Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 № 1535 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

 

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 апрели соли 2018, № 1047

қабул карда шуд.

 

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2018, № 544

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 "Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 436; с. 2013, № 3, мод. 189, № 11, мод. 784; с. 2016, № 5, мод. 367) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Дар сархати бистуми моддаи 2 калимаи "қаламрави" ба калимаи "ҳудуди" иваз карда шавад.

2. Аз моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

3. Моддаи 46(1) бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"Моддаи 46(1). Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат

1. Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ба андозаи 0,2 фоизи даромади Буҷети давлатӣ муқаррар гардида, ба буҷети ҷумҳуриявӣ дохил мешавад.

2. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани маблағҳои Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

3. Маблағгузории Фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ баъди қатъи ваколати президентии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат оғоз мегардад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон         Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1535

 

 

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННЫХ ФИНАНСАХ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Принят Постановлением МН МОРТ

от 19 апреля 2018 года, №1047

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 11 мая 2018 года, №544

Статья 1. Дополнить Закон Республики Таджикистан от 28 июня 2011 года "О государственных финансах Республики Таджикистан" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2011 г., №6, ст. 436; 2013 г., №3, ст. 189, №11, ст. 784; 2016 г., №5, ст. 367) статьёй 46(1) следующего содержания:

"Статья 46(1). Фонд Основателя мира и национального единства - Лидера нации

1. Фонд Основателя мира и национального единства - Лидера нации устанавливается в размере 0,2 процента от объёма доходов государственного бюджета и включается в республиканский бюджет.

2. Порядок распоряжения средствами Фонда Основателя мира и национального единства - Лидера нации определяется Президентом Республики Таджикистан.

3. Финансирование Фонда Основателя мира и национального единства - Лидера нации из государственного бюджета начинается после прекращения президентских полномочий Основателя мира и национального единства - Лидера нации.".

Статья 2. Ввести настоящий Закон в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан    Эмомали Рахмон

 г.Душанбе,

от 17 мая 2018 года, №1535