Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 сентябри соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 138 "г"
Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 сентябри соли 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 138 "г"
ҚАРОРИ РАЁСАТИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
аз 21 августи соли 2017 № 106 ш.Душанбе
Оид ба ворид намудани илова ба Дастурамали №198 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти фондҳои қарзии ҳурд"
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон
қарор мекунанд:
1. Илова ба Дастурамали №198 "Дар бораи тартиби танзими фаъолияти фондҳои қарзии хурд ",ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 30 август соли 2012,№195 тасдиқ шуда,дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 ноябри соли 2012,№138"в" ба қайд гирифта шудааст,тасдиқ карда шавад(замима мегардад).
2. Ҳамин қарор бо тартиби муқарраршуда ба Вазорати адлияи ҶумҳурииТоҷикистон ҷиҳати бақайдгири давлатӣ пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
3. Департаменти назорати бонкӣ ваколатдор карда шавад, ки ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳамин қарор дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зарурӣ ба матни замимаи ҳамин қарор тағйиру иловаҳои хусусияти таҳрирӣ доштаро, ки мазмуни онро тағйир намедиҳанд, ворид намоянд.
4. Иҷрои банди 2 ҳамин қарор ба зиммаи Котиби Раёсат, Департаменти назорати бонкӣ, Шуъбаи ҳуқуқ ва Шуъбаи матбуот вогузор карда шавад.
5. Назорати иҷрои ҳамин қарор ба зиммаи муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Икромӣ С.С гузошта шавад.
...