Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018 № 1532 "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД"

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 19 апрели соли 2018, № 1054

қабул карда шуд.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 11 майи соли 2018, № 541

ҷонибдорӣ карда шуд.

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011 "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7 - 8, мод. 616; с. 2016, № 3, мод. 147) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:

1. Аз матни моддаи 3 калимаи "(Сарқонуни)" хориҷ карда шавад.

2. Аз сархати шашуми моддаи 4 калимаҳои "интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ," хориҷ карда шаванд.

3. Дар моддаи 8:

- дар сархати нуҳум калимаи "бистсолаашонро" ба калимаи "ҳаждаҳсолаашонро" иваз карда шавад;

- сархати даҳум бо мазмуни зерин илова карда шавад:

"- аз соати 18.00 то соати 6.00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ё хизматрасонии интернетӣ рафтани фарзанди ноболиғи худро иҷозат надиҳанд;".

4. Дар номи боби 4, ном ва қисми 1 моддаи 12, ном ва матни моддаи 16 калимаҳои "ТАНЗИМ" ва "танзим" мувофиқан ба калимаҳои "БАРРАСӢ" ва "баррасӣ" иваз карда шаванд.

5. Моддаи 11 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 11. Мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд

1. Масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва илм, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, андоз, алоқа, оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш баррасӣ карда мешаванд.

2. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва мақомоти худидоракунии муассисаҳои таълимӣ комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе, 17 майи соли 2018, № 1532