Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолмю техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо аз 30 майи соли 2018 № 257

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "30" майи соли 2018, № 257

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла соҳибкорони инфиродиро, ки ба истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, фаро мегирад.

2. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ба маҳсулоти (хизматрасонии) таъиноти истеҳсолию техникӣ аз тарафи истеҳсолкунандагон мустақилона ё дар асоси шартнома бо истеъмолкунандагони маҳсулот (хизматрасонӣ) муқаррар карда мешавад ва ҳангоми ҳисоббаробаркунии истеҳсолкунандагон бо кулли истеъмолкунандагон, ҳамчунин соҳибкорони инфиродӣ (ғайр аз аҳолӣ), аз он ҷумла бо миёнаравҳо (бо иштироки корхонаю ташкилотҳои таъминотию фурӯшанда, хариду фурӯш ва дигарҳо) бо дар назар доштани андозҳои амалкунанда татбиқ мегардад.

3. Нархҳои озод (фурӯш) ба молҳои истеъмоли халқ аз ҷониби истеҳсолкунандагони молҳо бо дар назар доштани андозҳои амалкунанда мустақилона ё дар асоси шартнома бо мувофиқаи субъектҳои хоҷагидор, инчунин миёнаравҳое, ки молҳоро ба аҳолӣ ё истеъмолкунандагони ғайрибозорӣ мефурӯшанд, муқаррар карда мешаванд.

4. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ва нархҳои озоди фурӯш бо дар назар доштани вазъи бозор, талабот ва эҳтиёҷу пешниҳоди вуҷудбуда, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии маҳсулот (хизматрасонӣ) ва молҳо бо шарти ирсоли франкию истгоҳи (бандар) ва дар ҳолати дар як шаҳр фурӯхтан франко-анбори корхонаи таҳвилгар муайян карда мешаванд. Бо мувофиқаи тарафҳо ҷоиз аст шартҳои дигари таҳвили молҳо, маҳсулот (хизматрасонӣ) қабул карда шаванд.

5. Бо мақсади махдуд ва пешгирӣ намудани фаъолияти инҳисорӣ, рақобати бевиҷдонона, ташкил ва фароҳам овардани шароити мусоид барои самарабахшии бозорҳои молӣ, инчунин ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз болоравии беасоси нархҳо (тарифҳо) ба молҳои ниёзи аввалия танзими давлатии нархҳо ва тарифҳо татбиқ карда мешавад.

6. Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) нисбати номгӯи мол, маҳсулот ва хизматрасониҳое, ки ба онҳо танзими давлатии нарх ва тарифҳо амалӣ мегардад, ҷорӣ карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ ба номгӯи мазкур тибқи тартиби муқарраргардида тағйирот ворид карда мешавад.

7. Дар таркиби нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ба маҳсулоти (хизматрасонии) таъиноти истеҳсолию техникӣ ва нархҳои озоди фурӯш ба молҳои истеъмоли халқ арзиши аслӣ, даромаднокӣ ва андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳое, ки аз фоида пардохт мегарданд) ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба нархҳои озоди фурӯши молҳои истеъмоли халқ, ки пардохти андози аксизӣ муқаррар шудааст, маблағи меъёри муқарраргардидаи андози аксизӣ низ ҳамроҳ карда мешавад.

Фоида (зарар) аз фурӯши молҳо ва хизматрасониҳо тибқи нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ҳамчун фарқияти байни маблағи фурӯш (бе андозҳои амалкунанда ва аксиз) ва хароҷот, ки ба арзиши аслии маҳсулот, молҳо ва хизматрасониҳо дохил мешаванд, тибқи тартиби муқаррарнамуда ба ҳисоб гирифта шуда, бо дар назар доштани хусусиятҳои хоси соҳаҳо муайян карда мешавад.

8. Дар асноди ҳисоббаробаркунии маҳсулоти фурӯхташаванда (молҳо ва хизматрасониҳо) маблағи андозҳои амалкунанда дар сатри алоҳида нишон дода мешавад.

9. Нархи маҳсулот ва молҳое, ки ба воситаи миёнаравҳо (ташкилот ва корхонаҳои хариду фурӯш, таъминотию фурӯшанда) таҳвил мегардад, бо дар назар доштани нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ва иловапулии таъминотию фурӯш муайян карда мешавад.

10. Дар иловапулии таъминотию фурӯш хароҷоти муомилот, фоида ва андозҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ба назар гирифта мешаванд.

11. Нархҳои озоди (фурӯши) яклухт ба маҳсулоти (молҳои) воридотӣ аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, ки маҳсулот (молҳо)-ро аз таҳвилкунандагони хориҷӣ харидорӣ мекунанд, бо дар назар доштани вазъи бозор, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии маҳсулот (молҳо) муқаррар карда мешавад. Дар таркиби ин нархҳо бояд арзиши воридотӣ (арзиши молнома), ки дар ҳисобномаи таҳвилкунанда нишон дода шудааст, бо ҳисоб кардан ба асъори миллӣ

- сомонӣ тибқи қурби муқаррарнамудаи Бонки миллии Тоҷикистон дар рӯзи пардохт, бо иловаи тамоми хароҷот оид ба расонидани маҳсулот (молҳо), инчунин андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳое, ки аз фоида пардохт мегарданд), пардохтҳои гумрукӣ ва подоши ташкилотҳои робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва дигарҳо, ки хариди маҳсулот (молҳо)-ро анҷом додаанд, ба назар гирифта шавад. Дар замимаи 1 Низомномаи мазкур, намунаи муайян намудани нарх ва андозҳои амалкунанда ба молҳои воридотӣ муқаррар карда шудааст.

БОБИ 2. ТАРТИБИ ТАШКИЛИ НАРХҲОИ ОЗОДИ ЧАКАНА БА МОЛҲОИ ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ ВА ВОРИДОТИИ ИСТЕЪМОЛИ ХАЛҚ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО

12. Нархҳои озоди чакана ба молҳои ватанӣ ва воридотии истеъмоли халқ дар асоси нархҳои озоди фурӯш (бо дар назар доштани андозҳои амалкунанда) ва иловапулии савдо ташаккул меёбанд.

13. Ҳангоми ба аҳолӣ фурӯхтани маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ, нархҳои озоди чакана дар асоси нархҳои озоди фурӯш ва иловапулии савдо ташаккул меёбанд.

14. Нархҳои озоди чакана аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, ки фурӯши чаканаи молҳоро ба аҳолӣ амалӣ мекунанд, мутобиқи банди 12 Низомномаи мазкур, ба истиснои мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, ки ба онҳо танзими давлатии нарх амалӣ мегардад, муайян карда мешавад.

15. Ҳангоми ба воситаи миёнаравҳо таҳвил намудани мол ё маҳсулот ба фурӯшанда, нархи озоди чакана аз нархи харид, ки мутобиқи банди 9 Низомномаи мазкур ва иловапулии савдо муайян шудааст, ташаккул меёбад.

16. Иловапулии савдо аз ҷониби фурӯшанда дар асоси ваъзи бозор муайян карда мешавад. Ба иловапулии савдо хароҷоти муомилот, фоидаи ташкилоту корхонаҳои савдои яклухт ва чакана, инчунин андозҳои амалкунанда (ба истиснои андозҳое, ки аз фоида пардохт мегарданд) дохил карда мешаванд.

17. Ҳангоми аз тарафи корхонаҳои савдои яклухт ба корхонаҳои савдои чакана фурӯхтани молҳои ватанӣ ва воридотӣ, ҳисоббаробаркунӣ ба молҳои фурӯхташуда бо нархҳои озоди фурӯш (бо дар назар доштани андозҳои амалкунанда) ва ба он изофа кардани иловапулии яклухт, ки аз ҷониби корхонаҳои савдои яклухт бо мувофиқаи корхонаҳои савдои чакана ва ғайра, инчунин соҳибкорони инфиродие, ки молро ба аҳолӣ мефурӯшанд, муайян карда шудааст, анҷом дода мешавад.

18. Арзиши мавод ва қисмҳои эҳтиётие, ки субъектҳои хоҷагидорӣ бо нархҳои озоди фурӯш ба аҳолӣ хизматрасонанда мегиранд, аз тарафи фармоишгарон ҳангоми иҷрои фармоиш барои тайёр ва таъмири маснуот бо ин нархҳо ва бо изофа намудани иловапулии савдо, ки мутобиқи банди 16 Низомномаи мазкур муайян гардидааст, пардохт карда мешавад.

19. Бо ҳамин тартиб нархҳои озоди чакана ба маҳсулоте, ки аз тарафи субъектҳои хоҷагидори ба аҳолӣ хизматрасонанда фурӯхта мешавад, муайян карда мешавад.

20. Тарифҳои озод ба хизматрасониҳо барои аҳолӣ аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки ин гуна хизмат мерасонанд, дар асоси ваъзи бозоре, ки дар минтақаи мазкур ба вуҷуд омадааст, сифат ва хусусиятҳои истеъмолии хизматрасонии пешниҳодшаванда ташаккул меёбанд.

21. Дар корхонаҳои хӯроки умумӣ, нархи иловагӣ ба нархҳои озоди (хариди) чакана ба ҳамон тартибе, ки дар корхонаҳои савдои чакана мутобиқи банди 12 Низомнома ташаккул ёфтаанд, истифода мешавад.

БОБИ 3. УСУЛҲОИ ТАНЗИМИ ДАВЛАТИИ НАРХҲО (ТАРИФҲО)

22. Танзими давлатни нархҳои (тарифҳои) мол, маҳсулоти истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо бо чунин усулҳо амалӣ карда мешаванд:

- муқаррар намудани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо;

- муқаррар намудани сатҳи ниҳоии нархи фурӯши чакана;

- муқаррар намудани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ.

Меъёрҳои танзимкунанда барои маҳсулот, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ аз рӯи натиҷаи таҳлилҳои гузаронидашуда муқаррар карда мешаванд.

23. Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) бо муқаррар намудани маҳдудияти иловапулии савдо ба нархи озоди яклухти фурӯш, сатҳи ниҳоии нархҳои чакана (тарифҳо) ё сатҳи ниҳоии даромаднокӣ ба муҳлати муайян татбиқ карда мешавад.

Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои мол, маҳсулот ва хизматрасониҳо дар ҳолатҳое амалӣ карда мешавад, ки агар болоравии нархҳо (тарифҳо) дар давоми як моҳ то 20 фоиз ва зиёда аз онро ташкил диҳад. Танзими давлатии нархҳо (тарифҳо) барои маҳсулот, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо муваққатан ҷорӣ карда шуда, хусусияти доимамалкунда надорад.

БОБИ 4. БА РАСМИЯТ ДАРОВАРДАНИ АСНОД

24. Нархҳои (тарифҳои) озоди фурӯш ва яклухт дар протоколи мувофиқати нархҳо сабт мегардад, ки он аз тарафи роҳбарони (соҳибмулкони) корхонаҳои истеҳсолкунанда ва корхонаҳои истеъмолкунанда имзо мегардад. Намудҳои протоколҳои тавсиявии мувофиқат дар замимаҳои №2 ва №3 Низомномаи мазкур оварда шудааст. Мумкин аст, ки нархҳои (тарифҳои) муайянкардашудаи мазкур дар шартномаҳо оид ба таҳвили мол, маҳсулот (хизматрасонӣ) зикр гардад. Шартномаҳо бо шахсони алоҳидаи ҳуқуқӣ (истеҳсолкунандагон ё истеъмолкунандагон) тибқи қонунгузории гражданӣ ба расмият дароварда шаванд.

25. Нархҳои озоди чакана дар тамғаҳои молҳо ё нархномаҳо, ки дар мағозаҳо гузошта мешаванд, аз тарафи субъектҳои хоҷагидори савдои чакана зикр карда мешаванд.

26. Зикр кардани нархҳои озоди чакана мустақиман дар маҳсулот, тамғаю борбандҳои молҳо, тамғакоғазҳо ва шиносномаҳои техникӣ (ба молҳои таъиноти маданию маишӣ ва хоҷагӣ, ки бо шиносномаи техникӣ истеҳсол мешаванд), инчунин дар тасмаҳои назоратӣ барои корхонаҳои истеҳсолкунанда ҳатмӣ нест.

БОБИ 5. ТАҒЙИРИ НАРХҲО ВА ТАРИФҲОИ ОЗОД (БОЗОРӢ)

27. Нархҳои (тарифҳои) озоди яклухт ва фурӯшро ба маҳсулоти таъиноти истеҳсолию техникӣ (хизматрасонӣ) ва молҳои истеъмоли халқ бо мувофиқаи байни истеҳсолкунанда (таҳвилкунанда) ва истеъмолкунанда вобаста ба болоравии (пастшавии) нархҳо ба ашёи хом, мавод, дигар омилҳое, ки ба тағйир ёфтани хароҷот ба истеҳсол ва фурӯши молҳо, маҳсулот ва хизматрасониҳо таъсир мерасонанд, тағйир додан мумкин аст.

28. Тартиби тағйир додани нархҳоро дар шартномаи таҳвили молҳо муқаррар намудан мумкин аст.

29. Дар ҳолати тағйир ёфтани талабот ва пешниҳодот ба молҳои истеъмоли халқ, нархҳои озоди чакана метавонанд аз тарафи фурӯшанда вобаста ба ваъзи бозор тағйир дода шаванд. Дар ин маврид паст кардани нархҳои озоди чакана аз ҳисоби фурӯшанда амалӣ мегардад.

30. Нархҳои нави озоди чакана аз ҷониби фурӯшанда тағйир дода мешаванд.

БОБИ 6. НАЗОРАТИ РИОЯИ ТАРТИБИ ТАШАККУЛ ВА ТАТБИҚИ НАРХУ ТАРИФҲОИ ОЗОД БА МАҲСУЛОТИ ТЕХНИКӢ, МОЛҲОИ ИСТЕЪМОЛИ ХАЛҚ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО

31. Назорати дурустии муайянкунӣ ва татбиқи нархҳои (тарифҳои) танзимшаванда барои молу маҳсулоти истеъмоли халқ ва хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ амалӣ карда мешавад.

32. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои омор, гумрук ва кишоварзӣ маълумоти дахлдорро оид ба содирот, воридот ва истеҳсоли маҳсулот ба мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ пешниҳод намуда, барои дастрас намудани иттилооти зарурӣ мусоидат менамоянд.

БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

33. Ба вайронкунии тартиби ташаккул ва татбиқи нархҳои (тарифҳо) молҳо, маҳсулот ва хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки номгӯи онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, чунин амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дохил карда мешаванд:

- риоя накардани сатҳи ниҳоии иловапулии савдо;

- риоя накардани сатҳи ниҳоии нархҳои (тарифҳои) фурӯш;

- риоя накардани сатҳи ниҳоии даромаднокӣ.

34. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Низомномаи мазкур мувофиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Замимаҳои 1-3