 ноябри соли 2017 ба маблағи 4,911,000 сомонӣ нархгузорӣ гардидааст,
4. Ҷамъият асосан дар самти тутпарварӣ, истеҳсоли тухми кирмак, кирмакпарварӣ ва таъмини соҳаи саноати сабук бо нахи абрешим фаъолият менамояд.
5. Суроғаи ҳуқуқии ҷамъият: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Мушфиқӣ, 77.
6. Дар ҳайати ҷамъият 39 ҷамъияти саҳомии фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд.
7. Муассиси ҷамъият Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
8. Арзиши тавозунии воситаҳои асосии ҷамъият ба ҳолати 1 октябри соли 2017 маблағи 3,976,402 сомониро ташкил медиҳад. Арзиши воситаҳои гардишии ҷамъият 4,254,000 сомониро ташкил медиҳад.
9. Дороиҳои ҷамъият ба ҳолати 1 октябри соли 2017 маблағи 8,636,176 сомониро ташкил медиҳанд.
10. Арзиши бақиявии молу мулки ҷамъият 1,252,190 сомониро ташкил медиҳад.
11. Қарзи умумии кредитории ҷамъият аз рӯи тавозун ба ҳолати 1 октябри соли 2017 ба 15,748,760 сомонӣ баробар мебошад, ки аз ин қарзи музди меҳнат 482,663 сомонӣ, қарз дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 373,285 сомонӣ, андозҳои давлатӣ 5,993,800 сомонӣ, қарз дар назди Бонки миллии Тоҷикистон 8,500 сомонӣ, қарзҳо дар назди молрасонҳо ва пудратчиён 2,596,529 сомонӣ ва қарзҳо дар назди дигар субъектҳои хоҷагидор 6,293,983 сомониро ташкил медиҳанд.
12. Қарзи умумии дебитории ҷамъият ба ҳолати 1 октябри соли 2017 маблағи 3,636,080 сомониро ташкил медиҳад.
13. Тибқи оиннома ҷамъият барои ба даст овардани фоида ҳуқуқ дорад фаъолияти зеринро амалӣ намояд:
- ташкили истеҳсоли тухми кирмак, тутпарварӣ ва истеҳсоли пилла бо истифодаи дастовардҳои илм ва технологияи муосир;
- коркарди аввалияи пилла (несткунии зоча ва хушконидан) ва нигоҳдории пилла;
- коркарди пилла то истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ;
- хизматрасонии саривақтии агротехникӣ ба хоҷагиҳое, ки ба парвариши кирмак машғуланд;
- ташкили мубориза ба муқобили касалиҳо ва ҳашароти зараррасони тутзорҳо, тухми кирмак ва пилла;
- сохтмони биною иншооти соҳа;
- омӯзиши дархост, талаботи истеҳсолкунандагон ва бастани шартномаҳо оид ба намуд ва сифати ашё (пилла ва тухми кирмак);
- ташкили шаклҳои муосири фурӯши маҳсулот, ҷорӣ намудани асосҳои маркетинг, миёнаравӣ ва менеҷмент;
- рушди ҳамкории судманди дуҷониба дар дохили ҷумҳурӣ ва берун аз он бо муассиса ва ташкилоте, ки ба истеҳсол, коркард ва фурӯши пилла сару кор доранд;
- гирифтани намунаи тухми кирмак барои гузаронидани назорати давлатӣ;
- ташкили инкубаторҳо, гузаронидани дезинфексия ва сафедкунии биноҳо, муайян намудани муҳлати хобонидани тухми кирмак, зиндакунӣ, риоя намудани қоидаҳои агротехникӣ ва чиндани пилла;
- ҷорӣ намудани дастовардҳои пешқадами илмӣ дар истеҳсолот.
14. Дар заминаи сармоягузории иловагӣ вориди технологияи муосири кирмакпарварӣ, нав кардани техникаю таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, сохтмон, таъмири биною иншоот ва азнавтаҷҳизонидани ҷамъият ба нақша гирифта шудааст. Ҷамъият имконият дорад дар давраи аввал ба миқдори 370 тонна пиллаи хушк ба фурӯш барорад. Ҳамзамон, истеҳсоли тухми кирмак ва пилла беҳтар ва ба талаботи муосир мутобиқ карда мешавад.
15. Дараҷаи фарсудашавии воситаҳои асосии ҷамъият 68 фоизро ташкил медиҳад.
16. Масоҳати умумии қитъаи замини ҷамъият 26,43 гектар, масоҳати зери сохтмон 14,53 гектар мебошад.
17. Барои таъмини хизматрасонии нақлиётӣ дар ҷамъият 11 воситаи нақлиёт мавҷуд мебошанд.
18. Солҳои 2015-2016 ва нуҳ моҳи соли 2017 фаъолияти ҷамъият бо зарар ҷамъбаст карда шудааст.
19. Гардиши воситаҳои пулӣ дар соли 2015 маблағи 11,722,950 сомонӣ, дар соли 2016 - 12,429,367 сомонӣ ва дар нуҳ моҳи соли 2017 14,219,600 сомониро ташкил медиҳад (ҷадвали 1).
20. Ба таркиби молу мулки ҷамъият биноҳои маъмурӣ ва ёрирасон, анбору иншоот ва молу мулки ҷамъиятҳои фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дохил мешаванд.
21. Ҷамъият истеҳсоли тухми кирмак ва пилларо дар ҷумҳурӣ амалӣ намуда, дорои иқтидори истеҳсоли то 10,000 қуттӣ тухми кирмак дар 1 сол, инчунин коркарди аввалия ва содироти 1000 тонна пиллаи тар мебошад (ҷадвалҳои 2 ва 3).
22. Бо мақсади таъмини рушди ҷамъият, зиёд намудани иқтидори истеҳсолӣ, воридот ва насби технологияҳои муосири кирмакпарварӣ, нав кардани техникаю таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, сохтмон ва таъмири биною иншоот ҷамъият ба ҷалби сармоягузорӣ ниёз дорад.
23. Шумораи умумии кормандони ҷамъият мувофиқи воҳидҳои кории тасдиқгардида 395 нафарро ташкил дода, шумораи кормандони муваққатӣ (мавсимӣ) 572 нафар мебошад.
24. Маблағи умумии фонди музди меҳнати кормандони ҷамъият барои соли 2017 маблағи 2,665,812 сомониро ташкил медиҳад. Маблағи умумии маоши кормандон дар як моҳ 222,151 сомониро ташкил медиҳад, ки ба ҳисоби миёна 563 сомонӣ дар як моҳ барои як корманд рост меояд (ҷадвалҳои 4 ва 5).
25. Идоракунии ҷамъият аз тарафи директори генералӣ ба амал бароварда мешавад.
26. Шартномаи коллективӣ байни кормандон ва роҳбарияти ҷамъият ба имзо расонида шудааст. Маблағи солонаи пардохт ба фонди нафақа ва фонди суғуртаи иҷтимоӣ 666,453 сомониро ташкил мекунад.
Кумитаи иттифоқи касабаи ҷамъият дар ҳайати 10 нафар дар маҷлиси умумии иттифоқи касаба дар соли 2017 интихоб гардидааст. Ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ кумитаи иттифоқи касабаи алоҳида доранд.
27. Дар ҷамъият тамоми талаботу меъёрҳои техникаи бехатарӣ ва зиддисӯхторӣ риоя мегарданд.
28. Барои ба талаботи муосир мутобиқ ва дар бозор рақобатпазир гардидан, ташкили тутмайдонҳои серҳосил ва парваришгоҳҳои мутамаркази кирмак, инчунин ворид намудани тухми кирмаки хушсифат аз хориҷи кишвар ҷамъият ба воситаҳои молиявӣ ниёз дорад.
29. Ҷамъият барои истифодаи қувваи барқ дар соли 2015 (679,0 ҳазор кВт) ба маблағи 244,4 ҳазор сомонӣ, дар соли 2016 (751,0 ҳазор кВт) ба маблағи 270,3 ҳазор сомонӣ ва дар нуҳ моҳи соли 2017 (961,4 ҳазор кВт) ба маблағи 346,1 ҳазор сомонӣ хароҷот намудааст.
30. Маълумот дар бораи суратҳисоби ҷамъият:
Филиали ҷамъияти саҳомии кушодаи "Бонки Эсхата" дар шаҳри Душанбе.
Суратҳисоби ҷорӣ:2020297200020100048
Ҳисоби корреспонденӣ: 2040297245701
МФО: 350501707
РМА: 020004298.
Бо доллари ИМА Intermediate Bank: STANDART CHARTERED BANK SWIFT SCBLUS33XXX, Bank-correspondent: RAIFFEISEN BANK INTERNATIONAL AG SWIFT RZBAATWWXXX, Bankbeneficiary: OJSK "Bank Eskhata" Republik of Tajikistan, Khujand, SWIFT EJSATJ22 Corr.account 55.069.025 Beneficiary: CHSK "PILLAI TOCHIK" Account: 20206978900020100022.
31. Ҷамъиятҳои саҳомии фаръӣ дорои суратҳисоби алоҳида мебошанд.
3. Тартиб ва шартҳои хусусигардонии ҷамъият
32. Хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъият дар доираи талаботи низомномаи хусусигардонии корхонаҳо тибқи лоиҳаҳои инфиродӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 1998, №526 тасдиқ шудааст, тариқи баргузории тендери байналмилалӣ сурат мегирад.
33. Арзиши саҳмияҳои ҷамъият мувофиқи тартиби муайян намудани арзиши объектҳои хусусигардонидашаванда, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №387 тасдиқ гардидааст, муқаррар карда шудааст.
34. Арзиши ибтидоии 42,540 саҳмияи ҷамъият, ки тибқи лоиҳа хусуси гардонида мешаванд, ба маблағи 4,911,000 сомонӣ муқаррар мегардад.
35. Иштирокчиёни тендери байналмилалӣ барои иштирок дар хусусигардонии ҷамъият маблағи баробар ба 200 ҳазор доллари ИМА бо асъори миллӣ бо қурби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт ва ё бо асъори хориҷӣ ба суратҳисобҳои зерини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд:
бо сомонӣ: Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суратҳисоб: 20204972712010100002, ҳисоби корреспонденӣ: 22402972000002, МФО: 350101800, ИНН: 020009709; бо доллари ИМА: ба суратҳисоби арзии Credit Suisse Zurich. Switzerland SWIFT: CRESCHZZ80A Acc: 91223964 National Bank of Tajikistan SWIFT: Natjtj 22 Acc: 22696840600010 Ministry of Finance of the Republic of Tajikistan.
36. Ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба саҳмияҳои ҷамъият дар сурати аз тарафи ғолиби тендери байналмилалӣ иҷро шудани чунин шартҳо дода мешавад:
- сармоягузорӣ барои рушд, воридот ва насби технологияҳои муосири соҳаи кирмакпаварӣ ва коркарди пилла, нав кардани техникаю таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, сохтмон ва таъмири биною иншоот ҷиҳати зиёд намудани иқтидори истеҳсолии ҷамъият ба маблағи на камтар аз 35,0 млн сомонӣ дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият, аз ҷумла дар муҳлати як сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият ба маблағи на камтар аз 15,0 млн сомонӣ;
- зиёд намудани ҳаҷми умумии даромади ҷамъият ба маблағи на камтар аз 30,0 млн сомонӣ дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият, аз ҷумла дар муҳлати як сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият на камтар аз 12,0 млн сомонӣ;
- зиёд кардани ҷойҳои корӣ ба миқдори на камтар аз 500 адад дар муҳлати се сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият;
- пардохти қарзҳои кредитории ҷамъият ба маблағи 15,748,760 сомонӣ дар муҳлати як сол баъд аз санаи бастани шартномаи хариду фурӯши бастаи саҳмияҳои ҷамъият;
- гузаронидани чорабиниҳо оид ба бехатарии экологӣ.
37. Харидор ҳуқуқ надорад аз санаи ба даст овардани ҳуқуқи соҳибмулкӣ саҳмияҳои ҷамъиятро ва молакияти онро ба шахсони сеюм фурӯшад ва самти фаъолияти ҷамъиятро тағйир диҳад.
38. Ҳамаи сохтмону таҷдид тибқи тартиби муқарраргардида дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор амалӣ карда мешаванд.
39. Ҷамъият баъди фурӯши саҳмияҳо ҳамкориро бо мақоми ваколатдор дар соҳаи саноат идома дода, маълумотро оид ба фаъолияти худ мунтазам пешниҳод менамояд.
40. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз як моҳ то гузаронидани тендери байналмилалӣ дар воситаҳои ахбори омма ва сомонаи худ эълонро дар бораи хусусигардонии бастаи саҳмияҳои ҷамъият интишор менамояд.
Замимаҳои 1-5